МАВЛОНО ВА ШАМСИДДИНИ ТАБРЕЗӢ
Аз рӯзгори Ҳазрати Шамсуддин Муҳаммад ибни Алӣ ибни Маликдоди Табрезӣ (1185-1248), ки дар ҷаҳони фикрии Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ табаддулоти азиме ворид кардааст, бино ба ишораи сарчашмаҳо маълумоти дақиқе дар даст нест. Ба гуфти сарчашмаҳо то замони ҳазрати Мавлоно ҳеч офаридаро бар ҳоли ӯ иттилоъе набуд ва касе аз асрори ӯ хабар надошт. Ҳамеша машғули ибодату каромот буд ва аз халқ шӯҳрати худро пинҳон медошт. Ба тариқи тоҷирон либос мепӯшид ва ба ҳар шаҳре, ки мерафт дар корвонсароҳо фуруд меомад. Дар он ҷо ҳуҷраеро ба иҷора мегирифт ва калиди ҳуҷраро мисли савдогарон дар миён меовехт, аммо дар даруни ҳуҷра ба ғайр аз бӯрё чизи дигаре набуд.
Аз «Мақолот»-и Шамс маълум мегардад, ки ӯ бисёр сафар мекард ва чун дар кишваре шинохта мешуд, аз он ҷо ба диёри дигар кӯч мебаст. Аз ин хотир, ӯро «Шамси парранда» мегуфтанд.
Яке аз тазкиранависони замони Мавлоно, Аҳмади Афлокӣ менависад, ки Мавлоно Шамсиддини Табрезӣ дар шаҳри Табрез муриди Шайх Абӯбакри Табрезии саллабоф буд. Шайх дар вилояти Табрез дараҷаи баланд дошта, ягонаи замони худ буд. Ҳазрати Шамсиддини Табрезиро дар назди устод мақом ва мартаба бад-он ҷойе расида буд, ки устоди худро намеписандид ва аз он мақом олитар мақоме меҷуст, то аз баракати он сӯҳбат аъло ва азимтар шавад ва ба дараҷаи болотаре расад. Ва дар ин талаб солҳо бесарупо гашта, гирди олам мегашт ва саёҳатҳо мекард, то ин ки бо номи «Шамси парранда» машҳур гашт. Як шабе сахт беқарор шуда, шӯрҳое азим фармуд ва ғарқи таҷаллиёти қудсӣ гашта, дар муноҷот мегуфт:
Худовандо! Мехоҳам, ки аз мастурони маҳбуби худ якеро ба ман бинмойӣ. Хитоби иззат даррасид, ки ончунон шоҳиди мастур ва вуҷуди пурҷуди мағфур, ки хоҳиш мекунӣ, ҳамоно, ки фарзанди дилбанди султонулуламо Баҳоувалади Балхӣ аст.
Гуфт: Худоё, дидори мубораки ӯро ба ман бинмой!
Ҷавоб омад, ки шукрона чӣ медиҳӣ?
Фармуд, ки: «Сарро!
Илҳом омад, ки «Ба иқлими Рум рав, то ба мақсуд ва матлуби ҳақиқӣ бирасӣ».
Пас аз ин ҳодиса Шамс камари ихлос дар миёни ҷон баста, ба сидқи тамом ва ишқи азим ҷониби мулки Рум равона шуд.
Шамс бо ин ният аз Табрез роҳи Бағдод ва аз он ҷо ба Димишқ сафар кард ва саранҷом ба Қуния омад. Дар ҳамон дидори нахуст Мавлоно Шамсро гирифтор кард ва Шамс Мавлоноро шефта ва шайдои худ кард. Ин дарвеши шӯридаи бесару сомон таваҷҷӯҳи Мавлоноро аз баҳсу дарс ба завқу кашф кашонид ва беҳосилии илмеро, ки аз қилу қоли мадраса ҳосил мешуд, бар вай намоён кард ва ӯро омӯхт, ки дар шинохти Ҳақиқат илм ҳиҷоби ӯст ва то ин ҳиҷоби дилбастагӣ ва гирифториро надарад, мулоқот барояш мумкин нахоҳад буд.
Нақл мекунанд, ки рӯзе Шамси Табрезӣ бар дари хон нишаста буд. Ҳазрати Мавлоно аз мадрасаи Пунбафурӯшон савори аспи зебое берун омад. Тамоми толибилмон ва донишмандон дар рикоби Мавлоно пиёда аз он ҷо мегузаштанд. Дар ин вақт ҳазрати Мавлоно Шамсиддин бархост ва пеш давид ва лагоми аспро маҳкам бигирифт ва гуфт:
Эй саррофи олам ва нуқуди маъонӣ ва олами асмо! Бигӯ, ки Ҳазрати Муҳаммад расулаллоҳ бузург буд, ё Боязид?.
Мавлоно фармуд, ки не, не! Муҳаммад Мустафо сарвар ва солори ҷамеи анбиё ва авлиёст ва бузургворӣ аз они ӯст ба ҳақиқат. Шеър:
Бахти ҷавон ёри мо, додани ҷон кори мо,
Қофиласолори мо, фахри ҷаҳон Мустафост.
Шамси Табрезӣ гуфт: Пас, чӣ маънист, ки Ҳазрати Мустафо «Субҳонака мо арафнока ҳаққа маърифатика» мефармояд ва Боязид «Субҳонӣ мо аъзама шаънӣ ва ано султону-с-салотин» мегӯяд. Мавлоно аз астар фуруд омада, аз ҳайбати он суол наърае бизад ва беҳуш шуд ва то як соати расадӣ хуфта буд ва халқи олам дар он ҷойгоҳ. Ҳангомае барпо шуд. Чун пас аз соате Мавлоно ба худ омад, дасти Шамсиддинро бигирифт ва пиёда ба мадрасаи худ оварда, дар ҳуҷрае даромаданд. Мегӯянд, ки то чиҳил рӯзи тамом ба ҳеч офаридаеро роҳ надоданд. Баъзе мегӯянд, ки се моҳи тамом аз ҳуҷра берун наомаданд.
Вақте аз Мавлоно сабаби ин ҳолатро пурсиданд, гуфт: Чун Шамсиддин аз ман ин суолро бикард, дидам, ки аз фарқи сарам даричае боз шуд ва дуде то болои арши азим баланд гашт.
Ҷомӣ дар «Нафаҳоталунс» менависад, ки чун Шамсиддин Муҳаммади Табрезӣ ба Қуния расид, Мавлоно дар канори ҳавзе нишаста ва китобе чанд пеши худ ниҳода буд. Шамси Табрезӣ пурсид: Ин китобҳо чист? Мавлоно посух дод: Инро қилу қол гӯянд, туро бо ин чӣ кор? Мавлоно Шамсиддин даст дароз кард ва ҳамаи китобҳоро дар об андохт. Мавлоно бо таассуф гуфт: Ҳай, дарвеш, чӣ кардӣ? Баъзе аз онҳо фавоиди волид буд, ки дигар ёфт нест. Мавлоно Шамсиддин даст дар об кард ва ягон-ягон китобҳоро берун овард ва об дар ҳеч як асар накарда буд. Мавлоно гуфт: Ин чӣ сир аст? Ва Шайх Шамсиддин посух дод: Ин завқу ҳол аст, туро аз ин чӣ хабар? Баъд аз он бо ҳамдигар бунёди сӯҳбат карданд.
Пас аз он воқеа се моҳ дар хилвате нишастанд ва аслан берун наомаданд ва касеро ҷуръати он набуд, ки дар хилвати эшон дарояд. Мавлоно, ки аз устодони бонуфузи мадраса ва пешрави олимони аҳд буд, баъди ин ҳодиса тарки дарси мадраса ва маҷлиси ваъз кард ва бо Шамси Табрезӣ ёр гашт. Бузургони Қуния ба шӯр омаданд, ки ин чӣ ҳолат аст ва ин шахс чӣ касест ва аз куҷост, ки Мавлоноро аз дӯстони қадим ва ҳамнишинон ҷудо карда ба худ машғул кард.
Ҳама ҳайрон буданд, дар ин ҳайронӣ месӯхтанд ва дар тадбири ин тақдир дармонда буданд. Ва муридонро ба ҳеч навъ маълум нашуд, ки Шамс чи касе аст. Ҳар рӯз, ки мегузашт, Мавлоно беш аз пеш маҷзуб ва мафтуни Шамс мегашт, ба хотири ҳамсӯҳбатӣ бо ӯ ҳамаи чизи дигарро фаромӯш намуд ва дарсу ваъз ва ҷоҳу шӯҳратро дар ин беқарорӣ фидо кард. Ҳамин гирифторӣ ва беқарории Мавлоно ба Шамс сабаби нохурсандӣ ва бадбинии муридон ва ҳатто хонаводаи Мавлоно гашт ва кор ба он ҷо расид, ки муридон Шамсро ҷодугар хонданд ва бо чашмони ғаразомез ба Шамс нигаристанд. Ҳарчи Мавлоно гирифтори Шамс буд, шогирдон ва муридонаш аз Шамс он қадар безор буданд.
Адовату душманӣ нисбат ба Шамс аз тарафи пайравони Румӣ, бештар мегардид. Шамс аз ин рафтори мардуми мутаассиби Қуния ранҷидахотир гашт ва билохира рӯзи панҷшанбеи 21 шавволи 643 (мутобиқ ба соли 1245 м.) пас аз 16 моҳи ҳамнишинӣ бо Мавлоно Қунияро тарк гуфт. Пас аз талабу ҷустуҷӯҳои зиёд Мавлоно дарёфт, ки Шамс дар Димишқ аст ва бинобар ривояти Афлокӣ Мавлоно чаҳор ғазал ба хидмати Шамс фиристод.
Ёрону муридони Мавлоно ҳам чун дилтангии пири худро пас аз рафтани Шамс эҳсос карданд, аз кори хеш пушаймон гардида, аз Мавлоно узрҳо хостанд. Мавлоно писари худ Султон Валадро барои узрхоҳӣ аз рафтори муридон назди Шамс фиристод ва аз ӯ дархост кард, ки ба Қуния биёяд ва дӯстонро дар фироқ нагузорад. Султон Валад бо бист тан аз ёрон ба Димишқ равона гардид ва мегӯянд, ин ғазалро Мавлоно дар он ҳангом иншо кардааст:
Биравед эй ҳарифон, бикашед ёри моро,
Ба ман оваред охир, санами гурезпоро.
Ба баҳонаҳои ширин, ба таронаҳои рангин,
Бикашед сӯи хона, маҳи хуби хушлиқоро.
Агар ӯ ба ваъда гӯяд, ки дами дигар биёям,
Ҳама ваъда макр бошад, бифиребад ӯ шуморо,
Дами сахт гарм дорад, ки ба ҷодуию афсун,
Бизанад гиреҳ бари обу бибандад ӯ ҳаворо.
Чу ҷамоли ӯ битобад чӣ бувад ҷамоли хубон,
Ки рухи чу офтобаш бикушад чароғҳоро.
Бирав, эй дили сабукрав ба Яман ба дилбари ман,
Бирасон салому хидмат, ту ақиқи бебаҳоро.
Ҳамин тариқ, Султон Валад Шамсро ба Қуния овард. Яке аз ҳамзамонони Мавлоно Ҷалолуддин, ки Фаридуни Сипаҳсолор ном дошта, тақрибан чил сол дар ҳалқаи муридони Мавлоно будааст, дар китоби худ дар ин маврид менависад: «Ҳазрати Валад (яъне писари Мавлоно Т.С.) асбе роҳвор, ки савор шуда буд, пеш кашида, Мавлоно Шамсиддинро савор карда ва дар рикоби он шаҳсувори маънӣ пиёда равона шуд. Фармуд, ки (яъне Шамс – Т. С.) Баҳоуддин, савор шав! Сар ниҳод ва гуфт: Шоҳ савор, банда савор ва ин ҳаргиз раво набошад. Ҳамчунон аз дари Димишқ то Қуния дар хидмати он подшоҳ ба ишқи тамом пиёда мерафт ва мегуфт:
Дар сад ҳазор қарн сипеҳри пиёдарав,
Н-орад чу ту савор ба майдони рӯзгор».
Нақл мекунанд, ки дар навбати дувум муддати шаш моҳи тамом дар ҳуҷраи мадрасаи Мавлоно ба ҳам сӯҳбат карданд, чунонки аслан хӯрдану нӯшидан ва даромаду баромади касе дар миён набуд, магар Шайх Салоҳиддин ва Султон Валад. Ва ин бор ҳам пас аз бозгашти Шамс ёрони Мавлоно ба кини Шамс камар бастанд. Шамс бо худ аҳд кард, ки ин бор ба тамомӣ аз Қуния биравад, то ки кас аз ӯ хабар наёбад. Султон Валад дар ин бора навиштааст:
Боз густохон адаб бигзоштанд,
Тухми куфрону ҳасадҳо коштанд.
Хешро куштанду гаштанд аз тариқ,
Он-ч киштанд, ончунон бардоштанд.
Ҳамин тавр, бори дуюм Шамс аз Қуния ғайб зад ва ин бор касе надонист, ки ӯ ба куҷо рафт. Роҷеъ ба поёнии умри Шамс ва маҳалли қабри вай соҳибони тазкираҳо ахбори гуногун баён кардаанд ва он то имрӯз асроромез боқӣ мондааст.
Азҷумла, Афлокӣ нақл мекунад, ки яке аз фарзандони Мавлоно бо номи Алоуддин Муҳаммад дар кори қатли Шамс бо дигарон ҳамдаст буда, баъди чанд муддати ба қатл расонидани Шамс худаш ҳам гирифтори беморӣ мегардад ва аз ҷаҳон чашм мепӯшад ва Мавлоно ба ҷанозаи ӯ ҳозир намегардад. Тафсили ин ҳодисаро Афлокӣ аз забони Султонвалад нақл кардааст: «Магар Шамс дар бандагии Мавлоно нишаста буд, дар хилват. Шахсе оҳиста аз берун ишора кард, то берун ояд. Филҳол бархост ва ба ҳазрати Мавлоно гуфт, ки ба куштанам мехонанд. Баъд аз таваққуфи бисёр падарам фармуд: Оё ғайри натиҷаи амалҳоро интизоранд?. Гӯянд ҳафт каси нокаси ануд, ки даст яке карда буданд ва мулҳидвор дар камин истода, чун фурсат ёфтанд, корде ронданд ва Шамсиддин чунон наърае бизад, ки он ҷамоат беҳуш гаштанд ва чун ба худ омаданд, ғайр аз чанд қатраи хун ҳеч надиданд ва аз он рӯз то ғоят нишоне ва асаре аз он султони маънӣ сурат набаст.
Шеър:
Худ ҳамон буд, дигар ӯро кас надид,
Чун парӣ аз одамӣ шуд нопадид.
Чун зи чашми хешу халқон дур шуд,
Ҳамчу анқо дар ҷаҳон машҳур шуд.
Чун хабари ин воқеаро ба самъи Мавлоно расониданд, фармуд, ки Худо ҳар чи бихоҳад, мекунад.
Дар тазкираи Афлокӣ ривояти дигаре ҳам аз забони завҷаи Султон Валад – Фотимахотун, ки духтари Салоҳуддини Заркӯб мебошад, нақл шудааст. Вақте ки Шамс ба шаҳодат мерасад ва ҷасади ӯро ба чоҳе меандозанд. Шабе Султон Валад Шамсро ба хоб мебинад Шамс мегӯяд: «Ман дар фалон ҷой хуфтаам». Султон Валад нимашаб ёрони маҳрами худро ҷамъ мекунад ва ҷисми мубораки ӯро берун оварда дар мадрасаи Мавлоно дар канори Амир Бадруддини Гуҳартош, ки бонии мадраса буд, ба хок месупорад.
Чунин ривоятҳо дар бораи саранҷоми ҳаёти Шамс фаровон аст, аммо аксари муҳаққиқин бар он ақидаанд, ки қавли фарзанди Мавлоно Султон Валад дуруст аст, ки пас аз бадхоҳиҳои муридони Мавлоно аз забони Шамс месарояд:
Хоҳам ин бор ончунон рафтан,
Ки надонад касе куҷоам ман.
Ҳама гарданд дар талаб оҷиз,
Надиҳад кас зи ман нишон ҳаргиз.
Солҳо бигзарад чунин бисёр,
Кас наёбад зи гарди ман осор.
Чун кашонам дароз, гӯянд ин,
Ки варо душмане бикушт яқин».
Чанд бор ин сухан мукаррар кард,
Баҳри таъкидро муқаррар кард.
Ногаҳон гум шуд аз миёни ҳама,
То равад аз дил андуҳони ҳама.
Бадеуззамони Фурӯзонфар бар он ақида аст, ки далели дурусттарин дар мавриди анҷоми зиндагии Шамс ҳамон аст, ки Султон Валад нақл кардааст. Агар воқеан ҳам Шамс аз дасти бадхоҳон ва ё фарзанди Мавлоно ба қатл расонида мешуд, Мавлоно ду навбат ба Димишқ ба хотири дарёфтани Шамс сафар намекард. Гузашта аз ин, – агар ҳикояти Афлокиро дар мавриди аз тарафи ҳафт нафар ба қатл расонидани Шамс ба инобат гирем, – магар Мавлоно метавонист, ки дар хона ором нишинад ва дар берун Шамсро корд бизананд?
Мавлоно пас аз ғайбати дубораи Шамс ба ҷониби Димишқ – шаҳре, ки чанд муддат дар он ҷо таҳсили илм карда буд, рӯ овард. Мардуми Димишқ пиру ҷавон ҳама муриду бандаи Мавлоно гаштанд, аммо онҳо ки Шамсро намешинохтанд, аз муносибати Мавлоно нисбат ба Шамс изҳори тааҷҷуб мекарданд, ки чаро ин фозилу паямбархӯ, ки дидаи худобин дораду дар ин замона беназир аст, ҷӯёи як гумноме аст. Мавлоно баъди чанде ба Қуния баргашт, аммо бори дигар ҳам дар талаби Шамс рӯ ба Димишқ овард. Ба назар мерасад, ки дар «Девони Шамс» чанд ғазалҳое ҳастанд, ки пас аз рафтани Шамс суруда шудаанд. Аз ҷумла ғазали зер аз ҳамин гуна ғазалҳо аст:
Аҷаб он дилбари зебо куҷо шуд,
Аҷаб, он сарви хушболо куҷо шуд.
Миёни мо чу шамъе нур медод,
Куҷо шуд эй аҷаб, бе мо куҷо шуд.
Бирав бар раҳ, бипурс аз раҳгузорон,
Ки дилбар нимшаб танҳо куҷо шуд.
Бирав дар боғ, пурс аз боғбонон,
Ки он шохи гули раъно куҷо шуд.
Бирав бар бом, пурс аз посбонон,
Ки он султони беҳамто куҷо шуд.
Чу девона ҳаме гардам ба саҳро,
Ки он оҳу дар ин саҳро куҷо шуд.
Ду чашми ман чу Ҷайҳун шуд зи гиря,
Ки он гавҳар дар ин дарё куҷо шуд.
Зи моҳу Зӯҳра мепурсам ҳама шаб,
Ки он маҳрӯ бар ин боло куҷо шуд.
Чу они мост, чун бо дигарон аст?
Чу ин ҷо нест ӯ, он ҷо куҷо шуд.
Дилу ҷонаш чу бо Аллоҳ пайваст,
Агар з-ин обу гил шуд ло, куҷо шуд.
Бигӯ рӯшан, ки Шамсиддини Табрез,
Чу гуфт «аш-шамсу ло яхфо» куҷо шуд?
Ғазали дигар, ки ба ишораи Афлокӣ зимни сафари савуми Мавлоно ба сӯи Димишқ навишта шудааст, ҳанӯз ҳам интизорӣ бар онро дар худ таҷассум кардааст, ки Шамсро дармеёбад:
Мо ошиқу саргаштаю шайдои Димишқем,
Ҷондодаву дилбастаи савдои Димишқем.
Аз Рум битозем савум бор сӯи Шом,
К-аз турраи чун шом мутаррои Димишқем.
Махдумии Шамсулҳақи Табрез гар он ҷост,
Мавлои Димишқему чи мавлои Димишқем?
Гузашта аз ин, Мавлоно бар андешаи он ҳам будааст, ки шояд Шамс ба зодгоҳаш Табрез бозгашта бошад. Дар девони Шамс ғазале ҳаст, ки дар он Мавлоно худро ҳамчун Яъқуби канъонӣ тасвир мекунад, ки пас аз фироқи тулонӣ тавассути бӯи пероҳани Юсуф васли дубора меёбад, зеро ҳарчанд ба Яъқуб ақидаи мурдани Юсуфро таҳмил мекарданд, ӯ намепазируфт ва бовар намекард. Аз мӯҳтавои ин ғазал чунин ба назар мерасад, ки шояд Мавлоно аз Шамс номае дарёфта ва ё шояд аз касе, ки дар Табрез тасодуфан бо Шамс мулоқот кардааст, сухане шунида бошад. Ҳар ойина ин ғазал умедвории Мавлоноро дар роҳи дарёфт шудани Шамс тақвият мебахшад:
Пераҳани Юсуфу бӯ мерасад,
Дар пайи ин ҳар ду худ ӯ мерасад.
Бӯи майи лаъл башорат диҳад,
К-аз пайи ман ҷому сабӯ мерасад.
Нафси аналҳаққи ту Мансур гашт,
Нури ҳақаш туи ба ту мерасад.
Нест зиён ҳеч зи санг обро,
Санги балоҳо ба сабӯ мерасад.
Оби ҳаёт аст варои замир,
Ҷӯй бикан, к-об ба ҷӯ мерасад.
Об бизан бар ҳасади оташин,
Бод дар ин хок аз ӯ мерасад.
Ишқу хирад хона дарун ҷангиянд,
Арбада ҳар лаҳза ба кӯ мерасад.
Ҳар чи диҳад ошиқ аз рахту бахт,
Оқибат он ҷумла бад-ӯ мерасад.
Гарчи басе бурд зи шавҳар арӯс,
Ӯву ҷиҳозаш на ба шӯ мебарад?
Моидае хостӣ аз осмон,
«Хез зи худ даст бишӯ» мерасад.
Мужда деҳ эй ишқ, ки аз Шамси дин,
Аз Табарез ояти бӯ мерасад.
Ин ғазал нишон медиҳад, ки Мавлоно бар он андеша будааст, ки Шамс зинда ва шояд дар Табрез бошад, вале муҳаққиқи рӯзгори Шамси Табрезӣ Муҳаммадалии Муваҳҳид бар он назар аст, ки Шамс пас як-ду моҳи аз Қуния фирор кардан дар роҳи самти Табрез вафот кардааст ва ин хабарро то дергоҳ Мавлоно агар шунида бошад ҳам қабул надошта, машғули сурудани ғазалҳо дар фироқи ӯ будааст.
Чун ҷустуҷӯяш натиҷа надод, ночор ба Қуния омад ва баъд аз ин на вуҷуди ҷисмонӣ, балки вуҷуди маънавии Шамсро дар ҷони хеш дарёфт.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё