ҲАФТРАНГ
Замоне дар як диёр ҳафт ранг зиндагӣ мекард. Онҳо Сурх, Сабз, Норинҷӣ, Зард, Кабуд, Бунафш ва Гулобӣ буданд. Ҳеҷ кадоме аз ин рангҳо боре бо ранги дигар наомехта буд. Ҳар ранг фикр мекард, ки аз рангҳои дигар зеботар аст.
Дар як гӯшаи ин диёр ранги Сафед ҳам зиндагӣ мекард.
Вай аз ин рафтори рангҳо огоҳ буд. Рӯзе онҳоро ба назди худ даъват кард ва гуфт: Биёед, ман шуморо ба назди Ҳафтранг бубарам. Ҳафтранг дар сарзамини хеле дур зиндагӣ мекунад.
Рангҳо розӣ шуданд ва бо ранги Сафед ба сафар баромаданд. Худписандии рангҳо ҳангоми сафар ҳам ба назар мерасид. Яке ақиб мемонд, дигаре пеш мерафт.
Рангҳо аз болои дарё гузаштанд. Ранги Кабуд фарёд зад:
– Ана, маро бинед, чӣ гуна зебоям!
Рангҳои дигар чизе гуфтанӣ буданд, ки ранги Сафед гуфт: – Биёед, поинтар фароем ва каме истироҳат кунем. Рангҳо поин фуромаданд ва раққосаеро диданд, ки бо пироҳани зебо рақс мекард.
Пироҳанаш чунон ҷолиб буд, ки рангҳои гуногуни он бинандаро ба шавқ меовард. Дар пироҳани раққоса рангҳои сурх, сабз, сафед ва кабуд хеле зебо менамуданд.
Ин манзараи зебои ғайриодӣ рангҳоро ба ваҷд овард. “Ин хел набояд бошад”, – гуфт ранги Сабз. Норинҷӣ ҳам бовар накарда гуфт: “Корест ношуданӣ, рафтем аз ин ҷо”.
Ранги Бунафш худ ба худ гуфт: “Агар росташро гӯям, ман агар бо Гулобӣ якҷо бошам, зеботар менамоям”. “Ваҳ, ману Норинҷию Гулобӣ дар пироҳани он раққоса чӣ сон дилфиреб метобем!” – фикр мекард Сурх.
Онҳо боз парвоз карданд.
Чанд фарсах парвоз карда буданд, ки миёни водиҳои лолазор қасре намудор шуд. Аз даруни он суруди фораме шунида мешуд. Ранги Гулобӣ гуфт: – Биёед, поин фароему сурудро аз наздик гӯш кунем.
Рангҳо поин фуромада, гурӯҳи занонеро диданд, ки сурудхонон гулдӯзӣ мекарданд. Гулдӯзӣ саросар аз рангҳои гуногун иборат буд: сурху сабз, норинҷию зард, кабуду бунафшу гулобӣ.
Баъди тамошои ин манзара ранги Сафед гуфт: – Сафарамонро давом медиҳем.
Рангҳо ҳар қадар пеш мерафтанд, ҳамон қадар ҳаво сардтар ва кӯҳҳо баландтар мешуданд. Ногаҳон чашмашон ба духтараке афтод, ки дар назди бибияш нишаста буд.
Бибияш барои ӯ ҷуробҳои пашмин мебофт. Ҷуробҳо саросар аз рангҳои гуногун иборат буданд.
– Эй дӯстон, шитобед, ки ҳоло шамоли сахт мевазад! Бояд сарпаноҳе биёбем, – гуфт ранги Сафед.
Рангҳо боз ба ҳаво парвоз карданд. – Ана дидед, бинои зеборо. Биёед, ба он даромада, гарм шавем, – гуфт ранги Гулобӣ.
Рангҳо вориди хона шуданд.
Ин бино осорхона буд. Дар деворҳои он расму рамзҳои гуногун овезон буданд.
Рангҳо нақшҳои овезаҳоро тамошо карда, ҳар яке ранги худро меҷуст. Лекин дар алоҳидагӣ худро пайдо намекарданд.
Аз ҷустуҷӯи ранги аслии худ монда шуданду, онҳоро хоб бурд.
Субҳи барвақт ранги Сафед онҳоро бедор карда гуфт: – Сафарамонро давом медиҳем.
Рангҳо аз нав ба парвоз баромаданд. Онҳо парвозкунон ба қасри шишагине расиданд, ки дар осмон ҷойгир буд. – Соҳиби ҳамин қаср Ҳафтранг аст, – гуфт ранги Сафед.
Рангҳо бо овози баланд Ҳафтрангро ҷеғ заданд, ба ҳар гӯшаю канори қаср рафтанд, аммо онро пайдо карда натавонистанд.
Ранги Сафед ин ҳолро дида гуфт: – Дӯстонам! Ман ба шумо омезиши рангҳоро дар пироҳани раққоса, гулдӯзии дугонаҳо, ҷуробҳои бибӣ ва расму нигораҳои осорхона нишон додам. То бубинед, ки шумо дар якҷоягӣ чӣ қадар зебо менамоед.
Ҳеҷ гуна Ҳафтранге вуҷуд надорад. Охир, шумо худро дар оина бубинед. Магар шумо дар якҷоягӣ Ҳафтранг нестед?
Зебоиро на дар берун, балки дар даруни худ бояд ҷуст!
Рангҳо ба оина назар карданд ва акси худро дар он диданд.
Фаҳмиданд, ки онҳо дар якҷоягӣ Ҳафтранг будаанд.
Фаҳмиданд, ки ҳар ранг дар якҷоягӣ бо ранги дигар зебою пурҷилотар мегардад.
Аз иттифоқи рангҳо тамоми диёр шукуфон шуд. Осмону Замин аз нақшу нигори зебою сеҳромез рангину босафо гашт.
Дар осмон рангинкамон баромад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё