Зеҳн

МӮРЧА, САНГПУШТ ВА РӮБОҲ

ЗЕ
Зеҳн19 сентябри 2026 · 5 дақиқа хондан

Буд, набуд, будгор буд,

Замин набуд, шудгор буд.

Як мӯрчаи пуркор буд,

Сангпуштак ӯро ёр буд.

Як рӯбоҳи маккор буд.

Дар хӯрданак тайёр буд.

Дар як замоне, дар як маконе як мӯрчаяк буд. Аввали баҳор буд, ки ин мӯрчаяк аз паи ризқу рӯзӣ ба берун баромад. Фикр карду худ ба худ гуфт, ки як хӯшаи гандум дорам, ҳаминро дар ҳамин адир бикорам. Хӯшаи гандумро бароварда рафтан гирифт, то як замини муносиб пайдо кунаду бикорад. Рафт, рафт, рафт, ки аз пешаш сангпуште баромад. Сангпушт мӯрчаро дида:

– Салом, ҷонвари заҳматкаш? – гуфт.

Мӯрча:

– Валейкум бар салом – гуфт.

Сангпушт пурсид:

– Эй мӯрчаяк, ин хӯшаи гандумро кашола карда куҷо мебарӣ?

Мӯрча гуфт, ки:

– Ба ҳамин адири таги кӯҳ бурда мекорам.

– Ман коргарам, маро ҳам ҳамроҳ намебарӣ? – хоҳиш кард сангпушт.

Дид, ки сангпушт ором, ботамкин, беозор аст, гуфт:

– Майлаш, мебарам.

Дар ҳамин лаҳза аз куҷо як рӯбоҳи айёр, ҳамеша бекор, аз меҳнат безор, ба хӯрдан тайёр, надорад тоқати кор, пайдо шуд. Ба мӯрчаву сангпушт як нигоҳи маккорона карду аввал аз сангпушт пурсид:

– Ту кистӣ?

– Ман сангпушт ҳастам.

Рӯбоҳ мағрурона ба мӯрча нигоҳ карда, савол кард:

– Ту, ҷонвараки майдаяк, кистӣ?

– Ман мӯрча ҳастам, дӯсти сангпушт.

Рӯбоҳ бо тамасхур пурсид:

– Ту, майдаяк чӣ хел дӯсти сангпушт ҳастӣ?

Мӯрча гуфт:

– Ман аз зоти ҳашарот, сангпушт аз зоти хазанда, бо якдигар дӯст ҳастем.

Рӯбоҳ ҳам мағрурона ва маккорона гуфт:

– Ман аз зоти ҳайвонот, пас, ман ҳам дӯсти шумоям. Агар ягон кор доред маро ҳам шарик кунед.

Мӯрча гуфт:

– Мо ният дорем, ки ҳамин хӯшаи гандумро корему баъд ҳосили онро тақсим кунем.

Рӯбоҳи маккори айёр зуд ба онҳо ҳамроҳ шуд. Мӯрча ва сангпушт ба шудгор кардани замин шурӯъ карданд. Рӯбоҳи маккор, аз меҳнат безор, ба хӯрдан тайёр зуд ҳила пеш оварда гуфт:

– Бинед, он теппа омада ба болои шумо заданӣ! Агар хоки вай чаппа шавад, ҳам шумо ва ҳам меҳнати шумо барбод меравад. Ман рафта онро нигаҳ медорам, то ки заҳмати шумо беҳуда наравад.

Мӯрчаву сангпушт бо заҳмати зиёд заминро шудгор карданд, гандумро аз хӯша ҷудо карда, ба замин пошиданд, мола карданд.

Дам гирифта, шишта буданд, ки осмонро абрҳои баҳорӣ печониду борони маҳин борид. Чанд вақт гузашт. Гандум сабз шуд. Рӯбоҳ бо оҳу воҳ омаду ба дӯстонаш гуфт:

– Монда шудам. Теппа қариб чаппа шуда буд. Гоҳ бо ду пои пеш, гоҳ бо ду пои пас вайро нигоҳ доштам.

Мӯрчаи майдаяк ҳилаи ӯро пай бурда гуфт:

– Ҳоло ҳама бояд ғалларо аз малаху зоғу заған нигоҳ дорем.

Рӯбоҳ боз маккорӣ кард:

– Набошад, шумо посбонӣ кунед, ман вазифаи худро иҷро кунам. Рафта теппаро нигоҳ дорам, то чаппа нашавад.

Рӯбоҳ рафт. Сангпушт гуфт:

– Ба назарам, ин маккор дӯстӣ надорад, моро фиреб мекунад.

Мӯрча дар ҷавоб гуфт:

– Номи вайро рӯбоҳи маккор, ба хӯрдан тайёр мегӯянд. Ғам нахӯр, ба ҳилааш, ҳила ба кор мебарем.

Рӯзҳою ҳафтаҳо гузашту гандум пухта расид. Мӯрча ва сангпушт то пухтани гандум ғалларо аз малаху парандаву чаранда ҳимоят карданд. Хӯшаҳои гандум чунон зарду зебо шуда буданд, ки ҳаваси кас меомад.

Мӯрчаву сангпушт ба сари гандумзор омада, даравиданд, банд бастанд, хирман карданд, кӯфтанд. Сонӣ бод дода, ғалбер карданду акнун тақсим мекарданд, ки яке саросемавор, бо оҳу воҳ рӯбоҳ пайдо шуду гуфт:

– Аз теппаро нигоҳ доштан қариб буд, ки ҷонам барояд. Азоби даҳшатнок будаст.

Мӯрча бо пичинг гуфт:

– Офарин-офарин, аз рангу рӯят маълум аст, ки бисёр азоб кашидӣ, лекин дӯстам, ин ҳосил кам аст, ба ҳама намерасад.

Рӯбоҳ хандида айёрона гуфт:

– Дуруст мегӯй, ту майдаяк, ризқу рӯзиятро аз ҳар куҷо чинда мегардӣ, сангпушт ҳам зиёд хӯрок намехӯрад. Мани бечора ин тарафу он тараф медавам, гандумро ба ман диҳеду монед.

Ин гапи рӯбоҳ ба сангпушт нафорид, ки гуфт:

– Эй рӯбоҳ, ту меҳнат накардӣ. Боз ҳосили моро муфт гирифтанӣ ҳастӣ?

Байнашон моҷаро сар шуд. Зӯри ҳарду ба рӯбоҳ намерасид. Мӯрча зиракӣ карда гуфт:

– Майлаш, кори нашуда, шуд. Ҷанҷол хуб нест. Биёед, баробар тақсим мекунем.

Рӯбоҳ чун одат ҳиларо ба кор бурда, ҳамаи ҳосилро худаш гирифтан мехост. Ӯ ба мӯрча ва сангпушт гуфт:

– Дӯстонам, баҳс хуб нест. Ман ҳам заҳмат кашидам. Дар дунё шарт гуфтанӣ гап аст. Биёед, шарт мебандем. Ҳар кӣ шартро барад, гандум аз они ӯст.

– Чӣ хел шарт? – пурсид мӯрча.

Рӯбоҳ гуфт:

– Ҳар се аз ҳамин ҷо, то назди ҳо ана вай санги калон медавем, касе пеш расид гандум аз они вай аст.

Сангпушт розӣ нашуд:

– Ту медонӣ, ки мо мисли ту давида наметавонем. Ин шарт намешавад.

Мӯрча ба сангпушт чашмак заду гуфт:

– Майлаш, мо розӣ.

– Тайёр шавед! – гуфт рӯбоҳ.

Мӯрчаву сангпушт ба давидан тайёр шуданд.

– Як, ду, се! Давидем! – гуфта, рӯбоҳ ба тарафи хирман чорхез зад.

Ҳамон дам мӯрчаи зирак ба думи рӯбоҳ часпид.

Ҳар се давиданд.

Рӯбоҳ ба назди санги калон расиду гуфт:

– Ана гандум ҳаққи ҳалоли ман шуд.

Думашро ба замин гузошта қоҳ-қоҳ хандид. Ҳамин дам аз таги думи рӯбоҳ садои мӯрча баромад:

– Э ноинсоф, думатро бардор, маро зер кардӣ. Ман аз ту зудтар омадам.

Рӯбоҳ ҳайрон шуда пурсид:

– Э, аҷоиб шуд-ку, ту чӣ хел аз ман пештар омадӣ?

– Чӣ, ту тохтани мӯрчаҳоро намедонӣ? Ман аз ту сабуктару чолоктар, аз ту пештар омадам.

Рӯбоҳи маккор ҷанҷол бардошт:

– Не, ин ҳеҷ мумкин нест. Ман бовар намекунам!

Сангпушт ҳам оҳиста-оҳиста ба назди онҳо омад. Раҳораҳ фикр карда ба ёдаш расид, ки рӯбоҳ аз шикорчӣ ва сагаш метарсад. Ҷанҷоли онҳоро дида сангпушт гуфт:

– Гӯш кунед, ҷанҷол накунед. Ҷони ҳар сеямон дар хатар. Як шикорчӣ бо сагаш ба ҳамин тараф омада истодааст. Дар гардани чӯпон як думу як пӯст.

Мӯрча ҳам зиракона гуфт:

– Барои чӯпону сагаш гӯшти ману сангпушт лозим нест, вале пӯсту думи рӯбоҳ арзиш дорад.

Рӯбоҳ борҳо аз дасти шикорчӣ ва сагаш гурехта буд. Ҷон, ки ширин аст, рӯбоҳ зуд думашро хода карда гурехт.

Ана, ҳамин тавр, мӯрча ва сангпушт, ки меҳнати ҳалол карда буданд, гандумро баробар тақсим карда, аз рӯбоҳи маккор халос шуда ба муроду мақсади худ расида, хушу хурсандона зиндагӣ карда гаштанд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2