Вақте ҳалли фаврии мушкилот худаш ба мушкил табдил меёбад!
Як равиши идоракунӣ ҳаст, ки бисёр ҷонибдорӣ мешавад ва аз як ҷиҳат хеле ҷолиб аст: ҳеҷ мушкиле набояд пинҳон монад.
Танқид ё номуайяние ба миён меояд, шикояте шунида мешавад ё ихтилофе сар мезанад. Роҳбар фавран дахолат мекунад, шахсони дахлдорро рӯ ба рӯ мешинонад, масъаларо ошкоро матраҳ мекунад ва мекӯшад ҳамон ҷо онро ҳал намояд.
Ин равиш як бартарии муҳим дорад: дар ташкилот худдорӣ аз гуфтани ҳақиқат ба хотири хотирбинӣ, хомӯшӣ ва гапҳои пасипардагӣ ба одат табдил намеёбанд. Мушкилот ошкор мешаванд ва ҳалли онҳо ба таъхир намеафтад.
Аммо чанд вақт боз дар бораи паҳлуи дигари ин равиш ҳам фикр мекунам.
Оё ҳалли фаврии ҳар мушкил ҳамеша нишонаи идоракунии беҳтар аст?
Агар ҳар танқид, шикоят ё номуайяние, ки ба роҳбар мерасад, пеш аз дуруст фаҳмидан ва санҷидани воқеият ба масъалаи умумӣ табдил дода шавад, эҳтимол тадриҷан оқибатҳои иҷтимоии сухан гуфтан барои кормандон вазнинтар шаванд.
Шахс метавонад ба худ бигӯяд:
«Агар ин масъаларо матраҳ кунам, фардо бояд дар рӯ ба рӯи худи ӯ ҷавоб диҳам».
Дар чунин ҳолат шояд мушкили имрӯз зудтар ҳал шавад, вале мушкили фардо мумкин аст умуман ба гӯши роҳбар нарасад.
Маҳз дар ҳамин ҷо як тазоди ҷолиб ба вуҷуд меояд: роҳбар мехоҳад бо шаффоф кардани ҳама чиз маълумоти бештар ба даст орад, аммо тарзи ин кор метавонад ҷараёни расидани маълумотро маҳдуд кунад.
Ҷим Коллинз дар китоби «Аз хуб ба олӣ», дар баҳси «Рӯ ба рӯ шудан бо воқеиятҳои талх», танҳо ба худи рӯбарӯшавӣ таъкид намекунад; ӯ ба тарзи рӯ ба рӯ шудан бо воқеият низ аҳамият медиҳад. Ӯ аз савол додан ба ҷойи пешниҳоди фаврии ҷавоб, гуфтугӯ ба ҷойи маҷбуркунӣ ва баррасии масъала бе гунаҳкорҷӯӣ сухан мегӯяд.
Энди Гроув низ дар китоби «Идоракунии пурсамар» байни ҷаласае, ки ҳадафаш ошкор кардан ва фаҳмидани масъала аст, ва ҷаласае, ки барои қабули қарор ва ҳалли мушкили мушаххас баргузор мешавад, фарқ мегузорад. Ин фарқи сода саволи муҳимеро ба миён меорад: оё ҳар чизе, ки ба гӯши роҳбар мерасад ё бо ӯ дар миён гузошта мешавад, воқеан барои баррасӣ дар ҷаласаи ҳалли мушкилот омода аст?
Ҷули Чжуо дар китоби «Роҳбарони бузург таваллуд намешаванд, балки ташаккул меёбанд» низ аҳамияти фазои ҷаласаро таъкид мекунад: фазое, ки одамон тавонанд назари дигар баён кунанд, савол диҳанд ва мухолифат намоянд, бе он ки эҳсос кунанд барои гуфтани андешаашон зери фишор қарор мегиранд.
Ин андешаҳо маро ба як фарқгузории сода мерасонанд:
Шаффофият бо дар назди ҳама ошкор кардан як чиз нест.
Ошкоргӯӣ бо рӯ ба рӯ кардани одамон як чиз нест.
Ва суръат бо шитобкорӣ як чиз нест.
Баъзан бояд масъаларо ҳамон лаҳза матраҳ кард ва одамонро рӯ ба рӯ нишонд.
Баъзан бояд аввал савол дод ва маълумоти бештар ҷамъ овард.
Баъзан бояд барои суҳбати хусусии ду нафар шароит фароҳам овард.
Ва гоҳе беҳтарин қарор ин аст, ки роҳбари болоӣ танҳо гӯш кунад, дахолат накунад ва ба роҳбари масъул имкон диҳад, ки худаш масъаларо ҳал намояд.
Шояд пухтагии роҳбарӣ танҳо дар он набошад, ки масъаларо то чӣ андоза зуд матраҳ ва ҳал карда метавонем, балки дар он бошад, ки муайян кунем: ҳар масъаларо кай, дар куҷо, бо иштироки кӣ ва бо чӣ дараҷаи ҷиддият бояд ба миён гузошт.
Зеро баъзан усули ҳалли фаврии мушкилот, агар ба одати доимии ташкилот табдил ёбад, худаш метавонад мушкили наве ба вуҷуд орад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё