Зеҳн

Муайян намудани витамини Dз дар мумиё (холекалсиферол)

ЗЕ
Зеҳн27 сентябри 2026 · 4 дақиқа хондан

Соли 1986 олимони соҳаи тиб д.и.т., професеор Шокиров А.Ш., Бауман В.К., Лузина Е.В., Валиниес М.Ю. (ш.Тошканд) мақолаи илмиеро зери сарлавҳаи «Муайян намудани фаъолияти витамини О дар мумиё» чоп намудаанд.

Дар мақола чи гуна хусусиятҳои витамини D-ро зоҳир намудани мумиё баррасӣ гаштааст. Дар хулосаи мақола гуфта мешавад, ки дар мумиё ҳатман витамини D вуҷуд дорад. Аз чӣ сабаб бошад, ки биохимикҳо ва химикҳои Узбекистон кӯшиши ҳосил намудани витамини D-ро бо роҳи химиявӣ аз таркиби мумиё накардаанд.

Пеш аз витамини D-ро дар таркиби мумиё муайян намудан, пеши рӯи мо чанд саволе ба миён омада буд. Якум - бояд муайян менамудем, ки кадоме аз витаминҳои D (D1 D2, Dз) дар мумиё вуҷуд дорад. Дуюм - бояд усулеро истифода менамудем, ки ин витаминҳоро аз ҳам ҷудо намуда ва дар алоҳидагӣ ҳар кадомеро меомӯхтем. Сеюм усулҳои витамини D-ро аз таркиби омехтаҳои табий (маҳсулотҳои хӯрока, растаниҳо, микрорганизмҳо ва ғайра) ҷудо намудан хело мураккаб буд, лабораторияи мо ин гуна шароитҳоро надошт ва талаботи заруриро қонеъ карда  наметавонист. Пас чӣ бояд кард? Гуфтаанд, ки ҳеҷ чиз барвақт намеояд ва ҳеҷ чиз бевақт ҳам намеояд, ҳама чиз дар вақташ меояд. Ин тавр бошад бояд гуфтаҳои Софоклро иҷро кард: «Агар хоҳед чизеро бидонед, бояд ӯро биомӯзед». Дар ин гуфтаҳо маъное ҳаст ва дар мисоли мо ин витамини D дар мумиё буд. Вайро бояд ҳатман дар таркиби мумиё муайян карда ва ҷудо менамудем.

Дар илм бояд тоқат, боварӣ ва такя ба офарадцаи  мушкилиҳо ва ҳалли онҳо намуд.

Дар илми табиатшиносӣ ва тиб мегӯянд, ки химикҳо ба дору ҳаёт медиҳанд, духтурҳо бошанд онро дастгирӣ мекунанд (Эрнст Фурно). Агар дар вақташ химикҳо ба духтур Шокиров А.Ш. ҳамкорӣ мекарданд, масьалаи ҷудо намудани витамини D аз мумиё ҳалли худро меёфт, чӣ илоҷ ҳалли ин муаммо насиби мо будааст. Қадами аввал барои муайян намудани витамини D шиносоӣ бо химияи витамини D - буд. Аз хама аҷибаш дар он буд, ки витамини Dз дар ҳарорати 86°С гудохта шуда ба кристаллҳои сӯзанмонанд табдил меёфтааст. Витамини D2 бошад дар ҳарорати 122°С  гудохта мешудааст. Ин хусусиятҳоро ба эътибор гирифта мо ба хулосае омадем, ки ин витаминҳо бояд  буғрони шаванд. Барои муайян намудани витамини D , дар мумиё мо дар навбати аввал таҳлили сифати  гузаронидем. Барои ин як микдор экстракти спиртии мумиёро дар этанол ҳал намуда, ба вай 1мл махдули броми дар ҳлороформ тайёр кардашударо (1:60) илова намудем, маҳлул ранги кабуди нилгуниро гирифт. Ба махлули хлороформии экстракти мумиё маҳлули  хлориди сурмаро илова намудем, маҳлул ранги гулобӣ гирифт. Ин реаксияҳои сифати барои витамини Dз хос мебошад. Дар маҷмӯъ ин реаксияҳо дар ҳақиқат реаксияи хос барои исботи муайян намудани ватамини D буд.

Акнун бояд усулеро ихтироъ менамудем, ки витамини D-ро боҷготифодаи вакуум дар фишори пасти сутуни симобӣ буғронӣ кунем. Барои ин витаминро аз иҳотаи дигар моддаҳо (аминокислотаҳо сафедаҳо, порфиринҳо ва аминопайвастаҳо), ки бо витамин аз ҳисоби , банди гидрогени комплексӣ конгломератиро ҳосил кардаанд озод намоем. Барои ин корро иҷро намудан, мо бояд. реагенти аксептори зуреро истифода менамудем, ки ба ҳамаи моддаҳои амини ва имини тарсиби мумиё ба реаксияи электрофилӣ дохил шуда, ҳосила диҳад. Ин гуна аксепторо (моддаро) мо сингез намудем. вай чунин формула дорад С6Н5С2^ОСОС1 (эфири  бензили хлоркарбонат), дар химияи аминокислотаҳо вай карбобензоксихлорид номида мешавад. Мумиёро дар маҳлули ишқорӣ (NаНСОз)1 рН=8-9 бо карбобеюокси хлорид ба реаксия дохил намуда, баъди туршонидани махлул, омехтаро ба воситаи этилатсетат ҷудо намуда, буғронӣ карда, моддаи равғанмонанди зардчатоб ҳосил намудем ва онро зери вакуум буғронӣ намуда, витамини D2 ва Dз ҷудо намудем.

Асбобе, ки мо барои буғронии ин витаминҳо ихтироъ намудем:

Витамини Dз (холикалсиферол) баъди буғронӣ намудан ҳарорати гудозишаш ба 84-86С (дар адабиёт  86°С) баробар буд,. Дар мумиё 1,55мг дар 1 граммро ташкил медод. Витамини D2 (эргокадсиферол), дар ҳарорати 121-122°С буғронӣ шуд, (тахминан 5 мг/г) ҳарорати гудозишаш 122-125°С.

Барои муқоиса ритамини Dз-ро, ки аз Институти витаминҳои ш. Москва дастрас карда будем истифода намудем. Хусусиятҳои хроматографӣ ва спектрии ҳардуи онҳо (D2, Dз) ва D2 -и сдандартӣ ба ҳам мувофиқат намуданд.

Дар маҳсулоти хӯрокворӣ аз ҳама бисёр витамини D дар таркиби равғани моҳии тунетс (2-2,5мг/г) вуҷуд  дорад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2