Зеҳн
Дунё·Зеҳн·1 моҳ пешНашрия

БУЛБУЛ

Дар як макон, дар як замон, дар як ҷойи хеле хушманзара ва хушбодуҳаво боғе будааст, ки дарахтони зиёди мевадиҳанда, ороишӣ ва гулҳои рангоранг доштааст. Илова ба ҳама зебоиҳои боғ боз дар он булбуле нағмасароӣ мекардааст, ки овози хеле фораму дилнишину зебо доштааст.

Боғбон булбулро хеле дӯст медошт. Ҳар меҳмоне ба боғ ташриф оварад, албата булбулро ба ӯ шинос мекард. Булбул бошад ба дӯстдориҳои боғбон ҷавоб гуфта бо овози фораму хуши худ суруд хонда меҳмонони боғбонро шод мекардааст.

Боғбон мағзи пистаро ба минқори булбул мемонду бо оби набот зиёфаташ мекард.

Дӯстии боғбон ва булбул дер давом накард.

Паррандаҳои гуногуни даруни боғ аз меҳру муҳаббати боғбону булбул рашк бурда, ҳасад хӯрда бо ҳам ҷамъ меоянду маслиҳат мекунанд.

Яке мегуфт, ки“мо ҳам мисли булбул парранда, чаро ӯ азизу мо киха”. Дигаре мегуфт, ки “то булбул дар ин боғ ҳаст, нисбати мо меҳрубонӣ нест”. Сеюмӣ мегуфт, ки “байни боғбону булбул низоъ бояд андохт”.

Ҳар кадоме аз паррандаҳо бо навбат назди боғбон омада хушомад мезаданду нисбати булбул бадгӯӣ мекарданд.

Яке мегуфт, ки “Боғбонҷон, булбул бовиқор мегӯяд, ки ман шоҳи паррандаҳоям ва меҳмонон назди боғбон нею, балки барои шунидани овози ман меоянд”.

Паррандаи дигар мегуфт “Булбул ҳамеша, шумо боғбони азизро, дар ғайбатон таҳқир мекунаду суханҳои носазо мегӯяд “ва ғайраву ғайраҳо.

Боғбон аз шунидани чунин суханҳои носазо дар ҳаққаш ба ғазаб омада, булбулро аз боғ пеш карда:

  – Байни инсон ва парранда дӯстӣ набудааст, намехоҳам дигар туро дидан ва овозатро шунидан-гуфт.

Булбул бехабар аз ҳасудиву иғвои ҳамҷинсонаш ва бовару рафтори боғбон ғамгин гашта, бо чашми наму бо дили пур аз ғам боғро тарк кард.

Парид ба баландиҳо. Гузашт аз пуштаву дара, сари ҷару болои тепаҳои кӯҳистон. Расид ба назди арчаҳои баланди сарсабзи кӯҳистон. Гузошт лона ба шохи яке аз арчаҳои баланди сарсабз.

Мурғакони озоди он диёр аз омадани меҳмони нав огоҳӣ ёфта назди ӯ меоянд. Булбул онҳоро хуш қабул мекунад. Мурғакон хоҳиш мекунанд, ки булбул барояшон суруде хонад, аммо ӯ узрхоҳӣ карда мегӯяд:

–Хамҷинсони азизам, маро маъзур доред, дили пур аз ғам дорам, ҷудоӣ аз дӯсти азизам, маро ранҷур кардааст, маҷоли суруд хондан надорам гуфта ҳодисаи шударо ба онҳо ҳикоя мекунад.

Мурғакони кӯҳистонӣ, ки орӣ аз кинаву адоват ва ҳасаду иғво буданд, бо ҳам маслиҳат карданд, ки ба булбули меҳмон ёрӣ расонанд.

Яке аз онҳо парвоз кард сӯи он диёру он боғи зебо.

Аз он зебоие, ки булбул таъриф карда буд, осоре надид. Шохи дарахтон шикастаю гулҳо аз беобӣ пажмурда, деворҳои боғ афтода ва боғбон бемор дар бистари марг. Соҳиби боғ бошад чуғзу буму якчанд паррандаи дигар. Онҳо шодону хандон ба якдигар мегуфтанд “Ҳай бобашон кардем. Аз дӯстии боғбону булбул мо дар азоб будем. Ана, вақти мо ҳам расид. Боғ аз они мо”.

Ин ҳамаро дида мурғаки кӯҳистонӣ парвоз кард ба баландиҳо ва расид ба ҳамон арчаи баланди сарсабз ва булбулро дид, то ҳол гирёну нолон аз фироқи дӯст.

– Ҳамболи азизам, булбул, - гуфт мурғаки кӯҳистонӣ – хезу бипар сӯи боғу роғат ва сӯи дӯстат-боғбон, ки дар фироқи ту ӯ низ бемор аст.

Булбул аз шунидани бемории дӯсташ ба таҳлука афтод ва парид сӯи дашт, сӯи он боғ ва назди дӯсташ.

Назди тирезаи хонаи боғбон нишасту суруди дӯстдоштаи ӯро зам-зама кард.

Боғбон овози фораму суруди ошноро шунида об хост.

Обаш доданд. Хест аз бистари беморӣ, баромад рӯи ҳавлӣ.

Бидид булбули хушовозу хушнавояшро, узр хост ва гуфт:

–Дӯсти азизам, аз дӯсти хушомадгӯй ҳазар кун, ки маккор аст. Ман ба макри онҳо дода шуда, қариб ҷони худ ва ҷони дӯсти ба ҷон баробарамро аз даст дода будам.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.