МУШКИЛОТИ КОНСЕПТУАЛИИ ХОҶАГИИ ҚИШЛОҚ
Ҳамчунин, масоили арзаву тақозо, бесуботии захираҳои кишоварзӣ, тағйироти нархҳо, тағйирёбии ҳаҷми истеҳсолот, тағйирёбии талаботи дохиливу беруна ва принсипҳои асосии рушди ҳамгироии агросаноатӣ асоснок карда шудаанд.
Гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ зарурати тағйиротҳои ҷиддиро дар ташкил ва пешбурди истеҳсолоти агроозуқаворӣ ба миён овард. Тағйиротҳои асосӣ дар сохтори ташкилии КАС, низоми идоракунӣ, муносибатҳои молумулкӣ, принсипҳои макро ва микроиқтисодии танзими фаъолият дида мешаванд.
Аз ин сабаб, тезонидани ислоҳоти бозории КАС зарур омад, ки барои таъсиси асосҳои боэътимоди рушди минбаъдаи босуботи истеҳсолоти агросаноатӣ мусоидат мекунад.
Дар байни мушкилоти минтақавии иқтисодӣ аз ҳама муҳим ин дарёфт намудани роҳҳои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ мебошад. Зарурати пурра ба назар гирифтани хусусиятҳои минтақавӣ дар шароити бозор моҳияти аввалиндараҷаро мегирад.
Барои амалӣ намудани мақсадҳои дар пешгузошташуда, қобилияти истеҳсолии хоҷагии қишлоқ бояд ба чунин хусусиятҳо ҷавобгў бошад:
- низоми муносибатҳои иқтисодӣ дар хоҷагии қишлоқ то чӣ андоза озодии субъектони воқеиву ҳуқуқиро таъмин мекунад ва нақши инсонро ҳамчун омили асосии истеҳсолот ба инобат мегирад;
- таъминнокии хоҷагии қишлоқ бо захираҳои истеҳсолӣ чӣ гуна аст;
- вазъи хоҷагии қишлоқ то чӣ андоза сатҳи муосири рушди пешравии илмиву техникиро инъикос мекунад ва ба талаботҳои асосҳои пешрафтаи техникиву ташкилии истеҳсолоти аграрӣ ҷавобгў аст;
- талаботи риояи тавозуни экологӣ то чӣ андоза ба инобат гирифта шудаанд.
Ба ақидаи мо, масъалаи муҳими рушди хоҷагии қишлоқ ин ҷустуҷўи роҳҳои беҳтар истифода бурдани потенсиали захиравӣ мебошад. Тағйиротҳои ҷиддии низоми фаъолияти хоҷагии қишлоқ дар шароити иқтисодиёти бозорӣ оиди баҳодиҳии захираҳои истеҳсолӣ ва асоснок кардани роҳҳои истифодаи босамари онҳо роҳи навро тахмин мекунад. Ҳама захираҳои истеҳсолӣ дар хоҷагии қишлоқ ба 4 намуд гурўҳбандӣ карда мешаванд: заминиву обӣ, меҳнатӣ, фондӣ, биоклиматӣ.
Низоми муосири бозорӣ ин механизми мураккаби ташкиливу хоҷагӣ мебошад, ки захираҳои гуногунро истифода бурда, ба маҷмўи фишангҳои батанзимдарорӣ ва усулҳои хоҷагидорӣ такя мекунад. Натиҷаи фаъолияти тамоми таркиби дохилии механизми мазкур, дар умум, ин даромаднокӣ ва фоидаи субъектони хоҷагидорӣ мебошад.
Ба ғайр аз ин, пеш бурдани истеҳсолоти агросаноатӣ дар шароитҳои душвори гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ роҳҳои нави ғайристандартиро барои ташкили истеҳсолот, шаклҳои нави муносибатҳои дуҷонибаи шарикӣ, инчунин тафаккури нави иқтисодии истеҳсолкунандагони молро талаб мекунад. Дар шароити бозор аллакай истеҳсоли мол кам аст, муҳимтар, ин ба даст овардани маҳсулоти дорои сифати баланд мебошад, ки тавонад талаботҳои истеъмолкунандагони гуногунро қонеъ гардонад. Дар ин ҷо бояд манфиатҳои истеҳсолкунандагони мол ва сохторҳои фурўш алоқаманд бошанд.
Бозори муосири аграрӣ бо низоми мураккаби муносибатҳои дуҷонибаи низомҳои гуногуни иқтисодӣ ва модулҳо тавсиф карда мешавад. Дар баробари ин, хоҷагии қишлоқро ба ягон модули иқтисодии мушаххас мансуб кардан бениҳоят мушкил аст, чунки дар таҷриба модулҳои иқтисодии асосӣ, ки дар назарияи иқтисодӣ тавсиф карда шудаанд, кам во мехўранд. Бо вуҷуди ин, тавсифи назариявии мушкилоти консептуалии хоҷагии қишлоқ имкон медиҳад, ки самтҳои асосии ислоҳоти аграрӣ бо осонӣ муайян карда шаванд.
Мушкилоти иқтисодии бозори аграрӣ дорои хусусиятҳои дарозмуддат ва кўтоҳмуддат мебошанд. Мушкилот дар давраи дарозмуддат он омилҳоеро дар бар мегирад, ки барои ақибмонии нархҳои хоҷагии қишлоқ ва даромадҳои истеҳсолкунандагони хоҷагии қишлоқ аз тамоюлоти тағйирёбии нархҳо ва даромадҳо дар иқтисодиёт мусоидат мекунанд. Мушкилот дар давраи кўтоҳмуддат одатан бо даромадҳои ғайрисуботи фермерӣ дар солҳои гуногун алоқаманд аст.
Сабабҳои мушкилоти фермерӣ дар давраи дарозмуддат иборатанд аз:
- номуайянии талабот ба молҳои хоҷагии қишлоқ;
- тағйирот дар каҷхаттаи талабот ва пешниҳодоти молҳои хоҷагии қишлоқ;
- бесуботии захираҳои хоҷагии қишлоқ.
Номуайянии талабот ба молҳои хоҷагии қишлоқ. Вақте ки нархи мол паст мешавад, истеъмолкунанда онро бо дигар молҳое, ки нархи онҳо паст нашудаанд, иваз мекунад.
Пешрафти техникӣ рушди пешниҳодоти молҳои хоҷагии қишлоқро ба миён овард. Маҳз зиёд шудани пешниҳодоти молҳои хоҷагии қишлоқ ба камшавии даромадҳои фермерӣ оварда расонд.
Пешрафти техникӣ дорои чунин сарчашмаҳо мебошад: электриконӣ ва механизатсиякунонии пурраи фермаҳо; технологияи беҳтарини коркард ва нигоҳдории замин; обёрӣ кардан; парвариши зироатҳои дурага; дастрасии нуриҳо ва инсектитсидҳо; навигариҳо дар парвариши ҳайвоноти хонагӣ ва нигоҳубини онҳо. Ин дастовардҳои техникӣ хеле муҳим мебошанд. Аз давраи ҷанги дуюми ҷаҳон истеҳсоли хоҷагии қишлоқ назар ба истеҳсоли дигар бахшҳои иқтисодиёт ду баробар рушд ёфт.
Тағйирот дар каҷхаттаи талабот ва пешниҳодоти молҳои хоҷагии қишлоқ. Зиёдшавии талабот ба молҳои хоҷагии қишлоқ натавонист, ки бо рушди пешниҳодоти онҳо шитоб кунад, ки бо пешрафти техникӣ вобастагӣ дорад. Сабаб дар ду омил асос ёфтааст, ки талаботро барои молҳои хоҷагии қишлоқ муайян мекунад: даромад ва аҳолӣ. Дар давлатҳои кам рушдёфта истеъмолкунандагон бояд қисми зиёди даромади ночизи худро ҷиҳати нигоҳ доштани зиндагии худ барои харидории молҳои хоҷагии қишлоқ – молҳои хўрока ва либос ҷудо кунанд. Лекин, чӣ қадаре ки даромад зиёд шавад, сатҳи хароҷоти истеъмолкунандагон барои хўрока кам мешавад. Вақте ки шиками истеъмолкунанда сер мешавад, фикри он ба «хубиҳои ҳаёт» равона мегардад, ки онро на хоҷагии қишлоқ, балки саноат таъмин мекунад. Рушди иқтисодӣ ба зиёдшавии даромади аҳолӣ мусоидат мекунад. Ба ибораи дигар гўем, талабот ба молҳои хоҷагии қишлоқ нисбат ба зиёдшавии даромад бетағйир аст. Баъзе молҳои муҳими хоҷагии қишлоқ, масалан, картошка ва сабзӣ метавонанд, ки аз рўи хусусиятҳои худ ба молҳои дигар гузашт кунанд; яъне бо зиёдшавии даромад харидории ин молҳо метавонад, ки кам шавад.
Бесуботии захираҳои хоҷагии қишлоқ. Чӣ хеле ки дар боло қайд кардем, хоҷагии қишлоқ соҳаи рақобатпазир аст; дар он шумораи зиёди фирмаҳо фаъолият мекунанд, ки ҳар яки онҳо қисми хурди ҳаҷми умумии молҳои баланди стандартиро истеҳсол мекунанд.
Моҳияти мушкилот дар он аст, ки дар хоҷагии қишлоқ назар ба дигар соҳаҳо - гузариши деҳқон ба дигар соҳаҳо дар натиҷаи ҳодисаҳои буҳронӣ дорои хусусияти дарозмуддат аст. Инчунин, барқароркунии соҳаи истеҳсолӣ хеле суст амалӣ карда мешавад.
Аз ин рў, вақте ки қувваи корӣ хоҷагии қишлоқро тарк мекунад, барои ҷустуҷўи даромади зиёд дар сохторҳои ғайрихоҷагии қишлоқи иқтисодиёт, мушкилоти хоҷагии қишлоқ дар давраи дарозмуддат ба даромади деҳқонон таъсири манфӣ мерасонад, ки ин омил ба гузариши захираҳои инсонии соҳа оварда мерасонад. Ба камшавии шумораи аҳолии хоҷагии қишлоқ нигоҳ накарда, иқтисодчиён ба он ақидаанд, ки дар соҳаи хоҷагии қишлоқ қувваи корӣ зиёд аст.
Тағйироти солонаи нархҳо ба молҳои хоҷагии қишлоқ ва даромади истеҳсолкунандагони хоҷагии қишлоқ мушкилоти кўтоҳмуддатро тавсиф мекунад. Ин носуботӣ дар давраи кўтоҳмуддат натиҷаи мувофиқати номуайянии талаботи моли хоҷагии қишлоқ бо 1) тағйирёбии ҳаҷми истеҳсолот ва 2) тағйирёбии талаботи дохилаву беруна ба озуқаворӣ мебошад.
Тағйирёбии ҳаҷми истеҳсолот. Номуайянии талабот ба моли хоҷагии қишлоқ сабаби он мегардад, ки тағйироти начандон калони ҳаҷми истеҳсолот, тағйироти калони нархҳои фермерӣ ва даромадҳоро таҳрик мекунанд. Соли серҳосил, ҳамчун қоида, ба пастшавии даромади истеҳсолкунандагони хоҷагии қишлоқ оварда мерасонад, чунки зиёдшавии ҳаҷми моли фурўхташуда пастшавии нархро ҳамроҳӣ мекунад. Дар натиҷа, маҷмўи даромад, яъне маҷмўи фоидаи фермерҳо кам мешавад. Ҳосили кам метавонад маҷмўи даромади истеҳсолкунандагони хоҷагии қишлоқро баланд бардорад.
Тағйирёбии талаботи дохила. Носуботии даромади деҳқонон дар давраи кўтоҳмуддат бо тағйирёбии талаботи молҳои хоҷагии қишлоқ алоқаманд аст. Камшавии талабот ба камшавии мукофоти пулии фермерҳо ва зиёдшавии талабот ба зиёдшавии даромади фермерҳо оварда мерасонад.
Хоҷагии қишлоқ вазифадор аст, ки талаботи аҳолиро бо озуқаворӣ ва саноатро бо ашёи хом таъмин кунад. Хусусияти асосии он ин пеш бурдани истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ, ки бо истифодабарии замин алоқаманд аст. Хоҷагии қишлоқ дар истифодабарии омилҳои биологӣ – растанӣ ва ҳайвонот асос ёфтааст.
Хоҷагии қишлоқ ин соҳае мебошад, ки дар он бояд шаклҳои гуногуни хоҷагидорӣ рушд ёбанд. Илова бар ин, фаъолияти самараноки шаклҳои гуногуни ташкиливу ҳуқуқӣ дар шароити иқтисодиёти бозорӣ бидуни кооператсия (ҳамкорӣ) ғайриимкон аст. Бе кооператсия фаъолияти муътадили ташкилотҳоро таъмин кардан мумкин нест. Аз ин сабаб, якҷояшавии ихтиёрӣ шарти муҳими нигоҳ доштани фаъолияти онҳо мебошад.
Бояд қайд намуд, ки танҳо манфиати иқтисодӣ бояд асоси ҷараёнҳои кооперативӣ ва ҳамгироӣ бошад.
Асоси объективии ҳамгироии агросаноатӣ ин сатҳи баланди қувваҳои истеҳсолӣ, рушди тақсимоти ҷамъиятии меҳнат, тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи хоҷагии қишлоқ бо дигар соҳаҳои иқтисодиёт мебошад. Тезонидани ҷараёни илмиву техникӣ ба вазифаҳои анъанавии хоҷагии қишлоқ тағйирот ворид мекунад. Қисми зиёди амалиёт, ҷараёнҳо, ки пештар дар хоҷагии қишлоқ амалӣ карда мешуданд, ба соҳаи фаъолияти саноатӣ мегузаранд. Ҷараёни ҳамгироии агросаноатӣ дар он марҳилаи рушди қувваҳои истеҳсолӣ зарур мешавад, вақте ки нақш ва моҳияти тақсимоти меҳнат, ҷудо кардани марҳилаҳои махсуси истеҳсолот, коркард ва фурўши маҳсулот, барқарор кардани муносибатҳои дуҷонибаи иқтисодӣ байни ҳамаи онҳо аён ба чашм мерасад.
Ба принсипҳои асосии рушди ҳамгироии агросаноатӣ инҳо дохил мешаванд:
- баланд бардоштани нақши саноат дар рушди истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ;
- тавсеаи ҳаҷми коркарди маҳсулоти хоҷагии қишлоқ дар ташкилотҳои коркарди саноатӣ;
- худмаблағгузорӣ ва худидоракунӣ;
- мустақилият дар интихоби афзалиятҳои истеҳсолот, коркард ва фурўши маҳсулот;
- манфиати дуҷонибаи фаъолияти муштарак дар асоси муттаҳид кардани марҳилаҳо дар фурўши маҳсулот, манфиати иштирокчиён, захира ва сармоя.
Вазифаи асосии низоми давлатӣ дар соҳаи иқтисодиёт таъмин намудани аҳолӣ бо озуқаворӣ мебошад. Роҳи ҳалли он ислоҳоти аграрист, ки бояд ҳар як одамро ба ҳаракат дароварад.
Ҷараёни истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ аз як тараф, бо мавҷудияти омилҳои моддӣ, яъне воситаҳои истеҳсолот ва аз тарафи дигар, муносибати одамон ба ин воситаҳои истеҳсолот, инчунин ба моли истеҳсолшуда, ё ин ки ба моликият имконпазир аст.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё