Зеҳн

ҶАНБАҲОИ НАЗАРИЯВИИ ИРТИБОТИ МУТАҚОБИЛАИ МОЛИЯ БО ДИГАР КАТЕГОРИЯҲОИ ИҚТИСОДӢ ДАР РАВАНДИ ТАҚСИМНАМОИИ АРЗИШ

ЗЕ
Зеҳн19 сентябри 2026 · 13 дақиқа хондан

Раванди тақсимнамоии арзишии маҷмўи маҳсулоти ҷамъиятие, ки дар ҷараёни он арзиши дар истеҳсолот бавуҷудомада байни субъектҳои хоҷагӣ тақсим гардида, таъйиноти истифодабарӣ пайдо менамояд, бениҳоят мураккаб мебошад. Аз ин лиҳоз, он тақсим ва таъйиноти истифодабарӣ бо ёрии категорияҳои гуногуни иқтисодӣ сурат мегирад, ки ҳар яке аз он категорияҳо нақши махсуси ба худ хосро дар он тақсимот иҷро менамоянд. Молия дар тақсимоти молиявӣ иштирок намуда, бо категорияҳои зерин, ба мисли нарх, музди кор, қарз, нуқтаи хавфноки ҳаҷми истеҳсол, кам шудани тақозо нисбати моли истеҳсолшудаистода ва хароҷоти маҳсулоти нав бо мақсади ҷуброни камшавии даромади моли аввала, ташкили назорати молиявии беруна ва дохила бо мақсади ҳалли муаммоҳои молиявии корхона ва баҳои ширкат алоқаманд мебошад.

Мақсади иҷрои таҳлили беруна ҷалби сармоягузорони беруна нисбат ба сармоягузориҳо ба корхона мебошад. Назорати молиявии дохила мақсади муайян кардани проблемаҳои иқтисодию иҷтимоии дар корхона бавуҷудомада ва пешниҳоди роҳҳои бартарафнамоии онро ҷиҳати барқарорнамоии ҳолати молиявии дилхоҳ ва аз ҳолати ногувори молиявӣ баровардани ширкатро дорад.

Нишондиҳандаи баҳои ширкат низ категорияи иқтисодӣ буда, бо анҷомдиҳии таҳлил ва муайян кардани сатҳи даромаддиҳии он мо қарорро нисбат ба роҳмонӣ ё ба роҳ намондани муносибатҳои иқтисодию молиявӣ қабул менамоем. Дар сурати қабул гардидани қарори мусбат нисбати ҳамкорӣ маблағи барои фаъолият пешбинишуда таъйиноти молиявӣ пайдо мекунад, ки ин категорияи молиявӣ аст. Ҳол он ки ҳамаи нишондиҳандаҳои мазкур категорияи иқтисодӣ мебошанду дар мавриди таъйиноти истифодабарӣ пайдо кардан ба категорияи молиявӣ табдил меёбанд. Чуноне ки медонем, худи молия низ категорияи бунёдӣ, ҷамъбастӣ ва бисёрпаҳлуи иқтисодӣ буда, тавассути равандҳои ташаккулёбӣ, тақсимот ва азнавтақсимкунии воситаҳои пулии давлат, минтақаҳо, субъектҳои хоҷагидор, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар рафти бавуҷудоии даромадҳо, хароҷот, андухти онҳо ва муносибатҳои пулии дар зимни он ба миёномада тавсиф меёбад. Нишондиҳандаҳои дар боло қайдкардашуда ба ҳамдигар зич алоқаманд буда, ба якдигар таъсири мутақобила мерасонанд.

Ибтидои зоҳиршавии муносибатҳои молиявиро раванди тақсимоти якуми арзиш ба унсурҳои аз он бунёдёфта ташкил медиҳад (c, v, m), ки даромадҳои пулии табақаҳои гуногун ва андухти сармояи соҳибкориҳоро ба миён меорад. Барои он ки ин раванд оғоз гардад, арзиши дар истеҳсолот бавуҷудовардашуда бояд фурўхта шавад. Олоти иқтисодие, ки бо ёрии он арзиши маҳсулот ифодаи пулӣ гирифта, ба обекти тақсимот табдил меёбад, нарх мебошад. Маҳз нарх муайянкунандаи ҳаҷми мушаххаси воситаҳои пулии ба ихтиёри ин ё он бахши иқтисодиёт ва ё соҳибмулк воридгарданда мебошад. Нарх ва танҳо он ҳамчун асос ва ибтидои тақсимнамоӣ мебошад, ки дар заминаи он тамоми раванди тақсимот сурат мегирад, чунки танҳо дар он унсурҳои гуногуни арзиши маҷмўи маҳсулоти ҷамъиятӣ ифода меёбад.

Ҳамчун ченаки миқдории арзиши дар истеҳсолот бавуҷудовардашаванда ва ифодаи пулии он, нарх муайянкунандаи таносуби тақсимоти арзиши дар оянда истеҳсолшаванда бо баҳисобгирии омилҳои ба он таъсиррасонанда мебошад.

Аммо нарх асоси ибтидоии тақсимоти арзишӣ ба ҳисоб рафта, сохтори ибтидоии онро пешакӣ муайян кунад ҳам, бо вуҷуди ин нарх наметавонад на тақсимотро байни субъектҳои моликият таъмин намояд ва на аз нигоҳи функсионалӣ қисмҳои гуногуни арзишро ҷудо намояд.

Ин ба он вобаста аст, ки ҳамаи қисмҳои арзиш аз рўйи ҳаҷм ва таъйиноти функсионалӣ худ аз худ дар ҳаҷми муайян ҷудо намешаванд ва танҳо баъди давраи муомилот онҳо ҷудо мегарданд. Мубодила ҳатман бояд сурат гирифта, тақсимоти арзишӣ ҷараён ёбад, то ки ҳамаи қисмҳои арзиш (c, v, m) дар шакли мушаххас ва таносуби муайяни миқдорӣ таҷассум ёбанд. Ҳамин тавр, раванди ташкили қисмҳои мухталифи арзиш, ба тавре ба ду давра ҷудо мегардад: дар давраи аввал, гузаронидани арзиши пешпардохтшуда ва таъсиси даромадҳо, ки дар ҳақиқат, лаҳзаи истеҳсолнамоӣ мебошад; дар давраи дуюм, ҷудо намудани фонди барқарорнамоӣ ва даромадҳои аввалия дар шаклҳои мушаххаси гуногуни онҳо сурат мегирад, ки мазмуни давраи навбатии раванди такрористеҳсолро ташкил медиҳад - давраҳои тақсимоти арзишӣ, дар ҳоле ки ба ҳар қисми арзиш ҳаҷми муайяни миқдорӣ дода мешавад. Аммо, дар давраи дуюм, ташкили унсурҳои арзиш бо ёрии нарх не (гарчанде ҳамаи қисмҳои арзиш ба он шомил мебошанд), балки бо ёрии дигар категорияҳои иқтисодӣ сурат мегиранд.

Бинобар гуфтаҳои боло, ақидаи беасоси баъзе иқтисодчиён дар бораи он, ки гўё нарх василаи тақсимоти аввалияи арзиш ба қисмҳои алоҳида дар дохили истеҳсолот (c, v, m) мебошад, ба ҳақиқат рост намеояд. Барои он ки нарх чунин нақшро иҷро намояд, зарур аст, ки ҳамаи қисмҳои арзиш аллакай дар марҳилаи истеҳсол шаклҳои иқтисодии мустақилро гирифта бошанд ва нарх онҳоро танҳо зоҳир намояд.

Дар баробари ин, ҷудо кардани арзиши маҳсулоти ҷамъиятӣ ба фонди барқарор ва намудҳои гуногуни даромадҳо, яъне ба шаклҳои иқтисодии алоҳида танҳо дар раванди тақсимоти арзишӣ сурат мегирад; дар давраи истеҳсолот шаклҳои иқтисодии мухталиф (c, v, m) вуҷуд надоранд, онҳоро танҳо бо роҳи таҳлил муайян намудан имконият дорад.

Дар давраи истеҳсолот ҳам фонди барқарорнамоӣ ва ҳам даромадҳои ташкилёбанда мустақилона дар гирдгардиши иқтисодӣ иштирок намекунанд. Онҳо дар шакли ниҳоншуда мебошанд – танҳо ҳамчун гуногунии сифатии таъйиноти мақсадноки қисмҳои гуногуни арзиш баромад мекунанд, чунки ба фондҳо ҷудошавии онҳо сурат нагирифтааст: фонди барқарорнамоӣ – аз даромади умумӣ ва тақсими даромади боқимонда ба шаклҳои гуногуни он ба вуҷуд меояд. Танҳо дар давраи тақсимотии раванди такрористеҳсол ҳаракати арзиши маҳсулоти ҷамъиятӣ ба таври воқеӣ ба таъсиси фонди барқарорнамоӣ ва даромади умумӣ тақсим мешавад, дар ин маврид ҳам фонди барқарорнамоӣ ва даромадҳои умумӣ шакли мустақили инъикоси иқтисодии худро мегиранд. Дар давраи истеҳсолот арзиш ба қисмҳои мустақилнашуда ҷудо намешавад, вале дар давраи тақсимотии раванди такрористеҳсол шакли ифодаи пулиро гирифта, ба фонди барқарорнамоӣ (истеҳлоки тахсисгардида ва воситаҳои гардон) ва шаклҳои гуногуни даромад, ки байни иштирокчиёни истеҳсолот тақсим мегардад (музди кор, суғуртаи иҷтимоӣ, фоида), ҷудо мешавад. Чунин табдилёбии қисмҳои гуногуни арзиш аз шакли ниҳонӣ ба аёнӣ бо ёрии нарх сурат намегирад (гарчанде ки дар асоси нарх ба роҳ монда мешавад), балки бо ёрии молия ва музди кор сурат мегирад. Маҳз ба шарофати онҳо дар раванди тақсимоти аввалия намудҳои гуногуни даромадҳои пулӣ, андухту ҳиссаҷудокуниҳо (отчисление), таносуби таркибии онҳо дар асоси талаботи қонунҳои ҷамъиятӣ ба вуҷуд меоянд.

Фаъолияти нарх ва молия дар раванди тақсимоти арзишӣ дар алоқамандии мутақобила сурат мегирад. Нархҳо асоси методи молиявии тақсими арзиш мебошанд, вале молия ба таносуби тақсимот такя намояд ҳам, он зери таъсири нарх сурат мегирад ва ҳамчун олоти амалинамоии ин таносубиятҳо ва мукаммалгардонии онҳо бо баҳисобгирии вазъияти иқтисодии инкишофи ҷамъият анҷом дода мешавад.

Мустақилияти нисбии методи молиявии тақсимнамоии арзиш ба он меорад, ки таркиби ниҳоии маҳсулоти ҷамъиятӣ ва даромади миллии тақсимкардашуда аз таносубиятҳои бо нарх муайянкардашуда фарқ менамояд.

Дар тақсими арзиши маҷмўи маҳсулоти ҷамъиятӣ ба ғайр аз молия музди кор низ иштирок менамояд. Ин шакли тақсими музди кор вобаста бо зарурати ташкили даромадҳои кормандони мушаххас сурат мегирад. Музди кор ҳамчун категорияи иқтисодӣ муносибатҳои арзиширо ифода менамояд. Муносибатҳои мазкур дар раванди тақсими арзиши нав бавуҷудорвардашуда тавассути ташкили даромадҳои фардии ба коргарон вобаста ба миқдор ва сифати меҳнаташон пардохтшаванда ба вуҷуд меоянд.

Музди меҳнат қисми таркибии низоми умумии тақсимоти арзишӣ буда, он бо молия дар як қатор қарор мегирад. Дар ин маврид барои қонеъгардонии талаботи минбаъда шароити муайян ба вуҷуд меоварад. Гарчанде бо молия асоси якхела дошта бошад ҳам, музди кор аз молия бо он фарқ менамояд, ки таркиби муносибатҳои тақсимотии музди кор тавассути воситаҳои пулӣ ба амал бароварда шуда, ба моликияти кормандони алоҳида барои қонеъгардонии талаботи шахсии шаҳрвандон ҷудо мегардад. Дар баробари ин, захираҳои молиявӣ ҳамчун барандаи моддии муносибатҳои молиявӣ дар ихтиёри субъектҳои хоҷагидорӣ ва давлат қарор дошта, барои қонеъгардонии талаботи гуногуни ҷамъиятӣ таъйин шудаанд.

Фарқияти музди меҳнат аз молия дар он низ зуҳур меёбад, ки фаъолияти он метавонад (бо дараҷаи муайяни қобили қабул) ҳамчун раванди ҳаракати дусамтаи арзиш баррасӣ гардад. Чунки музди меҳнат ҳамчун шакли тақсимоти ҷамъиятӣ характери ҷубронӣ дорад. Он вобаста ба саъю кўшиши меҳнатии кормандон, дар алоқамандии зич бо миқдор ва сифати меҳнати сарфкардашудаи онҳо пардохт мегардад. Ҳар як шаҳрванд бояд аз ҷамъият ҳамон ҳиссаи арзишро гирад, ки вай ба саҳми меҳнатии он мувофиқат намояд.

Молия ва музди кор ҳамчун категорияи тақсимотӣ байни ҳамдигар алоқамандии зич доранд, ки дар рафти тақсимоти арзишӣ робитаи мутақобилаи онҳо таъмин мегардад. Ин робитаи мутақобила аз он иборат аст, ки аз як тараф, молия ба музди меҳнат дар ташкили музди меҳнат ёрӣ мерасонад ва бо ҳамин музди меҳнатро аз дигар фондҳои пули корхона ҷудо менамояд, аз тарафи дигар, музди меҳнати тахсисгардида, ки бо вақти пардохташон ба кормандон мувофиқат наменамоянд, бавуҷудорандаи сарчашмаи иловагии захираҳои молиявии корхона дар шакли пассивҳои устувор мебошад. Қарздоршавии корхона нисбати пардохти музди кор ин захираи молиявӣ, аммо на бо сабаби он ки худи музди меҳнат ба молия мансуб аст, балки бар асари он ки музди кори тахсисгардида дарҳол ба дасти соҳибаш намерасад. Музди меҳнати дар муомилоти корхона ҷойгирифта воситаҳои пули корхона мебошад, бинобар он ҳамчун сарчашмаи ташкили воситаҳои гардон баромад мекунад.

Дар тақсимоти арзишӣ қарз низ иштирок менамояд. Вале аз бисёр ҷиҳатҳо қарз ба молия монанд аст. Хусусиятҳои умумии ба ҳар ду категория хос ин наздик будан ва табиати иқтисодии ба якдигар монанд доштани онҳо мебошад. Ба ин нигоҳ накарда, характери фаъолияти онҳо аз ҳамдигар фарқи куллӣ доранд: фарқи қарз аз молия дар баргардонандашавандагии он аст – ҳар қарз дар муҳлати муқарраршуда бояд ҳатман ба қарздиҳанда баргардонида шавад. Баргардонандашавӣ ин аломати муҳим ва вижагии қарз мебошад.

Баргардонандашавандагӣ ҳамчун хусусияти махсуси қарз фарқиятро дар характер, сарчашмаҳо ва самтҳои истифодаи захираҳои қарзӣ дар муқоиса бо захираҳои молиявӣ муайян мекунад. Захираҳои кредитӣ ҷудошавиро дар фосилаи вақти ҳаракати арзиш аз қарздиҳанда ба қарзгиранда ва ҳаракати баръакси онро инъикос менамояд; захираҳои моливӣ ҳаракати яксамтаи арзишро ифода мекунад. Азнавтақсимнамоии кредитӣ бо ҳаракати воситаҳои пулӣ байни субъектҳои дар раванди тақсимот иштироккунанда алоқаманд аст; азнавтақсими молиявӣ ҳам байни субъектҳои хоҷагидорӣ ва ҳам дар доираи ҳар яке аз онҳо мувофиқи таъйиноти мақсаднок дар мувофиқа бо талаботи ҷамъиятӣ анҷом дода мешавад.

Захираҳои кредитӣ дар раванди азнавтақсим аз ҳисоби воситаҳои пулии муваққатан озоди корхонаҳо, иттиҳодияҳо, ташкилотҳо, муассисаҳо, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва шаҳрвандон ташаккул меёбанд; захираҳои молиявӣ аз ҳисоби даромад ва андухти дар давраи тақсимоти арзишӣ бавуҷудомада таъсис меёбанд. Захираҳои қарзӣ ба қарзгирандагон ба муҳлати муайян бо шартҳои баргардонандагӣ ва ҳақдиҳандагӣ дода мешаванд; захираҳои молиявӣ бепул ва бе муқаррароти шартҳои баргардонидани онҳо мавриди истифода қарор мегиранд. Ва, дар ниҳояти кор, дар фарқият нисбати молия кредит бо муомилоти пул алоқаи ногусастанӣ дорад; бо ёрии он талаботи субъектҳои хоҷагидорӣ ба воситаҳои пардохти барои муомилот зарурӣ қонеъ гардонида мешавад; танзими воситаҳои пулии дар муомилотбударо анҷом медиҳад.

Мавҷудияти хусусиятҳои умумии молия ва қарз муносибатҳо ва фаъолияти мутақобиларо дар раванди тақсим пешакӣ муайян менамояд; ин ҳолат махсусан дар истифодаи комплексии захираҳои молиявию кредитӣ ба таври равшан зоҳир мегардад. Ҳамин тавр, ҳангоми норасоии захираҳои молиявӣ корхонаҳо барои таъмини фаъолияти муътадили раванди истеҳсолот ва васеънамоии он аз қарзҳои бонкӣ истифода мебаранд. Захираҳои молиявии муваққатан озоди корхонаҳою ташкилотҳои хоҷагидорӣ дар хисобҳо дар муассисаҳои бонкӣ нигоҳ дошта шуда, барои оқилона истифода бурдани онҳо ҳамчун воситаҳои қарзӣ ҷиҳати қонеъгардонии талаботи такрористеҳсоли васеъ дар доираи соҳаҳои умумии иқтисодиёт имконият фароҳам меоваранд. Фаъолияти молия ба ташаккул ва рушди захираҳои қарзӣ мусоидат менамояд; фаъолияти кредит, дар навбати худ, имконият медиҳад, ки дар ихтиёри субъектҳои хоҷагидорию давлатӣ захираҳои молиявӣ, аз ҷумла бо ёрии бозори молиявӣ ҳам таъмин карда шавад.

Боҳамалоқамандии молия ва қарз дар фоизи бонкӣ ҳам, ки бевосита бо татбиқи фаъолияти кредит вобаста аст, ба таври равшан зоҳир меёбад. Ҳақдиҳандагии кредит ба он меорад, ки бонк барои қарзи додааш аз қарзгиранда воситаҳои пулии муайянро дар шакли фоиз мегирад ва ё баръакс, онро (фоизро) ба ташкилотҳои хоҷагидор, ки пулҳои муваққатан озодашонро барои истифодаи муваққатӣ ба бонк пешниҳод намудаанд, пардохт менамояд. Дар навбати худ, сарчашмаи пардохти фоиз барои истифодаи воситаҳои аз субъектҳои хоҷагидорӣ ҷалбгардида даромади бонк мебошад; ташаккул ва истифодаи онҳо бо ёрии муносибатҳои молиявӣ ба таври ғайримустақим анҷом дода мешаванд.

Алоқаи мутақобилаи молия ва қарз мувофиқати органикии усулҳои молиявию қарзии таъмини талаботи такрористеҳсоли васеъро муайян менамояд. Объектҳои асосии таъсири ҳаматарафаи (комплексии) молия ва қарз дар раванди такрористеҳсол фондҳои асосӣ ва воситаҳои гардон мебошанд.

Категорияи молиявӣ будани «нуқтаи хавфноки ҳаҷми истеҳсол», пеш аз ҳама, бо он исбот карда мешавад, ки вай аслан категорияи иқтисодӣ аст, аммо дар мавриде ки захираҳои молиявии муайян сарф шуда, ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшавандаи фоидаро инъикос менамоянд. Ин маънои онро дорад, ки ифодаи пули ҳамин хароҷот танҳо маҳсулоти ба корхона фоидадиҳандаро муқаррар менамояд. Ҳаҷми хароҷоти ҳатмии фоидатаъминнамоянда аз категорияи иқтисодӣ бо таъйиноти истифодабарӣ ва имконияти фоидаовариаш барандаву ифодагари категорияи молиявӣ аст, чунки ҳаҷми муайян ва имконияти гирифтани даромадро ба миён меорад.

Истеҳсоли ҳамаи намудҳои молҳои алоҳидаи соҳибкориҳо истеҳсолкарда бо нисбатан қонеъгардонии талаботи истифодабарандагон дараҷаи даромаддиҳии ҳамон мол кам мешавад. Менеҷери молиявӣ бо мақсади пешгирии камшавии даромадгирии моли якум бояд хароҷоти моли дуюми модернизатсиякардашударо ба роҳ монад ва дар вақте ки фоидаҳои воқеии моли якум кам мешавад, бояд хароҷоти моли дуюм ба давраи даромаддиҳӣ ворид шавад ва камшавии фоидаоварии моли якумро ҷуброн намояд.

Кам шудани тақозо нисбати моли якуми истеҳсолшудаистода ва бароҳмонии хароҷоти маҳсулоти нав бо мақсади ҷуброни камшавии даромади моли аввала дар асоси банақшагирии молиявӣ бо пўшонидани камшавии даромад, таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳавию сметавии моли дуюм маблағҳои пули таъйиноти хосдоштаро аз ҳисоби маблағи фонди истеҳлок, захираҳои аз ҳисоби фоида таъсисдодашуда, фурўши воситаҳои истеҳсолоти куҳнашуда ва истифода аз имтиёзҳои давлатӣ фондҳои пули таъйиноти хосдоштаро ба вуҷуд меорад ва чорабинӣ мавриди амал қарор мегирад. Ҳамин тавр, ташкили фондҳои пулии таъйиноти хосдошта коҳиши тақозоро нисбати моли якум ва бароҳмонии истеҳсоли маҳсулоти нав, ки мақсади ҷуброни камшавии даромади моли авваларо дорад, боиси аз категорияи иқтисодӣ ба молиявӣ табдилёбӣ мегардад, ки бо ёрии функсияи тақсиму азнавтақсим амалӣ мегардад.

Ташкили назорати молиявии беруна ва дохила дар шароити иқтисоди бозорӣ, аз як тараф, бо мақсади ҳалли муаммоҳои молиявии корхона ва қонеъгардонии талаботи истеҳсоли бо пешниҳоди нақшаи соҳибкории мақсади ҷалби сармояи дигаронродошта сурат мегирад, сатҳи даромаддиҳию имконияти васеънамоии сегменти бозорӣ сабаби ҷалб кардани сармояи беруна мегардад. Мақсади бароҳмонии назорати молиявии дохила бартараф кардани монеаҳои иқтисодию молиявӣ ва техникӣ дар раванди такрористеҳсол бавуҷудомада мебошад.

Ба назорати молиявии беруна ва дохила ҷудо кардани функсияи назоратии молия инъикоскунандаи васеъшавии доираи истифодаи назорати молиявӣ ба тағйирёбии мавқеи истифодабарӣ ва тағйирдиҳии нақши назорати молиявӣ дар иқтисодиёт мебошад.

Баҳои ширкат категорияи иқтисодӣ буда, моҳиятан таъйиноти баамалбарории функсияҳои молияро дорад. Дар асоси баҳои ширкат ва сатҳи даромаддиҳии он маблағҳои муваққатан озоди ширкатҳо, аз як тараф, таъйиноти истифодабарии мақсаднок пайдо кунанд, аз тарафи дигар, бо паст будани фоидадиҳии нақшаи соҳибкории пешниҳодшуда он маблағҳо мавриди истифодабарӣ қарор намегиранд. Баҳои ширкат мақсаднокона истифодабарии захираҳои молиявии ширкатҳоро бо баҳисобгирию муқоиса ба даромаддиҳии алтернативӣ сурат мегиранд. Дар ин ҳолат аз категорияи иқтисодӣ ба категорияи молиявӣ табдил меёбад.

Алоқамандии мутақобилаи категорияҳои иқтисодӣ, ки дар давраи тақсими арзишӣ амал мекунад, зарурати истифодаи комплексиро дар амалияи хоҷагидорӣ тақозо менамояд.

Дар ин маврид хусусияти фаъолияти молия, нарх, музди кор, кредит, инчунин доираи амали онҳо бояд ба ҳисоб гирифта шаванд. Агар ҳолати зикршуда иҷро нагардад, фаъолияти категорияҳо дар раванди тақсими арзиш ба натиҷаи истеҳсолот таъсири мусбат намерасонад. Чунин алоқамандиҳои мутақобилаи категорияҳои иқтисодӣ на танҳо нисбати нарх, музди кор, кредит, балки нисбати андоз, суғурта ва таъсиси захираҳо низ ҷой доранд.

Ҳамин тавр, тамоми иртиботи мутақобилаи дар байни категорияҳои мазкур ҷойдошта дар амалия, дар раванди муайян кардани функсияҳои тақсимотии молия муфид мебошанд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2