Нақлиёти ҷамъиятӣ бо сарфаи қувва чӣ робита дорад?
Ба нақлиёти ҷамъиятӣ савор шуда гаштан назар ба он, ки аз нақлиёти шахсӣ истифода мебарӣ, хеле арзон буда, бар замми он, муҳити зист камтар ифлос мешавад. Гузашта аз ин, дар автобус ё поезд даҳҳо нафар сафар карда метавонанд. Дар мошини сабукрав бошад, чор ё панҷ нафар ҷой мегиранду халос.
Дар сурати истифодаи нақлиёти ҷамъиятӣ ба сари ҳар мусофир низ камтар сӯзишворӣ сарф мешавад. Ғайр аз ин, дигар воситаҳои нақлиёт, ба мисли поезд, метро ё трамвай мавҷуданд, ки ба ҷои сӯзишворӣ аз неруи барқ истифода мебаранд, то муҳити зист ифлос нагардад.
0
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё