Зеҳн
Оё медонед·Зеҳн·16 рӯз пешСуол

Кадом сайёра гарм аст?

Мегӯянд, ки иқлими сайёраҳои Уторид ва Зуҳра гарм аст, зеро онҳо нисбат ба сайёраҳои дигар ба Офтоб наздиктар ҷойгир шудаанд. Масалан, сайёраи Уторид нисбат ба Офтоб ҳамагӣ дар масофаи 58 миллион километр ҷойгир шудааст, ки барои Кайҳон масофаи ниҳоят наздик аст. Сатҳи Уторид ба Моҳ монандӣ дошта, дар ин сайёра қариб атмосфера вуҷуд надорад. Ҳарорат дар сатҳи рӯбарӯи Офтоб то ба 4300С, дар тарафи муқобил, ки доимо шаб аст, то ба –1750С мерасад. Уторид дар гирди офтоб давр мезанад ва муҳлати гардиши мадории он 88 рӯз мебошад. Дар баробари ин вай дар гирди меҳвари худ низ давр мезанад, ки он 58 рӯзу 6 соатро ташкил медиҳад.

Ҳарчанд, сайёраи мазкур ба Офтоб нисбатан наздик аст, лекин сатҳи он аз сангҳои сиёҳу хира иборат мебошад, бинобар ин шуоъҳои Офтобро хуб акс намекунад. Зуҳра сайёраи беоби тафсон буда, дар сатҳи он ҳарорат ба 400–5000С мерасад. Атмосфераи Зуҳра асосан аз гази вазнини дуоксиди карбон (С02) иборат аст, ки гармии сатҳи сайёраро нигоҳ медорад. Муҳлати даврзании он дар гирди Офтоб 225 рӯз, дар гирди меҳвари худ 117 рӯзи заминиро ташкил мекунад.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.