Анбор
Фикр мекунам, ҳар яки мо анборе дорем; ҷое, ки ғайр аз худамон ҳеҷ кас ба он роҳ надорад.
Гӯшаи торике дар зеҳн, пур аз қуттиҳое, ки ҳар кадом номе доранд:
«Ҳарфе, ки нагуфтам.»
«Одаме, ки аз даст додам.»
«Орзуе, ки рӯзе нимакора раҳояш кардам.»
Мо ҳамеша чизе дорем, ки ба он ҷо фиристем.
Кофист фикре бароямон вазнин шавад, эҳсосеро ҳамон лаҳза ҳазм карда натавонем ё чизе аз ҳад дардноку печида бошад.
Онро ба қуттие мегузорем, сарашро мепӯшем ва ба худ ваъда медиҳем:
«Баъд ба ин ҳам мерасам.»
Аммо «баъд» чизи аҷибест.
Ё ҳеҷ гоҳ намеояд, ё он қадар дер меояд, ки вақте билохира дари анборро мекушоӣ, дигар намедонӣ аз кадом қуттӣ оғоз кунӣ.
Рӯйи баъзеашон он қадар чангу ғубор нишастааст, ки гӯё худашон ҳам аз фаромӯш шудан хаста шудаанд.
Ҳақ доранд.
Ҳар кадомашон рӯзе барои мо муҳим буданд.
Мо чизҳои беарзишро дар анбор нигоҳ намедорем.
Чизҳоеро нигоҳ медорем, ки диламон намешавад партоем, аммо ҳамзамон ҷуръати рӯ ба рӯ шудан бо онҳоро ҳам надорем.
Ва ҳамин зиддият оҳиста-оҳиста дар миёни зиндагиямон ҷой мегирад.
То рӯзе ба худ меоем ва мебинем, ки он қадар қуттиҳоро болои ҳам чидаем, ки дигар байни анбору хона фарқе намондааст.
Шояд ин ки гоҳе мехоҳем касе биёяду анборро бароямон ба тартиб дарорад, танҳо як шӯхӣ набошад.
Диламон мехоҳад касе биёяду бигӯяд:
«Инро нигоҳ дор.»
«Инашро парто.»
«Инро дигар лозим нест бо худ бибарӣ.»
Аммо ҳақиқат ин аст, ки ҳеҷ кас наметавонад ба ҷойи мо қарор қабул кунад.
Танҳо худамон медонем, ки кадом қуттӣ ҳанӯз бароямон чизе дорад ва кадомаш кайҳо боз фақат ҷойро банд кардааст.
Холӣ кардани анбори зеҳн ҳам кори як ё ду рӯз нест.
Шояд аслан лозим набошад, ки якбора ҳама чизро берун резем.
Шояд кофӣ бошад, ки ҳар дафъа танҳо як қуттиро кушоем.
Якеро, на ҳамаро якбора.
Чун инсон гоҳе зери бори хотираҳои худаш ҳам метавонад аз по афтад.
Бояд ёд бигирем, ки баъзе чизҳоро нигоҳ дорем, бе он ки маҷбур бошем ҳар рӯз онҳоро бо худ бардорем.
Ва баъзе чизҳоро ҳам, билохира, раҳо кунем.
Шояд нури зарду бемадори он чароғ он қадар ҳам бад набошад.
Ҳадди ақал, фурӯзон аст.
Ҳадди ақал, метавон дид, ки он ҷо чӣ чизҳое боқӣ мондаанд.
Дар торикӣ мондан осонтар аст.
Аммо ҳеҷ чизро ҳал намекунад.
Шояд қадами аввал барои ба тартиб даровардани анбор ҳамин бошад:
Чароғро фурӯзон кунем ва бори аввал бубинем, ки чӣ чизҳоеро солҳост дар он ҷо гузоштаем.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё