Зеҳн
Оё медонед·Ахбор·1 моҳ пешСуол

Партовгоҳҳоро чӣ гуна истифода мебаранд?

Партовҳои зиёдро дар як ҷой ҷамъ кардан ба манфиати кор нест.

Бо гузашти замон онҳоро нобуд бояд кард. Партовҳои сахтро зеру ҳамвор карда, ба рӯяш қабати ғафси хок мекашанд, то ки ҳангоми боришот обҳои ҷӯю рӯдхонаҳоро ифлос насозад.

Баъзан партовгоҳҳоро тадриҷан ба ҷангалу боғистон, биноҳои иқоматӣ, марказҳои фароғатию дилхушӣ табдил медиҳанд. Баъзан дар ҳудуди партовгоҳҳо корхонаҳои саноатии коркарди партовҳо бунёд карда мешаванд, ки онро ба маҳсулоти манфиатовар табдил медиҳанд.

0

Ҷавобҳо (1)

АХ
Ахбор1 моҳ пеш

Партовҳоро истифода баред. Сумкаҳои пластикӣ, лифҳо ва коғазҳои хатнависию борҷомаро метавонем чандин маротиба истифода барем. Банкаҳои тунукагии нӯшокиҳои ташнагишиканро мувофиқи завқу салиқаи худ ранг карда, аз он истаконҳои қаламмонӣ тайёр кардан мумкин аст. Аз чандин қуттии хокаи ҷомашӯӣ метавон сабадчаи коғазгирӣ сохт. Бо истифода аз қуттиҳои картонӣ, либосҳои куҳна ва чизҳои нодаркор, ки онҳоро партофтанӣ ҳастӣ, бозича ё либоси базми ниқобдоронро бисоз.

0