ҚОНУНҲОИ МЕНЕҶМЕНТ
Қонун ин ҳақиқати устувори объективӣ мебошад. Идоракунии истеҳсолот танҳо дар он сурат бомуваффақият хоҳад буд, ки агар он бо истифодабарии бошууронаи қонунҳои объективӣ асоснок шуда бошад.
Қонунҳои асосии менеҷмент Қонунҳои асосии менеҷмент инҳо мебошанд:
1. Қонуни мувофиқати идоракунӣ ба хусусияти муносибатҳои истеҳсолӣ.
Мақсади идоракунӣ, мазмун, шакл ва усулҳои он аз шаклҳои моликият ба воситаҳои истеҳсолӣ вобастаанд.
2. Қонуни мутамарказонии идоракунӣ робитаи доимӣ амалкунандаи байни ҳамаи қисмҳои иқтисодиётро дар назар дорад - аз корхона сар карда, то мақомоти марказии идоракунӣ.
3. Қонуни ягонагии низоми идоракунӣ. Ягонагӣ андозаи робитаҳои дохилии унсурҳои корхонаро, ташкилотро инъикос менамояд. Асоси амалӣ гардонидани ин қонун ягонагии принсипҳо, усулҳо ва мақсадҳои идоракунӣ дар ҳамаи давраҳои истеҳсолот мебошад.
4. Қонуни мутаносибии низомҳои идоракунанда ва идорашаванда, яъне таносуби байни низомҳо бояд танзим карда шавад.
5. Қонуни мувофиқати менеҷмент ва менталитет (хувият).
Менеҷмент ва менталитет Омили муҳиме, ки ба хусусияти менеҷмент таъсир мерасонад, менталитети миллат аст. Менеҷмент ва менталитет бо ҳамдигар робитаи амику ҷиддӣ доранд. Менталитет асоси умумии менеҷменти рафторӣ, унсури он, тарафи муҳими он мебошад. Мувофикати менеҷмент ба менталитет дар ҳамин зоҳир мешавад. Вобастагии хусусиятҳои менталитет ва идоракунӣ чунин аст:
Инфиродӣ кунонидани шуур (идрок). Таваҷҷӯҳ ба шахсият; пардохти музд аз рӯи саҳми шахсӣ; қобилияти шахсӣ — муҳаррики пешравӣ дар мансаб.
Кӯшиш ба ҷудо будан. Муносибатҳои расмӣ дар истеҳсолот; ташаккули ҷои кор, қарори идоракунӣ аз бартариҳои корманд вобастаанд.
Прагматизм. Ҷидду ҷаҳди роҳбарону кормандон; интихоби самти асосӣ; вақте ки муносибатҳои шахсӣ барои дастрас намудани мақсади гузошташуда халал мерасонанд, фурӯ нишонда мешаванд.
Практитсизм. Тартиб додани низоми идоракунии ғайристандартӣ, мувофиқ намудани он ба мақсаду вазифаҳои мушаххас.
Ратсионализм. Хусусияти асосии идоракунӣ интихоби қарори беҳтар аст; тартиб додани сохтори оптималии идоракунии истеҳсолот.
Кӯшиш барои бойшавӣ. Интизом ва гузариш ба мансаби баландтарро андозаи музди меҳнат муайян мекунад; қарорҳои идоракунӣ бар манфиат асос меёбанд.
Дақиқ будан. Шаклҳои осон кардашудаи назорати раванди кор; дараҷаи баланди интизом; хуб ба роҳ андохта шудани низоми идоракунӣ.
Консерватизм (муҳофизакорӣ). Мақбул набудани навовариҳо; эҳтироми роҳбар; сифати баланд; дастгирӣ намудани ташкили меҳнати мавҷудбуда.
Танбалӣ. Дар идоракунӣ фишороварӣ лозим аст; маҳсулнокии пасти меҳнат.
Меҳнатдӯстӣ. Маҳсулнокии баланд, бо вуҷуди шароити баробар; набудани қарорҳои сахт нисбати ҳайати кормандон.
Покизакорӣ. Сифати баланд; фарҳанги баланди идоракунӣ; шаклҳои интихобии назорат; сатҳи баланди иҷроишӣ.
Сариштакорӣ. Сарфакории максималӣ дар системаи идоракунӣ, татбиқи технологияҳои бебозгашт.
Гурӯҳпарастӣ (группизм). Қарорҳои идоравӣ ба таври дастаҷамъӣ (коллективӣ) қабул мегарданд; масъулияти дастаҷамъӣ; назорати дастаҷамъӣ.
Патернализм. Муносибатҳои ғайрирасмӣ бо зердастон; пешравӣ дар хизмат аз рӯи синну сол ва собиқаи кор.
Мутобиқшавӣ ба навигариҳо. Қабули навовариҳо, зуд татбиқ намудани онҳо.
Ислом. Нуфузи роҳбар аз рӯи синну сол; аввал дину дуюм истеҳсолот; такя ба қавм; интизом.
“Менталитет-менеҷмент ” ҳамчун мазмун ва шакл, хамчун моҳият ва падида баромад мекунад. Онҳо бо хам робитаи ҷудонопазиру такроршаванда доранд, ки онро «қонуни мувофиқати менеҷмент ба менталитет» ном мебаранд. Мувофиқати менеҷмент ва менталитет аломати асосии мувозинати низоми идоракунанда ва идорашаванда мебошад, барои бартараф намудани ҳолатҳои бухронӣ мусоидат мекунад. Мувофиқати менеҷмент ва менталитет яке аз хислатҳои асосии мувозинатии низоми иҷтимоӣ мебошад, ки зимни он муноқишаҳои иҷтимоӣ вуҷуд надоранд.
Мавҷудияти мувофиқат ихтилофи байни менеҷмент ва менталитетро истисно намекунад. Мусулмонон на дар вақти танаффус, балки замоне, ки намоз гузоридан зарур аст, корро партофта машгули ибодат мешаванд ва бо ҳамин боиси бозистодани раванди муътадили кор мегарданд.
Ихтилоф дар низоми “менталитет-менеҷмент” яке аз сабабҳои пайдоиш ва идомаи бухронҳои иҷтимоию - иқтисодӣ мебошад. Мисоли равшани ин Точикистон аст, ки дар ҷараёни гузариш ба муносибатҳои бозоргонӣ ва зарурати ислохи системаи идоракунӣ мувофиқсозии онро ба хусусияти менталитети миллӣ талаб мекунад.
2.3. ПРИНСИПҲОИ МЕНЕҶМЕНТ Принсипҳои асосии менеҷмент Принсипҳои менеҷмент - қонуниятҳои умумие мебошанд, ки дар чорчубаи онҳо робитаҳои байни сохторҳои гуногуни идора амалӣ гардонида мешаванд:
1. Принсипи мутамарказият (яккасардорӣ). Тахти мафхуми яккасардорӣ ба роҳбари олӣ додани чунин хокимияти пурра фаҳмида мешавад, ки барои қабул намудани қарор ва масъулияти шахсӣ барои супоритгти додашуда зарур мебошад.
2. Принсипи ғайримутамарказиятӣ (коллегиалӣ). Ин принсип таҳияи қарорҳои коллективиро дар асоси фикру мулохизаҳои роҳбарони зинаҳои гуногун талаб мекунад.
3. Принсипи пайвастагии мутамарказият ва ғайримутамарказият - принсипи асосӣ мебошад. Агар қарорҳои ба таҳияи сиёсат, мақсадҳо ва стратегияи фирма дахлдор мутамарказиятӣ бошанд ва агар қарорҳо оид ба идоракунии фаврӣ ғайримутамарказиятӣ бошанд, варианти оптималӣ хисоб мешаванд.
4. Принсипи руоварӣ ба мақсадҳои дарозмуҳлати рушд, яъне оид ба дар оянда чӣ гуна будани корхона тасаввуроти равшан доштан.
5. Принсипи демократикунонӣ, яъне иштироки кормандон дар зинаи олии идоракунӣ. Барои мисол, дар Шветсия, Дания, Австрия, Голландия қонунгузорӣ дар бораи иштироки хатмии коргарон дар Шӯроҳои директорон бо хукуки овоздихӣ, дар Фаронса - бе хукуки овоздихӣ, қабул карда шудааст.
6. Принсипи пайвастагии илм ва эҷодкорӣ.
7. Принсипи пайдарпайӣ.
8. Принсипи бефосилагӣ.
9. Принсипи мубоҳисавии иштирокчиёни идоракунӣ.
10. Принсипи мақсаднокӣ ва гайраҳо.
Дар менеҷмент тахти мафхуми принсипҳо риояи мукаррароти асосии ибтидоии назарияи идоракунӣ, эътикоди ботинии менечерҳо, ки муносибати онҳоро ба кори худ ва меъёрҳои рафторашонро дар коллектив муайян мекунанд, фаҳмида мешавад. Менеҷер на танҳо принсипҳо, балки усулҳои мушаххаси ноилшавӣ ба мақсадҳои гузошташуда ва қабули қарорҳои муайянро сармашки кори худ қарор медихад.
Функсияи маъмурӣ, бар хилофи функсияҳои дигар, ки бо истифодабарии маводу мошинҳо ичро мешаванд, факат ба хайати кормандон таъсир мерасонад.
Дуруст амал намудани бунёди ичтимоии корхонаҳо ба шумораи маълуми шартхое вобаста мебошад, ки Файол онҳоро принсип номидааст.
Анри Файол мегуяд, “дар усули маъмурӣ ҳеч чизи тағйирнопазиру мутлак нест; ҳар чизи он ҳудуди худро дорад. Қариб ҳеҷ гоҳ, дар шароитҳои якхела истифода бурдани ҳамон як принсип рост намеояд: бояд ҳолатҳои гуногуну ивазшаванда, фаркияту иваз шудани одамон ва бисёр тағйирёбандаҳои дигарро ба назар гирифт. Яъне, принсипҳо бояд чандирӣ бошанду истифодаашон дар ҳолатҳои гуногун имконпазир бошад. Онҳоро татбиқ карда тавонистан лозим аст. Ин кори душворест, ки боандешагӣ, таҷриба, қатъӣ будан ва ҳиссиёти ҳадду ҳудудро талаб мекунад. Шинохтани ҳадду ҳудуд натиҷаи ба ҳам пайвастани одоби муошират ва таҷриба яке аз сифатҳои муҳимтарини роҳбар мебошад.
Агарчӣ Анри Файол 14 принсипи асосии идоракуниро муайян кардаст, бо вуҷуди ин у эътироф мекард, ки шумораи онҳо маҳдуд нест, зеро “ҳар қоида, хар воситаи маъмурӣ, ки ташкили иҷтимоиро мустаҳкам ва ё пешбурди онро осон мегардонад, лоакал дар муддате, ки таҷриба онро тасдиқ менамояд, дар миёни принсипҳо ҷои сазовори худро ишгол мекунад. Тагйири Ҳолати ҳодисаҳо (чизҳо) метавонад боиси тағйири қоидауое гардад, ки онро дар ҳаёт ин ҳолат ворид намудааст. А. Файол факат он принсипҳоеро муайян намудааст, ки худ бештар ба онҳо такя мекард.
Инак, А.Файол принсипҳои зерини идоракуниро муайян намудааст, ки дар ҷадвали 2.3. дарҷ гаштаанд.
Ҷадвали 2.3. Принсипҳои А. Файол 1. Тақсимоти меҳнат 2. Ҳокимият, ваколат ва масъулият 3. Интизом 4. Яккароҳбарӣ 5. Ягонагии роҳбарӣ 6. Волоияти манфиатҳои умумӣ нисбат ба манфиатҳои шахсӣ 7. Ҳавасмандгардонӣ 8. Мутамарказонидан 9. Иерархия 10. Тартибот 11. Адолат ва ҳақиқатнигорӣ 12. Устувории ҷои кори кормандон 13. Ташаббус 14. Рӯҳи корпоративӣ Дар самти рушди принсипҳои умумии идоракунӣ, ки дарачаи баланди самараи кори ташкилотро таъмин менамоянд, J(. Эмерсон хам саҳмгузор аст.
У 12 принсипи маҳсулнокиро муаррифӣ намудааст. Хотимаи мантикӣ ва нуктаи олии ин мактаб консепсияи «бюрократияи ратсионалӣ»- и олими олмон Макс Вебер гардид.
Имруз, тавре тачриба нишон медихад, принсипҳо ва унсурҳои умумии идоракунӣ дар кори менечерҳо накши муҳимро мебозанд. Амалан, санъати идоракуниро хамчун кобилияти менечерҳо оиди истифода бурдани ин принсипҳо ва унсурҳо дар ҳама ҳолатҳои мушаххаси корию идоракунӣ муаррифӣ намудан мумкин аст. Аз ҳама муҳим он аст, ки менечерҳо бояд аҳамияти онҳоро фаҳманд, зарурати татбиқи онҳоро дарк намоянд ва онҳоро дар амал татбиқ карда тавонанд. Дар поён як навъ руйхати принсипҳо ва унсурҳои умумии идоракунӣ оварда мешавад, ки онҳоро имруз универсалӣ, дар ҳама шароит татбиқшаванда мешуморанд.
Модели «Хафт S ’’-и Мак-Кензи (Me Kinsey) барои баходихии самаранокии фаъолияти ташкилот аз тариқи таҳлили аёнӣ хафт унсури асосии корхона таҳия шуда буд: стратегия, малакаҳо, арзишҳои муштарак (фарҳанги корпоративӣ), сохтор, кормандон, система ва услуб. Чӣ тавре ки дар расмӣ 7 нишон дода шудааст, унсурҳои асосии ширкат бо ҳамдигар вобастаанд ва Ҳамин тариқ якҷоя дар таъсиси ташкилоти самаранок иштирок мекунанд.
Стратегия - ин нақшаи амалҳои якҷоя кардашуда мебошад, ки барои расидан ба мақсадҳои мушаххаси муштарак, ба монанди самаранокии истеҳсолот, рушд, арзиши саҳмияҳо таҳия карда шудааст. Стратегия барои муқаррар намудани самти рушд ва мақсадҳои ширкат, муайян кардани талаботи асосии ташкилот ва таъмини сатхи зарурии арзёбии муваффақияти ширкат лозим мебошад.
Малака ба қобилияти худи ширкат ва хам ба қобилияти менеҷерхою кормандони он муносибат дорад. Малака сохтори худи ташкилотро муайян мекунад.
Ин чунин маъно дорад, ки бояд унсурҳои дигари ташкилот бахри эҷоди малакаи лозима ё барои истифодаи малакаи мавҷуда таҳия гарданд. Банақшагирӣ ва рушди стратегӣ нопурра мешавад, агар малака ва маҳорати зарурбуда барои амалӣ гардонидани ин стратегия бодиққат омухта нашаванд.
Арзишҳои умумӣ ба фарҳангӣ корпоративии ин ё он ширкат тааллуқ доранд.
Гарчанде ба фарҳангӣ корпоративӣ баҳои объективӣ додан душвор бошад хам, арзишҳои умумӣ омилҳои ба монанди муносибат ба кор, рухияи мусобиқавӣ, рухияи хамкорӣ дар байни кормандон ва нигоҳ доштани робита бо роҳбарияти ширкатро дар бар мегиранд. Ин яке аз андозахое мебошад, ки таъсир расонидан ба воситаи «S» душвор аст. Онро бо муоширати бисёр ва муносиби роҳбарияти болоии ширкат ташкил намудан мумкин аст.
Сохтор - иерархияи ташкили ширкат мебошад: кӣ тобеи кист, чӣ тавр вазифаҳо тақсим ва натиҷаҳо муттахид карда мешаванд. Сохтори ташкилот бояд тавре сохта шуда бошад, ки ба хамохангӣ ва хамгироии байни Ҳама роҳбарони ширкат ва кормандони он мусоидат намояд. Сохтор бояд ба фарҳангӣ ширкат ва дараҷаи таҷрибанокии он мувофиқат кунад. Омили асосӣ навъи сохтор (масалан, дараҷаи мутамарказонии хокимият).
Кормандон. Ин унсур аз нуктаи назари маҳорат, таҷриба ва иқтидори онҳо ба кормандони ширкат тааллуқ доранд. Ҳайати кормандони ширкат ба он, ки ширкат оё маҳсулоти беҳтар истеҳсол карда метавонад ё хизмати хубтар расонида метавонад, таъсири бевосита мерасонад. Интихоби хайати кормандон ва маҳсулнокии он омили муайянкунандаи хозира ва ояндаи муваффақияти стратегӣ мебошад. Масъалаи асосӣ ин аст, ки кормандони навро аз куҷо пайдо бояд кард, киро ба кор қабул бояд намуд, омодасозӣ ва ташкили системаи Ҳавасмандгардониро чӣ гуна ташкил бояд кард?
Системаҳо (низомҳо) ба он равандхое тааллуқ доранд, ки фаъолияти Ҳаррӯзаи ширкатро пойдор нигоҳ медоранд. Баъзе системаҳои асосӣ: системаҳои иттилоотии менеҷмент, системаҳои ҳавасмандгардонӣ, системаҳои алоқакунанда. Зимни арзёбии системаҳои ин ё он ширкат системаҳои расмӣ (институтсионалӣ) ва системаҳои ғайрирасмӣ (муваққатӣ)-ро таҳлил кардан лозим аст.
Услуб. Ин ба услуби роҳбарӣ (масалан, услуби дастгирӣ, асосноккунӣ) тааллуқ дорад: чӣ тавр сардорон вақти кории худро мегузаронанд, кадом саволҳоро медиханд, кори худро чӣ гуна ташкил мекунанд. Услуб ба ташкил намудани арзишҳо ва стратегия таъсири бузург расонида метавонад. Агарчӣ оҳанги суханронии хоси ягон роҳбари мушаххасро тағйир додан мушкил аст, лекин ба ҳар ҳол бо тағйир додани тарзи ташкили кори роҳбар, саволҳое, ки у медихад ва фазоӣ корияш чӣ хел аст, услуби корро дигаргун кардан мумкин аст.
Унсурҳои идоракунӣ Ба унсурҳои идоракунӣ дохил мешаванд:
1. Пешбинӣ 2. Ташкилӣ 3. Фармонфармоӣ 4. Мутобиқатнамоӣ 5. Назорат 1. Пешбинӣ. Пешбинӣ бо роҳҳои сершумор зоҳир шуда метавонад, аммо шакли асосии зоҳиршавии он, аломати аёнтарин ва олоти муассиртарини он барномаи амал мебошад.
Барномаи амал - ин хамзамон мақсади охирин, роҳи дастурдихандаи рафтор, мархилаҳои роҳи дарпешистода ва воситаҳо мебошад. Ин симои ояндаест, ки дар он вокеаҳои наздиктарин анику баръало ва вокеаҳои алохида тиратар тасвир ёфтаанд.
Тахияи барномаи амал яке аз амалиёти муҳиму мушкил аст ва вақте ки роҳбари корхона ба тартибдиҳии он шуруъ мекунад, мақсад ва ҳаҷми онро нишон медихад, иштироки ҳар шуъбаро дар кори муштарак муайян мекунад, қисмҳои алохидаи онро ҳамоҳангу мавзун месозад ва ниҳоят, дар бораи кадом роҳу усули рафторро пеш гирифтан қарор қабул менамояд. Барномаи амал дар осонгардонии истифодаи захираҳои корхона ва интихоби воситаҳои беҳтарини ноилшавӣ ба мақсад кумак мерасонад. Ин унсури пурарзиши идоракунӣ мебошад.
2. Ташкилӣ. Ташкили корхона маънои онро дорад, ки корхонаро барои амал карданаш бо ҳамаи чизҳо, яъне ашё, тачхизот, пул, кормандон таъмин намудан лозим аст. Ҳайати кормандон хамчун чисми ичтимоӣ бо доштани захираҳои лозимии моддӣ бояд кодир бошад, ки функсияҳои муҳими менеҷментро ташкил ва ичро намоянд.
3. Фармонфармоӣ. Вакте ки механизми ичтимоӣ сохта шуд, онро ба амал водор кардан лозим. Дар ҳамин вакт накши фармонфармоӣ огоз мешавад.
Ин супориши муҳим дар байни якчанд роҳбарони корхона таксим мегардад.
Ҳар кадоми онҳо ӯҳдадории муайян ва масъулияти ичроиши онро бар душ мегиранд. Барои хар сардор мақсади фармонфармоӣ ба доираи манфиатҳои корхона ҷалб намудани кормандони ба у тобеъбуда мебошад.
Санъати фармондихӣ дар сифатҳои шахсӣ ва донистани принсипҳои умумии идоракунӣ асос меёбад.
4. Мутобиқатнамоӣ. Мутобикатнамоӣ, яъне хамоханг сохтани ҳамаи амалиёт барои таъмин намудани фаъолияти муътадил ва ба даст овардани натичааст. Ин кор ба хар сохтор додани таносуби мувофиқ, мувофиқати хароҷот бо захираҳои молиявӣ, тавоноии тачхизот бо эхтиёчоти истеҳсолот, таъмин бо истеъмол, фурӯш бо хачми истеҳсолро дар назар дорад.
Аз тарафи дигар, мутобикатнамоӣ бояд кобилияти корҳои муҳимро ба мадди аввал баровардан ва чизҳои дуюмдарачаро ба мадди охир гузоштан, инчунин воситаҳоро бо мақсад мувофиқ кунониданро дошта бошад.
5. Назорат. Назорат дар корхона аз тафтиши мувофиқ будан ба барномаи қабулшуда, фармонҳои баровардашуда ва принсипҳои мукарраргардида иборат аст. Мақсад аз он ошкор намудани хатохову иштибохот барои ислох намудан ва такрор накардани онҳо мебошад. Назоратро нисбати ҳама чиз - нисбати ашё, шахсон, амалҳо татбиқ кардан мумкин аст ва он хусусияти доимӣ дорад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё