АРЗАНБОНӢ
Колхози мо пурзӯр аст,
Ғаллакори машҳур аст.
Қад-қади роҳи оҳан,
Корид имсол ҳам арзан.
Ҳар ҷо-ҳар ҷо бачаҳо,
Таги дӯлонаҳоро,
Аз алаф тоза кардем,
Капаю коза кардем.
Ҳар ҷо хӯсаҳо сохтем,
Поёну боло сохтем.
Чақ омаду чуқ омад,
Бисёр чумчуқ омад.
Чумчуқҳоро «ҳой» гуфтем,
«Равед аз ин ҷой» гуфтем,
Гунҷишкҳо тарсиданд.
Сӯи тепа париданд.
НОН
Зеби дастурхони мо,
Ҳурмати меҳмони мо.
Обрӯю эътибор,
Қуввату дармони мо.
Резаҳояшро чида,
Мемолам ман ба дида,
Дил мезанад беқарор
Бӯи нонро чашида.
Меҳнати деҳқон аст он,
Ҳам шуҳрату шон аст он,
Неруи бозую даст,
Ҳаёти инсон аст он.
Аз неъматҳои дунё,
Аз шираю шарбатҳо
Ҳеҷ кадомаш мисли нон
Ширин не, дар коми мо.
ДОНАИ ГАНДУМ
Ба дастам донаи гандум,
Бувад вазнин ба мисли сурб.
Ба пешаш тангаву тилло,
Надорад заррае ҳам қурб.
Ба дастам донаи гандум,
Бипошам дар замини нарм.
Фитад дар хоку ҷон гирад,
Ба ӯ форад ҳавои гарм.
Ба дастам донаи гандум,
Намоён хӯшаи заррин,
Намоён серии мардум,
Ҳаёти хурраму ширин.
Ба дастам донаи гандум,
Бикорам, марди деҳқонам,
Замину меҳнату гандум,
Диҳад дони фаровонам.
КАРАМ
Тухми карам коридем,
Дар хоки нам коридем.
Cабзид карам бармаҳал,
Зери шиша рӯи пал.
Ниҳолҳоро овардем,
Дар замин кӯчат кардем.
Карами печон будаст,
Тухми Марғелон будаст.
Баргаки паҳну сафед
Болои ҳам, ки печид,
Калон-калон карам дод,
Тӯби ғелон карам дод.
Ҳар каллааш ҷӯраҳо,
Мешавад як дег шӯрбо.
КАДУ
Таги гандума кофтем,
Як дона каду ёфтем.
Сап-сафедак барф барин,
Тугмаи садаф барин.
Бобо ба ман замин дод,
Як рӯи пал барин дод.
Онро мулоим кардам,
Тухми каду корридам.
Баъди борон як cаҳар,
Донаи ман кашид сар.
Ниҳолаки кадуро
Ман додам обу ғизо.
Калон бишуд ниҳолак,
Давон ба ҳар сӯ палак.
Якташ ба сари девор,
Баромад ба сафедор.
Якташ ба болои дар.
Печид ба шохи ар-ар,
Каду якбора гул кард,
Хостаи мо шуд заб-зард.
Долу дарахти бобом,
Болои девору бом,
Аз каду пурбор шуданд.
Монанди гулхор шуданд.
Калон-калони ширин,
Тарбузи Ёвон барин.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё