Зеҳн

МЕНЕҶМЕНТИ ХИЗМАТРАСОНӢ ДАР МЕҲМОНХОНАҲОИ МУОСИР

ЗЕ
Зеҳн27 сентябри 2026 · 5 дақиқа хондан

Дар мақола ҳолати менеҷменти хизматрасонӣ, рақобат, роҳҳои беҳтаргардонии он мавриди омўзиш қарор дода шудааст. Менеҷменти хизматрасонӣ бояд самаранокии фаъолияти корхонаро дар бахши хизматрасонӣ, ки барои таъмин намудани талаботи тамоми гурўҳи аҳолӣ бо маҳсулотҳо ва хизматҳои иҷтимоӣ равона шудааст, таъмин намояд. Дар байни мизоҷон пурсиши иҷтимоӣ гузаронида шуда, оид ба шароити хизматрасонӣ, нарх, имкониятҳо, имтиёзҳо ва тарафҳое, ки беҳбудиро талаб мекунад, муайян карда шудааст.

Инчунин, фаъолияти хизматрасонии меҳмонхонаи мушаххас таҳлил гардида, доир ба беҳтаргардонии менеҷменти он тавсияву пешниҳодҳои мушаххас дода шудааст.

Менеҷмент дар бахши хизматрасонӣ соҳаи фаъолияти ташкилии идоракуниеро дар бар мегирад, ки коркард ва амалигардонии қарори самаранокии фаъолияти ташкилотро ҳамчун система таъмин менамояд.

Менеҷменти хизматрасонӣ бояд самаранокии фаъолияти корхонаро дар бахши хизматрасонӣ, ки барои таъмин намудани талаботи тамоми гурўҳи аҳолӣ бо маҳсулотҳо ва хизматҳои иҷтимоӣ равона шудааст, таъмин намояд.

Дар шароити гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ яке аз навъҳои фаъолияти соҳибкории зуд инкишофёфтаистода ин фаъолияти меҳмонхонадорӣ мебошад. Зеро низоми ҷаҳонишавӣ ба рушди соҳаҳои туризм, омехташавии қавму халқҳо ва ғайра сабаб гардида, ба инкишофи меҳмонхонаҳо водор менамояд. Вобаста ба ин, иқтисодиёти меҳмонхона ба яке аз соҳаҳои сердаромадтарин мубаддал гардида, аз соҳибкор муносибати ба худ хоси идоракуниро талаб мекунад. Аз ин лиҳоз, сол то сол шумораи меҳмонхонаҳо ва шуғли аҳолӣ дар кишвар зиёд гардида, таваҷҷуҳи мутахассисон ва иқтисодчиёнро ба худ беш аз пеш ҷалб менамояд.

Менеҷменти тоҷик фаҳмиши эҷодкоронаи таҷрибаи хориҷӣ бо назардошти хусусияти миллӣ, яъне таҷзияи таҷрибаи ҷаҳонии менеҷменти босамар ва таҷрибаи мавҷудаи миллӣ дар заминаи хусусиятҳои миллию таърихии маданияти мо мебошад.

Ин омилҳо зарурати таҳияи парадигмаи нави идоракуниро ба миён меоранд

Ташаккули парадигмаи нави идоракунӣ дар менеҷменти амалии Тоҷикистон дар зери таъсири як қатор омилҳои муҳим амалӣ шуда истодааст:

• истиқрори механизми бозорӣ ва муштаракии он бо танзими давлатӣ;

• тағйирёбии сохтори талаботи ҷомеа ба маҳсулоту хадамот, таваҷҷуҳи бештари менеҷмент ба қонеъсозии талабот ба предметҳои истеъмол;

• тезутундшавии рақобати дохилӣ дар натиҷаи маҳдудияти захираҳо ва коҳиши тақозо ба маҳсулоту хизматҳои ватанӣ;

• тақвияти талаботи иҷтимоӣ ва экологӣ нисбат ба фаъолияти ташкилоту муассисаҳо, таваҷҷуҳи менеҷмент ба омилҳои берунии самаранокии ташкилот;

• касбӣ шудани менеҷмент, болоравии аҳамияту арзёбии ҷамъиятии менеҷмент, кўшиши бозомўзӣ ва такмили ихтисоси касбӣ.

Бинобар ин, асоси омўзиши менеҷменти хизматрасонӣ моҳият ва аҳамияти бахши иҷтимоӣ, равандҳои асосии инкишофи соҳаҳои фаъолияти он, усулҳои тартибдиҳӣ ва таъмини аҳолӣ бо хизматҳои маълумоту маориф - тандурустӣ, истироҳат, меҳмонхона ва ғайра мебошад, ки барои инкишофи иҷтимоӣ зарур аст. Аз ин лиҳоз, мо ба сифати объекти таҳқиқи масъалаҳои менеҷменти хизматрасонӣ яке аз меҳмонхонаҳои бонуфузи шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Тоҷикистон»-ро қобили қабул ҳисобидем.

Аз рўи шакли идоракунӣ меҳмонхонаи «Тоҷикистон» сохтори одӣ мебошад. Меҳмонхонаи «Тоҷикистон» дар бинои навъи 9-ошёнагӣ, ки соли 1987 сохта шудааст, қомат афрохтааст. Ҳаҷми умумии биноҳои меҳмонхона – 2623,2 м. кв., аз он ҷумла, ҷои зист – 1391 м. кв. Меҳмонхона дар ҷойи ободу зебои шаҳр ҷойгир шуда бо роҳҳои мумфарш, чароғҳо, ҷойи таваққуфгоҳ барои нақлиёт ва ғайра таъмин аст.

1. Хизматрасониҳое, ки меҳмонхонаи «Тоҷикистон» барои мизоҷон фароҳам месозад:

Дар меҳмонхона 112 ҳуҷра ба монанди ҳуҷраҳои хонаҳои баландошёна мавҷуд аст:

- якката – 33 ҳуҷра;

- дуката – 73 ҳуҷра;

- секата – 6 ҳуҷра.

Дар ҳамаи ҳуҷраҳои меҳмонхона ҷойи дастурўйшўӣ, 20 адад дастгоҳи

ошхонавӣ, телевизор, телефон ва яхдон мавҷуд аст. Инчунин, ҳамаи ҳуҷраҳо дорои мебелҳои босифат ва хуб мебошанд. Дар ҳар як ҳуҷра ҷойи нигоҳдорӣ ва сандуқҳои оҳанини махсус ҷойгир карда шудааст.

Хизматрасониҳои пешниҳодшаванда ба мизоҷон:

- иҷораи нақлиёт;

- фармоиши чипта ба нақлиёт;

- фармоиши чипта ба чорабиниҳои маданӣ ва варзишӣ; - шустушўи либосҳо;

- фармоиши таксӣ;

- истифодаи дарзмол.

Дар ошёнаи якуми меҳмонхона кафе-бар, чойхона ва ғайра ҷойгир шудааст, ки шабонарўзӣ бе танаффус фаъолият менамояд.

2. Мизоҷони иқтидории меҳмонхонаи «Тоҷикистон»

Истеъмолкунандагон ва мизоҷони меҳмонхонаро мо дар ҷараёни гузаронидани тадқиқот бо воситаи усулҳои коршиносӣ, мушоҳида ва пурсиш омўхтем. Дар усули коршиносӣ мо фикру ақидаи роҳбарияти меҳмонхона, дар мушоҳида пурсишномаи махсусро истифода намудем. Дар ҷараёни пурсиш мо 70 нафарро пурсон шудем. Пурсишномаи мавҷударо ба воситаи технологияи компютерӣ коркард намуда, мавриди истифода қарор додем.

Дар натиҷаи истифодаи усули пурсиш ва тасниф, маълумоти зерин ба даст оварда шуд.

Бештари мизоҷони меҳмонхона аз минтақаҳои дурдасти Тоҷикистон ва дигар давлатҳои ИДМ мебошанд. Аз хориҷи дур нисбатан кам мебошад.

Аз рўи пурсиши мизоҷони меҳмонхонаи «Тоҷикистон» барои такмил додани фаъолияти меҳмонхона чорабиниҳои зеринро гузаронидан зарур аст:

- ҷорӣ кардани технологияҳои муосири компютерӣ;

- васеъкунии комплекси хизматрасонӣ: масалан, ҷорикунии хизматрасониҳои хўрока, Интернет ва ғайра;

- такмилдиҳии низоми пардохти хизмат (ҷорӣ кардани пардохт бо корт, бо ёрии Интернет);

- баландбардории сатҳи мутахассисии ҳайат.

3. Баҳогузории рақобаттобоварии меҳмонхонаи «Тоҷикистон»

Ба бозори хизматрасониҳои меҳмонхонавӣ дар шаҳри Душанбе тамоми

меҳмонхонаҳои шаҳр дохил мешаванд. Аммо ба сифати рақибони асосии меҳмонхонаи «Тоҷикистон» муассисаҳои меҳмонхонавии зерин муайян карда шудааст:

1. Меҳмонхонаи «Вахш». Меҳмонхонаи мавҷуда барои он рақиб ҳисоб меёбад, ки дар наздикӣ ҷойгир шуда, нархномаи монанд дорад ва хизматрасониҳои монандро пешниҳод мекунад.

Имкониятҳои рақобатии меҳмонхонаи «Тоҷикистон» дар он аст, ки ҷойгиршавии қулай, шароити таваққуфгоҳӣ ва замонавӣ аст.

2. Меҳмонхонаи «Моряк» барои меҳмонхонаи «Тоҷикистон» барои он рақиб аст, ки дар маркази шаҳр ҷойгир шуда, ба истеъмолкунандагони бо даромади сатҳи миёна пешбинӣ шудааст.

Инчунин, рақибони асосии меҳмонхонаи «Тоҷикистон» инҳо: меҳмонхонаи «Серена», меҳмонхонаи «Хаят реҷенси», меҳмонхонаи «Душанбе», меҳмонхонаи «Шарифа», ва ғайра, ки шумораи онҳо 51 номгўйро ташкил медиҳанд. Мо мушоҳида намудем, ки дар бозор зиёда аз 51 брендҳо қарор доранд, ки онҳо боз дар ҳоли афзоиш ҳастанд. Меҳмонхонаи «Тоҷикистон» айни замон ҷои сеюм-чорумро ишғол мекунад, қисмати зиёди бозори хизматрасониҳоро аз худ намудааст ва ба нақша дорад, ки дар оянда бозорҳои дигари хизматрасониҳоро ишғол намояд.

Имкониятҳои рақобатии меҳмонхонаи «Тоҷикистон» дар он аст, ки нархи дастрас бо сифати баланди хизматрасонӣ дорад.

Аз тадқиқотҳои гузаронидашуда барои меҳмонхонаи «Тоҷикистон» тавсияҳои зеринро барои беҳтар гардонидани менеҷменти хизматрасонӣ пешниҳод намудан мумкин аст:

- васеънамоии номгўи хизматрасонӣ;

- доимо азнавкунии номгўи хизматрасонӣ;

- муқарраркунии нархҳои дастрас ба ҳамаи навъҳои хизматрасонӣ;

- ҷустуҷў ва ҷоринамоии техника ва технологияҳои нави хизматрасонӣ;

- баландбардории ихтисоси кормандони меҳмонхона;

- омўзиши талаботи мизоҷони ватанӣ ва хориҷӣ.

Ҳамин тавр, хулоса баровардан мумкин аст, ки бо рушди менеҷменти хизматрасонӣ ба фаъолияти пурмаҳсул ва самаранокии кори меҳмонхона тақвият бахшида, дар қабули сайёҳон ва мусоидат намудан ба рушди ҳунарҳои мардумӣ мумкин аст.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2