АСОСҲОИ ИНСТИТУТСИОНАЛИИ РУШДИ ЗАХИРАҲОИ ҚАРЗӢ ДАР БОНКҲОИ ТИҶОРАТӢ
Дар шароити имрўза рушди захираҳои қарзӣ яке аз муаммоҳои низоми бонкӣ ба ҳисоб меравад. Дар бонкҳои тиҷоратӣ таҳлил ва арзёбӣ кардани сохтори захираҳои қарзӣ, асосҳои институтсионалии рушди захираҳои қарзии бонкҳои тиҷоратӣ ва таъсири он ба бахши воқеии иқтисодиёт зери таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон қарор дода шудаанд.
Дар низоми иқтисоди бозорӣ бонкҳои тиҷоратӣ ниҳодҳои муҳими молиявие ба ҳисоб мераванд, ки азнавтақсимкунии захираҳои қарзиро тавассути ҷалб намудани воситаҳои пулии муваққатан озод ва пасандозҳо бо истифодаи минбаъдаи онҳо барои қонеъгардонии эҳтиёҷоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ амалӣ месозанд. Бояд тазаккур дод, ки раванди бонизоми рушди иқтисодиёти миллӣ, алалхусус бахши воқеии иқтисодиёт бар дўши бонкҳои тиҷоратӣ ва ташкилотҳои қарзӣ вогузошта шудааст. Дар айни замон, барои гузаронидани амалиёти ташкилотҳои қарзӣ бояд иқтидори захиравии онҳо баланд бардошта шавад.
Бояд қайд намоем, ки бонкҳои тиҷоратӣ объекти хеле мураккаби иқтисодӣ ба ҳисоб мераванд, ки як қатор муаммоҳои муосири ба ҳамдигар алоқамандро дар бар мегиранд. Дар навбати худ, комплекси мазкур дар худ як қатор омилҳои тағйирёбандаро низ доро мебошад, ки он мустақиман ба ҷараёни истифодабарии захираҳои қарзии бонк таъсир мерасонад. Бинобар ин, таҳлили омилҳои дохилӣ ва беруна дар алоҳидагӣ ва дар алоқамандӣ бо ҳам ба натиҷаҳои фаъолияти бонкҳои тиҷоратӣ таъсири манфӣ низ мерасонад. Инчунин, ба инобат гирифта шудааст, ки таъсири манфӣ яке аз омилҳоест, ки таъсири мусбати дигареро коҳиш медиҳад.
Омилҳои дохилие, ки ба ташкилёбии базаи захиравии ташкилоти қарзӣ таъсир мерасонанд, хусусияти инфиродиро дошта, мустақиман аз фаъолияти он вобаста мебошад ва аз ҷониби бонки тиҷоратӣ танзим мегардад, ки дар навбати худ тағйирёбанда ва динамикӣ ба ҳисоб мераванд. Дар ҷараёни гузаронидани амалиёти бонкӣ афзоиш додани захираҳои қарзӣ омилҳои молиявӣ-иқтисодӣ (ҳаҷм ва сохтори воситаҳои худӣ; бузургии даромадҳо ва фоида; сохтор ва сарчашмаҳои воридшавии воситаҳо), омилҳои ташкилнамоӣ (стратегияи кулли бонк; сатҳи менеҷменти молиявӣ ва тахассусмандии ҳайати бонкӣ) ва омилҳои технологӣ (коркард ва ҷорисозии маҳсулот ва хизматрасониҳои бонкӣ) ба инобат гирифта мешаванд. Дар ин ҳолат татбиқи сиёсати ҷалби амонатии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии бонк самаранок мегардад.
Татбиқи ҷалби сиёсати амонатӣ ва пасандози илман асоснок барои ташкилотҳои қарзӣ дар самти афзун гардонидани захираҳои қарзӣ заминаи воқеиро фароҳам оварда, дар ин раванд, самтҳои асосию воқеии он такмил меёбад. Барои таҳия ва татбиқ намудани сиёсати амонатии муносиби бонкҳои ватанӣ сандуқи амонатии бонкҳои тиҷоратӣ бо дарназардошти гирифтани даромади максималии имконпазир аз ҳисоби амалисозии амалиёти фаъол ва сармоягузориҳои дарозмуддат бояд ташкил карда шавад. Мувофиқи маълумотҳои омори бонкӣ дар низоми бонкии Тоҷикистон сандуқи амонатӣ ба ҳолати моҳи декабри соли 2018 ба 9,7 млрд. сомонӣ баробар буд, ки аз инҳо 56%-аш амонатҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 44%- аш амонатҳои шахсони воқеӣ мебошанд. Ҳаҷми амонатҳо нисбат ба соли 2017 дар доираи 5,0 фоиз зиёд мебошад. Ҳаҷми бақияи пасандозҳо бо пули миллӣ 15,1 фоиз афзоиш ва бо асъори хориҷӣ бошад, 3,6 фоиз коҳиш ёфт. Ҳиссаи онҳо дар таркиби бақияи умумии пасандозҳо бо пули миллӣ 49,0 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 51,0 фоизро ташкил медиҳад (дар соли 2017 мутаносибан 44,6 фоиз ва 55,4 фоиз буд), ки нишондиҳандаҳои мазкур аз тадриҷан паст шудани сатҳи долларикунонии иқтисодиёт шаҳодат медиҳанд.
Бонкҳое, ки уҳдадориҳои нисбатан дарозмуддат ва муътадил доранд, дар бозор соҳиби рақобатпазирии афзалиятнок мебошанд, чунки онҳо дорои интихоби озод, теъдоди зиёди намуд ва муҳлати амалиётҳои фаъол мебошанд. Мувофиқи назарияҳои овардашуда сабади амонатии ташкилоти қарзӣ бояд соҳиби арзиши минималӣ буда, сатҳи кофии бозоргириро дар дурнамои дарозмуддат таъмин созад. Аз ин рў, афзоиши сабади ҷалбкардашудаи дорои меъёрҳои мавҷуда, муътадилнокӣ ва арзиш барои ҳамаи бонкҳои тиҷоратӣ муҳиммияти худро гум накардааст.
Бояд иброз дошт, ки баҳогузории иқтидори молиявӣ унсури зарурии коркарди стратегияи фаъолияти бонк дар қисми таҳия ва татбиқи сиёсати амонатӣ мебошад. Бояд қайд намуд, ки иқтидори молиявии низоми бонкӣ дар даҳ соли охир мусбат тағйир ёфта, дар солҳои охир коҳиш ёфт. Ин муносибат барои афзоишёбии мунтазами даромадҳои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузор аст.
Мувофиқи таҳлили маълумотҳои омории солҳои 2012-2017 дороиҳои ташкилотҳои қарзӣ ба андозаи 2,3 маротиба ва сармояи онҳо беш аз 3 маротиба афзуда, дар моҳи январи соли 2018 он ба 20,9 млрд. сомонӣ ва 5,7 млрд. сомонӣ баробар гардид. Уҳдадориҳои ташкилотҳои қарзӣ бошад, дар моҳи декабри соли 2017 ба маблағи 15,2 млрд. сомонӣ баробар гардида, дар муқоиса бо соли 2012 2,1 маротиба зиёд гардидааст.
Бояд иброз дошт, ки моҳи декабри соли 2017 ҳиссаи дороиҳои низоми бонкии мамлакат нисбат ба маҷмўи маҳсулоти дохилӣ (ММД) 34,3 фоизро ташкил дод, вале дар ин давра ҳаҷми қарзҳои додашудаи низоми бонкӣ нисбат ба маҷмўи маҳсулоти дохилӣ коҳиш ёфтааст. Сабабҳои камшавии нишондиҳандаи мазкур ин таъсири буҳронҳои пай дар пайи молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ба вазъи молиявии ташкилотҳои қарзии кишвар мебошад.
Таҳлили динамикаи тағйирёбии вазъи фаъолияти бонкҳои тиҷоратӣ аз тамоюли рушди соҳаи бонкӣ шаҳодат медиҳад. Дар солҳои охир на ҳама ташкилотҳои қарзии ватанӣ тавонистанд аз оқибатҳои буҳрони молиявии ҷаҳонии соли 2008 дороиҳои худро дар сатҳи устувор нигоҳ доранд. Вале ташкилотҳои қарзӣ, ки идоракунии дурусти захираҳои қарзии худро ба роҳ монда буданд, дар бозори байнибонкӣ мавқеи худро пайдо кардаанд. Дар маҷмўъ, солҳои 2012-2017 тамоюли мусбии рушди соҳаи бонкӣ дар самти афзоишёбии фоида, воситаҳои худӣ ва ҷалбгардида назаррас гардид. Устувории нишондиҳандаҳои фаъолияти бонкҳои тиҷоратӣ оқибати рушди иҷтимоӣ-иқтисодии ҷумҳурӣ, босуботии фазои иқтисодии фаъолияти бонкҳо, вазъи молиявии мизоҷон, рушди даромадҳои аҳолӣ ва стратегияи рушди як қатор бонкҳои тиҷоратӣ ба ҳисоб меравад.
Натиҷаи таҳлил ва нишондиҳандаҳои овардашуда муайян гардид, ки дар солҳои 2012-2017 ҳаҷми маблағгузории қарзӣ дар кишвар 58,8%, аз ҷумла қарзи ташкилотҳои қарзӣ 60,5% афзудааст, ки ба он бевосита афзоиши амонатҳо дар низоми бонкӣ ба 88,4% ва умуман, афзоиши маҷмўи маҳсулоти дохилӣ таъсирбахш аст. Дар ҳолате ки захираҳои истифодашудаи ташкилотҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2012 ба 5 421,3 мнл. сомонӣ (нисбати ММД 15%) ва дар соли 2017 он ба 8608,1 млн. сомонӣ (нисбати ММД 14%) зиёд шуд, аммо ҳиссаи он дар маҷмўи маҳсулоти дохилӣ 1 фоизӣ коҳиш ёфт, ки ин нишонаи паст шудани самаранокии истифодаи маблағҳои қарзӣ дар низоми бонкии кишвар ба ҳисоб меравад.
Дар раванди истифодабарии захираҳои қарзии низоми бонкӣ нақши асосиро ҷалби амонатҳои (пасандозҳои) шахсони воқеию ҳуқуқӣ мебозанд. Ҷалби амонатҳо дар низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2012 ба 4 927,2 млн. сомонӣ (нисбати ММД 13,6%) ва дар соли 2017 ин нишондиҳанда ба 9 283,5 млн. сомонӣ (нисбати ММД 15,2%), ё ин ки 1,8 маротиба зиёд гардид. Яке аз сабабҳои зиёд гардидани амонатҳо дар низоми бонкӣ соли 2017 дар афзоиши даромади воқеии аҳолӣ ва дигар субъектони хоҷагидорӣ дида шудааст. Инчунин, ҳиссаи амонатҳо нисбати маҷмўи маҳсулоти дохилии кишвар соли 2017 назар ба соли 2012 1,6 фоизӣ зиёд гардида, бо сабаби захираҳои кўтоҳмуҳлат будани бештари онҳо ба сифати воситаи қарзӣ истифода нашудаанд.
Маблағгузории қарзии бонкҳои тиҷоратӣ дар Тоҷикистон ҳиссаи нисбатан зиёдро қарзҳои кўтоҳмуддати бо сомонӣ додашуда ишғол менамояд, ки дар таркиби қарзҳои додашуда таносуби қарзҳои кўтоҳмуддат соли 2017-ум 60% ва қарзҳои дарозмуҳлат 40% мебошад. Дар соли 2012 ин таносуб байни қарзҳои кўтоҳмуддат 72% ва қарзҳои дарозмуҳлат ба 28% баробар буд. Қайд карда мешавад, ки ҳаҷми қарзҳои дарозмуҳлат бо асъори миллӣ дар байни солҳои 2012-2017-ум 2,3 маротиба афзоиш ёфтааст, ҳиссаи он дар маҷмўи маҳсулоти дохилӣ ҳамагӣ аз 1,7% соли 2012 ба 2,4% дар соли 2017 расидааст.
Дар шароити имрўза сабаби кам будани ҳаҷми қарзҳои дарозмуддат дар бонкҳои тиҷоратӣ, огоҳ набудани омўзиши назарияҳои менеҷменти молиявӣ, маркетинги молиявӣ, сатҳи пасти маърифати молиявии дохилию берунаи бонкҳои тиҷоратӣ ва набудани ҳавасмандӣ нисбати мизоҷон шуда метавонад. Инчунин, бонкҳои тиҷоратӣ аз ҳисоби амалиёти фаъоли кўтоҳмуддат даромади нисбатан зиёд гирифта, гардиши ҳама намуди амалиёт якранг амалӣ карда намешаванд. Ҳамзамон, меъёри миёнавазни фоизи бонкӣ (28%) имкон намедиҳад, ки корхонаҳо бо мақсади истеҳсолӣ қарзи гарони дарозмуҳлатро гиранд.
Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади мусоидат намудан ба рушди устувори иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар ҷараёни авҷи буҳрони молиявии ҷаҳонӣ, ҷиҳати таъмин намудани самаранокии сиёсати монетарӣ, нигоҳ доштани сатҳи муътадили нархҳо ва суботи молиявии захираҳои қарзии бонкӣ равона менамояд.
Қайд карда мешавад, ки новобаста аз тадбирҳои андешидашудаи Бонки миллии Тоҷикистон, дар натиҷаи таъсири омилҳои дохилию берунӣ дар солҳои 2017-2018 тағйирёбӣ дар қурби сомонӣ ба назар расид. Соли 2018 қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА 1,3 фоиз (дар соли 2017 – 1,6 фоиз) коҳиш ёфт. Бояд қайд намоем, ки қурби расмии асъори миллӣ нисбат бо доллари ИМА аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон дар нуқтаҳои хизматрасониҳои бонкӣ назорат бурда мешавад. Овозаҳои зиёд нисбати болоравии қурби расмии асъори миллӣ дар бозори сиёҳ ба назар мерасад, аммо ин ягон далели кофӣ надорад.
Дар ташкилотҳои қарзӣ коҳишёбии қурби сомонӣ, ин зиёд шудани ҳаҷми пул дар иқтисодиёт, дархостҳои асъории корхонаву муассисаҳо ва лоиҳаҳои муҳими давлатӣ, хизматрасонии қарзҳои беруна, талабот ба доллари нақди ИМА ва кам шудани ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ ба иқтисодиёт таъсир мерасонад. Ҳамзамон, қайд карда мешавад, ки фаъолияти бозори ғайрирасмии асъор ва зиёд будани гардиши пул берун аз низоми бонкӣ имкон намедиҳад, ки сиёсати танзимкунӣ самаранок гардад. Чунин ҳолат ба ҳайси яке аз омили муайянкунандаи сабади пасандозии ташкилоти қарзӣ ва муътадилнокии он низ баромад мекунад.
Барои баҳогузории сохтори воситаҳои ҷалбкардашуда сохтори умумии уҳдадориҳои бонкӣ ва вазни қиёсии онҳо муайян карда шудааст. Ҳамзамон, таҳлили вазъи қарздиҳии хурд ба соҳаҳои истеҳсолии кишвар, ҳолати дастгирии бевоситаи мизоҷон, махсусан соҳибкорони хурду миёна гузаронида шудааст.
Дар соли 2018 дороиҳои Фонди дастгирии соҳибкорӣ 229 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2017 ба андозаи 4,6 фоиз зиёд мебошад.
Таҳлили сохтори воситаҳои ҷалбгардидаи бонкҳои тиҷоратии ҷумҳурӣ аз бартарӣ доштани пасандозҳои то дархостӣ шаҳодат медиҳад, ки онҳо пеш аз ҳама, воситаҳо дар суратҳисобҳои ҳисобӣ ва ҷории мизоҷон мебошанд. Аз нуқтаи назари даромаднокии бонк, устуворнокӣ ва боэътимодии худи захираҳо қобили қабул аст, вақте ки воситаҳо дар бонкҳои тиҷоратӣ дарозмуҳлат бошанд. Афзоиши саҳми пасандозҳои муҳлатнок дар маблағи умумии воситаҳои захирашавандаи бонкҳои тиҷоратӣ, новобаста ба коҳишёбии муваққатии даромади соф аз рўи фоизҳо, тамоюли мусбӣ ба ҳисоб меравад. Аммо дар солҳои охир эътимоднокӣ ба низоми бонкӣ ба ҷалби амонатҳо таъсири бевосита расонида истодааст.
Инчунин, дар натиҷаҳои таҳлили сиёсати пасандозии бонкҳои ватанӣ муайян гардид, ки тамоюлҳои асосӣ дар сиёсати пасандозии ташкилотҳои қарзӣ, ба коҳишёбии ҳаҷми он дар дурнамо оварда мерасонад. Новобаста аз ҳаҷми ҷалбнамоӣ пасандозҳо дар ташкилотҳои қарзии ватанӣ гуногун аст, дар сохтори уҳдадориҳои ҳамаи онҳо воситаҳои ҷалбгардидаи худӣ бартарӣ доранд. Қайд кардан бамаврид аст, ки чунин ҳолат сатҳи хавфи бонкиро зиёд мегардонад ва таҷрибаи бонкҳои муфлисшуда низ аз ин гувоҳӣ медиҳад. Қарзҳои бонкӣ ба шахсони алоқаманд бояд дар таҷрибаи бонкдории кишвар бартараф карда шаванд.
Хусусияти дигари фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ дар самти афзоиш додани захираҳои қарзӣ ин саҳми нисбатан ками онҳо дар ҷалби сармояи хориҷӣ мебошад. Дар баробари ин, субъектҳои иқтисодӣ бо сармояи хориҷӣ фаъолияткунанда дар Тоҷикистон таҷрибаи қарзгириро аз бонкҳои хориҷӣ васеъ истифода мебаранд. Дар ин ҳолат хусусияти духела дорад:
- пешниҳоди захираҳои қарзӣ нисбати талабот дар ҳолати хеле кам қарор дорад;
- таъсири фоизи нисбатан баланди ташкилотҳои қарзӣ нисбат ба асъори миллӣ ва ҳам хориҷӣ зоҳир мегардад.
Мувофиқи маълумотҳои оморӣ, сохтор ва динамикаи базаи захиравии бонкҳои тиҷоратӣ, дар умум, бо ҷараёнҳои гуногунсамт тавсиф карда мешавад. Маҳдуд будани манбаъҳои ҷалби воситаҳо (пасандозҳо) ва нисбат ба талаботи ҷорӣ кам будани воситаҳои ҷалбгардида ба рушди амалиёти бонкӣ монеа эҷод менамояд. Дар баробари ин, бонкҳои ватанӣ дар самти пешниҳоди намудҳои гуногуни хизматрасонӣ, баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ, барориши коғазҳои қиматнок ҳамчун воситаи иловагии ҷалби воситаҳои молиявӣ ва дигар самтҳо фаъолият наменамоянд. Ташкилотҳои қарзӣ усулҳои алтернативии ҷалби воситаҳоро истифода намебаранд, то ки ба талаботҳои мизоҷон ҷавобгў бошанд ва тавонанд ҳиссагузоронро ба ҳамкории дарозмуддат бо ташкилотҳои қарзӣ манфиатдор созанд.
Дар хулоса, ҳаминро қайд карданӣ ҳастем, ки бонкҳои ватанӣ бояд маҳсулоти инноватсиониро ба бозор пешниҳод намоянд ва хизматрасонии гуногунро дар таҷриба васеъ истифода баранд. Ҳамзамон, рушди институтсионалии захираҳои қарзӣ дар бонкҳои тиҷоратӣ аке аз муаммоҳои ҳаррўзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, аз тарафи Бонки милли Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешида истодааст.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё