Ситораи парронро шинохтан душвор аст?
Вақте ки ба осмон менигарем, бахусус шабҳои тобистон, ба чашм баръало мерасад, ки хатти равшане фалакро дар як лаҳза бурида гузашта, аз худ пайи дурахшон мегузорад ва зуд хомӯш мегардад. Ин ҷисми дурахшон, ки ба ситора монандӣ дорад, ситораи паррон номида мешавад. Ситораҳои парронро аз рӯи ҳаракати босуръаташон, ки дурахшидаву хомӯш мегарданд ва ба оташпораи сунъӣ шабоҳат доранд, мешиносанд.
Дар асл вай на ситора, балки «шикастпора»-и ҷисми сахт мебошад, ки онро метеор низ мегӯянд. Онҳо дар кайҳон парвоз карда, ҳангоми бо суръати баланд атмосфераро бурида гузаштан дар ҳаво соиш хӯрда, месӯзанд ва нопадид мегарданд.
Ҷисмҳои ҷилодор
Ҷисме, ки нур меафканад ё равшаниро акс мекунад.
Мадор
Хатти сайр дар шакли доира ё эллипс (давраи дароз-рӯя, тухмшакл), ки аз рӯи он ҷирмҳои осмонӣ дар атрофи маркази ҷозиба давр мезананд. Ҳамин тавр, радифи сайёра гирдогирди мадораш хат кашида, давр мезанад.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё