Зеҳн
Дунё·Барномасоз·14 рӯз пешНашрия

САРБОЗИ “ҲАЛОКШУДА”

Баъди 20 сол ба хона баргашт Соли 1975 ҳангоми ҷанг дар Камбоҷа як сарбози ветнамӣ чунон захми вазнин бардошт, ки ўро мурда пиндоштанд. Вай дар лазарет мехобид, кӣ буданашро дар ёд надошт. Падараш нома гирифт, ки фарзанди ў дар ҷанг қаҳрамонона ҳалок шудааст. Вале сарбози “кушташуда” ҳеҷ ба мурдан тан намедод. Баъди ба по хестан, саросари Ветнамро қадам зад.

Орзуи ягонааш ҳамин буд, ки рўзе хотирааш барқарор мегардад. Боре қаландарвор ба зодгоҳаш ворид гашт, вале деҳаро нашинохт. Аммо ўро рафиқони бачагиаш шинохта, ба назди модараш оварданд. Вақте ки модари 72- сола ба гардани писараш дастонашро ҳалқа баст, хотираи сарбоз ҳамон лаҳза – баъди гузашти 20 сол барқарор шуд.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.