АСОСҲОИ ТАҲАВВУЛИ НАЗАРИЁТИ МЕНЕҶМЕНТ
Сарчашмаҳои ба вуҷудоии ташкилотҳои қадима Агар ҳадафи ташкилот ба даст овардани комёбӣ бошад, пас иҷро намудани функсияи идоракунӣ хатмӣ аст. Таҷрибаи идоракунӣ монанди пайдоиши ташкилот, дар ҳақиқат, таърихи қадима дорад.
Дар лавҳачаҳои санаддори гилии се ҳазор сол пеш аз милод маълумот доир ба мубодилаи тиҷоратӣ ва қонунҳои қадимаи Шумерӣ оварда шудааст, ки вуҷуд доштани таҷрибаи идоракунӣ далели саҳеҳ мебошад. Аз рӯи кофтуковҳои археологӣ низ далелҳои амалкунии ташкилотҳои қадимаи то таърихи инсоният вуҷуд доранд, зеро онҳо ба таври гурӯҳҳои созмондодашуда зиндагӣ мекарданд.
Ҳарчанд ки худи идоракунӣ монанди дунё куҳан бошад ҳам, ғояи идоракунӣ ҳамчун фанни таълимӣ ва касб нисбатан чизи нав аст. Идоракунӣ ҳамчун соҳаи мустақили фаъолият фақат дар асри бистум эътироф гардидааст.
Дар аввал мушаххас таърихи рушди ташкилот ва идоракунии онро дида мебароем, ки онҳо дар давраҳои қадим чӣ тавр буданд.
Ташкилотҳои қадима. Ба вуҷудоии ташкилотҳои бузург дар давраҳои қадим гувоҳи онанд, ки сохтори расмӣ доштанд ва зинаҳои идоракунӣ аз ҳам ҷудо буданд. Солҳо мегузашт, идоракунии баъзе ташкилотҳо суфта ва бештар мураккаб гардида, ташкилотҳо бузургтар ва устувортар мегардиданд.
Мисоли хуб Империяи Рим шуда метавонад, ки садсолаҳо амал намудааст.
Легионҳои римӣ бо сохтори суфтаи идоракунии қисмҳои ҳарбии аз гурӯҳҳо таркибёфта бо сарварии генералҳо ва афсарҳо, интизоми баланд ва тартиби хуб пай дар пай ба кишварҳои Аврупо ва давлатҳои Шарқи Миёна ғолиб меомаданд. Минтақаҳои азхуднамударо ба губернаторҳои ба Рим тобеъбуда медоданд, роҳҳо месохтанд, то ки бо Рим рафтуомад осон гардад. Ҳамаи ин комёбиҳо аз муваффақиятҳои муҳими таркибии ташкилот вобаста буд.
Роҳҳо барои ҷамъ намудани андозҳо ва боҷ ба хазинаи император кумак мерасониданд. Аз ҳама муҳимаш роҳҳо ба легионерҳо дар муддати кӯтоҳ аз як маъмурият ба маъмурияти дигари кишвар рафтан зарур буданд ва ҳангоми норозигӣ ва зиддияти мардуми маҳаллӣ нисбат ба ҳукумати Рим дар вақту соати лозима ҳозир мешуданд.
Шаклҳои идоракунии муосир қариб, ки ба идоракунии ташкилотҳои бузурги қадима монанданд, аммо шакли идоракунии ҳозира аз рӯи хислат ва сохтор фарқ мекунад. Масалан, таносуб байни роҳбарон ва тобеон ниҳоят кам буд, яъне роҳбарони зинаи миёна ба ҳадди ақал қарор доштанд. Ташкилотҳои пешина кӯшиш мекарданд, ки гурӯҳи ками роҳбарони зинаи олие, ки амалан қарорҳои муҳимро қабул мекунанд дар бар гиранд. Бештар фаъолияти роҳбариро як одам амалӣ менамуд, яъне монанди театре, ки дорои як актёр аст. Агар шахс дар сатҳи олии идоракунӣ (бештар мардҳо) пешво ва ҳукмрони хуб, монанди Юлий Сезар, ё Андриан мебуд, пас роҳбари хуб ба роҳ монда мешуд. Вақте ки дар сари ҳокимият роҳбарони нотавон ба монанди Нерон меомаданд, дар ин ҳолат зиндагии мардум бесару сомон мегардид.
Дар таърих боз идоракунии ташкилотҳое мисол шуда метавонанд, ки то Ҳол он тарзи идоракунӣ вуҷуд дорад. Дар мисоли равшан масҷидҳои католикии Римро овардан мумкин аст. Яъне он сохтори одиро доро буд: саррӯҳонӣ, кардинал, архиепископ, епископ ва рӯҳонӣ. Ин тарзи идоракунӣ то ҳол дар бештари давлатҳои Ғарб вуҷуд дорад.
Идоракунӣ ва ташкилот Аввалин маротиба шавқу ҳаваси хоса ба идоракунӣ дар соли 1911 зоҳир гардид. Хусусан, Фредерик Уинслоу Тейлор китоби худро бо номи «Принсипҳои илми идоракунӣ» нашр намуд, ки оғози эътирофи пайдоиши илми идоракунӣ дар соҳаи мустақили тадқиқот қабул шуд. Аммо барои он ки мақсадҳои ташкилот бештар самаранок шаванд, бояд онро ба як низоми муайян дароварда, идора намуд. Ин консепсия дар муддати тӯлонӣ инкишоф ёфтааст, яъне аз миёнаҳои асри XIX оғоз гардида, то солҳои 20-уми асри гузаштаро дар бар мегирад. Қувваи асосие, ки шавқи аввалинро ба идоракунӣ бедор намуд, инқилоби саноат дар Англия буд. Аммо ғояе, ки дар он идоракунӣ метавонад ба комёбӣ ва рушди ташкилот саҳми беандоза гузорад, аввалин маротиба дар Амрико асоснок гардид.
Якчанд омилҳоеро, ки барои чӣ ватани идоракунии муосир Амрико аст, пешниҳод менамоем. Дар оғози асри XX Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ягона кишваре буд, ки одам метавонист мушкилии ба вуҷудоии миллии худро бартараф намуда, соҳибҳуқуқии шахсии худро зоҳир намояд. Дар асри XIX миллионҳо аврупоӣ ба Амрико муҳоҷир шуда, барои беҳтар намудани тақдири худ кӯшиш мекарданд. Дар баробари ин, бозори васеи қувваи корӣ созмон ёфт, ки он аз одамони меҳнатдӯст иборат буд. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико низ яке аз кишварҳое буд, ки аз оғози пайдоиши худ ғояи маорифпарвариро дастгирӣ менамуд ва барои ҳамаи хоҳишмандон маълумот медод. Маҳз маълумотнокӣ метавонад боиси инкишофи одамон гардад ва қобилияти зеҳнии иҷроиши вазифаҳои гуногунро дар низоми бизнес ва идоракунӣ фароҳам созад.
Сайрхатҳои байниминтақавии роҳи оҳан ва сохтмонҳое, ки дар охирҳои асри XIX ба анҷом расида буданд, Амрикоро ба яке аз бозорҳои бузург дар ҷаҳон табдил доданд. Шавқовар буд, ки дар он вақт қариб, ки танзимнамоии давлатии бизнес вуҷуд надошт. Бедахолатӣ ба соҳибкорон имконият медод, ки дар оғози рушди бизнеси худ ба комёбиҳо ноил шуда, дар бозор яккаҳукмрон гарданд. Ин ва дигар омилҳо ба ташаккулёбии соҳаҳои бузург, сармоягузориҳо ва корхонаҳои азим, ки роҳу усулҳои нави идоракуниро талаб мекарданд, мусоидат намуд.
Ба вуҷудоӣ ва батартибдарории идоракунӣ ҳамчун соҳаи тадқиқоти илмӣ ин ҷавоб ба талаботи бизнеси бузург, кӯшиши истифодабарии имкониятҳои техникӣ ва дастовардҳои гурӯҳи хурди ихтироъкорон ва навовароне буд, ки хоҳиши кушодани роҳҳои пурсамари иҷроиши корро доштанд, мебошад.
3.3. НАЗАРИЯИ МУОСИРИ МЕНЕҶМЕНТ Назарияи илмии идоракунӣ ё усули миқдорӣ Дар даҳсолаҳои охири асри XX дар асоси дастовардҳои риёзиёт, информатика, омор ва дигар илмҳои мушаххаси соҳаи иқтисодиёт консепсияи усулҳои миқдорӣ ба миён омад, ки барои инкишофи илми менеҷмент нақши бузург бозид. Усулҳои миқдорӣ ба расмият даровардани ҷараёнҳои идоракунӣ, таҳия намудан ва бо ёрии техникаи муосири ҳисоббарор ҳал намудани моделҳои иқтисодию риёзии объектҳои тадқиқшавандаро дар назар доранд.
Моҳияти усулҳои миқдорӣ дар чист? Пеш аз ҳама бояд гуфт, ки усулҳои миқдорӣ ба якчанд гурӯҳ ҷудо мешаванд: таҳлили; барномасозии амалиётӣ (хаттӣ, пӯёгӣ, квадратӣ ва ғайра); эҳтимолӣ; тарзу усули таҳлили системавӣ ва маҷмӯӣ.
Воқеан, истифодаи роҳу усулҳои миқдорӣ, дарк намудани мазмуни ҷараёнҳои мураккаби идоракуниро осон мегардонад. Татбиқи амалии ин усулҳо маҳдудияти муайяне дошта бошад ҳам, онҳоро бештар дар соҳаи идоракунии захираҳои молӣ, таҳвили молҳо бо назардошти ҳар гуна намудҳои нақлиёт, хароҷоти истеҳсолот, молияи корхона ва ғайра истифода бурдан мумкин аст.
Усулҳои миқдорӣ барои ҳалли масъалаҳои муҳими макроиқтисодӣ низ татбиқшавандаанд. Масалан, усули тавозуни байни соҳавӣ бо номи «тавлид-хароҷот» аз тарафи иқтисоддони машҳури амрикоӣ, дорандаи Ҷоизаи Нобели, профессор Василий Леонтев пешниҳод гашта буд. Ин усул дар бисёр мамлакатҳое, ки ҳоло бо роҳи иқтисоди бозорӣ бо суръат пеш рафтаанд, масалан, ИМА, Ҷопон ва як қатор кишварҳои тараққикардаи ҷаҳон, татбиқи амалии худро ёфтааст.
Яке аз назарияҳои муосири идоракунӣ идоракунии барномавӣ-мақсадӣ мебошад, ки барои ҳалли масъалаҳои калони муаммовӣ дар иқтисодиёт нақши муҳим мебозад. Дар собиқ давлати Шӯравӣ барномаҳое, ки бо масъалаҳои умумибашарии иқтисодиёт алоқаманд буданд (масалан, барномаҳои бо қувваи барқ таъмин намудани мамлакат, омӯзиши кайҳон, масоили ҳифзи муҳити зист, ба кор андохтани заминҳои бекорхобида ва ғайра), тавассути истифодаи ин усул ҳалли худро то як андоза ёфта буданд. Бояд қайд намуд, ки таҷрибаи собиқ Иттифоқи Шӯравӣ, дар хусуси танзими давлатии иқтисодиёт дар асоси барномаҳои мақсадноки комплексӣ барои соҳаҳои алоҳидаи иқтисодиёт, асоси мусбат дошт.
Дар аввали асри нав барои ба даст овардани мақсадҳои корхонаву ташкилот нақши истифодаи дастовардҳои илму техника беш аз пеш баландтар хоҳад гашт. Аз ин рӯ, дар менеҷменти муосир тамоили бозгашт ба истифодаи назарияҳои идоракунии гузашта мушоҳида мешавад, ки аз аҳамият холӣ нест. Тамоили муҳими дигар, демократӣ шудани ҷараёни идоракунӣ, яъне иштироки фаъолонаи кормандони зинаҳои поёнӣ дар амалӣ намудани вазифаҳои роҳбарӣ, таҳия ва баррасии қарорҳо ва масоили рӯзмарраи иқтисодӣ-иҷтимоӣ мебошад.
Нуқтаи назари ҷараёнӣ Аз рӯи нуқтаи назари ҷараёнӣ дар ташкилот идоракунӣ чун раванди ягонаю доимии ҳамкорӣ ҳисобида мешавад. Менеҷер бояд дар ҳамбастагии хеле зич функсияҳои нақшагирӣ, ташкил, мотиватсия ва назоратро амалӣ гардонад, ки он дар нақшаи 3.1. дарҷ ёфтааст. Ба ҷараёни доимии менеҷмент идораи кормандон ва баҳодиҳӣ ба муҳити дохиливу берунии корхона низ дохил мешаванд.
Дар нақша функсияҳои идоракунӣ бо ҳам алоқаманд буда, ҷараёни идоракунӣ маҷмӯи умумии ҳамаи функсияҳоро арзёбӣ мекунад. Ин функсияҳо бо ҷараёнҳои бо ҳам алоқаманд - иртибот ва қабули қарор муттаҳид карда шудаанд. Иртибот ин ҷараёни алоқаманди байнишахсӣ ҳангоми додани ягон иттилоот мебошад. Қарор ин ҷараёни интихоби ин ё он варианти беҳтарин аз алтернативаи мавҷуда мебошад.
Ин усул дар назария ва таҷрибаи муосири менеҷмент васеъ паҳн шудааст.
Масалан, дар хориҷа барои баҳодиҳӣ ба кори менеҷер ӯро баъзан ногаҳон ба сафари хидматии дарозмуддат мефиристанд. Агар ҳангоми набудани ӯ ташкилот хуб фаъолият намояд, пас баҳои кори менеҷер мусбат аст. Дар ҳолати суст шудани фаъолият, менеҷер баҳои манфӣ мегирад, зеро маълум мегардад, ки ӯ ба системаи ягона таъсир расонида натавонистааст.
Нуқтаи назари ҳолатӣ Нуқтаи назари ҳолатӣ дар Мактаби бизнеси Харвард тарҳрезӣ шудааст ва ба менеҷерон ҳалли фаврии масъалаҳоро дар ҳолатҳои мушаххас пешниҳод мекунад.
Маънои асосии ин таълимот дар он аст, ки ягон механизми универсалӣ дар амал вуҷуд надорад ва ҳар як ҳолати мушаххас андешаи ба худ хос ва мувофиқро талаб мекунад. Аз рӯи ин назария ба менеҷерҳо лозим меояд, ки дар ҳар як ҳолати алоҳидаи истеҳсолот тарзи ҳалли ин ё он масъалаи пешомадаро бо роҳи омӯзишҳои дақиқ муайян кунанд.
ХУЛОСАҲОИ МУХТАСАР 1. Дар хориҷа дар ҷодаи саноат, тиҷорат, кооператсия, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо, дар натиҷаи иштироки бевоситаи одамон дар фаъолияти идоракунӣ, таҷрибаи азими идоракунӣ андӯхта шудааст.
2. Дар асри XX менеҷмент ҳамчун илм шинохта шуд. Ин самти нав аз самтҳои пешин бо истифодаи васеи усулҳои математикию оморӣ, таълимоти гуногуни миқдорӣ дар қабули қарорҳои идоракунӣ фарқ мекард.
3. Сарчашмаи асосии мактаби назариявии менеҷмент ва тейлоризми асри XX ин таҷрибаи инкишофи саноатии асри XVIII-XIX буда, дар худ гурӯҳи калони менеҷеронро муттаҳид намуда буд.
4. Ғояи асосии мактаби «илми идоракунӣ» ин ба таври илмӣ ба роҳ мондани идоракунии кормандон, истеҳсолот ва умуман, корхона ба ҳисоб меравад.
5. Мактаби «маъмурии идоракунӣ» бештар ба ҳаллу фасли муаммоҳои идоракунӣ дар зинаи олии роҳбарӣ равона шудааст.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё