Аз дарахт (чӯб) ба коғаз
Коғаз аз нахҳои селлюлоза, ки асосашро чӯб ташкил мекунад, ҳосил карда мешавад. Чӯбро то ба шакли орд майда мекунанд ва бо об меомезанд. Маҳлули ҳосилшударо бо кислотаи хлорид ва ё воситаҳои дигар сафед мекунанд.
Баъд онро бо об омехта карда, аз он нах мегиранд. Маҳсулоти тайёршударо барои он ки рангро ба худ накашад, бо ширеш омехта менамоянд ва ба воситаи лавҳаҳои махсуси филиззӣ пресс (мангана) мекунанд. Баъд онро суфта карда мехушконанд. Маҳсулоти тайёршудаи ниҳоӣ коғаз мебошад
Ҷавобҳо (1)
Тавре ки ёдовар шудем, коғазро аз чӯби дарахт, боқимонда (партов)-ҳои найшакар ва ё коғазҳои аз истифода баромада месозанд. Яъне хамираи коғазро ба лавҳаҳои тунук табдил медиҳанд, ки онҳоро борҳо қат кунем ҳам намедаранд. Он хусусияти ашёро, ки бо вуҷуди қат кардан намедарад, чандирӣ меноманд. Коғазро аз ашёи чандир (кашдор) ҳосил мекунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё