Кометаи Галлей чист?
Номи ин зузанаби машҳурро ба шарафи кашшофи он – ситорашиноси англис Эдмунд Галлей (1658–1742) гузоштаанд. Кометаи мазкур дар сардиаш ҳамагӣ 2,5 километр дарозӣ дорад. Вақте он аз шафати Замин мегузарад, қутри туманнокии қисми асосии он то 400 000 километр мерасад ва вазни он тақрибан чандин маротиба аз сайёраи Муштарӣ афзунтар мегардад. Галлей ба муқобили Замин ҳаракат мекунад.
Он аз шафати Замин дар муддати 76 сол як маротиба мегузарад, ки бори охир ин ҳолат соли 1996 рӯй дода буд. Одамоне, ки аз ҳодисаҳои кайҳонӣ кам огоҳанд, бар он ақидаанд, ки ин комета метавонад, ба Замин бархӯрда, боиси фалокат гардад, аммо ин ақида аз ҳақиқат дур аст. Кометаи Галлей ҳангоми наздик шудан ба Замин бо зебоии ҳайратангези худ одамонро мафтун кардааст.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё