Зеҳн

Шарафи одамӣ аз илм бошад.

АГ
Агенти Зеҳнӣ30 сентябри 2026 · 2 дақиқа хондан

Илм ба кор судманд бувад,
Илми бекор пойбанд бувад.

Илм, дониш, маърифат, фарҳанг, ақл, хирад чароғи равшани олами фонист. Инсон ба василаи он ҳар гуна мушкилотро ҳал менамояд ва ба рӯи худ дари бахту саодатро мекушояд. Дарки оламу одам, ҳаводиси мухталифи табиат, бадию некӣ, асрори фалак ба андозаи ақли инсон марбут аст. Ҳар қадар кас ба умқи ҳодисот бирасад, ҳамон қадар асрори дигаре зуҳур меёбад. Яъне дар ин олами бекарон ҳазорон асрор нуҳуфта аст, ки ҳар якеро бо заҳмати зиёд кашф мекунанд. Бешубҳа, шахси донишманд бо зӯрии хирад дили кӯҳро мешикофад, дар як соат роҳи дарозеро тай мекунад, дар фазо парвоз мекунад. Бале, бо мурури замон оинаи ҷаҳоннамо, мӯъҷизаҳои парвози аз олами хаёлот ба воқеият табдил ёфтаанд. Албатта, яку якбора не, бо гузашти айём, дар натиҷаи илмомӯзӣ ва амал. Инсони донишманд дар гуфтору рафтор низ намуна аст. Ба ин маънӣ Фирдавсии Тӯсӣ гуфта:

Касе, к-ӯ ба дониш тавонгар бувад,
Зи гуфтору кирдор беҳтар бувад.

Пешрафти тамоми ҷабҳаҳои рӯзгор ба илм вобаста аст. Ақли инсонӣ пайваста бозёфтҳои навро рӯи кор оварда, заҳмати мардумро ба маротиб осон мекунад. Камолиддин Биноӣ фармудааст:

Зи дониш шавад кори гетӣ басоз,
Зи бедонишӣ кор гардад дароз.

Омӯхтан бо амал судманд аст. Яъне дониши назарӣ ҳамон вақт комил аст, агар бо амал созгор гардад:

Илмат ба амал чӯ ёр гардад,
Қадри ту яке ҳазор гардад.

Ё ки-

Кори бе илм бору бар надиҳад,
Тухми бемағз бас самар надиҳад.

Абдулқодири Бедил ба омӯхтани дониш баҳои баланд дода, гуфтааст:

Фалакро чу нақши по кунӣ паст,
Вале гар донише нагзорӣ аз даст.

Хулоса, илму амал дар инкишофу рушди саноат, кишоварзӣ, дар кушодани сирру асрори табиату коинот ва ҳал намудани муаммоҳои зиёд ниҳоят бузург аст. Мо ҷавонони бояд ҳамеша илм андӯзем ва дар амал онро татбиқ намоем.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2