Зеҳн
Оё медонед·Зеҳн·15 рӯз пешСуол

Замин чӣ хел ҳаракат мекунад?

Замин дар гирди хатти хаёлии худ, ки аз Қутбҳои шимолӣ ва ҷанубӣ мегузарад ва онро меҳвар меноманд, давр мезанад. Муҳлати даврзании Замин дар гирди меҳвари худ, дар давоми як шабонарӯз 24 соат аст. Ғайр аз ин, Замин боз дар гирди Офтоб давр мезанад, ки муҳлати он 365 рӯзу 6 соату 9 дақиқаву 9,5 сонияро ташкил мекунад ва он баробари як сол аст. Замин дар гирди Офтоб аз рӯи хатти муайяни тасаввуршаванда, ки мадори Замин ном дорад, дар шакли эллипс давр мезанад. Ин хатро эклиптика низ меноманд.

Барои он, ки оғозу анҷоми соли офтобӣ (шамсӣ) ба оғозу анҷоми шабонарӯзӣ пурра мутобиқ афтад, 1 солро 365 рӯз ҳисоб мекунанд. Агар рақами мазкурро бо рақамҳои қаблан овардашуда муқоиса намоем, он гоҳ соли тақвимии милодӣ аз соли шамсӣ 6 соату 9 дақиқаву 9,5 сония кам мебошад. Барои ҳамин дар ҳар 4 соли тақвимӣ як рӯз дар моҳи феврал илова мекунанд ва он дар соли чорум на 28 рӯзи муқаррарӣ, балки 29 рӯз мешавад. Ин солро соли кабиса меноманд.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.