Технологияҳои иттилоотӣ барои тиҷорат чӣ қадар арзиш меофаранд?
Аз бахши дастгирӣ то шарики тиҷорат — чаро арзиши технологияҳои иттилоотӣ ҳанӯз ба қадри кофӣ дида намешавад?
Яке аз масъалаҳое, ки дар тамоми солҳои фаъолиятам дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ҳамеша фикрамро банд мекард, ин буд: арзиши воқеии IT-ро барои тиҷорат чӣ гуна шарҳ додан мумкин аст? Манзур танҳо доштани сервер, шабака, нармафзор ва системаҳои гуногун нест. Саволи асосӣ ин аст: IT ба тиҷорат чӣ медиҳад ва чаро ташкилот бояд барои он маблағ сарф кунад?
Шояд ин масъала барои бисёриҳо равшан намояд. Аммо воқеият ин аст, ки дар бисёр ташкилотҳо технологияҳои иттилоотӣ ҳанӯз бештар ҳамчун бахши дастгирӣ ва, албатта, бахши хароҷотталаб шинохта мешаванд. Бахше, ки бояд бошад, зеро бе технология кор пеш намеравад, аммо арзиши воқеии он ба қадри кофӣ дида намешавад ва то андозае аз назар дур мемонад.
Эҳтимол бисёре аз мутахассисони IT чунин ҷумлаҳоро шунидаанд:
- «Мутахассисони IT кор намекунанд! Аз субҳ то шом фақат пушти компютер менишинанд!»
- «Шумо дар IT чӣ кор мекунед? Фақат хароҷот зиёд мекунед!»
- «Намешавад ин хароҷотро ба соли оянда гузорем?»
- «Магар IT чӣ кор мекунад, ки маоши баланд ҳам мехоҳад?»
Барои касе, ки солҳо дар IT кор кардааст, ин суханҳо каму беш ошноянд. Аммо ҳамаи ин муносибатҳоро танҳо ба бехабарии роҳбарон нисбат додан дуруст нест. Як қисми мушкилот ба худи мо — кормандони IT — бармегардад.
Мо одатан дар бораи чизҳое гап мезанем, ки барои худамон комилан фаҳмоанд: сервер, низоми нигоҳдории маълумот (Storage), нусхаи эҳтиётӣ (Backup), девори оташин (Firewall), осебпазирӣ, бастаҳои ислоҳӣ (Patch), дастрасии хизматрасонӣ (Availability), шумораи амалиёти воридоту хориҷкунӣ дар як сония (IOPS), CPU, RAM, паҳнои банди шабака ва даҳҳо истилоҳи дигар.
Аммо роҳбари тиҷорат ҳатман намехоҳад бидонад, ки IOPS дақиқан чанд аст ё CPU-и сервер чӣ қадар истифода мешавад.
Ӯ мехоҳад бидонад: агар иқтидори низоми нигоҳдории маълумотро зиёд накунем, ба тиҷорат чӣ мешавад? Агар нусхаи эҳтиётӣ надошта бошем, чӣ хатаре ба ташкилот таҳдид мекунад? Агар ин хизматрасонӣ чанд соат дастнорас шавад, чӣ қадар аз фаъолияти ташкилот бозмемонад? Агар осебпазирӣ бартараф нашавад, хатари воқеӣ чист? Ва муҳимтар аз ҳама: хароҷоти имрӯза қарор аст кадом ҷанбаи кори ташкилотро беҳтар кунад?
Ба назари ман, маҳз ҳамин ҷо яке аз мушкилоти асосии IT ошкор мешавад. Мо бисёр вақт дар бораи «коре, ки анҷом додаем» мегӯем, дар ҳоле ки тиҷорат мехоҳад бидонад: «Чӣ тағйир ёфт?»
Масалан, мегӯем, ки ба дархостҳои зиёди дастгирӣ — тикетҳо — ҷавоб додем, чандин серверро идора кардем, нусхаҳои эҳтиётиро санҷидем, бастаҳои ислоҳиро насб кардем ё таҷҳизоти шабакаро нав намудем. Ҳамаи ин муҳим аст ва иҷро нашудани онҳо эҳтимол мушкилоти зиёд ба вуҷуд меорад. Аммо оё ин корҳо худ аз худ арзиши тиҷоратӣ ба ҳисоб мераванд?
Арзиши воқеӣ вақте намоён мешавад, ки тавонем таъсири ин фаъолиятҳоро ба тиҷорат нишон диҳем. Масалан, агар вақти вокуниш ба мушкилот аз ду соат то бист дақиқа кам шуда бошад, ин ба самаранокии кормандон чӣ таъсир расонд? Агар осебпазирии хизматрасонии ҳаётан муҳим зиёд шуда бошад, эҳтимоли қатъ шудани фаъолият чӣ қадар афзуд? Ё агар осебпазирии муҳиме пеш аз суиистифода бартараф шуда бошад, кадом хатар аз ташкилот дур гардид?
Дар ин ҷо як нуктаи ҷолиб ҳаст: қисми зиёди арзиши IT ба ҳодисаҳое вобаста аст, ки аслан рӯй надодаанд.
Фарз кунед, дар бораи осебпазирии ҷиддии яке аз хизматрасониҳои ташкилот маълумот нашр мешавад. Гурӯҳи IT ё амнияти иттилоотӣ онро сари вақт муайян карда, чораҳои зарурӣ меандешад ва аз суиистифода пешгирӣ мекунад.
Дар натиҷа ҳеҷ ҳодисаи буҳронӣ рӯй намедиҳад. Қатъи тӯлонии хизматрасонӣ ба вуҷуд намеояд, маълумот ифшо намешавад, истеҳсолот намеистад ва касе ҳам намефаҳмад, ки чӣ рӯй дода метавонист!
Агар фардо аз гурӯҳи IT бипурсем: «Чӣ кор кардед?», шояд ҷавоб чунин бошад: «Осебпазирӣ бо насби бастаи ислоҳии xxxxx.xx бартараф шуд». Баъд ҳам чандин истилоҳ ва амали техникии дигарро ном мебаранд.
Аммо оё воқеан танҳо як бастаи ислоҳӣ насб шудааст? Шояд ҳамин амали зоҳиран сода ташкилотро аз ҳодисаи ҷиддии амниятӣ, хароҷоти барқарорсозӣ, қатъи фаъолият, осеб ба обрӯ ё ҳатто мушкили ҳуқуқӣ эмин нигоҳ дошта бошад. Пас IT арзиш офарид? Албатта.
Аммо оё метавон дақиқ гуфт, ки чӣ қадар пул ба вуҷуд овард? Ба фикрам, яке аз иштибоҳҳои мо ин аст, ки гумон мекунем ҳар кори IT бояд ҳатман бо рақами мушаххас асоснок шавад.
Баъзе сармоягузориҳо мустақиман хароҷотро кам мекунанд. Баъзеҳо самаранокиро баланд мебардоранд. Гурӯҳе хатарро коҳиш медиҳанд. Баъзеҳо барои ташкилот имконияти нав фароҳам меоранд. Дигарон кумак мекунанд, ки ташкилот ҳангоми буҳрон корашро идома диҳад.
Доштани нусхаи эҳтиётӣ шояд даромад наорад, аммо дар рӯзи ҳодисаи ногувор метавонад муайян кунад, ки фаъолияти ташкилот чанд соат қатъ мешавад ё чанд рӯз.
Мониторинги шабака ва хизматрасониҳо шояд мустақиман пул ворид накунад, аммо метавонад мушкилотро пеш аз ба буҳрон табдил ёфтан ошкор созад.
Амнияти киберӣ шояд ҳеҷ гоҳ дар ҳисоботи молиявӣ ҳамчун «даромад» сабт нашавад. Аммо набудани он метавонад хароҷоте ба бор орад, ки аз буҷети солонаи IT чанд баробар зиёд бошад.
Аз ҳамин сабаб фикр мекунам, ки ба арзиши IT бояд каме дигар хел нигарист. IT ҳамеша пул ба даст намеорад; баъзан арзиши он дар маблағест, ки аз даст рафтанашро пешгирӣ мекунад.
Аммо боз ба масъулияти худи IT бармегардем. Агар интизор бошем, ки роҳбарон арзиши ин амалҳоро дарк кунанд, наметавонем танҳо ҳисоботи техникӣ диҳему интизор шавем, ки худашон маънои тиҷоратии онро пайдо мекунанд. Роҳбари IT бояд ин робитаро шарҳ дода тавонад.
Масалан, ба ҷойи он ки танҳо бигӯяд: «Ҳаштод фоизи иқтидори низоми нигоҳдории маълумоти мо пур шудааст», бояд фаҳмонад: бо назардошти суръати афзоиши маълумот, агар барои иқтидори оянда қарор қабул накунем, дар муддати муайян ба маҳдудият дучор мешавем ва ин метавонад ба рушди хизматрасониҳои ташкилот таъсир расонад.
Ё ба ҷойи он ки танҳо бигӯяд: «Осебпазирии буҳронӣ бартараф шуд», бояд шарҳ диҳад, ки он чӣ хатар дошт, барои кам кардани хатар чӣ кор анҷом ёфт ва баъд аз ин чораҳо чӣ хатаре боқӣ мондааст.
Яъне IT бояд тарҷума кардани забони худро ба забони тиҷорат омӯзад.
Вале фикр намекунам, ки тамоми масъулияти ин муносибат танҳо бар дӯши IT бошад. Агар ташкилот аз IT интизор бошад, ки шарики тиҷорат шавад, бояд ба он ҷойгоҳ ва имкони чунин шарик буданро ҳам диҳад.
Намешавад IT-ро танҳо вақте даъват кард, ки системае вайрон шудааст, корбаре мушкил дорад ё барои харидани таҷҳизот маблағ лозим аст, вале ҳангоми баррасии ояндаи ташкилот, рушди тиҷорат, тағйири равандҳо, кам кардани хароҷот ё хатарҳои асосӣ онро аз суҳбат канор гузошт.
Вақте қисми зиёди тиҷорат ба системаҳо ва хизматрасониҳои технологӣ вобаста аст, табиист, ки технология бояд дар гуфтугӯҳои тиҷоратӣ ҷой дошта бошад.
Аз тарафи дигар, худи IT низ бояд бипазирад, ки ҳар роҳи аз нигоҳи техникӣ беҳтарин ҳатман беҳтарин қарор барои ташкилот нест.
Гоҳе роҳҳале аз ҷиҳати техникӣ олӣ аст, аммо хароҷоташ ба арзиши офаридааш мувофиқат намекунад. Баъзан роҳи амниятӣ хатарро кам мекунад, вале агар бе назардошти равандҳои тиҷорат татбиқ шавад, метавонад фаъолияти ташкилотро халалдор намояд. Гоҳе ҳам тиҷорат бо сабаби комилан мантиқӣ наметавонад пешниҳоди IT-ро дар муҳлати дархостшуда иҷро кунад.
Маҳз ҳамин ҷо нақши роҳбари IT муҳим мешавад. Ӯ набояд танҳо «мухолифаткунанда» бошад. Гуфтани «Ин кор хатарнок аст, накунед» шояд аз нигоҳи техникӣ дуруст бошад, аммо барои қабули қарор чандон кумак намекунад.
Беҳтар аст шарҳ диҳем: чӣ хатар вуҷуд дорад, эҳтимол ва паёмади он чист, кадом роҳҳоро дорем, ҳар роҳ чӣ қадар хароҷот дорад ва агар хатарро бипазирем, чӣ миқдор аз он боқӣ мемонад.
Дар ниҳоят роҳбарони ташкилот бояд дар асоси маълумоти мавҷуда қарор қабул кунанд. Вазифаи IT ин нест, ки ба ҷойи тиҷорат қарор гирад. Вазифааш кумак кардан аст, то қарорҳои тиҷоратӣ огоҳонатар қабул шаванд.
Шояд яке аз мушкилоти ҷиддии ташкилотҳо маҳз ҳамин ҷо пайдо шавад. Баъзан роҳбари IT стратегия ё нақшаеро пеш мебарад, ки аз нигоҳи ӯ барои ояндаи ташкилот зарур аст, аммо бо нақшаҳо ва афзалиятҳои тиҷорат мувофиқат намекунад.
Кашмакаш оғоз мешавад. Гурӯҳи IT гумон мекунад, ки бахши тиҷорат аҳамияти масъаларо намефаҳмад. Бахши тиҷорат бошад, эҳсос мекунад, ки IT танҳо монеа месозад. Муносибат тадриҷан бад мешавад ва дар ниҳоят шояд роҳбари IT иваз гардад.
Роҳбари нав меояд, андешаҳои нав пешниҳод мекунад ва чанд тағйирот меорад. Аммо баъди муддате ташкилот боз ба тағйирот муқовимат мекунад. Ихтилоф дубора сар мезанад ва мумкин аст роҳбар боз иваз шавад. Ин давра метавонад солҳо идома ёбад.
Дар чунин вазъият шояд мушкил танҳо дар роҳбари пешина ё нав набошад. Шояд масъалаи асосӣ дар худи низоми қабули қарорҳо бошад: дар тарзи муайян кардани нақши IT, сатҳи иштироки он дар қарорҳои тиҷоратӣ, фарҳанги ташкилот, усули идоракунии хатар ва ҳатто дар тасаввури куҳнае, ки IT бояд танҳо иҷрокунандаи қарорҳои дигарон бошад.
Иваз кардани одамон бе тағйир додани низом танҳо ҳамон давраро аз нав оғоз мекунад.
Дар баробари ин, худи IT низ бояд эҳтиёт кунад, ки ин баҳс ба ҳимояи доимӣ аз буҷет ва шумораи кормандон табдил наёбад. Агар IT бояд арзиш офарад, худаш ҳам бояд ҷавобгар бошад.
Он бояд бидонад, ки барои чӣ маблағ сарф мекунад, чаро ба мутахассис ниёз дорад, чӣ натиҷае бояд ба даст ояд ва чӣ гуна нишон диҳад, ки ин сармоягузорӣ воқеан муфид буд.
Танҳо гуфтани «Корманд намерасад» барои роҳбарият кофӣ нест. Бояд фаҳмонем, ки набудани ин мутахассис ташкилотро аз кадом имконият маҳрум мекунад, чӣ хатар меофарад ё кадом фурсатҳоро аз байн мебарад.
Дар бораи буҷет ҳам ҳамин тавр аст. Гуфтани «Барои амният маблағи бештар лозим» як дархост аст. Аммо шарҳ додани он ки «Ин сармоягузорӣ кадом хатарро кам мекунад, чӣ имконият меофарад ва аз кадом паёмадҳо пешгирӣ мекунад» — баҳси идоракунӣ аст.
Ба назари ман, бахши IT вақте ҷойгоҳи воқеии худро пайдо мекунад, ки аз «бахше, ки технологияро нигоҳдорӣ мекунад» ба «бахше, ки имкониятҳои технологии зарурии тиҷоратро фароҳам меорад ва нигоҳ медорад»табдил ёбад.
Ин тағйирот дар як шаб рӯй намедиҳад. Он тағйири дидгоҳи роҳбарон, тағйири рафтори IT, ҳисоботдиҳии беҳтар ва иштироки бештари IT дар қабули қарорҳоро талаб мекунад.
Ва шояд муҳимтар аз ҳама — забони муштарак лозим аст. Забоне, ки дар он IT ҳангоми сухан гуфтан аз нусхаи эҳтиётӣ, амният, шабака, сервер ё устувории система тавонад робитаи онҳоро бо идомаи фаъолияти тиҷорат, самаранокӣ, хароҷот, хатар ва ҳадафҳои ташкилот шарҳ диҳад.
Шояд саволи дуруст танҳо ин набошад: «IT чӣ қадар хароҷот дорад?» Саволи беҳтар чунин аст:
«Ин хароҷот барои ташкилот чӣ имконият фароҳам меорад ва он имконият барои тиҷорат чӣ арзиш дорад?»
Директори генералӣ танҳо барои доштани чанд сервер пул намедиҳад. Ӯ танҳо барои низоми нигоҳдории маълумот, насби бастаҳои ислоҳӣ ё ҳатто доштани бахши IT маблағ сарф намекунад.
Ӯ дар ниҳоят барои он маблағ медиҳад, ки ташкилот тавонад кор кунад, рушд ёбад, хатарҳояшро назорат кунад, ҳангоми буҳрон устувор бимонад, самараноктар фаъолият намояд ва стратегияашро амалӣ созад.
Шояд кори асосии мо дар IT ҳам маҳз ҳамин бошад: омӯзем, ки ба корамон танҳо аз дидгоҳи технология нигоҳ накунем. Баъзан бояд аз пушти монитор бархезем ва бубинем, ки кори анҷомдодаамон дар фаъолияти воқеии ташкилот чӣ тағйир овардааст.
Зеро арзиши IT дар шумораи тикетҳои басташуда, серверҳои идорашуда ё лоиҳаҳои супурдашуда нест.
Арзиши воқеии IT дар он тағйирест, ки ба қобилияти ташкилот барои беҳтар кор кардан, огоҳонатар қарор гирифтан ва ба ҳадафҳояш расидан меорад.
Агар ҳаминро дуруст шарҳ дода тавонем, шояд дигар ҳар дафъа барои исботи арзиши IT напурсем: «Охир IT барои ташкилот чӣ кор мекунад?»
Он вақт ҷавоб танҳо рӯйхати корҳои техникӣ нахоҳад буд. Ҷавоб натиҷае хоҳад буд, ки тиҷорат онро дида ва эҳсос карда метавонад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё