Зеҳн
Дунё·Барномасоз·14 рӯз пешНашрия

ПЕРИСТЕР АВВАЛИН ОСОРХОНАИ ЗЕРИОБӢ

Дар Юнон дар мавзеи қадимаи киштии ғарқшуда, назди ҷазираи хурди беодам Перистер, на чандон дуртар аз ҷазираи Алонисос, аввалин осорхонаи зериобӣ ифтитоҳ гардид.

Археологҳо чунин меҳисобанд, ки киштии калони тиҷоратии Афина, ки аз 3000 то 4000 кўзаи виноро аз Халкидики қисми шимолии Юнон интиқол медод, ҳангоми тўфон дар назди Перистер тахминан соли 425 то эраи мо ғарқ шудааст.

Анқариб ҳамаи кўзаҳоро, ки дастнозада монда буданд, соли 1985 моҳигире аз Алонисос пайдо намуд.

Осорхонаи Перистер аз 3 август то 2 октябри соли равон барои дайверҳое, ки сертификат доранд, ифтитоҳ гардид. Барои дигарон саёҳат дар маҳали қадимаи киштии ғарқшуда дар маркази иттилоотии ҷазираи Алонисос, иҷозат дода мешавад.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.