Зеҳн

ФАРИШТАМОҲИ ЗЕБОВУ ДОНО

ЗЕ
Зеҳн19 сентябри 2026 · 21 дақиқа хондан

Буд набуд, дар замони қадим подшоҳе буд. Вай ягонта ҳам фарзанд надошт.

Рӯзе подшоҳ ба оина нигоҳ карда дид, ки мӯи сараш мӯйсафед шудаст, вай ғӯтаи фикр шуда, худ ба худ гуфт: «Сад афсӯс, писаре надорам, ки ба ҷои ман подшоҳӣ кунад».

Як замоне зани подшоҳ ҳомиладор шуд. Подшоҳ беҳад хурсанд гардида, дар тамоми мамлакат эълон намуд, ки агар рафту дар оилааш писар шавад, дар рӯзи зоида шудани ӯ дар хонаи ягон каси дигар низ писар таваллуд ёбад, онро ҳам ба фарзандӣ қабул мекунад.

Нӯҳ моҳ гузашту чашми зани подшоҳ равшан шуд. Вай писар таваллуд кард. Ҳамон рӯз дар хонаи як подачӣ ҳам писаре зоида шуд. Подшоҳ мувофиқи ваъдааш писарчаи подачиро оваронда, ба дояҳои писараш дод.

Бачагон яксола шуданд, дусола шуданд, сесола шуданду ба синни мактабӣ расиданд. Подшоҳ ҳар дуро ба мактаб гузошт.

Писари подачӣ ба хондан шавқу мароқи зиёд дошт, зеҳнаш нағз ва истеъдодаш калон буд, ба шоҳзода чизҳои нафаҳмидагиашро маънидод карда медод.

Рафта-рафта бачагон ба балоғат расида, хуни ҷавонӣ дар баданашон ба ҷӯш омад, онҳо дар гирду атроф сайру шикор мекардагӣ шуданд.

Як рӯз ҳар ду ба шикор рафта истода буданд, ки шоҳзода дар наздикии як деҳа ба мурғи тир андохт.

Дар рӯи як ҳавлии кампире карбос танида нишаста буд. Мурғи тирхӯрда парида рафта, ба рӯи карбоси кампир афтод, торҳои он канда шуданд, карбос хунолуд гардид.

Шоҳзода аз паи сайди худ ба ҳавлии кампир даромад.

— Эй ҷавонмард, — гуфт кампир ӯро дида, — кори бад кардӣ, беадабӣ кардӣ, илоҳӣ шамоли ишқи Фариштамоҳ ба рӯят занад.

— Эй модар, — гуфт шоҳзода ҳайрон шуда, — Фариштамоҳ гуфтӣ-мӣ? Вай кист, дар куҷо зиндагӣ дорад?

— Фариштамоҳи зебову доно, — ҷавоб дод кампир, — дар тарафи офтобшинам, дар паси ҳафт ағбаи баланд зиндагӣ мекунад. Вай чунон нозанин ва чунон оқила аст, ки садҳо ҷавонмардҳо гирифтори ишқи ӯ шуда бошанд ҳам, ҳеҷ кас ба табъи ӯ мувофиқ омада, ба висолаш расида наметавонад.

Шоҳзода ин гапро шунида, дарҳол баргашта омад. Хабар доданд, ки падараш ба вай мунтазир аст.

— Писарам, — гуфт подшоҳ, — ман пир шудам, баъд аз сари ман идораи мамлакат ба гардани ту меафтад, ба ин кор тайёр шудани ту зарур аст, биё, ман ба ту хазинаю дафинаи подшоҳиро нишон диҳам, ту дониста гир, ки дар куҷо чӣ ҳаст ва дар кадом вақт чиро истифода кардан лозим.

Шоҳзода ба рӯи падараш синча карда пурсид:

— Эй падари меҳрубон, ҷаҳон хӯрдан хуб аст, ё ҷаҳон гаштан?

Падараш гуфт:

— Эй фарзанди азиз, ҷаҳон гаштан беҳтар аст, бисёр ҷойҳо ва бисёр халқҳоро мебинӣ, донишат зиёд, ақлат расо мешавад.

— Ин тавр бошад, — гуфт шоҳзода, — аввал ба ман иҷозат диҳед сайри дунё кунам.

Подшоҳ ночор иҷозат дод. Шоҳзода писари подачиро ҳамроҳаш гирифта, баромада рафт.

Рафтанд-рафтанд, аз ҳафт ағба гузашта, ба як шаҳре расиданд. Даромада дари як кампирро тақ-тақ карданд. Кампир баромад, писари подачӣ кампирро дида гуфт:

— Очаҷон, мо мусофирем, ҷое надорӣ, ки як-ду рӯз дам гирем?

— Эй фарзандони азиз, — гуфт кампир, — як хонача дорам, сарам гунҷад, поям намегунҷад, поям гунҷад, сарам намегунҷад.

Писари подшоҳ як тилло баровард, кампир тиллоро дида, хурсанд шуда гуфт:

— Дароед, дароед, як хонаи калону васеъ дорам, чанд вақт хоҳед истодан гиред.

Кампир даррав кӯрпача партофт, дастурхон паҳн кард. Нон овард, чой кард, иззаташонро ба ҷо овард. То нисфи шаб чак-чак карда нишастанду баъд кампир чойгоҳ партофта, гуфт:

— Фарзандони азиз, мабодо шабона берун набароед! Зинҳор набароед, ки оқибаташ бад мешавад!

Дар чойгоҳ писари подачӣ фикр кард, ки «шабона чӣ ҳодиса рӯй медода бошад, ки берун баромадан мумкин набудааст? Як баромада фаҳмидан лозим аст». Вай писари подшоҳро бедор карда гуфт:

— Эй бародар, хез! Мо, магар хобравӣ омадаем, бароем, бинем, ки дар берун чӣ гап аст?

Ҳар ду хестанду баромаданд, ки нисфи шаҳр тип-торику нисфи дигараш мисли рӯз равшан, чунон равшан, ки мӯзадӯзҳо мӯза медӯзанд, дурӯдгарҳо дурӯдгарӣ мекунанд, шонатарошҳо шона метарошанд.

Ҳар ду ҳайрон шуда, хеле вақт тамошо карданду баъд омада хоб рафтанд.

— Эй очаи меҳрубон, — гуфт ба кампир писари подачӣ, пагоҳӣ барвақт аз чойгаҳ хеста, — чӣ сир буд, ки мо имшаб дидем?

Кампир гуфт:

— Эй фарзандон, магар шабона берун баромадед?

— Оре, баромадем, — гуфтанд ҳар ду, — барои чӣ як тарафи шаҳр равшан, тарафи дигараш торик буд?

Кампир гуфт:

— Бачагонам, нағз накардед, ки аз ин сир хабардор шудед, донистани он ба саратон савдо меоварад.

— Гӯед, чӣ сир аст? — пурсиданд ба ҳоли кампир намонда шоҳзодаю писари подачӣ.

— Ин хел ки маҷбур кунед, — гуфт кампир, — илоҷ надорам, мегӯям: ин равшании нури ҷамоли Фариштамоҳ аст. Ба кадом тараф, ки вай рӯ гардонда хоб кунад, ҳамон қисми шаҳр равшан мешавад ва ҳар марде, ки аз ин сир хабардор мешавад, гирифтори ишқи ӯ мегардад.

Писари подачӣ гуфт:

— Эй очаи меҳрубон, қурбони забони ширинатон шавам, ки ба мо аз Фариштамоҳи нозанин дарак додед. Бародари ман кайҳо гирифтори ишқ ва орзуманди висоли ӯ шудааст, мо ӯро ҷустуҷӯ карда, ба ин шаҳр омадаем.

Кампир гуфт:

— Ҳамин қадар шоҳзодаю вазирзодагон ба висоли ӯ расида натавонистанд, шумо чӣ тавр мерасед?

— Ҳоло намедонем, — ҷавоб дод писари подачӣ, — вале ё ҷон медиҳем, ё ба мақсадамон мерасем.

Баъд онҳо аз кампир фаҳмида гирифтанд, ки Фариштамоҳ як шарт доштааст ва касе ӯро гирифта метавонистааст, ки ин шартро иҷро кунад.

Ду ҷавони мусофир мисли бисёр ҷавонони дигар ба пеши духтар рафтанд. Онҳоро ба даруни як хонаи калон бурданд. Дар он ҷо аз паси парда овозе ба гӯшашон расид:

— Ман як шарти зӯр дорам, касе маро гирифта метавонад, ки ҳамин шартро иҷро кунад.

— Шартатро гӯй, иҷро мекунам! — гуфт шоҳзода.

— Ин тавр ки бошад, — гуфт Фариштамоҳ, — ман хоб меравам, шумо дар хонаи хоби ман нишаста, дод нагуфта, даст назада, ҳаракати зиёдатӣ накарда, коре мекунед, ки маро то рӯз хоб набарад.

Шоҳзода розӣ шуд, аммо вай тамоми шаб ҳеҷ илоҷи бедор нигоҳ доштани духтарро наёфту худи ӯро ҳам хобаш бурда монд.

Пагоҳӣ шоҳзода бедор шуда фаҳмид, ки шартро бой додааст, бисёр ғамгин шуда, бо дили озурда ба хонаи кампир омад. Писари подачӣ ӯро таскин дода гуфт:

— Бародари азиз, ғам нахӯр, иҷрои шарти духтарро ман ба зиммаи худ мегирам, шартро, ки буридам, он тарафашро ягон кор мекунем.

Ҳамон рӯз писари подачӣ аз чӯб лӯхтаке тарошида, бегоҳӣ ба пеши Фариштамоҳ рафт ва ба иҷрои шарт тайёр будани худро маълум кард. Ӯро бурда дар ҳамон хона, дар паси парда шинонданд.

Писари подачӣ лӯхтакашро бароварда, ба он як нигоҳи маънодоре карду баъд бозӣ доронда гуфт:

— Эй дӯсти азиз, ту дар зиракӣ ва хирадмандӣ овоза баровардаӣ, хеле вақт аст, ки якчанд масъалаҳои муҳим фикри маро банд кардаанд, ман дар ҳалли онҳо ба ёрии ту эҳтиёҷ дорам.

— Кани гӯй, онҳо чӣ масъалаҳо будаанд, — гуфт писари подачӣ аз номи лӯхтак овози худро маҳин карда.

Духтар худ ба худ «аҷабо, ин хирадманди маҳиновоз чӣ махлуқе будааст ва он масъалаҳо чиҳо бошанд?» — гӯён бо кунҷи чашмонаш ба тарафи ҷавон назаре андохт. Лӯхтак бозиқунон лаб ҷунбонида, ба гап даромад ва ин ҳодиса беихтиёр диққати Фариштамоҳро ба худ кашид.

— Эй дӯсти азиз, — гуфт писари подачӣ ба лӯхтак муроҷиат карда, — дар як шаҳр як қуръандоз қуръа андохта маълум кардааст, ки духтари подшоҳи Миср, ки дар зебоӣ бемислу монанд будааст, ба як бемории сахт гирифтор шудаасту ҳеҷ яке аз табибони он мамлакат дарди ӯро даво карда натавонистаанд. Подшоҳ эълон кардааст, ки ҳар касе, ки духтарашро сиҳат кунад, ӯро бо молу анҷоми зиёд ба ҳамон кас никоҳ карда медиҳад... Қуръандоз воқеаро ба табиб ҳикоя мекунад.

— Сад афсӯс, — мегӯяд табиб, — он ҷо хеле дур аст, вагарна ман рафта дар се рӯз сиҳат мекардам.

Аз воқеа чӯбтарош хабардор шуда, аспи чӯбини парвозкунанда месозаду ҳар сеи онҳо савор шуда, дар як муддати кӯтоҳ ба Миср рафта мерасанд.

Табиб духтарро сиҳат мекунад, подшоҳ ӯро ба табиб доданӣ мешавад. Инро дида, қуръандозу чӯбтарош ҷанҷол мебардоранд.

Қуръандоз мегӯяд, ки:

— Духтар ҳаққи ман аст, зеро агар ман қуръа намеандохтам, касалии ӯ ба табиб ҳеҷ гоҳ маълум намешуд.

Чӯбтарош мегӯяд, ки:

— Духтар ҳаққи ман аст, зеро агар ман аспи парвозкунанда намесохтам, табиб ҳеҷ гоҳ ба ин ҷо омада наметавонист.

Табиб мегӯяд, ки:

— Духтар ҳаққи ман аст, зеро агар ман намешудам, қуръандоз ва аспи парвозкунанда ба духтар фоидае намебахшид.

Ҳамин хел мунозираи онҳо хеле муддат давом карда, подшоҳу оқилони он мамлакат дар ҳалли он оҷиз мондаанд. Ман ин воқеаро шунида, ба чунин хулоса омадам, ки духтар ҳаққи қуръандоз аст, чунки бе ҳунари ӯ чӯбтарошу табиб ҳеҷ вақт рӯи духтарро намедиданд.

— Не, не! — гуфт сарчаи худро ҷунбонида лӯхтак. — Ту хато мекунӣ, ба духтар пеш аз ҳама чӯбтарош ҳақдор аст, агар ҳунармандии ӯ намешуд, қуръандозу табиб коре карда наметавонистанд.

Фариштамоҳ худро зоҳиран ба хоб андохта бошад ҳам, бодиққат гӯш мекард ва вақте ки чунин хулосаи ҳамсуҳбатонро шунид, норозӣ шуда, сари худро бардошту гуфт:

— Фикри ҳардуятон ҳам нодуруст, ба духтар аз ҳама зиёдтар табиб ҳақ дорад, зеро танҳо ба шарофати донишмандии ӯ касалӣ ба мурдан наздик чон гирифта сиҳату саломат шуд.

— Эй дӯсти меҳрубон, — гуфт писари подабон аз нав ба лӯхтак муроҷиат карда, — аз афти кор ҳақ ба ҷониби Фариштамоҳи нозанин аст, вале кайҳост, ки як ҳодисаи аз ин ҳам аҷибтар диққати маро ба худ ҷалб кардааст, ман онро нақл мекунам ва боварӣ дорам, ки ин дафъа ту хато намекунӣ ва Фариштамоҳи нозанин ҷавоби туро маъқул меёбад.

— Бигӯй, чӣ ҳодиса будааст! — гуфт лӯхтак дар кафи дасти ҷавон китфу сарашро ба ҳаракат дароварда.

— Подшоҳе буд, — гуфт писари подабон, — вай як булбул дошт. Булбулро ба қафаси тилло андохта, дар чорбоғаш овехта монда буду ҳар рӯз ба хониши ӯ гӯш меандохт. Рӯзе гӯш карда нишаста буд, ки ногаҳон ду булбули дигар пайдо шуда, ба рӯи қафас нишаст ва булбулон ба ҳамдигар ким-чиҳо гуфтанду он ду булбул парида рафт.

Подшоҳ ба назди қафас омада, аз булбулаш пурсид:

— Онҳо киҳо буданд ва ба ту чиҳо гуфтанд?

— Онҳо хешовандони мананд. Подшоҳи мамлакати булбулон тӯйи калон барпо мекардааст, маро ба тӯй таклиф карданӣ омадаанд, ман гуфтам, ки «озод нестам, дар қафасам, рафта наметавонам». Онҳо бисёр афсӯс хӯрда, парида рафтанд.

Подшоҳ фикр карда гуфт:

— Агар ман туро ду-се рӯза ҷавоб диҳам, аз мамлакати булбулон ба ман чӣ меорӣ?

— Аз шаҳри булбулон як донаки зардолу меорам, — гуфт булбул, — донакро мешинонӣ, дар байни чил рӯз калон мешавад, мева мекунад ва ҳар солхӯрдае аз меваи он хӯрад, ҷавони солиму зебо мешавад.

Подшоҳ булбулро озод кард. Булбул баъд аз се рӯз, мувофиқи ваъдааш, як донак овард. Донакро шинонданд, дар байни чил рӯз донак дарахти калону сершоху сербарг шуда, мева кард, мевааш пухт.

Рӯзи чилу якум подшоҳ ба боғбон фармуд, ки як дона аз мевааш гирифта орад. Боғбон як зардолуи дар таҳти дарахт афтода хобидаро гирифта, ба подшоҳ бурда дод.

Подшоҳ як пири фартутро оваронда, зардолуро ба ӯ хӯронд. Пир ҳамон замон мурда монд.

Подшоҳ дар ғазаб шуда, фармуд, ки фавран сари булбули фиребгарро аз танаш ҷудо кунанд. Фармони ӯ иҷро гардиду булбул аз ҷонаш ҷудо шуд.

Воқеаи зардолуи одамкуш дар шаҳр овоза шуда рафт ва ин овоза ба гӯши мӯйсафеде расид, ки аз ғояти камбағалӣ аз ҷони ширинаш сер шуда буд.

Мӯйсафед қасд кард, ки рафта аз ҳамон зардолу хӯраду аз азобу машаққат халос шавад. Вай ба чорбоғи подшоҳ омада, ба шохи зардолуи заб-зард пухта хобида дасти ларзони худро дароз кард ва ду-се дона хӯрда интизори марг шуда истод. Аммо аз марг дараке набуд. Баръакс ӯ хеле бардам ва пурқувват шудан гирифт.

— Ё аҷабо! — гуфта мӯйсафед даст ба ришаш бурда ришашро наёфту дасташ ба манаҳи ҷавононаи силиқшуда расид. Вай ҳайрон шуда, ба лаби ҷӯй рафту ба об нигоҳ карда, аксеро дид, ҳамон хел, ки ӯ 50 сол пеш аз ин буд, барною нозанин. Дар ҳамин асно боғбон расида омада, ӯро дузд гумон карда, кашолакунон ба назди подшоҳ бурд.

— Айб нест, ки ту ин хел ҷавони бақуввату зебо ҳастию дуздиро касб кардаӣ?! — гуфт подшоҳ ба ӯ.

Шахси ба дуздӣ айбдоршуда ба подшоҳ ҷавоб дод, ки вай пир буд, баъди хӯрдани зардолу худаш ҳам бехабар ҷавон шуда монд.

Подшоҳ ҳайрон шуда гуфт:

— Ин хел ки бошад, чаро аз хӯрдани донаи зардолу он пир мурд?

Ҳам подшоҳу ҳам боғбон аз он бехабар буданд, ки донаро, баъди афтоданаш, море заҳролуд карда рафта буд...

— Эй дӯсти азиз, акнун ту бигӯй, — гуфт писари подачӣ ба лӯхтак, — ба кушта шудани булбулу пирамард кӣ аз ҳама зиёдтар айбдор аст?

— Албатта, боғбон, — гуфт лӯхтак, — зардолуро аз шохи дарахт кандани ӯ лозим буд, донаи афтодаро аз замин бардошта бурдани ӯ кори хато буд.

— Гапат дуруст, — гуфт писари подачӣ, — гунаҳкори марги онҳо боғбон аст.

Духтар ин гапро шунида, сар бардошта гуфт:

— О ҷавонмард, ин қадар шумо ва дӯсти хирадмандии шумо нодонед! Гунаҳкор подшоҳ аст. Вай мебоист, пеш аз зардолуро ба пирамард додан ва ба ҷазо расондани булбули накӯкор масъаларо ҳартарафа санҷида мебаромад.

Писари подачӣ инро шуниду боз ба сӯи лӯхтак рӯ оварда гуфт:

— Эй дӯсти ҷонӣ, ин дафъа ҳам ту хато кардӣ ва ҷавоби ту ба Фариштамоҳи нозанин маъқул наомад, ту бояд дар назди ин духтари дар ҳусну хирадмандӣ бемонанд зиракии худро намоиш диҳӣ, вагарна ман ҳамеша, ҳамчун шахси дурӯғгӯ, дар ёди ӯ мемонам. Акнун як воқеаи дигарро нақл мекунам, ту бо диққат гӯш куну фикри худро гӯй!

— Хуб шудааст, — гуфт лӯхтак дар дасти ҷавон ҷолокона хаму рост шуда ва писари подачӣ ба ҳикоя сар кард:

— Дар як кунҷи мамлакати мо, — гуфт ӯ, — дар ду канори як дарёи азим ду деҳа воқеъ шудааст. Деҳаҳоро кӯпруки дарози чӯбин ба ҳам мепайвандад.

Чанд вақт пеш дар сари кӯпрук роҳзане пайдо мешуд: вай сару либос ва молу анҷоми ҳар як гузарандаро ғорат мекард ва худашро ба дарё мепартофт. Вале рӯзе шуд, ки он роҳзани бераҳму шафқат як каси либосҳои қиматбаҳо пӯшидаро, натанҳо ғорат накарду ба дарё напартофт, балки бо иззату эҳтиром то он канори кӯпрук гусел карда монд. Ин ҳодиса ин хел рӯй дод:

Дар яке аз он деҳаҳо чӯпонписаре зиндагонӣ мекард. Ӯ ҷавони қобил, зебо ва хушахлоқ буд. Вай ба духтари ҳамсояашон бойдухтари нозанин дил дода буд, духтар ҳам ҷавонро аз дилу ҷонаш дӯст медошт.

Онҳо ҳар замон рӯстӣ-рӯстӣ бо ҳам мулоқот карда, аз лаззати дидор баҳра мебардоштанд, ҳар як мулоқот муҳаббати онҳоро ду баробар зиёд мекард. Кор ба ҷое расид, ки як дақиқа аз якдигар дур будан барояшон тоқатфарсо гардид.

Дар ҳамин асно воқеае рӯй дода, ба риштаи дӯстии поку самимии онҳо қайчӣ зад: дар деҳаи он тарафи дарё як марди давлатманд зиндагӣ мекард, вай аз ҷамоли зебои духтар хабар ёфта, ӯро ба писари худ келин карданӣ шуду ба хонаи бой хостгор фиристод.

Бой ҳам писари давлатмандро аз ҳар ҷиҳат ба духтари худ муносиб дониста, ба зудӣ розӣ шуд ва ба норизогии духтараш эътибор надода, ӯро ба шахси дилнохоҳаш ба шавҳар дод.

Духтар бошад, ба сари сахту бахти шӯри худ лаънат хонда, қарор дод, ки худро нобуд карда, аз бало халос шавад.

Ба ин мақсад дар даруни остин корде пинҳон карда, интизори пешомад шуд.

Тӯй гузашт. Домод ба пеши духтар даромад. Духтар дар як кунҷи хона, чун кабки аз боз рамида, сари худро дарун кашида, маҳзуну ғамгин нишаста буд. Ҷавон аз ин рафтори духтар тааҷҷуб намуда, ба ӯ наздик шуд. Ҳанӯз вай пеши ӯ нарасида, духтар аз ҷояш тохта хест ва кордро аз даруни остинаш бароварда гуфт:

— Ба ман наздик нашав, ки ё туро мекушам, ё худамро!

Домод ҳайрон шуда пурсид:

— Чаро ту ин тавр мекунӣ! Гуноҳи ман чист?

Духтар гуфт:

— Ман як ҷавони дигарро дӯст доштаам, маро ба ту маҷбуран доданду аз ёри дилхоҳам ҷудо карданд, бе ӯ ба ман зиндагӣ ҳаром аст!

Домод аз бебокии духтар тарсида, фикр кард, ки «ӯ ё худаш ва ё маро мекушад, беҳтараш ки ӯро ҷавоб диҳаму ҷонамро осуда кунам». Домод ба духтар гуфт:

— Агар ин тавр бошад, ҳозир хезу ба назди дилхоҳат рав ва бо ӯ зиндагӣ карда гаштан гир!

Духтар чизе нагуфта, аз ҷояш хеста, равон шуд. Вай ба лаби дарё расида, аз кӯпрук гузашта истода буд, ки ҳамон роҳзан нигоҳ дошт. Роҳзан дар назди худ духтареро дида ҳайрон шуда гуфт:

— Аҷабо, дар ин нимаи шаб далертарин мардон ҳам ҷуръат карда, ба ин ҷо намеоянд, ҷасорати ту маро дар ҳайрат мононда истодааст, ба кадом мақсад аз қишлоқ берун шудӣ, куҷо меравӣ?

Духтар воқеаро ҳикоя карда дод. Роҳзан ба духтари ҷасур раҳмаш омада:

— Рав, бахт ёрат бод! — гӯён ҷавоб дод.

Духтар ба хонаи маҳбубаш омад. Чӯпонписар ҳанӯз нахобида буд. Чашмони ӯ аз гиря сурх, чеҳрааш зард шуда буданд. Духтар ӯро таскин дода гуфт:

— Дигар ғам нахӯр, азизам, акнун ман аз они ту, мо бо ҳам тамоми умр зиндагӣ хоҳем кард.

Ҷавон гуфт:

— Оре, ту дили бузург дорӣ, дар он муҳаббати софу самимӣ туғён мезанад, вале баъзе чизҳоро фаромӯш мекунӣ. Падари бойи ту ва он давлатманд, ки дар зулмӣ ва бераҳмӣ шуҳрат пайдо кардааст, маро ва падару модари маро ҷазо хоҳанд дод. Худи ман ба ҳар гуна ҷазо тоқат карда метавонам, вале ман намехоҳам, ки барои ман падару модари бечораам ба азобу машаққат гирифтор шаванд. Хез, ба назди шавҳарат рав! Ман туро ҳеҷ фаромӯш намекунам, ёди ту ҳамеша дар дили ман мемонад.

Духтар хеста, бо дили пуралам ба хонаи шавҳараш равон шуд ва бо ӯ зиндагӣ карда гашт.

— Эй дӯсти меҳрубон, — гуфт писари подачӣ ба лӯхтак, — кадоме аз он чор кас аз ҳама зиёдтар одамгарӣ зоҳир намуд?

— Албатта, чӯпонписар, — гуфт лӯхтак, — вай аз маҳбубааш даст кашида, ҳам худаш, ҳам падару модараш ва ҳам худи духтарро аз оқибати пуразоб халос кард. Ин намунаи барҷастаи одамгарист.

— Ба фикри ман, — гуфт писари подачӣ, — аз ҳама зиёдтар роҳзан одамгарӣ кард. Вай, бар хилофи одати разили худ, ба духтар некӣ кард.

— Эй шумо донотарошони камандеша, — гуфт Фариштамоҳ, — фикри ҳар дуятон аз ҳақиқат дур аст. Шумо он духтари вафодорро фаромӯш намудед. Вай дар роҳи вафо ҳар чӣ аз дасташ омад, кард. Магар одамгарии таърифнамудаи шумо дар назди рафтори духтар ночиз нест?!

— Оре, эй санами раъно, ҳақ ба ҷониби шумост. Рафтори накӯи духтар маро ҳам беандоза мафтун кардааст! — гуфт писари подачӣ ва баъд ба лӯхтак рӯй овард.

— Эй дӯсти азиз, — гуфт ӯ лӯхтакро ба таги рӯймол гирифта, — то ин дам мо Фариштамоҳи нозанинро маҷбур кардем, ки дар бораи нақлҳои баҳсталабамон ҷиддӣ фикр кунад. Вай аз фикркунӣ ҳам монда шудааст. Акнун ягон ҳикояе гӯй, ки ӯ бисёр-бисёр хандад.

— Хуб шудааст, — гуфт лӯхтак аз таги рӯймол берун шуда. Фариштамоҳ бо қираи чашмаш ба ӯ назар афканда, табассум карда монд: лӯхтак қиёфаи хандаовари кали масхарабозро ба худ гирифта буд. Лӯхтак лаб ба сухан кушода чунин гуфт:

— Ман як модари камбағал доштам. Мо чунон камбағал будем, ки шикамамон ҳамеша аз гуруснагӣ чун абри навбаҳор қалдур-қалдур мекард, аз пӯю баданамон мадор аспсавор гурехта рафта буд. Як рӯз тоқати модарам тоқ шуду дасти бегуноҳашро ба кифти кӯҳ барин пурқуввати ман монда гуфт:

— Ту то кай аз бекорӣ сари бемӯятро хорида мегардӣ, рав ба ягон бой хизмат карда, ғами шикамамонро хӯр!

Ман ҳам нею нестон накарда, ба ҳавлии як бой рафтаму хизматгор шудам. Бой як рама гӯсфанд дода, фармуд, ки ба саҳро бурда чаронда биёрам. Вай як хару як халтаю як банди дароз дода гуфт:

— Бегоҳӣ, як хар ҳезуму як халта алафи нағз ҳам гирифта биёр.

Рамаро ба саҳро ронда, бинам, дар гирду атроф касе нест. «Як аз хоб сер шуда гирам» гуфтаму дар таги як дарахт баҳузур хоб кардам. Ҳафт шабу ҳафт рӯз ба хоби роҳат рафта, баъд хеста дидам, ки ҳар як гӯсфанд ду баробар калону фарбеҳ шудааст.

Фариштамоҳ ин гапҳоро шунида, ба рӯи хандаовари лӯхтак назаре афканду базавқ табассум кард.

— Ман ин ҳодисаро дидаму ба хоби ширин таъзим карда гуфтам: «Эй хоби роҳатбахш, ба ту бисёрҳо раҳмат. Мана, ба ивази ин некиат ин харро гиру саворшуда гард».

Ҳамон замон хари думкалтаро хоб бурд. Ин суханон боз як бор дар чеҳраи диловози Фариштамоҳ табассуми шавқангезро ба ҷавлон андохт.

— Баъд, — нақлашро давом медод лӯхтак, — рамаро ронда, ба хонаи бой равон шудам. Рафта истода як тӯда кунгузакҳоро дида мондам. Кунгузакҳои бечора зӯр зада, шит-шилта арақ карда, якчанд саргинро ғелонда мебурданд. Ба ҳоли бечораҳо раҳмам омаду бандро аз халта бароварда, ба пешашон партофтам.

— Ой нодонҳо, мана ин бандро гирифта, борҳоятонро бандеду пуштора карда баред, анча коратон осон мешавад, — гуфтам ба онҳо.

Ин хел гапҳои кал-лӯхтак Фариштамоҳро пайваста табассум мекунонид.

— Бо кунгузакҳо хайру хуш карда, аз нав рафтан гирифтам. Боз анча роҳ гашта, дар лаби як ҷӯй беоб дам гирифта нишаста бинам, як мушаки хокистарранг аз даруни хонааш бо сару фукаш хок бароварда партофта истодааст. «Ой мушаки бечора, — фикр кардам, — агар ягонта халта медошт, ин хел азоб намекашид».

— Ана ин халтаи маро гирифта, хоки хонаатро андозу бароварда партофтан гир! — гуфтаму халтаро ба муш додам.

Баъд аз ҷоям хеста, рамаро ронда ба ҳавлии бой омадам. Бой олуc чашмонашро даҳони шоҳкоса барин карда, гӯсфандҳои шутур барин калону фарбеҳ шударо надиду аз ҳама пеш хару ҳезуму алафро пурсид.

— Харро хоб бурд, бандро ба кунгузакон додам, халтаро ба мушак бахшидам, — гуфтам ман ба бой.

Бой турбашикам ларзону хашмгин шуда, мушт ба сарам бардошта, маро зада пеш карданӣ шуд.

«Не, — гуфтам ман дар дилам, биниамро ин хел каҷ карда, — ту аз ман бо осонӣ халос шуда наметавонӣ, охир ман гӯсфандҳои туро фил барин калон кардаму ту ба ман ин хел муомила мекунӣ!»

Баъд хобро ба ёрӣ фарёд кардам. Хоб омаду ба бой часпида, дар ҳамон ҷояш сахт пахш кард. Бой фавран дароз кашид. Ҳар чанд бедор мекарданд, бедор намешуд. Охир занону хизматгоронаш ӯро ба хона дароварданду монда рафтанд.

Ҳамин вақт кунгузакону мушакро ҳам ҷеғ задам.

Мушак ба чор тарафи бой хазида, ба рӯи шикаму сари синааш баромада, яктаки атласӣ ӯро ғалбер кард, ришашро хоида партофт. Кунгузакон сарашро пур аз саргин карданд.

Баъд ба хоб ҷавоб додам. Бой хест, чашмонаш аз хоб варам кардагӣ, ришаш хоидагӣ, ҷомааш ғалбер, сараш саргинзор буду бо ҳамин ҳол ба рӯи ҳавлӣ баромад. Ҳамаи ҳавлигиҳояш, аз хурд то калон, ӯро дида қаҳ-қаҳ зада, рӯдакаф шуда механдиданд.

Ин вақт Фариштамоҳ ҳам башараи бойро тасаввур карда, беихтиёр хандида фиристод. Ба хандаи ӯ писари подачӣ низ ҳамроҳ шуд. Ҳар ду аз таги дил хеле хандиданд.

Ҳамин хел ҷавон ба воситаи лӯхтаки худ пайдарҳам ҳикояҳои аҷиб ва афсонаҳои хандаовар нақл мекард. Фариштамоҳ бо завқ гӯш медод. Хоб аз чашмони ӯ парида буд. Як замон шуълаи офтоби ҷаҳоннтоб бо нури чеҳраи Фариштамоҳ омехта шуда, олам мунаввар гардид. Баъд аз ин Фариштамоҳ пардаро аз миён бардошт ва ба рӯи зебои писари подачӣ бо меҳрубонӣ назар афканда, гуфт:

— Эй ҷавони нозанин, шумо дар ҳақиқат шахси доно ва нек будаед. Шумо шартро буридед ва маро аз ҳамин дақиқа сар карда, ёри умрии худ шуморед!

Ҷавон дудила шуда гуфт:

— Эй дилбари азиз, аввалан, ман писари подачиям ва ба шумо, ки даҳҳо шоҳзодагон дар орзуи висолатон овора шуда гаштаанд, ҳеҷ сазовор нестам, дуюм он ки ҳамаи кӯшиши ман барои дӯстам шоҳзода буд...

— Подшоҳи ҳаётбахши ман ақли расо, дили соф ва хулқи нек аст. Шумо ҳамаи инҳоро доред. Ман қарори худро дигар намекунам! Дӯстатон шоҳзода бошад, ин хислатҳоро надорад ва аз ин рӯ ҳеҷ гоҳ ба мақсадаш намерасад.

Баъд аз ин Фариштамоҳи нозанин ба аҳли шаҳр қарори худро эълон кард. Одамони шаҳр ба шодии духтари дӯстдоштаашон аз тахти шарик шуда, тӯйи калоне доданд.

Писари подшоҳ бошад, бо дили аз умеду орзу холӣ ба шаҳр баромада рафт.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2