Зеҳн

ҶАБҲАҲОИ МОЛИЯВӢ ВА ИНСТИТУТСИОНАЛИИ ФАЪОЛГАРДОНӢ ВА БАЛАНДБАРДОРИИ ҚАРЗДИҲИИ БОНКӢ БА ИСТЕҲСОЛОТИ КИШОВАРЗӢ

ЗЕ
Зеҳн15 сентябри 2026 · 16 дақиқа хондан

Соҳаи кишоварзӣ яке аз бахшҳои муҳимтарини иқтисодиёти давлат буда, ҳамчун муҳаррик рушди иҷтимоию иқтисодии давлат ва амнияти озуқавории онро таъмин мекунад. Дар шароити имрўзаи кишвар вобаста ва мутобиқ набудани механизмҳои молиявию қарздиҳӣ бо вазъи воқеии кор дар самти рушду самаранокии фаъолияти соҳа боиси дастрас набудани захираҳои қарзӣ дар аксари хоҷагиҳои деҳқонӣ ва корхонаҳои кишоварзӣ гардидааст ва аз ин сабаб, коҳиши ҷараёни такрористеҳсолро дар соҳа ба вуҷуд овардааст. Хоҷагиҳои деҳқонӣ ва корхонаҳои кишоварзӣ қисмати ками қарзҳоро мустақиман танҳо дар асоси дороиву имкониятҳои худ мегиранд. Аз ин лиҳоз, дар соҳаи кишоварзӣ манбаъҳо ва ниҳодҳои берунӣ аз рўи имкониятҳои молиявии худ барои соҳа метавонанд ҳамчун як механизми самараноки қарзӣ ё манбаъҳои қарздиҳӣ дар асоси дастрасии одӣ хизмат намоянд.

Афзалияти ташаккули заминаҳои рушди низоми қарздиҳии ипотекии замин дар кишварҳои хориҷӣ аз он иборат аст, ки заминҳои кишоварзӣ шарти асосӣ ва заминаи истеҳсолот дар соҳаи кишоварзӣ мебошанд ва метавонанд ҳамчун гарав барои гирифтани қарз баромад кунанд. Ин масъала дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби мавҷуд набудани якчанд меъёр ба раванди қарздиҳии ипотекии замин таъсири манфӣ мерасонад ё ташкилотҳои қарзии қарздиҳанда аз рўйи чунин имкониятҳо қарз дода наметавонанд. Сабаби асосии он дар мамлакати мо набудани ҳуқуқи ба расмият даровардашудаи қитъаҳои замин аз ҷониби қарзгирандагони эҳтимолӣ аст ва замин моликияти давлатӣ мебошад, бонкҳо онро ҳамчун гарави қарз қабул карда наметавонанд. Албатта, ин масъала то як андоза ҳалли худро ёфтааст, аммо корхона ва хоҷагиҳои қарзгиранда наметавонанд аз рўи арзиши бозории замин пурра вобаста ба талаботи истеҳсолии худ қарз гиранд.

Бар замми мавҷуд будани як қатор имкониятҳо, дар маҷмўъ, ҳолати қарздиҳӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва корхонаҳои кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати мушкил боқӣ мемонад. Муносибатҳои қарзӣ, ки байни хоҷагиҳои деҳқонӣ ва корхонаҳои кишоварзӣ ва бонкҳои тиҷоратӣ ва дигар ниҳодҳои қарздиҳанда ба вуҷуд меоянд, одатан дар заминаи боварии мутақобила сурат мегиранд. Лекин аз тарафи бонкҳои қарздиҳанда ба соҳаи кишоварзӣ бинобар костагӣ дар дороиҳои моддӣ ва дар аксар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва кишоварзӣ аз сабаби набудани муҳосиботи ягона ва шаффофият дар ҳисоботи молиявӣ ба ин монеа эҷод мекунад.

Ҳолати додани қарзҳо ба соҳаҳои кишоварзии аз лиҳози молиявӣ ноустувор барои бонк хатари ҷиддӣ дорад, аз ин лиҳоз, бонк барои талафоти имконпазир бо сабаби қарздиҳии хавфнок ташкили захираҳои иловагиро аз соҳа талаб мекунад, ки ин кори бонкро фоидаовар менамояд ва дараҷаи хатари қарзиро коҳиш медиҳад. Ин сабабҳо сатҳи пасти фоизи захираҳои қарзиро барои кам кардани хавфҳои бонкӣ ва инчунин хатти қарз муайян мекунанд. Аз тарафи дигар, аксарияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва корхонаҳои кишоварзӣ талаботи бонкҳоро ба нишондиҳандаҳои молиявӣ ва талаботи таъминотро аз арзиши қарз зиёд ҳисоб мекунанд. Аз ин рў, ташкилотҳо, ба қадри имкон, молу мулки ба гарав гузошташударо такроран пешниҳод мекунанд ва ин ба боварии зиёдтари бонкҳо оварда мерасонад.

Қарзҳои бонкӣ бояд дастрас ва самаранок бошанд, то ки маблағи қарзи дархостшуда ба имкониятҳои вазъи молиявии соҳаи кишоварзӣ мувофиқ карда шаванд ва даромади иловагиро таъмин карда тавонанд. Дар шароити имрўза бо назардошти вобастагии соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамоми соҳаҳои муҳимтарини кишвар, новобаста аз самти фаъолияти онҳо, бояд заминаҳои густариши дастгирии соҳаро ба қадри кофӣ дар байни институтҳое, ки имконияти молиявию қарздиҳӣ доранд, мувофиқи имкон тақсим намоем.

Моро зарур аст, ки ҷиҳати дастгирӣ ва рушди ҳамаҷонибаи соҳаи кишоварзӣ, ки таъминкунандаи бозори дохилии кишвар бо маҳсулоти аз лиҳози стандартҳои экологӣ тоза мебошад, чораҳои зарурӣ андешем. Ба ақдидаи мо, рушди соҳаи кишоварзӣ яке аз маҳакҳои асосии таъминкунандаи ҳадафи чоруми стратегии кишвар - саноатикунонии босуръат мебошад. Зарурати ба миён овардани шароити созгор ба соҳаи кишоварзӣ ва таҳияи механизмҳои самараноки сарчашмаҳои маблағгузории соҳа ва дарёфти механизмҳои имтиёзноки қарздиҳӣ бояд ҳамчун масъалаи стратегӣ дар назди давлату бонкҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ қарор дошта бошад. Дар баробари ин, зарурати масъулиятнокӣ ва дарёфти сарчашмаю сиёсати фарогири тамоми ҷанбаҳои фаъолияти соҳа аз таъмини бехатарӣ то нишондиҳандаҳои рушд бояд нақшаи мушаххаси худро дошта бошанд. Мақсад ва масоили сиёсати институтсионалии соҳа дар нақшаи No1 ба таври назаррас инъикос гардидааст, ки амали меъёрҳои нақшаи мазкур хусусияти мусбати ҳаматарафа дорад.

Татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушд ва самаранокии фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва корхонаҳои кишоварзӣ дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бояд масъалаи асосӣ ва аввалиндараҷа маҳсуб шавад. Дар баробари дигар ниҳодҳои ба соҳа таъсиррасонанда, ба монанди бонкҳои тиҷоратӣ ва тигар ташкилотҳои қарзӣ, бояд нақши бахши давлатӣ низ фаъол бошад. Айни ҳол боз 16 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 1,2 миллиард сомонӣ мавриди татбиқ қарор доранд.

Новобаста аз афзоиши ҳиссаи қарздиҳии бахши давлатӣ ва бонкӣ ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии қишлоқ ва афзоиши ҳаҷми умумии маҳсулотҳои кишоварзӣ, вазъи қонеъгардонии талаботи бозор аз рўи шохиси нархҳои истеъмолӣ ва таъминоти пайдарпайии бозор моро қаноатманд карда наметавонад.

Зеро қисми зиёди маҳсулотҳои истеҳсолшудаи хоҷагии қишлоқ аз сабаби набудани корхонаҳои коркард ва ба маҳсулоти тайёри ниҳоӣ расонидани маҳсулотҳои истеҳсолшуда рушди соҳаро ба пуррагӣ баланд бардошта наметавонад. Мувофиқи маълумоти оморӣ солҳои охир ҳамагӣ 10-12 фоизи нахи пахта дар дохили кишвар коркард мешавад, ки ин боиси коҳиш ёфтани яке аз самтҳои афзалиятноки рушди соҳа мегардад, ки монанди ин дар соҳаи маҳсулоти кишоварзӣ маҳсулоти коркарднашаванда аз ҳисоби набудани корхонаҳо зиёд аст.

Дар воқеияти имрўзаи шароити табиию иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи таъмини пардохтпазирии соҳаи кишоварзӣ метавон ба таври дуруст масъалаи стратегияи рушди онро таъмин намуд. Асоси муваффақият ва рушди бемайлони соҳа бо назардошти тамоми ҷанбаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, мустақиман аз қобилияти қарзадокунӣ ва пардохтпазирии он вобастагии калон дорад. Лекин дар ҳиссаи бештари хоҷагиҳои деҳқонии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинобар сабаби набудани муҳосиботи ягона, бештар ба масъалаҳои пардохтпазирӣ такя намудан мувофиқи мақсад мебошад. Ва дар заминаи пардохтпазирӣ таҳияи стратегия аз манфиат холӣ нест.

Дар шароити имрўзаи низоми бонкии кишвар дастрасии соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қарзҳои кўтоҳмуддат бештар аст, зеро имрўз, аз сабаби набудани имкониятҳои пурраи коркарди маҳсулоти аҳияи муаллифон соҳаи кишоварзӣ дар корхонаҳо, фаъолият ва раванди истеҳсоли маҳсулоти соҳа хусусияти мавсимӣ доранд, ки ба ин раванд бештар қарзҳои кўтоҳмуддат дода мешаванд. Ҳол он ки дар аксар маврид самаранокӣ ва рушди соҳа бештар аз ҳисоби қарзҳои дарозмуҳлат ва имтиёзнок таъмин мегарданд. Барои татбиқи амалии минбаъдаи раванди пардохтпазирӣ, қобилияти қарзадокунӣ ва таъмини бехатарии қарзҳои додашаванда барои дастрасии соҳа кушодани хати қарзӣ дар шароити имрўзаи кишвар мувофиқи мақсад мебошад, ки маблағи қарзӣ қисм ба қисм ба соҳа бо риояи меъёрҳои саривақтӣ ба таври транш дода мешавад. Дар асоси кушодани хати қарзӣ муаммоҳои зерин ҳаллу фасл карда мешаванд:

- ғайри мақсад истифода бурдани қарзҳои ба соҳа додашаванда;

- гирифтани пеши роҳи хавфҳои барнагаштани қарз аз ҳисоби қисм ба қисм додани он;

- самаранок истифода бурдани маблағи қарз бо роҳи афзоиши ҳиссаи истеҳсолот ва ғ.

Мушаххасоти афзоиши иқтидори захираҳои соҳаи кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як муаммо то давраи ҷорӣ намудани тавозун ва муҳосиботи ягона дар соҳа боқӣ мемонад. Ошкоршавӣ ва ояндабинии зиёдшаии иқтидори захираҳо ва дороиҳоро ба воситаи муҳосибот, ки дар тавозун тамоми дастовардҳои фаъолияти он инъикос карда мешавад, арзёбӣ кардан мумкин аст. Барои ҳалли масъалаи мазкур фармоиши вазири молия аз санаи 31.09.2017, «Дар бораи тасдиқи Дастурамал дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ бо таъсиси шахси ҳуқуқӣ», ки он аз 13 банд иборат аст, ба тасвиб расид, ки пурра фаъолияти соҳаро бо назардошти стандартҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар бар мегирад ва ин ҳам бо мақсади беҳтар ва хубтар кардани фаъолияти самараноки соҳа барои ҷалби донорҳо мебошад.

Дар кишвар, гарчанде зиёда 145 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ фаъолият мекунад, вале то ҳол хоҷагии деҳқонии намунавӣ, ки дар мисоли он дигаронро омўзонидан мумкин бошад, вуҷуд надорад. Албатта, ҳастанд хоҷагиҳои пешрафта, вале хоҷагии намунавӣ онест, ки аз ҳисоби воситаҳои пулии худ ва имкони мусоиди дастрасӣ ба воситаҳои қарзӣ, ташкили ҳисобдорӣ, ташкили дурусти хариду фурўши ашёю маҳсулот, таъмини самаранокии истифодаи воситаҳои пулиаш, вобаста ба мавсимӣ будани соҳа ва ғайра бархўрдор мебошад.

Бояд қайд кард, ки то ҳол, яъне дар тўли 28 сол, аксари роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ба натиҷаи нархи бозори имсола нигариста, дар соли оянда чӣ истеҳсол кардани худро муайян мекунанд. Дар натиҷа, аз ҳисоби зиёд истеҳсол шудани чанд намуди маҳсулот нархи онҳо дар бозор поён рафта, деҳқон натиҷаи дилхоҳ намегирад. Идораи ин раванд, яъне муайян кардану ба кишоварзон расонидани маълумот оид ба вазъи эҳтимолии бозор дар соли оянда вазифаи сохторҳои Вазорати кишоварзӣ мебошад. Деҳқони алоҳида метавонад онро ба инобат нагирад, вале чунин амал дар оянда муҳити дурусти банақшагирии истеҳолотро ба миён меорад. Имрўз, дарвоқеъ, афзоиши захираҳо ва сатҳи даромади бонкҳоро аз рўи даромад ва хароҷотҳои корхонаҳои кишоварзӣ баҳо додан мумкин аст, зеро заминаи бунёдии фаъолият ва ҷараёни такрористеҳсол аз ҳисоби истеҳсоли маҳсулотҳои хоҷагии қишлоқ мебошад. Ташаккули механизмҳои ба ҳам баробари корхонаҳои кишоварзӣ ва истеҳсоли маҳсулотҳои кишоварзӣ воқеияти баробарарзишӣ дорад, зеро рушди соҳаҳоро бидуни вуҷуд надоштан ё ба қадри кофӣ рушд наёфта тасаввур кардан душвор аст. Имрўз, аз дигар нуқтаи назар, тамоили манфии нишондиҳандаҳо дар корхонаҳои кишоварзӣ аз ҳисоби дуруст рушд накардани истеҳсоли маҳсулотҳои хоҷагии қишлоқ мебошад. Ҷараёни такрористеҳсол дар корхонаҳои кишоварзӣ аз ҳисоби истеҳсолкунандагони маҳсулотҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои гуногунсоҳа таъмин карда мешавад. Барои ҳалли масъалаи мазкур то ҳадди имконпазир андешидани чораҳои зарурӣ мувофиқи мақсад мебошад:

- сохтани корхонаҳои коркард ва ба маҳсулоти тайёр омода намудани маҳсулотҳои истеҳсолшудаи соҳаи кишоварзӣ;

- вобаста кардани истеҳсолкунандагони маҳсулотҳои кишоварзӣ ба корхонаҳои алоҳидаи коркарди онҳо;

- дарёфти имкониятҳои самараноки ҳамкории тиҷоратӣ ба таври доимӣ дар дохил ва хориҷи кишвар;

- риоя намудани меъёрҳои агротехникии коркард ва истеҳсоли маҳсулотҳои соҳа.

Аз тарафи бонкҳои тиҷоратӣ фароҳам овардани шароит барои додани қарзҳои имтиёзнок ба хоҷагии қишлоқ дар шароити имрўза ва ҳолати айнии фаъолияти бонкҳои тиҷоратӣ ҳамчун мушкилоти асосии бонкҳо ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ боқӣ мемонад. Дар пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок муаммоҳои зерин ҷой дорад:

  •  кўтоҳ будани муҳлати захираҳои қарзӣ;

  • зиёд будани ҳиссаи воситаҳои ҷалбкардашуда аз захираҳои худӣ;

  •  ба ҳам мувофиқ наомадани вақти додани қарз ва муҳлати

    баргардонидани он.

Барои ташкили замина ҷиҳати ҷорӣ кардани имтиёз дар раванди қарздиҳӣ ва додану истифода бурдани қарз андешидани чораҳои зерин мувофиқи мақсад мебошад:

- ташаккули механизми мутамарказ дар додани қарз аз тарафи давлату бонкҳо ба истеҳсолкунандагони маҳсулотҳои кишоварзӣ;

- пурзўр кардани низоми самараноки истифодаи имкониятҳои истеҳсолӣ дар раванди истифодаи қарз;

- пайдо намудани манбаъҳои имконпазири истифодаи маҳсулоти истеҳсолшуда бо роҳи бастани қарордодҳои нисбатан муҳлаташон дароз;

- васеъ кардани ҳиссаи истеҳсолот бо роҳи дарёфти имкониятҳои самараноки фурўши маҳсулот.

Дар айни замон масъалаи таъсири самаранок ва ҳаматарафаи соҳа бо назардошти тамоми ниҳодҳои таъсиррасонанда, пеш аз ҳама, аз сиёсати давлат дар самти татбиқи ҳадафҳои самараноки рушди соҳа асос меёбад. Муваффақиятҳои рушди соҳаи кишоварзӣ дар давлатҳои тараққикарда аз таъсири бевоситаи давлат вобастагӣ дорад. Аз рўи таҷрибаи муваффақиятҳои соҳаи кишоварзӣ дар давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон ба монанди ИМА, Фаронса, Германия ва амсоли инҳо таваҷҷуҳи махсуси давлат тавассути бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии махсусгардонидашуда, ки ҳадафи асосии онҳо танҳо додани қарз ва таъмини рушди соҳа мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҳол ягон ташкилоти қарзии махсусгардонидашуда вуҷуд надорад, ки дар асоси иқтидори қарзии худ рушди соҳаро таъмин карда тавонад ё бевосита ҳадафи асосии фаъолияташ дастгирии соҳа бошад. Аз ҳамин лиҳоз, бо сабаби зарурати рушди соҳа ин навбат дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26.12.2019) ҷиҳати таъсис додани бонки махсусгардонидашуда, ки бевосита самти фаъолиятро дастгирии бевоситаи бахши воқеии иқтисодиёти мамлакат ташкил медиҳад, чунин дастуру супоришҳои қатъӣ доданд: “Ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки барои дастгирии соҳибкории хурду миёна, махсусан, дар соҳаҳои истеҳсолӣ ва содироткунандагони ватанӣ ҷиҳати иҷрои вазифаҳои Фонди дастгирии соҳибкорӣ бонк таъсис диҳад. Ҳамзамон бо ин, зарур аст, ки барои фаъолияти самарабахши қарздиҳии ин бонк ҷудо кардани маблағ аз буҷети давлат ҳамасола зиёд карда шавад”. Баъди таъсиси чунин бонк имконияти рушд ва самаранокии фаъолияти истеҳсолии соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон имконпазир мегардад. Таъмини фаъолияти самаранок ва рушди соҳа бе таъсири ниҳодҳое, ки имконияти қарзию молиявӣ доранд, ғайриимкон аст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба шароити рушди соҳа имконияти васеи дастгирии молиявию қарзӣ вуҷуд дорад, ки дар нақша ба таври мушаххас баён карда шудааст.

Имкониятҳои васеи рушд ва самаранокии фаъолияти соҳаи хоҷагии қишлоқ аз дастгирии якҷояи тамоми бахшҳои давлатию ғайридавлатӣ фаъолияткунанда вобастагии зиёд дорад. Ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ дар бобати паст кардани сатҳи камбизоатӣ яке аз масъалаҳои асосист, зеро чуноне ки гуфта шуд, аҳолии аз ҳама камбизоат дар деҳот зиндагӣ мекунад. Ислоҳот ва зарурати рушди соҳаи кишоварзиро ҳанўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2001, ҳамчун масъалаи муҳимтарини ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва бо ин восита таъмини амнияти озуқавории кишвар, дар маркази диққати худ қарор дода буданд. Ба ақидаи мо, дарвоқеъ, масъалаи ислоҳот, рушд ва самаранокии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи истеҳсоли маҳсулотҳои кишоварзӣ ҳамчун омили асосии таъмини ҷараёни такрористеҳсол ва таъмини амнияти иқтисодии кишвар маҳсуб меёбад. Бо маром рушд додани соҳаи кишоварзиро наметавон бе дастгирии ҳаматарафаи ниҳодҳои молиявӣ ва давлат таъмин кард, зеро дастрасии соҳа ба захираҳои молиявӣ дар шароити имрўзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд мебошад. Маҳдуд будани захираҳои молиявӣ ё дастнорас будани имконияти қарзгирии соҳаи кишоварзӣ боиси он мегардад, ки таносуби рушди соҳа коҳиш ёфта, ҳавасмандии сармоягузорон кам гардад.

Ба қадри кофӣ мавҷуд набудани ҳуҷҷатҳои меъёрие, ки ҷанбаҳои ҳуқуқии танзим ва фаъолияти устувори соҳаро мушаххас мегардонанд, як қатор монеаҳои зеринро ба миён меоварад:

- Ба қадри кофӣ мушаххас набудани имкониятҳои қарзадокунии соҳаи кишоварзӣ;

- Мухолифат кардани қисме аз ҳуҷҷатҳои соҳа ба принсипҳои қарздиҳии бонкҳо ё ташкилотҳои қарзию молиявии қарздиҳанда;

- Ба ҳам мувофиқ наомадани вақти гирифтани қарзу истеҳсолот ва коркарди маҳсулоти соҳа;

- Пурра набудани ҳуҷҷатҳои муҳосиботӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои ба фаъолияти молиявии соҳаи кишоварзӣ алоқаманд.

Санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ қисмати асосии заминаи фаъолияти соҳаи хоҷагии қишлоқ ба ҳисоб рафта, ҷараёни минбаъдаи бехатарии бозпасгардонии қарзҳоро ба ташкилоти қарздиҳанда таъмин менамоянд. Мушаххасоти ҷараёни бевоситаи фаъолияти соҳа ба санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ вобастагии зиёд дорад, зеро заминаи бунёдии рушди соҳаро бо назардошти тамоми меъёрҳои ба фаъолияти он вобаста, аз рўи санадҳои меъёрию ҳуқуқии он баҳо медиҳанд. Имрўз, бар замми қабул намудани як қатор қонуну дастурамалҳои соҳавӣ, ҳамоно муаммо дар ҷараёни ҳуҷҷатгузории дохилӣ боқӣ мемонад. Новобаста аз ин, дар соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти тамоми мушкилоти дар соҳа ҷойдошта, бонкҳои тиҷоратӣ яке аз ниҳодҳои фаъол ва қарздиҳандагони асосӣ ба ҳисоб мераванд. Рушди соҳаҳои мухталифи кишоварзӣ, ба монанди мурғпарварӣ, заргўшпарварӣ, занбўри асалпарварӣ ва ғайра донишу малакаи хоссаро талаб мекунад. Бинобар ин, зарур аст, ки барои ҳар як самти соҳа вобаста ба хусусиятҳои он барномаи ба талаботи замон ҷавобгў омода ва иҷрои саривақтии он пайгирӣ карда шавад.

Имрўз дар низоми бонкии кишвар 18 бонк бо назардошти як бонки давлатӣ амал мекунанд, ки аз ин миқдор 1 бонки давлатӣ ва 8 бонки тиҷоратӣ ба соҳаи кишоварзӣ қарз медиҳанд. Ҳаҷми қарзҳои додашудаи бонкҳои тиҷоратӣ ба соҳаи кишоварзӣ дар соли 2008 2148578 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки ин нишондиҳанда дар соли 2018 ба 770 776 ҳазор сомонӣ баробар гардида, дар муқоиса бо соли 2008 ба миқдори 1377802 сомонӣ ё 1,5% кам гардидааст, ки ин ба рушди соҳа ҳамчун масъалаи нигаронкунанда боқӣ мемонад. Дар баробари бонкҳои тиҷоратӣ ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ вобаста ба талаботҳои шароити имрўзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти мувофиқ дошта, аз рўи захираҳо ва имкониятиҳои мавҷуда ба фаъолияти хоҷагии қишлок пайвастагии наздик доранд. Дар низоми бонкии кишвар 22 адад ташкилотҳои амонатии қарзии хурд, 6 адад ташкилотҳои қарзии хурд, 30 адад фондҳои қарзии хурд амал мекунанд, ки кисми зиёди ин ташкилотҳо ба соҳаи кишоварзӣ қарз намедиҳанд. Аз 58 адад ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ 5 адади он ба соҳаи кишоварзӣ қарз медиҳанд, ки ин ба қадри кофӣ рушд ва самаранокии фаъолияти соҳаро таъмин карда наметавонад. Аз ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ бошад, танҳо ҳиссаи ширкатҳои лизингӣ ва фонди дастгирии соҳибкорӣ дида мешавад, ки дар маҷмўи умумии қарзҳои додашуда ҳиссаи кам дорад. Аз ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ 6 адади онҳо ба соҳаҳои кишоварзӣ қарз медиҳанд. Давлат вобаста ба салоҳиятҳои умумибашарии худ яке аз институтҳои фаъоли рушди самтҳои афзалиятноки ҷамъиятӣ дар доираи сиёсати худ мебошад. Масъалаҳои татбиқ ва рушди тамоми соҳаҳои мухталифи иқтисодию ғайрииқтисодиро бе таъсири ҳаматарафаи давлат вусъат додан ғайриимкон аст. Аз давраи аввали соҳибистиқлолӣ масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ бо ғизои хушсифат ҳамчун ҳадафи олии кишвар маҳсуб меёфт, аз ин лиҳоз, ба соҳаи кишоварзӣ диққати аввалиндараҷа дода мешуд. Ҷиҳати дастгирӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ то ба имрўз 9 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи беш аз як миллиард сомонӣ амалӣ гардида, танҳо дар 5 соли охир аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳо бо дарназардошти қарзҳои имтиёзноки додашуда 2 миллиарду 340 миллион сомонӣ маблағҳо равона шудаанд. Бахши давлатӣ дар рушди соҳаи кишоварзӣ бо додани қарзҳои имтиёзноку дарёфти сармояи хориҷии лоиҳавӣ мавқеи назаррас дорад. Институтҳои молиявии байналхалқӣ бахши фаъоли дастгирӣ дар рушди соҳаи кишоварзӣ буда, дар замони соҳибистиқлолӣ зиёда аз 5 миллиард сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст.

Саҳми институтҳои молиявии байналхалқӣ дар рушди соҳа назаррас буда, то имрўз дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Тоҷикистон ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ се баробар зиёд гардид, яъне аз 7,4 миллиард сомонии соли 2000 ба 21,3 миллиард сомонӣ дар соли 2018 расонида шуда, содироти маҳсулоти соҳа мунтазам афзоиш ёфта истодааст. Дар самти кишоварзӣ ва обёрии замин 35 лоиҳа ба маблағи умумии 5,4 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст. Ҷиҳати татбиқ, самаранокӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ ҳадафи чоруми стратегии кишвар - саноатикунонии босуръати кишвар, ки фарогири масъалаҳои ҷалби сармояи мустақим, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва ташкили ҷойҳои корӣ вусъат бахшида истодааст. Мавҷуд набудани баъзе намудҳои ашёи хом дар дохили кишвар барои истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ масъалаи ҳалталаб мебошад. Вобаста ба ин, дар назар дошта шудааст, ки ашёи хоми барои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ воридшаванда, ба истиснои ашёи хоми дар Тоҷикистон истеҳсолшаванда ва молҳои зераксизӣ, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шавад ва тартиби татбиқи имтиёзҳо муайян шавад. Самаранокии истеҳсоли маҳсулотҳои кишоварзӣ вобастагии зиёд дорад ба корхонаҳои коркарди маҳсулотҳои кишоварзӣ ва пешниҳоди қарзҳои имтиёзноке, ки имконияти истеҳсолот ва пай дар пайи он, инчунин аз як замин то 4 ҳосил рўёнидан. Ба ташаккули раванди самаранокии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ норасоии як қатор масъалаҳои ҳалталаб таъсири манфӣ мерасонад:

- ба қадри кофӣ набудани корхонаҳои саноатии коркарди маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ;

- набудани шароити нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ барои таъминоти пайдарпайии талаботи бозор;

- нарасидани захираҳои пулӣ ҷиҳати таъмини истифодаи имкониятҳои истеҳсолӣ;

- мувофиқ наомадани мухлат ва фоизи қарзҳои пешниҳодшаванда;

- ба таври доимӣ тағйир ёфтани индекси нархҳои маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ бо таъсири омилҳои ғайриқобили пешбинӣ.

Аз рўи шароити воқеии индекси нархҳои маҳсулотҳои соҳаи кишоварзӣ аз маҳсулоти тайёр то маҳсулоти коркарднашуда фарқи куллӣ дида мешавад. Ба қадри имкон коркард кардани маҳсулотҳои истеҳсолшуда имконияти то 20 маротиба боло бурдани арзиши онро ба миён меорад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2