Маҳсулоти хӯроквориро чӣ тавр нигоҳ медоранд?
Асосан, мо хӯроквориро дар намуди асл, яъне табиӣ истеъмол мекунем. Аксари хӯроквориҳо аз таъсири бактерияҳо, равшанӣ ва ҳаво ба зудӣ вайрон мешаванд.
Ҳоло маҳсулоти хӯроквориро асосан дар ғилофҳои вакуумӣ ҷойгир мекунанд, яъне тариқи беҳаво гардонидан онро аз вайроншавӣ эмин медоранд.
Дигар маҳсулоти хӯрокворӣ дар борбасти пластикӣ ва ё коғазхалта печонида мешаванд, то ки онро бо ин роҳ нигоҳ доранд. Маҳсулоти тару тоза, ба мисли гӯшт, моҳӣ ва меваҳо бояд дар давоми як-ду рӯз истифода шаванд.
Боз дигар усулҳои нигоҳдории маҳсулоти хӯрокворӣ чун хушккунӣ ва дар намак хобондан мавҷуданд. Ҳангоми хушккунӣ маводди ғизоиро якчанд ҳафта дар офтоб ва ё ҷои бенам мемонанд.
Дар ин муддат моеи таркиби он бухор мешавад ва маҳсулот хеле вақт вайрон намешавад. Дар намак хобондан (намаккунӣ) асосан, бо мақсади пешгирӣ намудани афзоиши бактерияҳо дар таркиби хӯрок анҷом дода мешавад.
Яхдон низ дар давоми якчанд рӯз барои тару тоза нигоҳ доштани хӯрок кумак мекунад. Маҳсулоти яхкунонидашуда низ дар рӯзгор торафт бештар маъмул мегардад, зеро мо метавонем онро чандин моҳ нигоҳ дорем. Роҳҳои дигари нигоҳдории маҳсулот консерв кардан, ба мисли мармелад ва мураббо (ҷем) тайёр кардани он низ ниҳоят мувофиқу муносиб мебошанд.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё