Зеҳн

ҶАНБАҲОИ НАЗАРИЯВИИ ТАШАККУЛЁБИИ ИНФРАСОХТОРИ БОЗОРӢ ВА НАҚШИ ОНҲО ДАР РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ МИНТАҚА

ЗЕ
Зеҳн27 сентябри 2026 · 7 дақиқа хондан

Инчунин, аз ҷониби муаллифон расми таъсири мутақобилаи инфрасохтори минтақавӣ оварда шудааст. Муаллифон қайд менамоянд, ки инфрасохтори минтақавии бозор худ маҷмўи соҳа ва шаклҳои фаъолияти хоҷагидорие мебошад, ки рушд ва фаъолияти самараноки тамоми системаи бозорҳоро дар минтақа, бо фарогирии иқтидори иқтисодии минтақа, инчунин, маҷмўи муносибатҳои иқтисодии бо фаъолияти субъектҳои бозор алоқамандро инъикос менамояд.

Бо гузариши иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми бозории хоҷагидорӣ нақши усулҳои маъмурӣ ва ҷузъии батанзимдарорӣ паст гашта, мақоми механизмҳои ғайримустақими давлат ба рушди минтақаҳои кишвар ва бунёди омили рушди иқтисодиёт баланд мегардад. Тамоюлҳои мусбие, ки дар иқтисодиёти минтақаҳои кишвар дар солҳои охир мушоҳида мешаванд, зарурати таҷдид ва ташаккули объектҳои нави маҷмўи инфрасохториро талаб менамояд, ки ба тақвиятбахшии фаъолияти соҳибкорӣ ва савдои наздисарҳадӣ аз ҳисоби ворид гардидани сармоя ва технологияҳо равона карда шудааст. Қобили зикр аст, ки бештари минтақаҳои наздисарҳадӣ дар деҳот қарор доранд, бинобар ин, рушди деҳот низ ба рушди инфрасохтори минтақаҳои кишвар аҳамияти аввалиндараҷа дорад.

Чӣ тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш қайд карданд: «Бо мақсади вусъат бахшидан ба ҳалли масъалаҳои зикршуда ва бо дарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ...» эълон карда шуд.

Мақсади асосӣ аз ин пешниҳод амалигардонии талошҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири боз ҳам ободу зебо гардонидани минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, рушди инфрасохтор мебошад.

Дар айни замон инфрасохтори бозорӣ дар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи ташаккулёбӣ қарор дорад. Рушди минбаъдаи он ҳамчун яке аз шартҳои муҳими рушди иқтисодиёти миллӣ баромад мекунад. Тадбирҳои аз ҷониби давлат дар самти рушди инфрасохтори бозорӣ роҳандозишаванда танҳо дар чаҳорчўбаи соҳаҳои алоҳида, ҷузъҳо ва бахшҳои бозор амалӣ карда мешаванд.

Дар шароити муосир ба равандҳои рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо зарурати рушди институтҳое, ки фаъолияти устувори соҳаҳои асосии иқтисодиёт ва ташаккули истеҳсолоти рақобатпазир дар иқтисодиёти минтақавиро таъмин месозанд, мубрамият пайдо мекунад. Яъне, рушди устувор ва бемайлони иқтисодиёти минтақавӣ бе ташаккули инфрасохтори бозории дахлдор ғайриимкон аст.

Дар шароити ҷаҳонишавии сиёсати давлат дар соҳаи ҳавасмандсозии рушду инкишофи иқтисодиёт ва таъминоти иҷтимоӣ дар минтақаҳо гирифтани мавқеи бунёдӣ ва рушди инфрасохтори бозории самаранок, ҳамчун асоси фаъолсозии равандҳои сармоягузорӣ дар иқтисодиёти минтақавӣ, пур кардани бозори фурўш бо молҳо ва хизматрасонии босифати истеҳсолоти ватанӣ ва баланд бардоштани сифат ва сатҳи зиндагии аҳолӣ зарур аст.

Ташаккули дараҷаи иқтисодии «инфрасохтор» бо рушди фаъолияти хоҷагидории одамон, тараққиёти пуравҷи пешравии илмию техникӣ ва байналмилаликунонии муносибатҳои хоҷагидорӣ алоқамандӣ дорад.

Таҳаввулоти консепсияҳои инфрасохторро дар адабиёти иқтисодӣ таҳқиқ карда, се марҳилаи рушди онро метавон ҷудо намуд.

Дар марҳилаи аввал муносибатҳои назариявӣ нисбат ба тадқиқоти масъалаҳои ташкили «шароитҳои умумии истеҳсолот» ташаккул ёфтанд. Дар ин марҳила категорияи «инфрасохтор» на ҳамчун мафҳуми алоҳидаи иқтисодӣ арзёбӣ мешуд, балки танҳо муносибати ғайримустақимро нисбат ба иншооти инфрасохторӣ ба воситаи категорияи «корҳои ҷамъиятӣ» дар бар мегирифт. Ҳамин тариқ, Адам Смит сохтмони роҳҳои автомобилгард, пулҳо, баҳрҳои киштигард, системаи таҳсилоти ҷавонон, ҳуқуқ, калисо ва ғайраро ба қатори корҳои ҷамъиятӣ мансуб донист. Вай қайд менамояд: «Ташкил ва нигоҳдорӣ на танҳо барои шахсҳои алоҳида ё гурўҳҳои начандон калон манфиатнок аст, зеро ки даромади аз онҳо бадастомада ҳеҷ гоҳ наметавонад хароҷоти шахси алоҳидаро ҷуброн намояд, аммо аз ҷониби дигар, дар аксар маврид онро барои ҷамъияти калон барзиёдӣ метавонад ҷуброн намояд».

Аз ин лиҳоз, иштироки давлат дар маблағгузориҳои онҳо мувофиқи мақсад мебошад, аммо қисми маблағҳо бояд аз ҳисоби саҳми истифодабарандагон ҷуброн карда шаванд. А.Пигу чанде пас ин ақидаро чунин маънидод намуд: «Хароҷоти инфиродӣ барои корҳои ҷамъиятӣ нисбат ба хароҷоти ҷамъиятӣ метавонанд баландтар бошанд, зеро ки сарфаи беруна вуҷуд дорад, ки онро сармоягузорони инфиродӣ ҷуброн карда наметавонанд».

Ҳамин тариқ, инфрасохтор танҳо ҳамчун объект дар доираи соҳаи истеҳсолот баррасӣ мешавад, ки хусусияти вобастагӣ дошта, пурра аз тамоюли рушди истеҳсолоти асосӣ вобаста мебошад.

Айни замон проблемаҳои рушди инфрасохтори бозор бештар хусусияти системавӣ касб мекунад, зеро ки дар марҳилаи муосир зарурати таҳияи методологии тадқиқоти системавии инфрасохтори бозор бо дарназардошти назарияи иқтисодиёти институтсионалӣ, иттилоотӣ ва таҳаввулотӣ хеле актуалӣ гардидааст. Вай имкон медиҳад, ки консепсияҳои пештар пешниҳодгардида ва нав таҳия шуда, аз нуқтаи назари танқидӣ паҳн ва муносибатҳои алтернативӣ нисбат ба ташкили модели миллии инфрасохтори бозор муайян карда шаванд.

Баррасии проблемаҳои алоҳидаи рушди инфрасохтори бозор ногузир аст, зеро ки дар алоҳидагӣ истифода бурдани муносибатҳои функсионалӣ, сохторӣ ва соҳавии вобаста ба таҳлили инфрасохтори истеҳсолӣ пурра амалкарди онро ҳамчун зерсистемаи иқтисоди бозорӣ инъикос намекунад, барои асосноккунии ҳамаҷонибаи ҷузъҳо, сохтор, ташкил, функсия ва механизмҳои танзимкунандаи он имконият намедиҳад ва ин омил ба баррасии вазифаҳои рушди иқтисодиёти минтақавӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Ба фикри мо, идеяҳои мазкур на танҳо барои муносибатҳои инфрасохтори бозор, балки дар маҷмўъ барои инфрасохтори иқтисодиёти мамлакат ва минтақа мувофиқанд.

Инфрасохтори бозор дар худ маҷмўи ҷузъҳо, институтҳо ва намудҳои фаъолиятеро инъикос менамояд, ки барои фаъолияти самараноки механизми бозор шароити мусоид фароҳам меоранд. Дар адабиёти иқтисодӣ аз ҷониби олимон қисми зиёди компонентҳои инфрасохтори бозор қайд шудаанд, вале таснифоти дақиқи онҳо вуҷуд надорад. Махсусан, ба таркиби он дохил намудани ин ё он компонентҳо омили баҳсталаб боқӣ мемонад. Аз рўи ақидаи мо, ба компоненти инфрасохтори бозор мансуб донистани хадамоти андоз ва системаи гумрук баҳсталаб аст, зеро ки мутобиқи афкори олимон ба инфрасохтори бозор метавон танҳо он ҷузъҳоеро мансуб донист, ки байни харидор ва бозор ба сифати миёнарав хизмат мекунанд, ҷузъҳои мазкур бошанд, воситаҳое ба шумор мераванд, ки бозорро назорат менамоянд. Инфрасохтори минтақавии бозор ин маҷмўи ҷузъҳое мебошад, ки фаъолияти самараноки механизми бозорро таъмин месозанд.

Минтақаи наздисарҳадӣ байни деҳот, шаҳр ва ноҳияҳо ҷойгир аст. Муҳиммияти инфрасохтори бозор барои минтақаи наздисарҳадӣ бо он асоснок мешавад, ки маҳз дар ин ҷо аввалин ҳамкориҳои иқтисодӣ – тиҷоратӣ амалӣ мешаванд. Самаранокии амалии минбаъдаи онҳо бештар аз рушди инфрасохтори бозор вобаста аст. Гузашта аз ин, ҷойгиркунонӣ ва рушди корхонаҳои кишоварзӣ дар даврони шўравӣ бе ба ҳисоб гирифтани сарҳадҳои ҷумҳуриҳои бародар амалӣ карда мешуд.

Аз ин лиҳоз, маҳсулоти кишоварзии минтақаҳои наздисарҳадӣ бештар ба шаҳрҳои наздисарҳадӣ новобаста аз мансубияти онҳо ба ин ё он ҷумҳурӣ интиқол меёфт. Ҳамин тариқ, тамоми ҷузъҳои инфрасохтори минтақавӣ байни худ алоқаманданд.

Таҳлили корҳои илмии олимони ватанӣ ва хориҷӣ оид ба масъалаҳои назарияи инфрасохтор, инчунин, консепсияҳои муосири рушди системаи инфрасохтори бозор ба мо имконият дод, ки як қатор махсусиятҳои ташаккули зерсистемаҳои инфрасохтори бозорро равшан намоем:

Якум, қисми зиёди хизматрасониҳои инфрасохторӣ (шаклҳои фаъолияти иқтисодӣ) барои беҳсозии сатҳи зиндагии ҷомеа равона гардидаанд, аз ин ҷо ташаккули зерсистемаҳо ва ҷузъҳои инфрасохтор дар минтақа бештари маврид танзими давлатиро талаб менамояд.

Дуюм, қисматҳои инфрасохтори бозор ба ҳудуди минтақаи муайян мансубанд ва вобаста ба ин ташаккули системаи инфрасохтори бозор аксаран вазифаи хусусияти умумимиллидошта эътироф карда мешавад ва барои амалӣ намудани он, пеш аз ҳама, лоиҳаҳои дорои хусусияти ҳамкории бахши давлатӣ ва хусусидошта равона карда мешаванд.

Сеюм, фарқияти фосилавӣ дар ҷойгирнамоии ҷузъҳои инфрасохтори бозор дар минтақаҳои мамлакат бештар сатҳи рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳои алоҳидаро муайян менамоянд.

Чорум, коҳиши сатҳи ташаккул ва рушди инфрасохтори минтақавӣ ба афзоиши хароҷоти трансаксизӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва молиявӣ оварда мерасонад; рушди босуботи инфрасохтор ба сифати усули самараноки танзими давлатии рушди иқтисодиёт ба ҳисоб меравад, аммо барои ташкили инфрасохтори зарурӣ, одатан, хароҷот калон мешавад ва маблағгузориҳоро талаб менамояд. Рушди роҳҳо, сохтани иншоотҳои калон, ташкили шабакаҳои корхонаҳои бонкӣ бо дарназардошти камчинии захираҳои молиявӣ дар самти амалисозии лоиҳаҳои инфрасохторӣ мушкилиҳои зиёдро ба вуҷуд меоранд.

Аз рўи ақидаи мо, инфрасохтори минтақавии бозор ин маҷмўи соҳа ва шаклҳои фаъолияти хоҷагидорие мебошад, ки рушд ва фаъолияти самараноки тамоми системаи бозорҳоро дар минтақа, бо фарогирии иқтидори иқтисодии минтақа, инчунин, маҷмўи муносибатҳои иқтисодии бо фаъолияти субъектҳои бозор алоқамандро инъикос менамояд.

Ҳамин тариқ, бо назардошти шарҳу тафсири гуногуни илмӣ, инчунин, алоқаи ногусастании ҷараёнҳои фосилавӣ – замонӣ бо иқтисодиёт, мо инфрасохтори минтақавии бозорро ҳамчун низоми бисёрҷанба муайян намудем, ки ба сифати унсурҳои асосии он шаклҳои гуногуни ба ҳам алоқаманди фаъолияти хоҷагидорӣ баромад мекунанд, ки муҳаррики омилҳои истеҳсолот дар вақт ва фазо буда, фаъолияти самаранок ва рушди иқтисодиёти минтақавиро таъмин месозанд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2