Зеҳн

ТАРБИЯИ ИНТИЗОМИ ИСТЕҲСОЛӢ ВА ВАЗИФАШИНОСӢ – ГАРАВИ ПЕШРАФТ ВА МАҲСУЛНОКИИ МЕҲНАТ

ЗЕ
Зеҳн13 сентябри 2026 · 21 дақиқа хондан

Тарбия, ки падидаи иҷтимоӣ, фарҳангӣ, психологӣ ва педагогӣ мебошад, барои рушди инсон ва умуман барои ташаккули ҳамаҷонибаи шахсият замина мегузорад. Тарбия баҳри тараққӣ ва пешрафти ҷомеа хизмат менамояд. Аз ин лиҳоз, тарбия ҳамчун фаъолияти махсус бояд бошуурона ва мақсаднок ба роҳ монда шавад.

Бояд гуфт, ки мақсад ва вазифаҳои тарбия дар ҳар давру замон тибқи талаботи инкишофи қувваҳои истеҳсолӣ ва муносибатҳои он роҳандозӣ мешавад.

Хусусияти хоси тарбия нисбат ба дигар омилҳои инкишофи шахсият дар он аст, ки тарбиятдиҳанда шуурона мақсади муайян мегузорад ва барои ноил шудан ба он саъю кўшиш намуда, воситаҳои амалӣ гардонидани мақсадро пайдо мекунад.

Вобаста ба ин дар тарбияи шаҳрвандӣ, ки унсурҳои таркибии он зиёда аз 30-то мебошанд, тарбияи интизоми истеҳсолӣ (дар баъзе маъхазҳо интизоми иҷронамоӣ омадааст) ва вазифашиносӣ яке аз ҷойҳои асосиро ишғол менамояд.

Ҳар кадом ҷузъҳои таркибии тарбияи миллӣ дар ташаккул ва рушди инсон ҳамчун шахсият нақши худро мегузорад ва аз ин тарбияи интизоми истеҳсолӣ (иҷронамоӣ) ва вазифашиносӣ истисно нест.

Ин ҷо мо тасмим гирифтем, ки назари хешро роҷеъ ба тарбияи интизоми истеҳсолӣ (иҷронамоӣ) ва вазифашиносӣ иброз намуда, хусусият, моҳият ва зарурату мубрамияти онро дар шароити муосир қадри имкон шарҳ диҳем.

Пеш аз ҳама, тарбияи интизоми истеҳсолӣ ва вазифашиносӣ омили пешрафт, сифати меҳнат ва истеҳсол, гарави маҳсулнокии меҳнат ва билохира, ноил шудан ба дастоварду комёбиҳо дар самти фаъолият маҳсуб меёбад, ки моҳияти он дар ҳамин таҷассум ёфтааст.

Барои он ки моҳияти масъалаи мавриди назар ба ҳамагон, бахусус ба мутахассисони ҷавон равшантар гардад, зарур донистем, ки аввалан мафҳуми интизомро, каме ҳам бошад, шарҳ диҳем. Дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» чунин маъноҳои ин вожаро дарёфтем: интизом (аз арабӣ) - тартиб ва низом, дуруст сохта шудан, ҷо ба ҷо будани корҳо, батартибӣ, ба тартиб даромадан.

Интизоми истеҳсолӣ ва вазифашиносӣ маънии интизоми иҷронамоиро ифода карда, мазмуну муҳтавои он иҷроиши сифатноку ботартиби супоришҳои нақшавӣ, дастурҳо, амру фармонҳо ва қарорҳоро дар муҳлати муайяншуда дарбар мегирад.

Таҷрибаи бисёрсолаи фаъолияти меҳнатӣ нишон медиҳад, ки баъзан талаботи низомномаҳо, дастурамалҳо, қонуну қарорҳо ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки иҷроишашон дар сатҳи зарурӣ бояд таъмин шавад, иҷронашуда мемонад.

Бояд гуфт, ки риоя нагардидани интизоми меҳнат, вайронкунии қоидаҳои тартиботи дохила, саркашӣ аз супоришу вазифа ва уҳдадориҳои базиммадошта ё худ сари вақт иҷро нагардидани қонуну қоидаҳо, амру супориш ва фармоишҳо аз ҷониби бархе аз мутахассисон дар ташкилоту муассиса ва корхонаҳо аз костагии тарбияи интизоми истеҳсолӣ ва вазифашиносӣ дарак медиҳад.

Ин аст, ки тарбияи интизоми истеҳсолӣ ва вазифашиносиро ҳамчун унсури муҳимми тарбияи шаҳрвандӣ дар барномаҳои тарбиявии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ ҷой додаву роҳандозии онро дар амалияи таълим ва тарбия зарур медонем. Ба он маъно, ки интизомнокӣ, масъулиятшиносӣ, уҳдабароӣ ва салоҳиятнокиро дар ниҳоди ҳар фарди ҷомеа аз кўдакӣ бояд ҷой дод ва ин сифатҳо ҳамчун одат, баъдан ба хислат (характер) даромада, тадриҷан ташаккул меёбанд. Ин гуфтаҳоро ақидаҳои педагогӣ низ тақвият медиҳанд: «Тарбияи интизоми истеҳсолӣ ва вазифашиносӣ дар шакли сода ҳанўз аз хурдсолӣ дар оила, муассисаҳои таълимии томактабӣ оғоз гашта, баъдан, аввал дар мактаб, сипас, зина ба зина дар рафти кор ва ҳаёти минбаъда инкишоф ёфта, идома меёбад».

Дар ин ниҳодҳои иҷтимоӣ - оила, муассисаҳои таълимӣ вақте ба фарзанд, толибилм вазифа ё супориш дода мешавад, ба сатҳу сифат, вақти иҷроиш, дараҷаи фаҳмиш ва ғайра эътибор дода, аз рўйи он назорати ҳамешагӣ бурдан шарти асосӣ ба шумор меравад. Онҳоро бо ҳамин тарзу шеваи корбарӣ ва талабот одат кунонида, донишу малака, маҳорат ва қобилияту салоҳиятнокиашонро бояд ташаккул дод.

Бо мақсади амиқу равшантар сохтани моҳият ва вижагиҳои махсуси тарбияи интизоми истеҳсолӣ ва вазифашиносӣ ва дарки он дар шуури шахс як қатор сифатҳоеро, ки хоси ҳамин тарбияанд, ишора менамоем. Аз ҷумла, масъулиятшиносӣ, ҷавобгарӣ, иҷрои саривақтии амру супоришҳо, рафтору муносибати поку бовиҷдонона, содиқона, софдилона, эҳтиром гузоштан ба худ, коллектив ва роҳбар, ба қадри вазифа расидан, боварӣ ба худ, муътақидӣ (принсипнокӣ), устуворӣ ва қатъият, тавоноӣ, уҳдабароӣ, арзиши вақт ва сарфаи он, дилгармӣ ба кор ин ҳама аломат ва сифатҳоеанд, ки тарбияи интизоми истеҳсолӣ ва вазифашиносӣ талаб менамояд ва дар ин замина баҳри ташаккул ёфтани шахсияти меҳнатқарини даврони муосир хизмат мерасонанд.

Инсон, ки давраи иҷтимоишавиро дар ҳар муҳиту шароит, аз ҷумла дар муҳити хонавода, муассисаи таълимӣ, дар хизмати ҳарбӣ (барои мардон), корхона ва ҷойҳои ҷамъиятӣ аз сар мегузаронад, бояд масъулиятшинос ба камол расад. Аз ин бармеояд, ки агар тарбияи интизоми истеҳсолӣ ва вазифашиносиро аз кўдакӣ, аз оила шурўъ намоем, ба ақидаи ин ҷониб, ба мақсад мувофиқтар аст. Зеро интизомнокӣ ва вазифашиносӣ аз ҳамин маншаъ мегирад. Дар натиҷа, қисми бештари афроди ҷомеаро ашхоси боинтизому вазифашинос фаро мегирад. Он гоҳ мо метавонем аз иҷрои супоришу вазифаҳои муҳим наҳаросида, бидуни баҳонапешоварӣ фаъолиятамонро дар ин ё он муассисиву ташкилот ва ё вазифаву корҳои ҷамъиятӣ дар сатҳи даркорӣ бо сарбаландӣ пеш барем. Ҳар қадаре ки ташкили кор беҳтар ба роҳ монда шавад, ҳамон қадар дараҷаи интизоми истеҳсолӣ ва иҷроиш, новобаста аз ҳаҷми кор, баланд мегардад. Дар ин баробар, дилхоҳ корхона низ ба комёбиву дастовардҳо ноил гашта, ҷомеа рушд кардаву пеш меравад. Дар робита ба ин гуфтаҳо моро лозим меояд, ки дар коргоҳамон бо вайронкунандагони интизоми иҷронамоӣ пайваста кор барем.

Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки ҷомеаи мутамаддину рушдкардаи мамлакатҳои пешрафта аз лиҳози фарҳанг, маориф, тиб, ҳамчунин дар самти истеҳсолот, аз ҷумла соҳаи саноат, нақлиёт, кишоварзӣ ва ғайра яқинан аз ҷавҳари тарбияи интизоми истеҳсолӣ ва вазифашиносӣ бархўрдор гаштаанду имрўз он ҳама пешрафту рў ба инкишоф оварданҳои ҳам худу ҳам зодбумашон маҳз ба ҳамин падида вобастагии қавӣ дорад. Ҳамзамон сифати истеҳсолот, дараҷаи болоравии маҳсулнокии меҳнат, умуман фаъолият бо дарки баланди масъулият он гуна роҳандозӣ гардидааст, ки маводи истеҳсолнамуда ва ба мизоҷ дастраскардаашон дар бозори истеъмолӣ муштариёни зиёд дорад. Ин гуна корбарӣ, бешубҳа, аз огаҳии комил доштан аз тарбияи интизоми истеҳсолӣ ва вазифашинос будани онҳо шаҳодат медиҳад. Мусаллам аст, ки агар мутахассис дар истеҳсолот фаъолият намуда, қонуну қоида, тартибу низом, талабот ва вазифаю уҳдадориҳои ба зимма доштаашро сари вақт, хушсифат, поквиҷдонона ва боинтизомона иҷро накунад, дигар ҳоҷат ба баёни талабот ва сифати молҳои истеҳсолкардаи он коргоҳ намемонад.

Меъёри асосии баҳогузории кори иҷрошударо асосан риояи муҳлат, иҷроиш, сифат ва ҳаҷми кор муайян менамояд. Мураттабӣ, муназзамӣ, покизакорӣ, дақиқназарӣ инҳо сифатҳоеанд, ки вазифашиносӣ ва интизоми иҷронамоиро нишон медиҳанд.

Бароҳмонии тарбияи интизоми истеҳсолӣ паҳлуҳои мусбии дигар ҳам дорад. Чунончи, масъулиятмандӣ ва иҷрои холисонаи супоришу уҳдадориҳои бардўшгирифта қадру манзалати шахсро дар назди коллективи меҳнатӣ ва ҷомеа зиёдатар мекунад. Дар баробари ин, корманди вазифашиносу интизомнок, бешубҳа, метавонад ба дигарон, алалхусус ба мутахассисони ҷавон намунаи ибрат шавад ва ҳамчун идеал ба вай пайравӣ кунанд. Дар он сурат, дар коргоҳ ҳам тартибу низом, дуруст бароҳмонии кор, ҷо ба ҷо будани вазифаҳо, ба тартиб даромадан, хуллас ҳама талабот риоя шуда, фаъолияти меҳнатӣ самарноктар мегардад. Шахс аз ин рўҳан болидахотир ва аз натиҷаи кори кардааш низ қаноатманд мегардад.

Акнун чанд андешаро дар бораи қисмати дигари тарбия, ки вазифашиносӣ унвон гирифтааст, баён менамоем. Азбаски ҳамин вожа мафҳумҳои «вазифа» ва «шинос»-ро дар бар мегирад, ҳоҷат ба тафсири маънии он намемонад.

Ба ҷуз он ки ба фаҳми вазифашиносӣ расидан кори ҳар як корманд дар корхона аст, ҳамзамон вазифашинос будану шартҳои онро риоя намудан ба ҳар фарди ҷомеа басо зарур аст. Дар муҳтавои ин тарбия, асосан, тарбияи вазифашиносии шахсони масъул, мансабдор ва тарбияи ашхоси роҳбарикунанда дар назар дошта мешавад. Ин мафҳумро метавон тарбияи хизматӣ ҳам ном бурд. Яъне, вобаста ба он ки корманд дар муассиса, корхона ва ягон ширкати ватанию хориҷӣ кору фаъолият мебарад, ҳамчунин баробари дар сари вазифа қарор доштан, ў бояд вазифашинос бошаду худро масъули вазифа ҳисобад. Талаботи низомнома ва дастурамали вазифавии кори худро хуб донад, дар асоси қонунҳои амалкунанда ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ корро дуруст ба роҳ монад. Масъулиятшиносӣ дар вазифа ва риояи интизоми меҳнат, интизоми иҷронамоӣ, риояи талаботи кодекси меҳнат ва қонунҳои амалкунанда, пеш аз ҳама, вазифашиносӣ ва маданиятнокиро дар корманд нишон дода, эътибору нуфузи ўро зиёдтар мегардонад. Дар чунин ҳолат, шахс фаъолияти сохтореро, ки ба уҳда дорад, бояд ҳамчун роҳбари вазифашинос дар сатҳи зарурӣ пеш барад. Дар ин кор интизом, виҷдони пок, дониши баланд, қобилият, фарҳанг, таҷрибаи ҳаётӣ ва истеҳсолӣ ва доираи васеи ҷаҳонбинӣ лозим аст.

Ногуфта намонад, ки ҳолатҳои мунтазами иҷро накардани кору супоришҳо барои даст задан ба амалҳои коррупсионӣ, фасод, сўистифода аз мансаб ё вазифа имконият ва шароит муҳайё месозанд, ки дар натиҷа ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон поймол мегарданд.

Дар фаъолияти роҳбарӣ истифодаи принсипҳои авторитарӣ, демократӣ, тоталитарӣ хеле маъмуланд. Мафҳумҳои «авторитарӣ», «демократӣ», «тоталитарӣ» ба тарз ва роҳу усулҳои кори роҳбарӣ хос буда, шахсони мансабдор ё вазифадор вобаста ба хусусияту талаботи кор ва коллективи кормандон ва ҳамзамон ба муҳиту шароити он маҳорат, санъат, фарҳанги роҳбарии худро бо истифода аз ҳамин принсипҳо ба кор мебаранд. Аз назари равонӣ бошад, асосан ба табъ, хислат, менталитет, ташкилотчигӣ ва сатҳи ҷаҳонбинии роҳбар рабт дода мешавад. Бояд гуфт, ки дар шароити ҳозира коргирӣ аз принсипҳои демократӣ дар фаъолияти меҳнатӣ муҳити солимро эҷод карда, барои расидан ба муваффақияту дастовардҳои мақсаднок мусоидат мекунад.

Паҳлуҳои дигари масъалаи мавриди назарро таҳлил намуда, дар такя ба мушоҳидаҳо ҳаминро бояд қайд кард, ки роҳбар моҳияти вазифа ва уҳдадорию салоҳиятнокии онро ба таври бояду шояд дарк кунад. Ба ҳайси роҳбар ифои вазифа намуда, вазифа, кор ва нозукиҳои соҳаро надонистан ба нокомиҳо, ба эҷоди монеа дар пешравию комёбиҳо бурда мерасонад. Зинаҳои хидматиро нагузашта, якбора ба вазифаи масъулиятнок пешбарӣ ва таъйин гардидани шахс, камдонишию камтаҷрибагӣ, доираи ҷаҳонбинии маҳдуд ва кофӣ набудани маънавиёти ўро нишон медиҳад. Агар ҳамин тавр бошад, пас ба сифати роҳбари ягон сохтор таъйин шудан замон, ўро зарур аст, ки дар сатҳи даркорӣ аз талаботи оиннома, низомнома, дастурамали вазифавӣ ва дигар қонунҳои амалкунандаю санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳа хешро ҳатман воқиф гардонад.

Илова ба ин, аз фарҳангу одоби муошират, муносибат бо зердастону атрофиён, таҳаммулнокӣ ва ғайра огаҳ буда, саъй намояд, ки дар қабули қарору фармоишҳо камбудӣ содир накунад. Як сухану амали ноҷо ва беэътиноӣ нисбати ин ё он таклифу пешниҳоди судманд ва созандаи аҳли меҳнат ё ашхоси алоҳида метавонад нуфузу эътибори вазифадорро коста гардонад. Дар ҳар сурат, ба ҷо овардани иззату икроми роҳбар аз сўи аҳли меҳнат, асосан, аз худи ў вобаста аст.

Ин ҷо самти дигарашро ёдрас мешавем, ки дар вазифа будан, на фақат роҳбарӣ, назорат, корро пеш бурдану нақша ва супоришҳои сатҳи боло (звеноҳои болоӣ) ва ғайраро иҷро кардан аст, низ маънои онро дорад, ки роҳбар созанда, навовару навҷў шуда, бо бархўрдорӣ аз инноватсияи технологӣ, корҳои ташкилӣ ва идора, инноватсияи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ фаъолиятро ба роҳ монад.

Барои мисол, бобати бароҳмонии «тарзҳои нави омодасозии маҳсулот, технологияҳои нави истеҳсол, шаклу усулҳои нави кор, ба сохтор ва усулҳои идораи истеҳсолот суръат бахшидан, сабуктар кардан ва ё беҳтар намудани ҳалли вазифаҳо ба иваз сохтани ҷузъиёти низоми идора (ё низоми умумӣ), тағйироти мусбат дар соҳаи молия, муҳосибот, ҳамзамон банақшагирӣ, ҳавасмандӣ ва пардохти музди кор ва арзёбии натиҷаҳои фаъолият, беҳбуди шароити моддию иҷтимоии кормандон, шароити бехатарӣ ва беҳдошти кор, ташаккули одату малакаҳои судманд, ноил шудан ба дараҷаи баланди одобу ахлоқ, меҳнати босамари фикрию ҷисмонӣ, дар инноватсияи ҳуқуқӣ бошад, қонунҳои нав ё тағйирдодашуда» ва ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқиро сари вақт мавриди баррасӣ қарор дода, барои омодасозӣ ва бозомўзии кормандон тадбирҳои судманд бояд андешид.

Гузашта аз ин, роҳбари корхона ё муассиса дар таҳияи лоиҳаҳои нави инвеститсионӣ ё грантӣ, ки ба буҷаи корхона фоида меорад, бояд ширкат варзад ва дигаронро ба ин ҷалб ва раҳнамун созад.

Гап сари навгониҳо рафт, месазад ин ҷо гуфтаҳои олими маъруфи соҳаи педагогика Ф. Шарифзодаро, ки ба андешаҳои мо мувофиқанд, биёрем: «Навгониро ба муҳити мушаххас мутобиқ намуда, карахтии сохторҳои мавҷударо аз байн бурдан зарур аст». Яъне, роҳбари вазифашиноси навовари даврони муосир қадри тавон усулу муносибатҳои куҳнаро бояд иваз созад, идея ва таклифу андешаҳои созандаро дастгирӣ намояд, корро пеш барад. Иқтисодшиносон сухани пурмаъние доранд, ки ҳанўз дар як ҷо истодан, ин қафомонист, зеро ҷомеа пеш меравад. Ин андеша ҳам ба соҳаи маориф - таълиму тарбия рост меояду ҳам ба истеҳсолоту дигар соҳаҳои иҷтимоиёт.

Чунин тарзи муносибат ва ҳамқадами замон будан мақому манзалат ва мавқеи вазифадорро боз ҳам устувортар мегардонад.

Умуман, барои роҳбари муваффақ шудан, на танҳо масъулияти баланд, эҷодкору навовар будан кофист, балки ғамхору дастгир, ҳалиму сахтгир ва серталаб будан шарт аст. Сифатҳое, ки зикрашон кардем, салоҳиятнокии роҳбарро нишон дода, бархўрдорӣ аз онҳо вазифашиносии ўро мукаммалтар месозанд.

Шояд ин масъала дар дигар илм ё фанҳо бо назардошти моҳияти фан ба таври хос фаҳмонида шавад. Вале, чун тарбия категорияи педагогӣ асту он унсурҳои зиёд дорад, бароҳмонӣ ва омўзиши тарбияи интизоми истеҳсолӣ ва вазифашиносиро тавассути машғулиятҳои таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти олии касбӣ ҷоиз медонем. Алалхусус дар соатҳои тарбиявӣ, дар ҷараёни дарсу машғулиятҳои амалӣ мисолу суханҳои асоснок бештар гуфта, ҳолатҳои воқеиро таҳлил ва шогирдонро дар ин хусус ба баҳсу мунозира бояд кашид, онҳоро ба андеша водор кард. Чунин усули навоваронаи таълим ба тафаккури зеҳнӣ такон бахшида, донишу малака, маҳорат ва қобилияти онҳоро дар ин самт ташаккул медиҳад. Маҳз барои донишҷўён – мутахассисони оянда ин василаест, ки аз моҳият ва зарурати тарбия бархўрдор мегарданд.

Зимни омўзиши ин тарбия доираи назару ақидаи муҳассилин вусъат меёбад ва ин ба онҳо ёрӣ мерасонад, ки баъдтар ҳини кор дар истеҳсолот ба қадри заҳмату самаранокии меҳнат ва қиматии вақт расанд ва мояи ифтихори корхонаю муассиса шуда тавонанд. Дар ниҳоди шаҳрванд дар синни кўдакӣ, наврасӣ, ҷавонӣ ва умуман, дар тамоми давраҳои иҷтимоишавии шахс ҷой додани сифатҳои интизоми истеҳсолӣ ва вазифашиносӣ басо кори муҳим мебошад.

Сифатнокии интизоми истеҳсолӣ ва вазифашиносӣ, пеш аз ҳама, дараҷаи комёбӣ ва самарабахшии фаъолияти корманд, соҳаи истеҳсолот ва хизматрасониеро, ки ў иҷро менамояд, дучанд боло мебардорад. Мусаллам аст, ки шахси ба дараҷаи зарурӣ тарбияи интизоми истеҳсолӣ ва вазифашиносӣ надошта, аввал ба худаш, оилааш, ва ба он соҳае, ки фаъолият мебарад, зарари ҷиддӣ мерасонад, бар замми ин, ба давлат ва ҷомеа низ зиён меоварад. Дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон интизоми истеҳсолӣ ва вазифашиносӣ гарави ҳамаи муваффақиятҳои ў буда метавонад.

Ба андешаи мо, ҷое ки интизом ҳаст, назму низом, тартибот, дурустии кор, сарфаи вақт, маҳсулнокии меҳнат ва билохира, маромнокӣ ба касбу кор ва эҳтирому муносибати байнишахсӣ дар сатҳи зарурӣ ҳукмфармо мегардад.

Фаразан, дар корхонае сардор ё умуман, роҳбар бо ягон сабаби ҳадафманд дар ҷойи кор ҳозир нест, ё ба ҷое даъват мешавад. Дар ин муддат кормандоне, ки дар иҷрои уҳдадориҳои ба зимма будаашон беэътиноянд, аз худ саҳлангорӣ зоҳир намуда, ба фаъолияти бесамар даст мезананд, ки чунин тарзи муносибат ба кор натиҷаи дилхоҳ ба бор намеоварад. Ё ба таври дигар гўем, бо истифода аз ин лаҳзаи «мувофиқ» барои баъзе корманд кор ранги дигар гирифта, дероӣ, аз кор барвақтравӣ, дамгириҳои беҷо (телефонбозӣ, мусиқигўшкунӣ, тамокукашӣ) ё амалҳои дигари бемаънӣ ва оқибат баровардани молҳои пастсифат (хусусан дар корхонаҳои истеҳсолӣ) аз ҳамин рў мезанад.

Метавон гуфт, ки интизоми истеҳсолӣ ба интизоми меҳнат рабт дошта, дигар тарафу ҷабҳаҳои фаъолиятро дар истеҳсолот дар бар мегирад. Ҳадаф аз ҷорӣ намудани ин унсури тарбия ва эътибор додан ба риояи он ин аст, ки то чӣ андоза дар ҷараёни кор, хосатан дар истеҳсолот ба сифат, тозагӣ ва ҷавобгў будани молу маҳсулот, коршоямӣ ва бенуқсонии маводи истеҳсолшуда таваҷҷуҳ дода мешавад.

Ҷойи зикр аст, ки пастсифатии маҳсулот, пурнуқсонӣ дар маводу масолеҳи бинокорӣ ва ба таъхир мондани сохтмонҳо аз надоштани тарбияи интизоми истеҳсолӣ ва вазифашиносӣ гувоҳӣ дода, он ба корношоямии (брак) биноҳои манзилӣ, пулҳо ва дигар иншооту сохтмонҳо оварда мерасонад. Мутаассифона, чунин беэътиноиву саҳлангориҳо дар хислату тафаккури бархе аз афроди ҷомеа ҷой гирифтааст, ки ин ба нафъи ҷомеа нест.

Инро ҳам бояд гуфт, ки баъзан аз сўи иҷрокунандагон на суръати иҷроиш тезонида мешаваду на аз ҷониби мақомот ё сохтору роҳбарият назорати саривақтии он. Ҳол он ки иҷрои қонуну қоидаҳои амалкунанда, ки бевосита ба ин ё он соҳа иртибот доранд, бояд дар сатҳи даркорӣ таъмин карда шаванд, вале дар ин самт ҳам бесалоҳиятию беэътиноӣ дида мешавад. Ҷое, ки дар амалу фаъолият бесарусомониву бетартибӣ ҳукмфармост, он ҷо ягон кор ва натиҷаи дилхоҳро интизор шудан нашояд.

Устуворӣ, қатъият, боҷуръатӣ дар дастгоҳи идорӣ барои иҷрои супориш ва корҳои додашуда масъулияти роҳбарро тақвият мебахшад.

Роҳбари вазифашинос ҳамин нуктаро низ бояд ба назар гирад, ки «ба чашмаш хок напошанд», зеро чунин кирдор одати кормандони бесалоҳият ва бемасъулият шудааст. Дар ин ҳолат, тавсия дода мешавад, ки роҳбар, новобаста аз сатҳаш, бояд ҳам бовар кунад ва ҳам санҷад, ки то чӣ андоза риояи интизоми истеҳсолӣ ва вазифашиносӣ дар корхона таъмин мегардад.

Ҳарчанд мониторинг - назорати сифати самтҳои фаъолияткунанда дар аксари сохторҳо ба роҳ монда шуда бошад ҳам, вале баҳри сифати кор, иҷроиш ва аз рўи талабот кор бурдан аз ҷониби масъулини бесалоҳият кўшиш дида намешавад.

Тазаккур бояд дод, ки назорати интизоми иҷронамоӣ вариантҳои дастӣ ва автоматикунонидашуда дорад. Имрўз огаҳӣ доштан аз низоми автоматикунонидаю кор гирифтан аз он тақозои давру замон аст. Низоми автоматикунонида ҷиҳати таъмини баланд ва саривақтии интизоми иҷронамоӣ мусоидат менамояд. Мутаассифона, на ҳамаи ташкилоту муассисаҳо ба ин шакли фаъолият гузаштаанду аз он сару кор мегиранд. Ба низоми инноватсионӣ нагузаштани онҳоро дар сабабҳои объективӣ ва субъективӣ дидан мумкин аст, ки ин метавонад дар бароҳмонии интизоми иҷронамоӣ монеа эҷод кунад.

Мо, ки дар муассисаи таҳсилотӣ фаъолият мебарем, месазад дар ин ҷода чанд назаре баён намоем. Баъди воқиф шудан аз ҳолат ва камбудиҳои ҷойдошта ва бартараф сохтани онҳо фаъолияти таълимӣ ва тарбиявӣ самарманд хоҳад гашт.

Роҳандозӣ ва сурат гирифтани тарбияи интизоми истеҳсолӣ ва вазифашиносиро метавон дар муассисаҳои таълимӣ ҳам мушоҳида кард, ки он чӣ гуна ва дар кадом сатҳ амалӣ мешавад?

Ин ҷо ба сифати мисол, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳуриро меорем. Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ баробари шўрои олимон, чун мақомоти олии роҳбарикунанда, инчунин раёсат ва шўрои илмию методӣ баргузор мешавад, ки ҳар ҷаласаи онҳо аз рўйи масъалагузорӣ қарорҳои дахлдор қабул менамояд. Гоҳо қарорҳо ё иҷро намешаванд, ё иҷроишашон ба таъхир меафтад ва натиҷааш ин мешавад, ки масъалаҳо такрор ба такрор дар рўзномаи ҷаласаҳои минбаъда ҷой дода шуда, дигарбора мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Интизоми истеҳсолию вазифашиносии омўзгорон дар фаъолияти педагогӣ, асосан дар таълиму тарбия, ки раванди бисёр мураккаб аст, зоҳир мегардад. Онро метавон маҳз аз тарзи дарсгузарӣ ва самаранокии дарс баҳо дод.

Дар муассисаҳои таълимӣ ба ҷуз омўзгорон, ки бевосита ба таълиму тарбияи муҳассилин сару кор доранд, ҳамзамон як қатор сохторҳои воҳидӣ низ амал менамоянд, ки дар он мутахассисон фаъолият мебаранд. Ҳар кадом сохтор масъул, мутасаддӣ ё худ роҳбаре дорад, ки аз рўи низомнома ва дастурамали вазифавӣ кори соҳаро ба роҳ мемонад ва бевосита дар пешравиҳои муассиса ҷойи зарурии худро ишғол менамояд. Интизоми истеҳсолӣ ва вазифашиносии онҳоро дар сохторҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки онҷо воҳидҳои кории ёрирасон зиёданд, мавриди назар қарор медиҳем.

Тавре зикр рафт, фаъолияти ҳар мутахассис тавассути дастурамали вазифавӣ, фармоиши роҳбарияти муассиса ва қонунҳои амалкунанда дар кишвар ба роҳ монда мешавад ва тибқи талабот вазифаҳои бауҳдадоштаашонро иҷро менамоянд. Яке дар сатҳи зарурӣ, дигаре мувофиқ ба дарку фаҳмиш, сеюмӣ бошад, ба қавле, «аробаашро базўр мекашад» (аз камдонишӣ ва бесалоҳиятӣ). Аммо дар гирифтани музди меҳнат, якумию дуюмию сеюмӣ, новобаста ба иҷро ва сифату дараҷаи интизоми истеҳсолӣ, баробаранд. Ана ҳамин баробарӣ дар иҷрои супоришу вазифаҳо ва гирифтани музди меҳнати якхела дилсардиро дар байни аҳли меҳнат ба вуҷуд меорад. Яъне, оне, ки корро босифат ва сари вақт иҷро мекунад ва ҳам он нафаре, ки дар иҷрои кор ба саҳлангорӣ роҳ медиҳад, як аст. Муҳим аз ҳама, натиҷаи кор ва супоришҳо муқоиса ва сатҳи иҷроиш аз рўи сифат ва мазмуннокӣ бояд ба эътибор гирифта шавад.

Ҳастанд роҳбарони кордону ботаҷрибае, ки чунин ҳолатро пай бурда, роҳҳои ҳалли ин масъаларо меёбанд, масалан, бо роҳи ҳавасмандсозӣ ҷорӣ намудани музди маоши тафриқавӣ, мукофотпулӣ, дастгириҳои моддӣ, сарфарозгардонӣ бо ифтихорнома ва ғайра. Албатта, ин хуб аст ва натиҷаи дилхоҳ ҳам медиҳад, кормандро дилгарм месозад, муваффақиятро дар кор ва пешрафтро ба вуҷуд меорад.

Аслан, чеҳраҳои шинохта, шахсиятҳои бузург аз ҳамин интизоми истеҳсолӣ ва вазифашинос буданашон маъруф ва ба дараҷаҳои баланди шуҳрат расидаанд.

Ишора менамоем, ки интизоми истеҳсолӣ ба он маъно ифода меёбад, ки дар ҷои кор ҳама корҳо, супоришу вазифаҳо боинтизомона, сифатнок ва сари вакт бояд ба анҷом расанд. Новобаста аз он ки корхона истеҳсолӣ аст, ё муассисаи таълимӣ ва ё соҳаи дигар, зарур аст, ки ҳар корманд риояи талаботи интизоми истеҳсолӣ ва вазифашиносиро ба ҷо биёрад. Дар он сурат, ҳамон қитъа ва ё сохтори ба ў вобасташуда пеш рафта, ба дастовардҳо ноил мегардад ва дар маҷмўъ, ба рушди муассиса таъсири мусбӣ мерасонад.

Ногуфта намонад, ки коста будани интизоми истеҳсолӣ (иҷронамоӣ) ва вазифашиносӣ метавонад дар миёни аҳли меҳнат низоъро ба вуҷуд орад. Низоъ дар коллективи меҳнатӣ бештар аз камдонишӣ, нодонӣ, ноуҳдабароӣ, коҳилӣ, тоб наовардан ба талаботи мавҷуда аз ҷониби корманд ва аз бесалоҳияту вазифашинос набудани сардор сар мезанад. Рафъ сохтани низоъ ва ё шиддати онро паст кардан аз кордонии сардор сахт вобастагӣ дорад. Дар бисёр маврид иҷрои қонуну қарорҳо, супоришу уҳдадориҳо муаллақ ё худ нотамом мемонад. Ин аст, ки сардор аз ноуҳдабароӣ ва бемасъулиятии кормандон ва зердастонаш шиква мекунаду онҳо бошанд, аз принсипнокӣ ва серталабии сардорашон. Пас, риояи интизоми истеҳсолӣ ва вазифашиносӣ омили пешравии фаъолият буда, муносибати бошуурона гарави расидан ба ҳадафҳо ва ташкили фазои дилкашу гуворо дар ҷомеаи шаҳрвандист.

Нақши тарбияи мазкур дар фаъолӣ, содиқӣ, боғайратӣ ва серҳаракатии шахс таъсири нишонрас мегузорад. Бояд гуфт, ки рафтори мадании мутахассис дар болобурди дараҷаи донишҳои замонавӣ заминагузор буда, василаест дар инкишофи қобилият ва истеъдоди шахсии ў.

Тавре дар аввал зикр кардем, тарбияи шаҳрвандӣ аз 30 ҷузъи таркибӣ бештар иборат аст, ки 8-тои он мутлақо пешниҳоди мо буда, тарбияи интизоми истеҳсолӣ ва вазифашиносӣ низ аз шумори унсурҳои таркибии он маҳсуб меёбад.

Хотиррасон менамоем, ки Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 марти соли 2006 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст ва он аз 18 унсури таркибии тарбия иборат мебошад. Мутаассифона, дар ин ҳуҷҷати муҳим дар бораи тарбияи интизоми истеҳсолӣ ва вазифашиносӣ чизе гуфта нашудааст. Дар ҳоле, ки моҳият, мақсаду вазифа ва мазмуни тарбияи миллӣ ташаккули шахсияти инсони комил мебошад ва ин тарбияи пешниҳодкардаи мо метавонад ҳамчун ҷузъи таркибӣ дар ин раванд хидмат кунад.

Умуман, аҳамияти тарбияи интизоми истеҳсолӣ ва вазифашиносӣ дар ташаккули инсон ва шаҳрванд ва нақши иҷтимоии ў дар ҷомеаи шаҳрвандӣ аз дигар ҷузъҳои таркибии тарбияи шаҳрвандӣ кам нест.

Набояд фаромўш кард, ки таълим додан ва тарбия намудани насли наврас ва ҷавони давронсоз дар ҷомеаи муосир муҳимтарин омилу воситаи расидан ба ҳадафи воқеан волою муқаддас мебошад.

Бо дарназардошти гуфтаҳои зикршуда, зарурат ва муҳим будани тарбияи интизоми истеҳсолӣ ва вазифашиносӣ ва дар ин замина тарбия ва ташаккули тафаккури муҳассилин, ки ба дастёбӣ ба комёбиҳо дар истеҳсолот ва пешрафти ҷомеа асос мегардад, чанд таклифи судманд пешниҳод менамоем:\

  1. Тарбияи интизоми истеҳсолӣ ва вазифашиносӣ дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилотӣ ба роҳ монда шавад.

  2. Дар дарсҳои тарбиявӣ ва раванди дигар машғулиятҳои таълимӣ моҳияти тарбияи интизоми истеҳсолӣ ва вазифашиносӣ, ҳамчун ҷузъи таркибии тарбияи шаҳрвандӣ ба муҳассилин фаҳмонида шавад.

  3. Дар корхона ва муассисаҳои истеҳсолӣ аз рўйи тарбияи интизоми истеҳсолӣ (иҷронамоӣ) ва вазифашиносӣ назорати қатъӣ бурда шавад.

  4. Дар давраи гузаштан аз муҳлати озмоишӣ дар кадом сатҳ қарор доштани тарбияи интизоми истеҳсолӣ ва вазифашиносии корманд аз тарафи масъулин муайян карда шавад.

  5. Бо ҳар тарзу усул ва тавассути методҳои гуногун (анкета, саволнома, пурсиш, тест ва ғайра) интизоми истеҳсолӣ ва вазифашиносии корманд санҷида шавад.

  6. Дар сурати аз нав таҷдиди назар ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (3 марти соли 2006 бо Қарори Ҳукумати ҶТ) тарбияи интизоми истеҳсолӣ ва вазифашиносӣ ҳамчун унсури таркибии муҳимми тарбияи миллӣ ба он шомил карда шавад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2