Зеҳн
Оё медонед·Ахбор·1 моҳ пешСуол

Пасмондаҳои хӯрокро чӣ кор мекунанд?

Пасмондаҳои хӯрокро дар як ҷо ҷамъ овардан ё ба замин рехтан мумкин нест, зеро бактерияҳои таркиби партовҳо барои вайроншавии боқимондаҳои гӯшт, моҳӣ ва меваҷот мусоидат карда, боиси бадбӯӣ ва пӯсиши онҳо мегарданд.

Дар шаҳрҳо пасмондаҳои аз хонаҳо ҷамъшуда ба партовгоҳи беруни шаҳр кашонда мешавад. Як қисми пасмондаҳо коркард шуда, қисми дигарашро месӯзонанд.

Вақти зарурии пурра вайроншавии ашёи дар замин гӯрондашуда

  • коғаз 15 рӯз
  • куттии консерва 20 сол
  • зарфи шишагӣ солҳои зиёд
  • халтаи пластикӣ — тақрибан 10–20 сол
  • зарфи пластикии нӯшокӣ — тақрибан 450 сол
  • риштаи моҳидории пластикӣ — то 600 сол
  • баъзе навъҳои пластик — метавонанд садҳо сол боқӣ монанд.
0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.