РОҲБАРИ АНЪАНАВӢ ВА МЕНЕҶЕРИ МУОСИР: АЗ ИҚТИСОДИ НАҚШАВӢ ТО ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ
Ҳар як давраи таърихӣ вобаста ба сохтори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ шакли хоси идоракунӣ ва раҳбариро ба вуҷуд меорад. Тарзи фаъолияти роҳбар дар иқтисоди нақшавӣ аз тарзи кори менеҷер дар иқтисоди бозорӣ ба таври назаррас фарқ мекунад. Агар дар низоми иқтисоди нақшавӣ роҳбари корхона ё хоҷагӣ пеш аз ҳама барои иҷрои нақшаҳои аз боло муайяншуда масъул бошад, дар шароити иқтисоди бозорӣ аз ӯ қобилияти таҳлил, ташаббускорӣ, қабули қарорҳои мустақил, кор бо одамон ва мутобиқ шудан ба тағйироти бозор талаб карда мешавад.
Дар иқтисоди нақшавӣ образи асосии идоракунӣ раиси колхоз, директори совхоз ё роҳбари корхона буд. Самти фаъолияти ӯ асосан аз рӯйи нақшаҳои давлатӣ муайян карда мешуд. Дар иқтисоди бозорӣ бошад, мақоми менеҷер бештар ба талаботи бозор, рақобат, эҳтиёҷоти муштарӣ, самаранокии иқтисодӣ ва навоварӣ вобаста аст.
Аз ин рӯ, муқоисаи ин ду модели роҳбарӣ имкон медиҳад, ки мо беҳтар дарк намоем, ки барои идоракунии самараноки ташкилот дар шароити муосир кадом сифатҳо заруранд.
Роҳбари анъанавӣ: хусусият ва тарзи фаъолият
Роҳбари хоҷагии анъанавӣ, аз ҷумла раиси колхоз ё директори совхоз, пеш аз ҳама барои иҷрои нақшаи давлатӣ масъул буд. Самаранокии фаъолияти ӯ асосан бо иҷрои нишондиҳандаҳои аз боло муайяншуда арзёбӣ мешуд.
Дар чунин низом қарорҳои асосӣ бештар аз ҷониби мақомоти болоӣ қабул мешуданд. Ҳаҷми истеҳсолот, намуд ва миқдори маҳсулот, истифодаи захираҳо ва бисёр дигар масъалаҳо тибқи нақша муайян карда мешуданд. Аз ин рӯ, имконияти қабули қарорҳои мустақил ва тағйир додани самти фаъолият маҳдуд буд.
Яке аз хусусиятҳои чунин модели идоракунӣ афзалияти иҷрои нақша бар самаранокии иқтисодӣ буд. Барои роҳбар муҳим буд, ки нишондиҳандаҳои муайяншуда иҷро шаванд, ҳатто агар барои расидан ба онҳо хароҷоти зиёд лозим гардад.
Усули идоракунӣ низ бештар маъмурӣ ва фармонфармоёна буд. Интизом асосан тавассути назорат, дастур ва талаботи маъмурӣ таъмин карда мешуд. Дар чунин муҳит ташаббуси шахсӣ ва омодагӣ ба таҷрибаҳои нав на ҳамеша ҳавасманд карда мешуд.
Аз ин рӯ, роҳбар бештар мекӯшид, ки хатогӣ содир нашавад ва супоришҳои болоӣ пурра иҷро гарданд. Таваккал ва қабули қарорҳои ғайристандартӣ метавонист барои ӯ оқибатҳои манфӣ дошта бошад.
Менеҷери муосир ва муҳити нави идоракунӣ
Менеҷери муосир дар шароите фаъолият мекунад, ки бозор, рақобат ва муштарӣ ба натиҷаи фаъолияти ташкилот таъсири мустақим мерасонанд. Дар чунин муҳит танҳо иҷро намудани супориш кофӣ нест. Менеҷер бояд имкониятҳои навро пайдо карда, хавфҳоро арзёбӣ ва қарорҳои самаранок қабул намояд.
Яке аз хусусиятҳои муҳимми менеҷери муосир ҳадафгузорӣ ва ченкунии натиҷаҳо мебошад. Ҳадафҳо бояд мушаххас ва ченшаванда бошанд ва натиҷаи фаъолияти кормандон тавассути нишондиҳандаҳои дахлдор арзёбӣ гардад.
Менеҷери муосир инчунин қарорҳои худро то ҳадди имкон дар асоси маълумот қабул мекунад. Таҳлили фурӯш, омӯзиши бозор, рафтори муштариён, фаъолияти рақибон ва нишондиҳандаҳои молиявӣ ба ӯ имконият медиҳанд, ки ба ҷои тахмин қарорҳои асоснок қабул кунад.
Ҷанбаи дигари муҳим ваколатдиҳӣ мебошад. Менеҷери самаранок кӯшиш намекунад, ки ҳамаи масъалаҳоро танҳо худаш ҳал кунад. Ӯ вазифаҳоро тақсим намуда, ба кормандон салоҳияти зарурӣ медиҳад ва ҳамзамон масъулияти онҳоро муайян мекунад.
Дар идоракунии муосир низ муносибат ба кормандон тағйир ёфтааст. Ба ҷои тарс ва ҷазо бештар ҳавасмандкунӣ, мукофот, рушди касбӣ, омӯзиш ва имконияти пешрафти мансабӣ истифода мешаванд.
Технология низ ба воситаи муҳими идоракунӣ табдил ёфтааст. Системаҳои иттилоотӣ, таҳлили маълумот, автоматизатсияи равандҳо, савдои электронӣ ва воситаҳои рақамии муошират ба менеҷер имкон медиҳанд, ки қарорҳоро зудтар ва дақиқтар қабул кунад.
Як вазъият — ду тарзи идоракунӣ
Барои равшантар нишон додани фарқи ду модели роҳбарӣ як вазъияти одиро тасаввур мекунем.
Фурӯши як мағоза дар давоми се моҳ 30 фоиз коҳиш ёфт.
Роҳбари анъанавӣ эҳтимолан аввал кормандонро гунаҳкор мекунад:
«Кормандон хуб кор намекунанд. Назоратро сахттар мекунем. Касе вазифаашро иҷро накунад, ҷазо мегирад.»
Дар ин ҳолат диққати асосӣ ба назорат ва интизом равона мешавад. Аммо саволи муҳим — чаро фурӯш коҳиш ёфт? — метавонад беҷавоб монад.
Менеҷери муосир пеш аз қабули қарор аввал сабабро меомӯзад. Ӯ метавонад чунин амал кунад:
-
Маълумоти фурӯшро таҳлил кунад ва муайян намояд, ки кадом гурӯҳи маҳсулот бештар коҳиш ёфтааст.
-
Аз муштариён фикру мулоҳиза гирад.
-
Нархҳо ва пешниҳоди рақибонро муқоиса кунад.
-
Сифати хизматрасониро арзёбӣ намояд.
-
Бо кормандон масъалаи мавҷударо муҳокима кунад.
-
Якчанд роҳи ҳалли масъаларо пешниҳод ва натиҷаи онҳоро чен кунад.
Масалан, маълум мешавад, ки рақиби асосӣ хизматрасонии расонидани маҳсулот ба хонаҳоро оғоз кардааст. Дар ин ҳолат роҳи ҳалли масъала на ҷазо додани кормандон, балки мутобиқ кардани стратегия ба талаботи нави бозор мебошад.
Мағоза метавонад хизматрасонии расониданро роҳандозӣ кунад, фурӯши онлайнро фаъол созад, ассортиментро тағйир диҳад ва барои кормандони фурӯш низоми нави ҳавасмандкунӣ ҷорӣ намояд.
Ҳамин тавр, дар як вазъият роҳбари анъанавӣ метавонад пеш аз ҳама гунаҳкорро ҷӯяд, дар ҳоле ки менеҷери муосир кӯшиш мекунад сабаби мушкилотро пайдо кунад.
Мисол аз соҳаи кишоварзӣ
Ин фарқиятро дар соҳаи кишоварзӣ низ мушоҳида кардан мумкин аст.
Дар модели анъанавӣ хоҷагӣ пеш аз ҳама ба иҷрои нақшаи истеҳсолӣ нигаронида мешуд. Интихоби зироат ва ҳаҷми истеҳсолот метавонист бештар аз талаботи нақша вобаста бошад, на аз талаботи бозор.
Дар модели муосир хоҷагӣ пеш аз кишт бояд як қатор омилҳоро таҳлил намояд: талаботи бозор, иқлим, сифати хок, дастрасии об, хароҷоти истеҳсол, нархи эҳтимолии фурӯш ва имкониятҳои содирот.
Масалан, агар таҳлил нишон диҳад, ки парвариши бодом, лимӯ ё дигар маҳсулоти дорои талаботи баланди бозорӣ фоидаи бештар медиҳад, хоҷагӣ метавонад сохтори истеҳсолотро мувофиқи ин талабот тағйир диҳад.
Истифодаи обёрии қатрагӣ метавонад масрафи обро кам намуда, самаранокии истифодаи захираҳоро баланд бардорад. Шартномаҳои пешакӣ бо харидорон хавфи бозорро коҳиш медиҳанд. Фурӯши рақамӣ ва истифодаи платформаҳои интернетӣ низ метавонанд имкониятҳои нави бозорро фароҳам созанд.
Дар натиҷа, ду хоҷагӣ метавонанд дар як минтақа, бо иқлими монанд ва захираҳои қариб баробар фаъолият кунанд, вале аз сабаби фарқияти усули идоракунӣ натиҷаҳои хеле гуногун ба даст оранд.
Қабули қарор ва ташаббускорӣ
Яке аз фарқиятҳои асосии ду модели роҳбарӣ муносибат ба ташаббускорӣ мебошад.
Роҳбари анъанавӣ бештар интизори супориш ва дастури болоӣ аст. Қарори мустақил ва таваккали ғайриоддӣ метавонад барои ӯ хавфнок ба назар расад.
Менеҷери муосир бошад, бояд ташаббускор бошад. Ӯ на танҳо ба супориш ҷавоб медиҳад, балки худ имкониятро меҷӯяд, мушкилотро пешбинӣ мекунад ва барои ҳалли онҳо пешниҳодҳои нав ба миён мегузорад.
Албатта, ташаббускорӣ маънои қабули ҳар гуна таваккалро надорад. Менеҷери касбӣ таваккали асоснокмекунад: пеш аз қабули қарор маълумотро ҷамъ мекунад, эҳтимоли натиҷаҳои гуногунро арзёбӣ менамояд ва барои ҳолатҳои ғайричашмдошт нақшаи эҳтиётӣ дорад.
Роҳбари анъанавӣ бисёр вақт дар корҳои ҳаррӯза ва масъалаҳои оперативӣ иштирок мекунад. Ӯ метавонад ҳамзамон масъалаҳои таъминот, истеҳсолот, интизом ва назорати кормандонро ҳал кунад.
Менеҷери муосир бошад, бояд тавонад аз масъалаҳои майда болотар баромада, ба рушди умумии ташкилот назар кунад.
Ӯ бояд ба саволҳои зерин ҷавоб ҷӯяд:
-
Мо ба куҷо ҳаракат дорем?
-
Ҳадафи асосии ташкилот чист?
-
Муштарии мо кист?
-
Рақибони мо чӣ кор мекунанд?
-
Даромад ва хароҷот чӣ гуна тағйир меёбанд?
-
Кадом технология метавонад кори моро беҳтар кунад?
-
Кадом хавфҳо метавонанд ба фаъолияти мо таъсир расонанд?
Аз ин рӯ, вазифаи менеҷер танҳо назорат кардани корҳои ҳаррӯза нест. Ӯ бояд самти ҳаракати ташкилотро муайян кунад.
Муносибат бо коллектив
Фарқи дигар дар муносибат ба кормандон мебошад.
Дар модели фармонфармоёна роҳбар аксар вақт манбаи асосии қарор аст ва кормандон асосан иҷрокунандаи супоришҳо мебошанд.
Дар модели муосир корманд танҳо иҷрокунанда нест. Ӯ метавонад манбаи идея, дониш ва пешниҳод бошад. Менеҷер бояд чунин муҳитеро фароҳам оварад, ки корманд битавонад фикри худро баён кунад, хатои оқилона кунад ва аз таҷриба омӯзад.
Менеҷери хуб на танҳо супориш медиҳад, балки команда месозад.
Командаи қавӣ метавонад мушкилотро якҷоя таҳлил кунад, вариантҳои гуногуни ҳалли масъаларо пешниҳод намояд ва барои натиҷаи умумӣ масъулият эҳсос кунад.
Дониш ва рушди шахсӣ
Дар шароити тағйирёбандаи иқтисодӣ дониш барои роҳбар сармояи муҳим мебошад.
Менеҷере, ки солҳои зиёд бо усулҳои кӯҳна кор мекунад, вале намехоҳад дониши худро нав кунад, метавонад аз тағйироти бозор ақиб монад.
Менеҷери муосир бояд пайваста омӯзад: иқтисод, технология, маркетинг, молия, психологияи идоракунӣ ва дигар соҳаҳое, ки ба фаъолияти ӯ таъсир мерасонанд.
Аммо дониш танҳо дар гирифтани маълумоти нав маҳдуд намешавад. Муҳим аст, ки роҳбар тавонад маълумотро таҳлил, байни сабаб ва натиҷа фарқ гузорад ва донишро дар амал истифода барад.
Психологияи идоракунӣ
Идоракунӣ танҳо кор бо рақамҳо ва ҳуҷҷатҳо нест. Дар маркази ҳар як ташкилот инсон меистад.
Менеҷери муосир бояд хусусиятҳои одамонро дарк кунад, қобилияти шунидан дошта бошад, низоъҳоро идора кунад ва тавонад кормандонро ба ҳадафи умумӣ муттаҳид созад.
Роҳбаре, ки танҳо фармон доданро медонад, метавонад гурӯҳи иҷрокунандагон дошта бошад, аммо на ҳамеша метавонад командаи қавӣ созад.
Аз ин рӯ, малакаҳои муошират, шунидани фаъол, ҳалли низоъ, гуфтушунид ва рушди кормандон ба яке аз унсурҳои муҳими менеҷменти муосир табдил ёфтаанд.
Чӣ бояд аз роҳбари анъанавӣ нигоҳ дошта шавад?
Муқоисаи роҳбари анъанавӣ ва менеҷери муосир маънои онро надорад, ки ҳама хусусиятҳои модели гузашта бояд рад карда шаванд.
Баръакс, баъзе сифатҳои роҳбари анъанавӣ имрӯз низ арзишманданд.
Якум, масъулияти шахсӣ. Роҳбар бояд барои натиҷаи ниҳоии кори ташкилот масъулиятро ба дӯш гирад.
Дуюм, ҳузур дар ҷои кор. Роҳбар набояд танҳо аз паси мизи корӣ қарор қабул кунад. Ӯ бояд вазъияти воқеии истеҳсолот ва мушкилоти кормандонро бинад.
Сеюм, интизом. Делегатсия ва озодии кормандон набояд ба бесарусомонӣ оварда расонад. Озодӣ бояд бо масъулият ҳамроҳ бошад.
Аз ин рӯ, беҳтарин модели роҳбарӣ метавонад на пурра рад кардани таҷрибаи гузашта, балки пайвастани интизом ва масъулияти анъанавӣ бо таҳлил, ташаббускорӣ, технология ва муносибати инсонмеҳваронаи менеҷменти муосир бошад.
1. Муқоисаи тарзи қабули қарор ва ташаббускорӣ
-
Роҳбари хоҷагӣ: Қарорҳоро «аз боло» мунтазир мешавад, маҳдуд, беташаббус, аз таваккалӣ метарсад, барои назорат ё манъ намудан кӯшиш мекунад.
-
Менеҷери муосир: Фаъол, мустақил, кордон, ба тобеони худ озодии максималӣ медиҳад, таваккалии асоснокро қабул мекунад.
2. Муқоисаи вазифа ва майли корӣ
-
Роҳбари хоҷагӣ: Бештар дар нақши диспетчер, таъминотчӣ, муҳандис баромад мекунад; ба корҳои «техникӣ», қарорҳои тактикӣ ва амалҳо майл дорад.
-
Менеҷери муосир: Пеш аз ҳама, стратегияи қарорҳои масъалаҳои иқтисодӣ ва ҳуқуқиро кор карда мебарояд; тобеони худро тарбия мекунад; низоъҳоро ҳал мекунад; гуфтугузорҳоро мегузаронад.
3. Муқоисаи муносибат ба қувваи худ ва бегонагон
-
Роҳбари хоҷагӣ: Ғайриқиёсӣ мебошад, дар назди одамони бонуфуз эҳтиромона рафтор мекунад, ба бузургии роҳбарият боварӣ дорад.
-
Менеҷери муосир: Оқил аст, бо назари танқидӣ нигоҳ мекунад, дар навбати аввал ба қувваи худ умед дорад.
4. Муқоисаи фаъолият ва мақсади корӣ
-
Роҳбари хоҷагӣ: Ба стандарти дутарафаи фикркунӣ ва рафторӣ пайравӣ мекунад, расман супоришҳои болоро иҷро мекунад, лекин дар асл, барои худ ё дар ҳолати хуб барои коллективи худ кор мекунад.
-
Менеҷери муосир: Оид ба фикркунӣ ва рафтор якхела аст, пеш аз ҳама, барои дастрас намудани мақсадҳои умумӣ кӯшиш мекунад.
5. Муқоисаи тарзи кор бо коллектив ва қабули қарор
-
Роҳбари хоҷагӣ: Ҳамаи қарорҳоро шахсан худаш қабул мекунад, оид ба фикрҳои дигарон тоқатнопазир аст.
-
Менеҷери муосир: Командаи ҳамфикронеро, ки барои дар раванди гуфтугузор ва баҳсу мунозира коркарди қарори коллективӣ қодиранд, ташкил мекунад.
6. Муқоисаи сатҳи дониш ва рушди шахсӣ
-
Роҳбари хоҷагӣ: Дараҷаи дониш ва фазилати маҳдуд дорад, ҳақиқати иҳотакунандаро дуруст муайян ва хуб тасаввур карда наметавонад; хоҳиши азхуд намудани дониши навро надорад.
-
Менеҷери муосир: Серҳаракат аст, тарафдори фикрҳои нав, дониш ва ахборот мебошад, нисбати ҳаёт нуқтаи назари васеъ дорад.
7. Муқоисаи муносибат бо одамон ва психологиши идоракунӣ
-
Роҳбари хоҷагӣ: Оид ба масъалаҳои психологияи идоракунӣ, муносибатҳои инсонӣ қодир нест, аз шахсияти тобеони худ хабардор нест.
-
Менеҷери муосир: Бо одамон кор карда метавонад, онҳоро ҳамчун шахсият эътироф мекунад, омӯзгори хуб аст.
Хулоса
Фарқи асосии роҳбари анъанавӣ ва менеҷери муосирро метавон дар се мафҳум ҷамъбаст кард: манбаи қарор, муносибат бо одамон ва меъёри муваффақият.
Дар модели анъанавӣ қарор асосан аз боло меомад, роҳбар бештар ба иҷрои нақша ва нигоҳ доштани интизом нигаронида мешуд ва натиҷа бештар аз рӯйи ҳаҷми иҷрои супоришҳо арзёбӣ мегардид.
Дар модели муосир қарор бояд ба маълумот, таҳлил ва шароити бозор такя кунад. Менеҷер бояд бо коллектив ҳамкорӣ намояд, ташаббус нишон диҳад, масъулиятро тақсим кунад ва барои тағйироти бозор омода бошад. Муваффақият бошад, на танҳо бо ҳаҷми истеҳсол, балки бо самаранокӣ, фоидаоварӣ, сифати маҳсулот, қаноатмандии муштарӣ ва қобилияти рушди устувор чен карда мешавад.
Бо вуҷуди ин, менеҷери муосир набояд интизом, масъулият ва таҷрибаи амалии роҳбарони гузаштагонро сарфи назар кунад. Баръакс, роҳбари муваффақ метавонад беҳтарин сифатҳои ҳар ду давраро ба ҳам пайваст намояд: интизом бе фармонфармоӣ, масъулият бе тарс, ташаббус бе бесарусомонӣ ва навоварӣ бе аз даст додани таҷрибаи арзишманд.
Дар ниҳоят, менеҷери воқеан муваффақ на он касест, ки танҳо фармон доданро медонад, балки он касест, ки самтро муайян мекунад, одамонро муттаҳид месозад, қарорҳои асоснок қабул мекунад ва ташкилотро ба натиҷаи беҳтар мерасонад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё