Зеҳн

САМТҲОИ АСОСИИ МУКАММАЛГАРДОНИИ ИДОРАКУНИИ ЗАМИНҲОИ ТАЪИНОТИ КИШОВАРЗӢ

ФЕ
Фермер16 сентябри 2026 · 9 дақиқа хондан

Муносибатҳои заминдорӣ ин маҷмўи муносибатҳое мебошанд, ки байни субъектҳои ҳуқуқи замин дар мавриди истифодабарӣ ва идоракунии замин ба вуқўъ меояд ва ҳамчун муносибатҳои муаммои мураккаби бисёрҷабҳа баромад менамояд ва доираи зиёди масъалаҳоро дар бар мегирад ба монанди: шакли моликият ва хоҷагидорӣ, бозори замин, баҳодиҳии иқтисодии замин, андози замин, шакли заминистифодабарӣ, идоракунии захираҳои замин ва ғайраҳо. Бояд қайд кард, ки солҳои зиёд аст, инсоният аз рўйи муаммоҳои муносибатҳои заминдорӣ баҳсҳо карда, ҳеҷ ба як мувофиқаи мушахасс намеоянд.

Мушкилоти мазкур ба он хотир ҳал намегардад, ки он аслан бисёр мураккаб ва гуногунҷабҳа мебошад. Аксаран баҳсҳо бенатиҷа мемонанд, зеро он бештар заминаи сиёсӣ доранд. Муаммои озуқаворӣ ва роҳҳои ҳалли он ҳоло ҳам пурра нашудаанд. Зиддияти асосӣ дар ин баҳс масъалаи хариду фурўши замин мебошад. Чуноне, ки олими рус академики Академияи илмҳои кишоварзии Россия В.Милосердов дар асари худ қайд менамояд «хариду фурўши заминро иҷозат додан мумкин нест, хусусан дар ин давраи мураккаб». Нуқтаи назари И. Буздалов чунин аст: «ҳуқуқи моликияти хусусӣ ба замин дар тамаддуни муосири ҷаҳонӣ бо заҳмати меҳнаткашон - заминдорон тўли садсолаҳои зиёд ба даст омадааст».

Ба фикри мо онҳо ҳам асоси сиёсӣ, ҳам иҷтимоӣ ва хусусан иқтисодиро доро буда, барои онро амалӣ намудан таҳқиқотҳои мушаххас дар сатҳи назариягӣ ва амалӣ гузаронидан лозим аст, бояд дар мадди назари олимон қарор гирад.

Аз ин рў, кўшишҳои дастгирӣ ё рад кардани ин ақида такя ба олимони шинохта, ба ақидаҳои ғайриилмӣ асос мегиранд, ки гўё замин ҳамчун ҳаво табиӣ буда, ба ҳама тааллуқ дорад, аз ин рў, наметавонад чун объекти моликияти хусусӣ ва хариду фурўш бошад. Ислоҳоти куллии муносибатҳои замин дар самти хусусигардонии моликияти давлатӣ муаммои мураккаб ва душворҳалшаванда мебошад, зеро ба таърихи бисёрасраи ҳалли масъалаҳои заминдории ҷаҳон аз он ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ замина мегирад. Эҳтиёҷоти домии деҳқонон ба замин дар радифи муборизаи онҳо баҳри баланд бардоштани ҳосилхезии замин, андозҳои баланд дар тафаккури деҳқонон ақидаи устувори психологиро ташаккул дода, заминро ҳамчун сарчашмаи рўзгузаронӣ нигоҳ медорад ва ин ақидаро дурнамои озодии хоҷагидорӣ ба он, имконияти васеъкунии заминдории хусусӣ дигар карда наметавонад. Бояд зикр намуд, ки зиддияти бисёрсолаи тарафдорони ислоҳоти ҷадиди муносибатҳои заминдорӣ ва муқобилони он имкониятҳои худро аз даст додаанд. Замоне фаро расидааст, ки тарафҳо ба созишоянд ва тарзи амалкарди ояндаи бозори заминро пешниҳод намоянд. Дар ин ҳолат муҳим аст, ки асосҳои объективии амалӣ гаштани бозори замин дар пояи шаклҳои гуногуни моликият, шароитҳои хоси дигаргуншавии он дар иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба инобат гарифта шавад. Муаммои ҳалли тарафдорон ва муқобилони бозори замин аз он ҷумла академики Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пиризода Ҷ.С. талаб менамоянд, ки нақши замин дар низоми муносибатҳои иқтисодии хоҷагидории бозорӣ муайян карда шавад. Ба ақидаи мо таъсиси иқтисодиёти бозории муосир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба омилҳои зерин асос мегиранд:

- сабабҳои хусусигардонии ғайрисамаранок, надодани музди меҳнат, буҳрони сармоягузорӣ пеш аз ҳама дар идоракунии ғайрисамаранок, истифодаи нодурасти таҷрибаи ҷаҳонӣ бе назардошти хусусиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуқўъ омадааст.

- беъзе хусусиятҳои хоси бозори замин пайдо шуда истодаанд:

- самтгирии иҷтимоии бозори замин барои манфиатҳои аҳолии деҳот;

- марҳилавӣ ворид кардани заминҳо ба гардиши бозорӣ;

- равиши тафриқавӣ ба гурўҳҳои иҷтимоии субъектҳои бозори замин;

- танзими давлатии бозори замин;

- таъсиси заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ оид ба бозори замин.

- дигаргунисозиҳои муносибатҳои заминдорӣ дар деҳот ва шаҳр бо роҳҳои гуногун амалӣ карда мешаванд. Дар деҳот онҳо барои тағйирёбии низоми муносибатҳои заминдории даврони шўравӣ тариқи аз навтақсимкунии заминҳо бо мақсади рушди устувори тамоми шаклҳои моликият ва хоҷагидорӣ, дар заминаи он ташаккули иқтисодиёти бисёрзинагӣ ва гузариш аз усулҳои маъмурӣ ба иқтисодии идоракунии захираҳои замин равона шудааст.

Таҳқиқотҳо нишон додаанд, ки ҳарчанд қисми зиёди кормандони собиқи колхозу совхозҳо, нафақахўрони чунин субъектҳои хоҷагидор, кормандони доираи иҷтимоиёт соҳибро қитъаҳои замин гаштаанд, аммо дар бисёр ҳолатҳо ҳавасмандиро ба меҳнати пурсамар зоҳир намекарданд, ки дар натиҷа ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ коҳиш ёфт.

Тибқи анъанаҳои бисёрсола сокинони деҳот доимо дар кўшиши нигоҳдорӣ ва беҳдошти хоҷагиҳои хурд мебошанд. Аз ин рў, деҳотиён дар муҳити иқтисодии оилавии нисбатан маҳдуд ва камҳаракат зиндагӣ, кор ва фаъолият менамоянд. Мувофиқан дар шуури онҳо талаботи табииӣ нигоҳдошти устувории муҳити беруна, хусусан кафолати устувори соҳимулки ба замин ташаккул меёбад. Иқтисодиёти бозорӣ бошад, суръати фаъолияти хоҷагидории деҳотро зинда гардонида бошад ҳам, вале ҳоло ҳам расму анъанаҳои таърихан устуворшударо тағйир дода наметавонад. Қисми зиёди аҳолии деҳот аз ҷиҳати равонӣ раванди хариду фурўши заминҳои кишоварзӣ бе дарки оқибатҳои эътимолӣ иштирок кардан намехоҳанд. Барои дарки пурра ва гузариши амиқи аҳолии деҳот ба муносибатҳои бозорӣ вақти зиёд лозим аст, то ки ақидаи нолозимбудани иқдоми хариду фурўши замин, оқибатҳои иҷтимоӣ-иқтисодии иҷора ва гарави он дигар шавад.

Таҳқиқоти гузаронидаи олимони соҳа Пиризода Ҷ.С., Шарипов З.Р., Элмуродов Х. дар ин самт нишон дод, ки барои соҳибмулк-соҳибкор бозори рушдёфтаи замин ба монанди хариду фурўши молҳои сохтмонӣ, асбобу анҷоми корӣ, техникаи гуногун бисёр зарур аст. Ў бояд имконияти озод бе маҳдудият харидорӣ кардани ин ё он қитъаи заминро (чӣ корам, чӣ чарогоҳ ё барои ташкили истироҳатгоҳи пулакӣ) дошта бошад. Бозори замини таъиноти кишоварзиро наметавон бе низоми умумии муносибатҳои заминдорӣ тасаввур намуд, аммо дар амалия бозори замини таъиноти кишоварзӣ ҳамчун бозори комил баромад накарда, ҳамчун омили асосии истеҳсолот, ки дар бунёди маҳсулоти кишоварзӣ саҳм дорад, ҳисобида мешавад. Дар шароити муосир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хариду фурўши дилхоҳ замини таъиноти кишоварзӣ қонунан иҷозат дода нашудааст. Бе шубҳа рушди моликияти хусусӣ ва воситаҳои асосии истеҳсолот байни амволи хоҷагидорӣ ва замин, аз он ҷумла ҷудо кардани ҳиссаи амвол ва замин ба деҳқон дар мавриди таҷдиди колхолзу совхозҳо бе даровардани расмият ҳ ангоми хариду фурўши қитъаи замин амали гаштани иқтисодиёти бозории комилро тасаввур кардан мушкил аст.

Дар мақолаи мазкур қайд шудааст, ки яке аз далелҳои ҷорӣ намудани чунин ислоҳоти замин ин пайдоиши бозори ғайрирасмии фурўши заминҳои наздиҳавлигӣ ва якҷояшавии хоҷагиҳои хурди кишоварзӣ мебошад. Набудани механизми лозимаи танзим дар ин маврид ба рушди қаллобӣ, дар тақсимоти ноадолатонаи замин, мутамарказии андозаи зиёди замин дар моликияти шахсони алоҳида, мусоидат менамояд. Бағайри он дар мавриди муайян намудани ҳисса ва ба меросгузории заминҳои кишоварзӣ замин ба қитъаҳои хурд-хурди тақсимот табдил мегардад, ки аз нуқтаи назари иқтисодӣ самарнокии он коҳиш меёбад. Дар мавриди истифодаи ғайрисамараноки қитъаҳои хурди замин, давлат дар оянда маҷбур мегардад, ки боз ислоҳоти гаронарзишро гузаронида, ин гуна қитъаҳои заминро муттаҳид созад, яъне ба шакли пештара хоҷагидории бузург гузарад.

Сиёсатмадорон ва олимони алоҳида таъкид менамоянд, ки танҳо моликияти хусусӣ барои истифодаи оқилонаи замин ва фаъолияти пурсамари истеҳсолоти кишоварзӣ шароити мусоид фароҳам оварда метавонад. Бо ақидаи академики Академияи илмҳои кишоварзии Россия И. Буздалов «Заминдории хусусӣ дар шаклҳои хоҷагидории инфиродӣ ё дар воқеъ кооперативӣ нисбат ба шакли хоҷагидории ҷамъиятӣ самараноктар аст».

Ба ҳайси мисол низоми колхозии Шўравиро овардан мумкин аст, ки заминдорон аслан аз ҳуқуқи моликият ба замин ва дигар воситаҳои истеҳсолот маҳ рум буданд, ки дар натиҷа фоидаи иқтисодии афроди алоҳида ва фаъолияти хоҷагидорӣ пурра таъмин намегардиданд. Яъне дар дигар кишварҳои хориҷи ба монанди кишвари Исроил се шакли асосии хоҷагидори (ҳаҷ ман бузург, махсус ва кооператсия) мавҷуд мебошад, ки ба самаранокии истифодаи замин ва технологияи пешқ адам ноил гаштаанд. Ҳамзамон, дар ҷаҳон кишварҳои зиёде мавҷуданд, ки заминро ҳамчун моликияти хусуси истифода мебаранд, ки дар онҳо сатҳи соҳаи кишоварзӣ ба талабот ҷавобгў нест. Масалан, дар ИМА солҳои 60-уми асри 20 ҳосилнокии гандум 20 с/га ва маҳсулнокии говҳо - 3000-3200 кг буд вале солҳои 90-ум ҳосилнокии ғалладонагӣ аз 70 с/га, дўшидани шир аз як модагов-7500 кг расидааст.

Ба ақидаи олими федератсияи Руссия И.В. Миллосердов “сабаби рушди назарраси истеҳсолот ва самаранокии онро на аз ҳисоби шакли моликият, балки дар заминаи дастгирии назарраси давлатии фермерон, мутаҳидкунии қитъаҳои замин, таҳкими пойгоҳи моддӣ-техникӣ, афзоиши барқ мусаллаҳшавӣ, низоми идоракунӣ ва ташкили истеҳсолот асоснок мекунад, на ин ки аз тағйирёбии шакли моликият. Қувваи ҷозибаи моликият ба замин на дар имконияти фаъолият дар он, балки дар рента мебошад. Маҳз рента масъалаи моликияти хусусиро тезу тунд мегардонад. Барои дарки моҳияти дигаргуниҳо дар муносибатҳои заминдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баҳодиҳии оқибати он дар мавриди вариантҳои гуногуни татбиқи он ду нуқтаи назарро меорем:

Якум, гирифтани даромади рентавӣ ва истифодабарии он ба мақсадҳои ҷамъиятӣ ба омилҳои ҳавасмандгардонии истеҳсолот, интихоби қарорҳои идоракунии муносиб таъсир намерасонад. Барои алоқаманд кардани самаранокии истеҳсолот ҳангоми моликияти хусусӣ танҳо аз ҳисоби азхудкунии даромади рентавӣ асоси воқеъӣ вуҷуд надорад.

Дуюм, замин ин боигарии на танҳо аҳолии дар он фаъолияткунанда, балки насли оянда низ мебошад, ки ин дар навбати худ ба тақсимоти даромади рентавӣ байни наслҳо мусоидат мекунад. Ба ақидаи мо, сабаб на дар таъсироти анъанаҳои заминдори аст, балки аз ҳисоби надоштани қобилият дар ташкил ва пешбурди мустақилонаи хоҷагии хусусӣ аз ҷониби соҳибмулкони нав мебошад. Инчунин, ҳайати синусолии номувофиқи соҳибмулкони ҳиссаи замин, нокифоя будани дониши тахассуси, соҳаби, пойгоҳи сусти моддӣ-молиявӣ, мушкилӣ дар ҷойгиршавӣ ҳудуди хоҷагиҳои хурд бе зараррасонӣ ба хоҷгиҳои калон, мавҷуд набудани корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, сабабҳои ислоҳоти номуваффақ ва ғайра маҳсуб меёбанд. Маҳз барои ҳамин эродҳои ислоҳотгарони радикалӣ ба суроғаи низоми фармонфармоӣ бо дар назардошти вазъияти баамаломадаи бозори замин қабул намегарданд.

Аммо бояд иқрор шуд, ки бозори хусусии қитъаҳои хурди замин аз лиҳози иқтисодӣ-истеъмолӣ ҳисобида шуда қариб, ки ба шароитҳои рушди истеҳсолоти кишоварзии моли таъсирӣ мусбӣ намерасонад. Бахши хоҷагидории хурд ба ҳалли муаммоҳои соҳаи аграрии иқтисодиёт ва рушди минбаъдаи он қодир нест. Барои рушд зарур аст, ки ба доираи бозори замин на танҳо шахсони воқеъӣ, балки шахсони ҳуқуқӣ (ба ғайр аз мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва маҳаллӣ) ҳамроҳ карда шаванд. Новобаста аз ин, дар бахши агарарии иқтисодиёт тадриҷан дигаргуниҳои муносибатҳои заминдориро идома додан лозим аст, ки онро бо шаклҳои чунин пешниҳод намудем.

Чуноне, ки далолат мекунад барои гузаронидани ислоҳоти иқисодӣ, ки ба тағйироти куллии низоми ҷамъиятӣ-сиёсӣ алоқаманд аст, давраҳое лозиманд, ки давомнокии гузаришашон бевосита аз шароитҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва мушахасоти худи ислоҳот вобастагӣ дорад.

Дар шароити иқтисодӣ бозорӣ, дар бахши аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гузариши ботаҷриҷи низоми нақшавӣ–фармонфармоӣ ба низоми бозорӣ, шакли давлатии моликият ба шаклҳои гуногуни хоҷагидорӣ мушоҳида мегардад, ки дар натиҷаи он ба муносибатҳои заминдорӣ байни соҳибмулкон таъсири ниҳоии худро мерасонад.

Хулоса.

Маълум гаштааст, ки самтҳои асосии мукаммалгардонии идоракунии заминҳои таъиноти кишоварзӣ ва самаранокии он, такмилдиҳии асосии шаклҳои хоҷагидорӣ ва ҳуқуқии истифодабарӣ, соҳ ибмулкӣ ба замин, механизми иқтисодӣ ва сохтору унсурҳои он, таҷдиди низоми андозбандӣ рента аз заминистифодабарандагон молистеҳсолкунандагони кишоварзӣ бо мақсади таъсиси ҳавасмандиҳои иловагӣ баҳри рушди соҳаҳои мухталифи он, муносибатҳои байни соҳибмулкони, коркарди механизмҳои нав ва таҳкими фишангҳои ҳавасмандгардонӣ аз натиҷаҳои ниҳоии заминдорон ва баҳодиҳии кадастрии (бозории) замин муаммоҳои вуҷуддошта, тарафдорон ва муқобили бозори замин ҳалли онҳо дар низоми муносибатҳои иқтисодии хоҷагидорон, ақида, хулоса, пешниҳодҳои олимони ватанӣ ва хориҷӣ ба масъалаи баррасишаванда ва истифодаи онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлил ва натиҷагири шудаанд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2