Чаро дарахтон месабзанд?
Дарахт аз ҷумлаи мавҷудоти зинда мебошад.
Тамоми мавҷудоти зинда тавлид мешаванд, ба воя мерасад ва ба ин восита зиёд шуда, дер ё зуд мемиранд. Баъзе дарахтон солҳои зиёд зиндагӣ мекунанд ва дар давоми мавҷудияти худ сабзишро қатъ намекунанд.
Дарахтон барои он сабз ва калон мешаванд, ки аз обу замин (хок) ба воситаи решаҳо ғизо мегиранд.
Ин ғизоҳо бо таъсири нурҳои Офтоб ба аъзои нав (шоху барг) табдил ёфта, дар натиҷа дарахт (ниҳол) калон мешавад. Ин раванд ба сабзиши инсону ҳайвонот монанд аст, ки онҳо ҳам тавассути ғизохӯрӣ ҷисман калон шуда, ба воя мерасанд.
0
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё