БОБОҶОНИ МО
(Ба Мирзо Турсунзода)
Мирзоҷони мо,
Бобоҷони мо,
Шоири маҳбуб,
Дилу ҷони мо.
Ашъори туро
Олам медонад,
Қиссаи туро,
Ҳама мехонад.
Кӯдаке дидӣ,
Бо қуттие буд,
Дар лаби баҳре,
Тақдираш чӣ шуд?
Маҳбуби олам,
Маҳбуби кишвар,
Ба ҷони моён
Туӣ баробар.
Бошӣ саломат,
Эй, бобои ҷон,
Мо бобо шавем,
Ту – бобокалон.
АЗ МАСКАВ ЧӢ МЕОРЕД?
(Ба нависандаи маҳбуб Ҷалол Икромӣ)
Бобои мо, бобои мо,
Бобои дилдарёи мо.
«Шодӣ» бувад авлоди мо,
Дар кишвари ободи мо.
ӯ зиндагонӣ мекунад,
ӯ қаҳрамонӣ мекунад.
Фирӯза – фирӯзи замон,
Чун модари мо меҳрубон.
Бахшандаи бахти занон,
Рахшандаи ҳар хонадон.
ӯ зиндагонӣ мекунад,
ӯ қаҳрамонӣ мекунад.
Бар дидаи бобо Ҷалол
Махсумсафар осудаҳол,
Сайёраи соҳибҷамол
Бо Анвари соҳибкамол,
ӯ дарс мегӯяд ба мо,
Аз меҳнату аҳду вафо.
Афтода андар тори худ,
Печида мондаст анкабуд.
Тирморҳои бепаноҳ
Рафтанд бар боди фано.
Зоғони бадмури замон
Мурданд беному нишон.
Бобои мо, бобои мо,
Маҳбуби мо, дунёи мо,
Ин дафъа Маскав меравед,
Бар мо чиҳо меоваред?
Чун тӯҳфаи қиматбаҳо,
Оред асар нав-нав ба мо.
Дар ҷашни ҳафтоди Шумо
Бар хонаи шоди Шумо,
Меҳмони раҳдурӣ биёд,
Ойими танбӯрӣ биёд.
Дар тӯятон бозӣ кунем,
Рақсему дилшодӣ кунем.
БА ГУЛЧЕҲРА СУЛАЙМОНОВА
Бибии мо Гулчеҳра,
Гулчеҳраи шоира.
Аз роҳи дур меояд,
Бо дили пур меояд.
Дар шаҳри Мултон будаст,
Дар Хоҷа Мастон будаст.
Аз сӯи боғ меояд,
Аз Сичароғ меояд.
ӯ «Себи хубон» дорад,
«Шаддаи марҷон» дорад.
Бибии панҷоҳсола
Ба Наргису ба Лола
«Ду бехи олу» овард,
Олуи хушбӯ овард.
Дар вақти «Борон» овард,
Ба сӯи ҳолмон овард.
«Имрӯз ид»-и бибиҷон,
Меоянд ёру дӯстон.
Холаи зардӯз омад,
Деҳқон – Фаромӯз омад.
Дурдона ҳам меояд,
Мадина ҳам меояд.
«Чархи фалак» равон шуд,
Аспу шутур давон шуд.
«Чил кокули бозингар»,
Чил духтари тӯйхабар
Яксара рақсон шуданд,
Шеъру ғазалхон шуданд
Тӯйи калон муборак,
Аз дилу ҷон муборак!
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё