Оё неруи мадду ҷазрро истифода бурдан мумкин аст?
Баҳр манбаи энергия аст, аммо ҳосил кардани он ниҳоят душвор аст. Дар истеҳсолоти аҳди қадим баъзе техникаҳое мавҷуд буданд, ки дар онҳо аз неруи мадду ҷазр бо фарогирии масоҳати маҳдуд истифода мекарданд.
Айни замон ин неруро барои ҳосил кардани неруи барқ истифода мебаранд, лекин бо самарабахшии кам.
Барои истифодаи мадду ҷазр дар резишгоҳи дарё сарбандҳо месозанд, то ки кӯлҳои сунъии бунёдкардаро аз об пур кунанд. Вақте ки сатҳи баҳр баланд мешавад, кӯли сунъӣ аз об пур мешавад ва ҳангоме ки оби баҳр паст мешавад, вай хушк мегардад. Ҷараёни пуру холӣ шудани оби кӯл барои ба ҳаракат овардани генератор – мошинҳои ҳосилкунандаи неруи барқ истифода бурда мешавад.
0
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё