Зеҳн
Оё медонед·Ахбор·20 рӯз пешСуол

Неругоҳҳои барқӣ муҳити зистро чӣ тавр ифлос мекунанд

Неругоҳҳои барқии аловӣ барои ҳосил кардани неруи барқ сӯзишвории табииро истифода мебаранд. Ҳам ангишт, ҳам нафт ҳангоми сӯхтан пайвастагии дуоксиди карбонро якҷоя бо буғи об хориҷ менамоянд, ки онҳо дар қабатҳои тунуки ҳаво ҷамъ мешаванд. Дуоксиди карбон гармии аз замин хориҷшаванда (бароянда)-ро «ғасб карда гирифта», ҳамин тавр, таъсироти гармоӣ (эффекти парникӣ), яъне ҷараёнеро ба вуҷуд меорад, ки боиси гармшавии иқлими сайёраамон гаштааст.

Неругоҳҳои атомӣ ҳарчанд газҳои зарарнок ҷудо накунанд ҳам, миқдори зиёди партовҳои радиоактивиро боқӣ мегузоранд, ки нест кардан ва ё нигоҳ доштанашон хеле душвор аст. Неругоҳҳои барқи обӣ, бодӣ ва офтобӣ муҳити зистро ифлос намекунанд, лекин манзараҳои табиатро халалдор менамоянд. Дар раванди кори генераторҳои бодӣ, ки барои энергияи шамол истифода мегардад, боз навъи дигари ифлосшавӣ – садои гӯшхароши акустикӣ мушоҳида мешавад, чунки ҳаракати парраҳои бодбони он садои гӯшхароше доранд.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.