Зеҳн
Оё медонед·Зеҳн·18 рӯз пешНашрия

Самти ҳаракатро аз рӯи ситораҳо чӣ тавр муайян мекунанд?

Аз ҳар ҷои замин ба воситаи ситораҳо ҷои худро муайян кардан имкон дорад. Агар мо дар Нимкураи Ҷанубӣ қарор дошта бошем, он гоҳ самти ҳаракатамонро ба воситаи бурҷи Салиби Ҷанубӣ муайян карда метавонем. Тавре ки аз номаш маълум аст, бурҷи мазкур шакли салибро дорад ва доиман самти ҷанубро нишон медиҳад, яъне агар мо рӯ ба тарафи ин бурҷ бошем, он гоҳ маълум мешавад, ки ба ҷануб нигоҳ мекунем. Аз ин ҷо дар тарафи ростамон ғарб, чап – шарқ ва дар тарафи тахтапушт шимол аст.

Дар Нимкураи Шимолӣ самти ҳаракатро ба воситаи ситораи Қутб, ки яке аз ситораҳои бурҷи Дубби Акбар (Ҳафтдодарон) мебошад, муайян кардан мумкин аст. Он ситора нисбатан равшан буда, ҳамеша самти шимолро нишон медиҳад. Яъне агар мо рӯ ба ситораи Қутб истода бошем, он гоҳ ба шимол нигоҳ мекунем, дар тарафи чапамон шарқ, тарафи ростамон ғарб ва дар тарафи тахтапуштамон ҷануб аст. Баҳрнавардон, таҳқиқотчиён ва сайёҳон шабона аз рӯи ҷойгиршавии ситораҳо самти ҳаракати худро муайян мекунанд

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.