Зеҳн
Оё медонед·Зеҳн·18 рӯз пешСуол

Манзума (система)-и Офтобӣ чист?

Манзумаи Офтобӣ маҷмӯи сайёраҳое, ки дар мадори Офтоб ҷойгир шудаанд ва ба он тобеъ мебошанд. Шумораи чунин сайёраҳо ҳамагӣ 9-то буда, аз рӯи масофаи ҷойгиршавиашон бо Офтоб онҳоро ба сайёраҳои наздик ва дур ҷудо мекунанд. Инҳо сайёраҳои Уторид, Зуҳра, Замин, Миррих, Муштарӣ, Зуҳал, Уран, Нептун ва Плутон мебошанд. Ҳар кадоме аз ин нуҳ сайёра ҳам дар гирди меҳвари худ ва ҳам дар гирди Офтоб давр мезананд.

Офтоб кашиши гравитатсионӣ дошта, дигар сайёраҳоро намегузорад, ки аз мадораш берун шаванд. Баъзе аз ин сайёраҳо радифи худро доранд. Масалан, Моҳ радифи Замин ба шумор меравад ва он дар гирди Замин давр мезанад.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.