Тунел, нақб ё оҳун?
Чанд муддат аст, ки перомуни калимаҳои “тунел” ва “нақб” баҳс мешавад. Суоле ҳам матраҳ мешавад, ки чаро ҳамзабонони мо калимаи “нақб”-ро, ки дар забони форсӣ маълуму маъмул аст, ба ҷойи калимаи бегонаи “тунел” роиҷ накардаанд.
Шояд далели ин амр собит шудани ин калима дар забони форсӣ ва ҳамчунин бар мабнои он эҷод гардидани чандин истилоҳоти дигарест, ки бо вожаи “нақб” созгор кардани онҳо душвор бошад ва ҳамчунин барои “нақб” мавридҳои дигаре дар назар гирифта шуда бошад.
“Нақб” калимаи арабӣ ва “тунел” калимаи инглисии фаронсавиасос аст. Суоле пеш меояд, ки оё дар забони худи мо, яъне тоҷикӣ-форсӣ калимае вуҷуд дорад, ки ин мафҳумро ба тамому камол ифода кунад?
Ба шаҳодати фарҳангҳо ва осори бузургони забону адабиёт чунин вожа дар забони мо аз қадим мавҷуд буда, бар мабнои он калимаҳои дигар ҳам сохта шуда ва ба фаровонӣ истифода шудааст. Дар фарҳанги “Бурҳони қотеъ” ба ин маъно вожаи “ОҲУН” бо чунин шарҳ омадааст: “Оҳун бар вазни Қорун; рахна ва нақбро гӯянд”. Дар пайи он вожаи дигар – ОҲУНБАР бо чунин шарҳ омадааст: “Оҳунбар ба вазни қонунгар; нақбкан ва чоҳҷӯро гӯянд.”
Агар паймонаи “қонунгар” ин ҷо вуҷуд намедошт, кас гумон мекард, ки “оҳунбур” бошад. Дар луғатномаи “Деҳхудо”, вожаи “оҳун” шарҳ шуда, аз пайи он мисолҳои фаровоне аз матни классикӣ оварда шудааст:
“Маънии оҳун: рахна, роҳ ва маҷрое, ки зери замин кунанд (кананд?). Нақб. Сумҷ. Сумҷа:
Ҳури биҳиштӣ гараш бубинад, бешак,
Ҳуфра занад, то замин биёрад оҳун.
Дақиқӣ
Ба оҳун задан дар замин бошитоб
Сабуктар равандӣ зи моҳӣ дар об.
Асадӣ
Буни бора сартосар оҳун заданд,
Нигун бора бар рӯйи ҳомун заданд.
Асадӣ
Мангар сӯйи ҳарому ҷуз ҳақ машнав,
То набарад дузд сӯйи нақди ту оҳун.
Дона мар инро ба хӯшаҳо-дар хонаст,
Бех мар инро ба зери хок-дар оҳун.
Бар роҳи халқ суйи дигар олам
Яке работ ё яке оҳуне.
Носири Хусрав
Мардум ба рӯз дар чоҳҳо ва оҳунҳо ва корезҳои куҳан мегурехтанд (“Роҳату-с-судур”).”
Ҳамчунин ин калима ба маънии каҳф — ғор ва маъдан — кон омадааст. Аммо маънои асосиаш ҳамон нақб аст. Ин вожаи ноби тоҷикӣ-форсӣ шево, муҷаз ва дар корбурд бисёр муносиб буда, аз он мисли оҳунбар (нақбкан) боз истилоҳоти зиёди дигаррро ба осонӣ метавон ба вуҷуд овард: оҳунгар; оҳункор; оҳунсоз; оҳунсоза; оҳунбоб; оҳунабзор; оҳунмошин; оҳунроҳ; оҳунгард ва ғ.
Чун ин вожа дар матнҳои куҳани забони мо истифода доштааст, шоҳиди содиқи ин ҳақиқат мебошад, ки сохтани нақб (тунел) дар фарҳанги мо собиқаи дерин доштааст. Эҳё ва роиҷ кардани ин вожаи асили тоҷикӣ-форсӣ дар айни замон тасдиқи ҳамин ҳақиқат ҳам ҳаст.
Рустам ВАҲҲОБЗОДА
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё