ТАТБИҚИ ФАЪОЛИЯТИ ИННОВАТСИОНӢ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМӢ ДАР ЗАМОНИ МУОСИРТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМӢ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР
Ин даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моро — кормандони соҳаи маорифро — водор месозад, ки барои густариши равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ нақша-чорабиниҳои мушаххас таҳия намуда, корҳои арзандаро ба роҳ монем.
Истилоҳи «инноватсия», ки имрӯз бештар ҳамчун вожаи забони англисӣ шинохта мешавад, дар асл аз калимаи лотинии novatio — «навсозӣ» ё «дигаргунсозӣ» ва пешоянди in гирифта шудааст. Ба маънои таҳтуллафзӣ, инноватсия ба самти навсозӣ ва татбиқи дигаргуниҳои пешқадам равона шудааст.
Гарчанде мафҳуми «инноватсия» бори аввал дар таҳқиқоти илмии асри XIX ба назар расида бошад ҳам, он дар осори иқтисоддони австриягӣ Йозеф Шумпетер дар аввали асри XX мазмуни васеътар пайдо намуд. Ӯ инноватсияро ҳамчун омили муҳими рушди иқтисодӣ ва пешрафти ҷомеа арзёбӣ кардааст.
На ҳар гуна навоварӣ ё тағйиротро метавон инноватсия номид. Инноватсия он навоварие мебошад, ки сифату самаранокии фаъолияти мавҷударо ба таври назаррас беҳтар менамояд.
Дар соҳаи маориф инноватсия фаъолиятест, ки ба такмил ва навсозии шакл, усул ва воситаҳои таълим нигаронида шудааст. Муассисаи таълимие, ки ба ҷустуҷӯи роҳҳои нави таълиму тарбия ва татбиқи таҷрибаҳои пешқадам аҳамият намедиҳад, наметавонад ба талаботи замон ҷавобгӯ бошад.
Фарқи асосии муассисаҳои инноватсионии таълимӣ аз муассисаҳои анъанавӣ дар он аст, ки онҳо барои рушди ҳамаҷонибаи шахсият, ошкор намудани қобилиятҳо ва мутобиқшавии хонандагон ба шароити нави зиндагӣ ва фаъолияти касбӣ имкониятҳои бештар фароҳам меоранд.
Дар педагогика фаъолияти инноватсионӣ ҳамчун самти мақсадноки фаъолияти омӯзгор фаҳмида мешавад. Он ба омӯзиш, таҳлил ва татбиқи таҷрибаи пешқадами педагогӣ асос ёфтааст.
Сарчашмаҳои асосии рушди фаъолияти инноватсионӣ дар муассисаҳои таълимӣ инҳоянд:
-
фаъолияти эҷодкоронаи роҳбарон ва омӯзгорон;
-
пайдо ва паҳн гардидани таҷрибаи пешқадам дар муассисаҳои таълимӣ;
-
истифодаи самараноки ҳуҷҷатҳои меъёрӣ;
-
омӯзиш ва таҳлили талаботи истифодабарандагони хизматрасониҳои таҳсилотӣ;
-
ба назар гирифтани пешниҳодҳо ва талаботи коллективи педагогӣ.
Инноватсия дар фаъолияти педагогӣ пеш аз ҳама ҳамчун воситаи ҳалли мушкилоти таълим ва баланд бардоштани сифати таҳсилот баромад мекунад.
Баъзан чунин андеша вуҷуд дорад, ки фаъолияти инноватсионӣ танҳо барои литсейҳо, гимназияҳо ва коллеҷҳои муҷаҳҳаз мувофиқ аст. Аммо дар асл навовариро дар ҳама гуна муассисаи таълимӣ татбиқ кардан мумкин аст. Самтҳои асосии татбиқи он чунинанд:
-
мазмуни таҳсилот;
-
технологияҳои таълим;
-
шаклҳои ташкили таълим;
-
воситаҳои таълимӣ ва методӣ;
-
низоми идоракунӣ;
-
муносибати омӯзгор ва хонанда;
-
корҳои тарбиявӣ ва беруназсинфӣ.
Фаъолияти инноватсионӣ метавонад дар шаклҳои гуногун амалӣ гардад:
-
Нақшавӣ ва мақсаднок;
-
Ташаббускорона ва ғайринақшавӣ.
Асоси фаъолияти инноватсионӣ аз инҳо иборат аст:
-
ворид намудани тағйирот ба барномаҳо, стандартҳо ва китобҳои дарсӣ;
-
ҳамгироии таҷрибаҳои мавҷуда барои ба даст овардани сифати нав;
-
эҷод ва татбиқи усулҳои нави таълим, ки қаблан истифода намешуданд.
Дар низоми идоракунӣ низ инноватсия нақши муҳим дорад. Он метавонад тавассути фаъолияти иттиҳодияҳои методӣ, гурӯҳҳои эҷодӣ, таҳияи тавсияҳои методӣ, барномаҳои рушди муассиса ва дигар санадҳои таълимӣ амалӣ гардад.
Тавоноии инноватсионӣ хусусияти муҳими омӯзгор буда, дараҷаи эҷодкорӣ, ташаббускорӣ ва омодагии ӯро барои татбиқи навовариҳо нишон медиҳад.
Барои ташаккули чунин тавоноӣ зарур аст:
-
баланд бардоштани шавқи омӯзгор ба фаъолияти касбӣ;
-
ҷолиб ва муассир гардонидани раванди таълим;
-
қадршиносӣ ва дастгирии омӯзгорони фаъол;
-
фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди касбии омӯзгорон;
-
ҷалби мутахассисони ҷавон ва такмили ихтисоси кормандони соҳа.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид менамоянд, имрӯз дар соҳаи маорифи кишвар барномаҳои давлатӣ ва стратегияҳои муҳими рушд амалӣ мешаванд, ки ба такмили сифати таҳсилот, дастгирии омӯзгорон, таҳияи китобҳои дарсии насли нав ва рушди низоми таълиму тарбия мусоидат менамоянд.
Аз ин рӯ, рушди фаъолияти инноватсионӣ яке аз шартҳои асосии пешрафти соҳаи маориф буда, барои тарбияи насли соҳибмаърифат, рақобатпазир ва ҷавобгӯ ба талаботи ҷомеаи муосир аҳамияти бузург дорад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё