Зеҳн
Оё медонед·Зеҳн·18 рӯз пешСуол

Телескоп чист?

Телескоп асбобест барои мушоҳида намудани Кайҳон. Он ба воситаи истифодаи линза ва оинаҳои оптикӣ кор мекунанд.

Телескопро барои мушоҳида намудани ситораву сайёраҳо ва ҷирмҳои дигари Кайҳон истифода мебаранд.

Радиотелескоп барои қабул кардан ва сабт намудани нурпошӣ ва ё мавҷҳои гуногуни ҷирмҳои кайҳонӣ истифода мешавад. Шуоъ ва мавҷҳои мазкур ба воситаи компютерҳои пуриқтидор қабул карда мешаванд ва баъд онҳоро ситорашиносон меомӯзанд. Яке аз чунин радиотелескопҳо дар шаҳри Бонни Олмон ҷой дорад, ки бо ёрии мавҷгири параболӣ шуоъҳои қутрашон 100 метрро қабул карда метавонад.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.