КЕЙС - ВАЗЪИЯТ
Кейс-усул
Кристофер Лэнгделл, пешоҳанги таълим бо усули вазъӣ бизнес-кейссҳоро ба таври зерин таъриф медиҳад:
Усули кейсҳо (англ. Casemethod, кейс-метод, усули вазъиятҳои мушаххас, усули таҳлили вазъ) — техникаи таълим, ки зимни он тавсифи вазъиятҳои воқеии иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва бизнесӣ истифода бурда мешавад. Таълимгирандагон бояд вазъиятро таҳлил карда, моҳияти масъалаҳоро фаҳманд, ҳаллу фаслҳои имконпазирро пешниҳод кунанду беҳтаринашро интихоб намоянд. Кейсҳо ба маводи ҳақиқии воқеӣ асос ёфтаанд ё ба вазъияти воқеӣ наздик карда шудаанд.
Википедия
Лэнгделл К.
Бизнес-вазъият (кейс, вазъ) усули самараноки моделсозии вазъиятҳои идоравӣ мебошад. Масъалагузориҳои кейсҳо ба муаммоҳое, ки менеҷерҳои ояндаро дар ҳаёт бо онҳо дучор шудан рост меояд, наздик аст. Таҳлили вазъиятҳои мушаххас на танҳо барои муайяну таҳлил кардани масъалаи вазъӣ, балки барои ошноӣ бо роҳҳои зиёди ҳаллу фасли он имкон фароҳам месозад. Ҳамчунин дар рафти муҳокимаи вазъиятҳо ва мубоҳиса бо ҳамкорон менеҷерҳо малакаи муоширати самараноки байнишахсӣ ва гурӯҳӣ, қобилияти додани саволҳои дуруст, додани посухҳои асоснокро ҳосил мекунанд.
Усули кейсҳо ба менеҷерҳои оянда амал, қабули қарорҳои асоснокро меомӯзонад ва муҳимтар аз ҳама, яке аз сифатҳои ҳалкунандаи мудирон — тавони бар дӯш гирифтани масъулиятро барои қарори қабулнамуда инкишоф медиҳад.
Нақшаи усули бизнес-вазъиятҳо
-
Хондани варианти бизнес-вазъият;
-
Муайян кардани муаммо;
-
Таҳлили маълумот;
-
Тасҳеҳи муаммо;
-
Дарёфти альтернативаҳо;
-
Арзёбии альтернативаҳо;
-
Таҳияи нақшаи ҳалли муаммо;
-
Тайёр кардани ҳисоботи хаттӣ;
-
Муҳокима дар гурӯҳи хурд;
-
Ҷамъбаст кардани натиҷаҳо дар дарсхона.
Қадами 1. Хонед. Шарти муҳими ибтидоии таҳлили бомуваффақияти вазъияти бизнесӣ хондани бодиққати варианти пешниҳодгардида бо таваҷҷуҳ ба фаҳмиши амиқи моҳияти воқеа ва ҷудо кардани маълумоти асосӣ мебошад.
Қадами 2. Муаммоеро, ки оид ба он қарори идоракуниро қабул бояд намуд, муайян кунед. Муайян кардани муаммо бояд дар ҳисобот ба таври хаттӣ сабт карда шавад. Он бояд равшан, мухтасар, якмаъно бошад. Набояд беш аз ду муаммо муайян карда шавад, то ки таҳлил ва таҳияи барномаи амал мушкил нагардад. Агар якчанд муаммо ҷудо карда шаванд, онҳоро аз рӯи афзалияташон тақсим бояд кард.
Ҳангоми муайянкунии муаммо кӯшиш кунед худро ба ҷои менеҷери ин вазъият гузоред, ки бояд қарори мушаххаси идоравӣ қабул намояд.
Қадами 3. Маълумотро таҳлил кунед. Барои таҳлили маълумот шумо метавонед:
-
вазъияти мураккабро ба қисмҳо ҷудо карда, варианти содаи онро созед;
-
вазъиятро аз нигоҳҳои мухталиф баррасӣ намоед;
-
барои худ ба саволҳои мушаххаси «ин маълумот чӣ маъно дорад?»; «барои ин ширкат чӣ чиз асосист?»; «мақсади ин бизнес чист?» ҷавоб гӯед.
Таҳлил бояд бо иншои мухтасари хулосаҳои шумо (ҷавобҳо), ки дар асоси онҳо қарорро қабул мебояд кард, поён ёбад.
Қадами 4. Муамморо тасҳеҳ кунед. Эҳтимол, пас аз таҳлили ҳаматарафаи вазъияти бизнесӣ ба шумо тасҳеҳ намудани муаммои аввалан муқарраршуда лозим ояд.
Қадами 5. Альтернативаҳоро дарёфт намоед. Таҳлили пурраи вазъият таҳия ва баррасии маҷмӯи вариантҳои альтернативии барномаи амалҳоро талаб мекунад, ки менеҷер бояд аз онҳо беҳтаринашро интихоб намояд. Альтернативаҳо бояд аз якдигар фарқи аён дошта, аз 2-3-то зиёд набошанд.
Қадами 6. Альтернативаҳоро арзёбӣ кунед. Дар ин марҳила менеҷер бояд баъзе альтернативаҳоро рад карда, интихоби худро асоснок ва қарори ниҳоиро қабул намояд.
Қадами 7. Нақшаи ҳалли муамморо таҳия кунед. Нақша пайдарпайии муваққатан маҳдуди қадамҳои шартӣ бо суроғаи аниқи иҷрокунанда мебошад: кӣ чӣ кор мекунад?, чӣ тавр?, кай?, барои чӣ?, бо кадом тартиб?
Қадами 8. Ҳисобот тайёр кунед. Ҳисобот бояд равшан, мантиқӣ ва мураттабона бошад, зеро он рекламаи аёни муносибати Шумо ба кор аст. Ба тартиби қадамҳо аз рӯи афзалиятҳо дар татбиқи қарори Шумо диққати махсус диҳед.
Қадами 9. Муҳокима дар гурӯҳи хурд. Менеҷменти муосир раванди қабули қарори дастаҷамъона мебошад, ки он аз қарорҳои инфиродӣ самараноктар аст. Пас аз омодасозии ҳисобот муҳокимаи «ғайрирасмии» онҳо дар гурӯҳҳои хурди донишҷӯён (4–5 нафар) гузаронда, дар асоси он қарори якҷояи гурӯҳ бароварда мешавад.
Қадами 10. Ҷамъбасти натиҷаҳо дар дарсхона. Қадами ниҳоӣ муҳокимаи якҷояи вариантҳои ҳалли вазъият дар дарсхонаи умумӣ мебошад. Дар мубоҳиса услуби пешкаш намудани натиҷаҳои таҳлил, далелнокии қарори идоракунии пешниҳодшаванда, қобилияти бовар кунондан, шунидани шарикон ва баромади оммавӣ нақши калон мебозанд.
Ҳамин тавр, усули кейс – вазъият шакли самараноку фаъоли таълими менеҷерҳо тавассути амалия аз ҳар донишҷӯ масъулияту соҳибихтиёриро дар таҳияи ҳисоботи инфиродӣ, ташаббус ва фаъолиро ҳангоми баҳсҳо, тоқатпазир буданро нисбат ба андешаи дигарон ва ҳамкориро ҳангоми қабули қарорҳои самараноки идоракунӣ талаб мекунад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё