Зеҳн
Оё медонед·Зеҳн·16 рӯз пешСуол

Кадом сайёраҳо аз ҳама бузурганд?

Сайёраҳои аз ҳама бузурги Манзумаи Офтоб Муштарӣ ва Зуҳал (Сатурн) мебошанд. Ҳаҷми Муштарӣ аз Замин 1500 маротиба ва ҳаҷми Зуҳал 1250 маротиба бузургтар аст. Ҳар ду сайёра аз газҳо иборатанд ва аз ин рӯ, бо вуҷуди ҳаҷман бузург буданашон, сабуктаранд.

Ҳалқаҳои Зуҳал

Ситорашиносон мушоҳида намудаанд, ки дар гирди сайёраи Зуҳал тӯдаи сангу чангу ғубор доимо давр мезанад. Мушоҳидаҳои телескопӣ аён карданд, ки ин тӯда шакли ҳалқаро дорад. Се ҳалқаи он ба хубӣ мушоҳида мешаванд, вале қисми зиёди ин ҳалқаҳоро, бинобар тунук ва сабук буданашон, танҳо ба воситаи асбобҳои махсуси радиотелескопӣ мушоҳида намудан мумкин аст. Чунин ҳалқаҳо дар сайёраҳои дигар низ вуҷуд доранд, вале диққати олимонро бештар ҳалқаҳои Зуҳал ба худ ҷалб намудаанд.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.