ГУРГИ ҲИЛЛАКОР ВА БУЗҒОЛАИ ДОНО
Дар як рӯзи зимистон,
Меборид барфу борон.
Омад гурги дандонтез
Даромада ба даҳлез.
Карда овозаш дигар:
–Бузғолаи алоям,
Алои хонапоям,
Дарро кушо ба рӯям,
Дорам алаф ба мӯям.
Ман очаи ту мешам,
Баро, даррав ба пешам.
Бузғолаи донояк,
Донои хонапояк,
Аз роғи дар нигаҳ кард,
Гурга дида огаҳ кард:
–Очаи ман хушрӯй аст,
Бузи ҷингиламӯй аст.
Риши дароз дорад ӯ,
Шохи миқроз дорад ӯ.
Ту монанди албастӣ,
Очаҷони ман нестӣ.
Очаҷонам биёяд,
Туро кушта партояд.
Гург аз ин гап тарсидаст,
Чун барги бед ларзидаст.
Думашро хода кардаст,
Рӯ сӯи хона кардаст.
РӮБОҲИ МАККОР ВА ҶАЙРАИ ДОНО
Дар ҷангале буд-набуд,
Як рӯбоҳи гушна буд.
Бо ҷайраи хушбурут
Омаду вай ҷӯра шуд.
Ҷайраяки бечора
Шабу рӯз буд овора.
Бечора, ҳам кор мекард,
Рӯзу шаб шикор мекард.
Чизе меёфт ҳар сафар,
Тақсим мекард баробар.
Рӯбаҳ хеле маккор буд,
Дар фиреб устокор буд.
Шикорашро дар ҳар ҷо,
Мехӯрд ӯ доим танҳо.
Дар ҷангалу кӯҳу дашт,
Аз пайи ҷайра мегашт.
То ҷайра пӯстинашро,
Аз тан кашад ягон ҷо.
Онро даррав қапида,
Хӯрад зинда ба зинда.
Ҷайра пӯстини худро,
Намемонд ҷое асло.
Буд вақти хоб дар бараш,
Вай ба ҷои бистараш.
Пӯстин набуд яроқ буд,
Ҳам ханҷару таёқ буд.
Рӯбоҳ дид, ки ҳеҷ нашуд,
Нақшаро дигар намуд.
Онро ба хонаи худ,
Меҳмонӣ даъват намуд.
Рӯбоҳаки ҳиллагар,
Ба ҷайраи бехабар,
Хандида гуфт дар даҳлез,
– Пӯстинатро каш, овез.
Бишин дар хонаи гарм,
Бишин дар ҷояки нарм.
Аз нақшаҳои рӯбоҳ,
Ҷайра гардида огоҳ,
Кӯлоҳашро ба сар кард,
Худро берун аз дар кард.
Дарро пӯшид, маҳкам кард,
Аз пушташ санге зам кард.
Рӯбоҳ дар хонаи худ,
Танҳо монду зиндон шуд.
ЗАНГӮЛА ҲАЙРОН
Буд набуд, як пишак буд,
Вай аҷали мушак буд.
Ҷойи мушро дониста,
Мепоидаш оҳиста.
Ҳар мушекро ки медошт,
Болои каф мегузошт.
Гирифта хона мебурд,
Бо нағмабозӣ мехӯрд.
Аз дасти пишак мушон
Биёмаданд ба фиғон.
Боре як муши доно,
Ба дигар мушон гуфто:
– Аз пишаки нағмабоз
Хоҳед, ки гардем халос.
Як зангӯларо ёфта,
Дар як ресмон тофта,
Мебандем дар гарданаш.
Дар вақти роҳ рафтанаш
Аз дур ҷило медиҳад,
Ба мо садо медиҳад.
Аз ҳама хавфу хатар,
Мо мешавем бохабар.
Ваҳ-ваҳ, аҷаб ғул-ғул шуд,
Фикри мушак қабул шуд.
Дар ҷамъомади мушон
Карданд ба ҳама эълон:
– Кӣ нотарсу паҳлавон,
Аз пишак зӯру чаққон?
Мебарад зангӯларо
Бешавқуну беғавғо,
Даррав ба гардани он
Менамояд овезон?
Мушон ба ин хаёл банд
Ба сӯи хона рафтанд…
Зангӯла ҳоло ҳайрон
Истодааст дар майдон.
ТИФОҚӢ
Якто сӯзанак будаст,
Бепарвофалак будаст.
Боре пеши заҳбурча
Вомехӯрад бо мӯрча.
Мӯрчаяк кордон будаст,
Ба ӯ кор осон будаст.
Сӯзанак боэҳтиром
Мегӯяд баъди салом:
– Биё, дугона шавем,
Мағзи як дона шавем.
Ман порина зимистон
Наёфтам як пора нон.
Кашидам хорӣ, зорӣ,
Чунки набуд тайёрӣ.
Имсол заҳмат мекашам,
Бори меҳнат мекашам.
Мӯрча гуфто дар ҷавоб:
– Меҳнат, – ин кори савоб,
Хоҳӣ, равем ба як ҷо,
Ба он тарафи дарё.
Ҳавлии бобои ман,
Даруни боғу чаман.
Онҳо аз худи саҳар
Намуда азми сафар,
Рӯи боли сӯзанак,
Баромадаст мӯрчаяк.
Болу параш карда соз,
Сӯзанак шуд дар парвоз.
Боди сахте ба ногоҳ
Вазида аз пеши роҳ.
Борони сел боридаст,
Аз теппаҳо шоридаст.
Лек вертолёт-сӯзанак,
Пасажираш мӯрчаяк,
Аз борон натарсиданд,
Натарсида париданд.
Гузаштанд аз дарё ҳам,
Аз домани кӯҳҳо ҳам.
Дугонаҳои тифоқ,
Бо димоғи хушу чоқ,
Ба фурудгоҳ расиданд,
Боғи боборо диданд.
Бобо бо дили кушод,
Ба онҳо як замин дод.
Шуданд ёрони ҷонӣ
Аз паяки деҳқонӣ.
Заминро шудгор карданд,
Сонӣ киштукор карданд.
Гандуму арзан коштанд,
Дар бари хирман коштанд.
Аз канал об оварданд,
Киштаро парво карданд.
Аз ҷидду ҷаҳди бисёр,
Ёфт кори онҳо барор.
Як пагоҳ ҳашар карданд,
Даравгар хабар карданд.
Суруди даравгарон
Шуд дар ҳаво парафшон.
Дар хирману дар майдон,
Чоши ғалла фаровон.
Сӯзанаки вертолёт
Деҳқониро гирифт ёд.
Гандуму арзанро бехт,
Ҳар якеро ҷудо бехт.
Доданд аз сари хирман
Ба бобои пир кавсан.
Сонӣ ҳарду дугона
Ду мағазаки як дона,
Ғалларо қанор карданд,
Кашонда анбор карданд.
Аз барои зимистон
Тайёриҳо шуд калон!
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё