Зеҳн
Оё медонед·Ахбор·20 рӯз пешНашрия

Оё истифодаи энергияро коҳиш додан мумкин аст?

Ҳар вақте ки мо дар хонаҳо фурӯзонакҳои барқиро даргиронда ва ё таҷҳизоти барқиро истифода менамоем, неруи барқ сарф мекунем.

Тараққиёт боло меравад ва бо инкишоф ёфтани он талабот ба неруи барқ бештар мешавад.

Дар мамлакатҳое, ки техника тараққӣ кардааст, неруи барқ беҳуда сарф мешавад.

Аз асбобҳои барқӣ, бидуни зарурат баҳудаву беҳуда истифода мебаранд, дар рӯзи равшан фурӯзонакҳоро даргирон мемонанд, яку якбора аз чандин лавозимоти барқӣ (телевизор, компютер, чангкашак ва ғайра) истифода мекунанд. Ин ҳолатҳо боиси исрофи беҳудаи неруи барқ мешавад.

Ғайр аз ин, барои он ки гармӣ дар хонаҳо сарфа карда шавад, тарқишҳои дару тирезаҳоро маҳкам намуда, аз фурӯзонакҳои каммасраф истифода бурдан муфид аст.

0

Ҷавобҳо (2)

АХ
Ахбор20 рӯз пеш

Намудҳои энергияи алтернативӣ Ин намуди энергия на энерегияи табиӣ аст ва на энергияи ҳастаӣ. Онҳоро энергияи алтернативӣ ё барқароршаванда меноманд, зеро доимӣ мебошанд. Ҳаракати баҳр (мавҷ, мадду ҷазри баҳрҳо), об ва гармии дохили Замин, боқимондаҳои партов ва рустаниҳо, инчунин офтобу шамол, ки аллакай мо онҳоро истифода мебарем, ба энергияи алтернативӣ дохил мешаванд.

0
АХ
Ахбор20 рӯз пеш

Сарфаи неруи барқ Барои он, ки ҳавои гарми хона ба воситаи сӯрохи дару тирезаҳо баромада, кам нашавад, тарқиши онҳоро бо маводди махсус ширеш кардан даркор аст.

0