Зеҳн
Олами Афсонаҳо·Барномасоз·14 рӯз пешНашрия

Чормағзак

Буд-набуд, як Чормағзак буд, Чормағзаки нолону ғелону ҳайрон буд.

Нолон аз он сабаб, ки аз дарахт афтида буд. Ғелон аз он сабаб, ки гирдак буд.

Ҳайрон аз он сабаб, ки куҷо рафтану чӣ кор карданашро намедонист.

Асли қисса чунин аст. Чормағзак аввал дар шохи аз ҳама баланди як дарахти азим буд. Хурсанду хандон буд.

Як рӯз Зоғе омаду дар шохаи дарахт нишаст.

Чормағзакро диду чашмонашро ало кард ва гуфт:

- Қар! Қар! Қар! Чормағзаки хушрӯ будааст.

Мегираму мебараму мехӯрам.

Зоғ Чормағзакро нӯл зад. Нӯл зад, ки Чормағзак ба замин афтид. Ба замин афтиду ҳайрон шуд. Чунки Заминро бори аввал медид.

- Чормағзак, Чормағзак, - гуфт Замин. - Куҷо меравӣ? Чӣ кор мекунӣ?

Чормағзак ҷавоб дод:

- Ман аз Зоғак тарсидам. Тарсидаму афтидам.

Акнун намедонам, ки чӣ кор кунам, куҷо равам.

Шояд ту ба ман ёрӣ медиҳӣ?

Замин гуфт:

- Ман Заминам, бисёр бузургам. Ба ҳама ёрӣ медиҳам. Ба ту ҳам. Даро ба зери хоки ман, пинҳон шав.

Чормағзак ба зери хоки Замин даромад, аз Зоғ пинҳон шуд.

Як рӯз истод, ду рӯзу се рӯз истод. Баъд пурсид:

- Замин, Замин, акнун чӣ кор кунам? Ҳамин хел пинҳон шуда истам?

- Албатта, не, - ҷавоб дод Замин. - Ту бояд хоб равӣ. То омадани баҳору фасли Наврӯз хоб рав.

Баъд ман туро бедор мекунам ва он тарафи корро маслиҳат мекунем.

Чормағзак хуб гуфту чашмакони зебояшро пӯшид. Вайро хоб бурд. Хобакаш ширину бароҳат буд. Вай ҳатто нафаҳмид, ки тирамоҳ рафтаасту зимистон омадаст, зимистон ҳам рафтаасту фасли нозанини баҳор фаро расидааст.

Як вақт Чормағзак аз хандаю суруди бачаҳо бедор шуд.

- Баҳор омад! Баҳор омад! Баҳори лолазор омад! - мегуфт як писарак.

- Фасли Наврӯз омаду олам гулистон мешавад! - мегуфт як духтарак.

Чормағзак хавотир шуда пурсид:

- Шумо кистед? Чаро чунин мегӯед?

Ба саволи Чормағзак Замин ҷавоб дод.

- Инҳо бачаҳоянд. Баҳор омад. Онҳо аз омадани баҳор шодӣ мекунанд, гули сияҳгӯш чида, аз омадани баҳор мужда мерасонанд.

Замин инро гуфту фармуд:

- Ту ҳам акнун берун шав.

- Ман чӣ хел берун шавам? - пурсид Чормағзак. -

Маро ту ба берун барор. - Эҳ, маро бубахш, - узр пурсид Замин.

- Фаромӯш кардам, ки барои берун шудани ту танҳо зӯри ман намерасад. Дигаронро бояд ба ёрӣ даъват кунам.

- Даъват кун, зудтар даъват кун, - хоҳиш кард Чормағак. - Ман ҳам дар баҳор шодию хурсандӣ кардан мехоҳам.

- Хуб шудаст, - гуфт Замин.

Замин инро гуфту ба Шамолак муроҷиат кард:

- Шамолак, Шамолак. Як Чормағзак буд, Зоғак онро бурданӣ шуд, Чормағзак аз шоха афтид, ман пинҳон кардам, акнун ту ба доди Чормағзак бирас.

- Хуб шудааст, - розӣ шуд Шамолак.

Замин ба Шамолак раҳмат гуфт.

Шамолак шуввосзанон ба сари Кӯҳи Осмонбӯс рафт.

- Кӯҳи Осмонбӯс, - гуфт вай. - Як Чормағзак буд, онро Зоғ бурданӣ шуд, Чормағзак аз шоха афтид, Замин ӯро пинҳон кард. Камтар Абри Сиёҳ бифирист.

- Хуб шудаст, - розӣ шуд Кӯҳи Осмонбӯс ва Абри Сиёҳ фиристод.

Шамолак ба Кӯҳи Осмонбӯс раҳмат гуфт.

Абри Сиёҳ рӯйи осмонро фаро гирифт.

Он гоҳ Шамолак ба Абри Сиёҳ муроҷиат кард:

- Абри Сиёҳ, Абри Сиёҳ. Як Чормағзак буд, Зоғак онро бурданӣ шуд, Чормағзак аз шоха афтид, Замин ӯро пинҳон кард, Кӯҳи Осмонбӯс туро фиристод, ки борон биборӣ. Камтар Борон бифирист, Замин нарм шаваду Чормағзак неш зада берун барояд.

- Хуб шудаст, - розӣ шуд Абри Сиёҳ ва ҳамоно Борон фиристод.

Шамолак ба Абри Сиёҳ ҳам раҳмат гуфт.

Борони реза борид. Замин нарм шуд. Чормағзак неш зад, аз хок берун шуд ва ҳайрон-ҳайрон ба гирду атроф нигоҳ кард.

Шамолак ба Борон раҳмат гуфт.

Он гоҳ Шамолак ба Офтобаки Хандонрӯ муроҷиат кард.

- Офтобаки Хандонрӯ, Офтобаки Хандонрӯ, - гуфт вай. - Як Чормағзак буд, Зоғак онро бурданӣ шуд, Чормағзак аз шоха афтид, Замин ӯро пинҳон кард, Кӯҳи Осмонбӯс Абри Сиёҳ фиристод, Абри Сиёҳ Борон рехт, Борон Заминро нарм кард, акнун навбати ту. Камтар гармӣ бидеҳ, ки Чормағзак сабзида болотар барояд.

- Хуб шудаст, - розӣ шуд Офтоб ва ҳамон замон табассум карду гармӣ дод. Шамолак ба Офтобаки Хандонрӯ раҳмат гуфт.

Чормағзак шодикунон аз хок се ваҷаб болотар сабзиду ниҳолак шуд.

Ин лаҳза аз наздаш Бобои Деҳқон гузаро шуд.

Чормағзро дида бозистод, хам шуда бодиққат нигоҳ кард.

- Ин ниҳолаки Чормағзро кӣ шинонда бошад? - гуфт худ ба худ.

Шамолак ҷавоб дод:

- Як Чормағзак буд, Зоғак онро бурданӣ шуд, Чормағзак аз шоха афтид, Замин ӯро пинҳон кард, Кӯҳи Осмонбӯс Абри Сиёҳ фиристод, Абри Сиёҳ Борон рехт, Замин нарм шуд, Чормағзак сабзиду ниҳолак шуд. Акнун навбати ту.

Бобои Деҳқон гуфт:

- Раҳмат ба Замин, ки Чормағзакро пинҳон кардааст. Раҳмат ба Кӯҳи Осмонбӯс, ки Абри Сиёҳ фиристодааст. Раҳмат ба Абри Сиёҳ, ки Борон рехтааст. Раҳмат ба Борон, ки Заминро нарм кардааст. Раҳмат ба Офтобаки Хандонрӯ, ки ҳама ҷоро гарм кардааст. Акнун навбати ман.

Бобои Деҳқон ниҳоли Чормағзакро бурда дар боғаш шинонд. Андак пору овард. Бехашро нарм кард. Сатил гирифта об рехт.

Чормағзак ба зудӣ як дарахти азим шуд, ҳосил дод. Ҳосилаш бисёр шуд. Бобои Деҳқон ҳам худаш хӯрд, ҳам ба аҳли деҳа дод, боқимондаашро ба бозор бурд.

Эҳ, қариб фаромӯш кунем. Аз он ҳосил ба Зоғак низ чанд дона расид. Зоғак чормағз гирифта, хӯрду бурд. Ҳатто дар чанд ҷой зери хок пинҳон кард. Соли оянда ҳам ниҳолҳои чормағз рӯйид. Аммо Зоғак намедонист.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.