Зеҳн

Амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ дар бемориҳои асаб ва мағзи сар

АИ
Аиъша9 сентябри 2024 · 1 дақиқа хондан

Дар шуъбаи ҷарроҳии асаби калонсолони Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” аз ҷониби ҷарроҳони ватанӣ ва дар якҷоягӣ бо ҷарроҳи варзида аз Ҷумҳурии Исломии Эрон Масуди Шервонӣ дар бахши ҷарроҳии асаб боз ду ҷарроҳии мураккаб гузаронида шуд.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, ҷарроҳии аввал гирифтани чураи гардан ва гузоштани кейч дар байни муҳраҳои Сб С7 буда, ҷарроҳии дуюм дар омоси қисми болоии ҳароммағз ва майнаи сар гузаронида шудааст. - Хушбахтона, пас аз гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ ҳолати беморон хуб мебошад.

Ҳамзамон, табибони шуъбаи ҷарроҳии асаби калонсолони Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” низ якҷо бо ҳамтоёни хеш аз Ҷумҳурии Исломии Эрон дар мағзи сар ду ҷарроҳии мураккабро анҷом доданд.

Ҳарчанд чунин амалиётҳои ҷарроҳӣ дар шуъбаи мазкур қаблан низ анҷом дода мешуданд, вале якҷо бо ҷарроҳони шинохтаи хориҷӣ гузаронидани ингуна амалиётҳои нодир ба боз ҳам баланд бардоштани донишу таҷриба ва малакаи ҷарроҳони ватанӣ мусоидат хоҳад кард,- меафзояд манбаъ.

Тавре масъулини шуъбаи мазкур иттилоъ додаанд, дар ин ҷо баҳри гузаронидани нодиртарин амалиётҳои мураккаби ҷарроҳӣ дар самти табобати бемориҳои мағзи сар дастгоҳу таҷҳизоти муосир фароҳам оварда шудааст.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2