Роҳҳои омӯзиш
Омӯхтан монанди ворид шудан ба ҷаҳони нав аст. Ҷаҳоне ношиносу ҳаяҷонангез, ки агар бо интихоби худамон ба он қадам гузорем, сафар дар он лаззатбахш хоҳад буд.
Дар ин сафар метавон бо омӯзгор ҳамроҳ шуд ё бе ӯ роҳ рафт. Метавон бе имтиҳону баҳо мустақилона ба машқҳои худ назорат кард ё, ба ибораи дигар, маҳоратеро «худомӯзона» аз худ намуд. Албатта, ҳатто барои касе, ки чунин рӯҳия дорад, худомӯзӣ дар ҳамаи маҳорату соҳаҳо яксон натиҷа намедиҳад. Гоҳе суръати бештар ва ислоҳи дақиқтари иштибоҳҳо лозим мешавад — коре, ки «ин мусофир» танҳо аз уҳдааш намебарояд.
Фақат пеш аз сафар бояд аз душвориҳои он огоҳ бошем: душвории оғоз, нигоҳ доштани шавқу ҳавас ва дигаргун шудан дар ҷараёни омӯхтани бахшҳои мушкил.
Омӯзиш танҳо бо дарсу таҳсил маҳдуд намешавад. Ҳатто ҳангоми корҳои одитарини рӯзмарра метавонем чизи наверо дарёбем: дар суҳбатҳо, ҳангоми шунидани гуфтугӯҳои дигарон, дар миёни кӯчаи серодам, дар оғӯши табиат ва ҳатто дар суханони кӯдаки кунҷков ба паҳлуҳои пинҳони зиндагӣ даричаи наве пайдо мекунем.
Шояд гоҳе аз навиштаҳое, ки дар «Зеҳн» мехонем, низ чизе меомӯзем. Ин сухан ба мо, ки ин ҷо ҳастем, ва ба ҳар касе дахл дорад, ки ҳоло ин матнро дар «Зеҳн» мехонад. Аз ҳар нависандае, ки ба завқамон мувофиқ аст, орому бесадо, аз миёни калимаҳояш мафҳумҳои нав меомӯзем. Ҳатто шояд ба навиштаҳое ҳам сар мезанем, ки ба завқамон мувофиқ нестанд, то бо ҷаҳоне рӯ ба рӯ шавем, ки аз дунёи мо фарқ дорад ва бо ақидаҳоямон созгор нест. То бифаҳмем, ки дунё танҳо аз одамони монанди мо иборат нест...
Масалан, аз як нависанда меомӯзем, ки чӣ гуна ба чизҳо аз диди дигар ва гоҳе ҷасурона назар кунем. Аз дигаре диққат ба ҷузъиёт ва муносибати таҳлилӣ ба масъалаҳоро меомӯзем. Бо яке ба ҷаҳони хаёлаш сафар мекунем. Ё масъалаҳои тахассусии соҳаеро пайгирӣ мекунем. Гоҳе ҳам бо хондани навиштае механдем, мегирйем, дилтанг мешавем ва бо нависанда — бе он ки худаш бидонад — ҳамдардӣ мекунем.
Ва гоҳе дар миёни хондани ёддоште гумони бо зеҳни сунъӣ навишта шудани онро канор мегузорем ва мефаҳмем, ки баъзе навиштаҳо комилан инсонӣ ҳастанд.
Мо, ки интихоб кардаем дар «Зеҳн» бошем — дар ҳамин ҷамъияти хурд, бо вуҷуди бемеҳрии соҳибонаш — хоҳу нохоҳ дар ҳоли омӯхтанем ва бо интихоби худ, то ҷое ки метавонем, дар он иштирок мекунем. Ҳар кас бо сабабе.
Барои ман яке аз муҳимтарин сабабҳо омӯхтани мафҳуму дидгоҳҳои нав ва шояд зери суол бурдани баъзе андешаҳои худам аст. Кош омӯхтан дар зиндагӣ ҳамеша бе дарди амиқу душворӣ мебуд...
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё