Зеҳн
Оё медонед·Зеҳн·18 рӯз пешСуол

Чаро ситораҳо медурахшанд?

Ситораҳо ба кӯраҳои бузурги оташ монанданд ва аз худ нури зиёдеро паҳн мекунанд. Аз Замин мо ин нурҳоро чун ҷилои нуқрагин эҳсос мекунем. Чунин ҳолат барои он аст, ки ситораҳо низ мисли офтоб аз газҳои сӯзандаи ҳидроген ва ҳелий иборатанд ва газҳои мазкур ҳангоми сӯхтан аз худ гармию рӯшноӣ ҷудо мекунанд.

Дар асл равшании ситораҳои калони ҷилодиҳанда, назар ба рӯшноиву гармии Офтоб чандин маротиба зиёд аст. Дар баробари ин ситораҳое низ ҳастанд, ки нури онҳо аз нури Офтоб миллионҳо маротиба камтар аст.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.